АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

-мутобиқат будан;
-мураккабӣ-дараҷаи нисбии душворфаҳмӣ;
-тақсимшавандагии протсесси шиносоӣ;
-роҳи алоқакунии айёнӣ.
Баъд аз шиносоӣ бо ин мавзўъ, донишҷў бояд ба саволҳои зерин ҷавоб дода тавонад:
- Чор омили асосие, ки харидорро бедор мекунад номбар намоед?
- Раванди қабули қарор оид ба харид аз чанд давра иборат аст?
- Ба тавсифномаи харидор кадом омилҳо таъсир мерасонанд?
БОЗОРИ КОРХОНАҲО ВА РАФТОРИ ХАРИДОРОН
АЗ НОМИ КОРХОНАҲО
- Бозори молҳои дар саноат истифодашаванда
- Бозори фурўшандагони мобайнӣ
- Бозори муассисаҳои давлатӣ
Бозори молҳои дар саноат истифодашаванда, намуди аввалини бозори корхонаҳо, ба ҳисоб меравад. Таърифи ин бозор чунин аст.
Бозори молҳои дар саноат истифодашаванда аз ҷониби шахсон ва ташкилотҳое, ки мол ва хизматҳоро барои истеҳсоли молҳо ва хизматҳои дигар харида мегиранд, ё ки дигар истеъмолкунандагонро таъмин мекунанд.
Соҳаҳои асосие, ки бозори молҳои дар саноат истифодашавандаро ташкил медиҳанд, инҳоянд:
-кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва моҳипарварӣ;
-саноати истихроҷи маъдан;
-саноатикоркардабарорӣ (маснуотбарорӣ);
-сохтумон;
-нақлиёт;
-алоқа (коммуникатсия);
-хоҷагиҳои коммуналӣ;
-фаъолияти бонкӣ, молиявӣ ва суғуртавӣ;
-соҳаи хизматрасонӣ.
Аз рўи намудҳои мол ва ҳаҷми гардиши пули бозори молҳои дар саноат истифодашаванда аз бозори молҳои сермасраф хело бартарӣ дорад. Мисол, тайёр карда фурўхтани як ҷуфт тўфлӣ дар бозор амалиёти зиёдеро талаб мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё