АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

-агар харидории моли интихобшуда, бо сабаби пайдо шудани моли беҳтарини фирмаи дигар;
-ба миқдори арзиши моли дар қарор нишон додашуда барои аъзои оила харидорӣ кардани моли дигар.
Мисол, мол мувофиқи қарори қабул кардашуда ба хона харида шуд. Аммо ба аъзоёни оила маъқул нашуд. Дар ин ҳолат аҳволи моли харидашуда чи мешавад? Бо мисоли мушаххас фаҳмонида диҳед,ки моли харидашударо чи кор мекунед.
Давраҳои қабули қарор оид ба харид чунин фаҳмонида шавад, ки донишҷў ҳар яки онҳоро дар ҳаёти реалӣ истифода карда тавонад.
Қабули қарор оид ба хариди молҳои нав аз молҳои муқараррӣ фарқ мекунанд.
Пеш аз қабули қарор оид ба хариди моли нав бояд харидор онро дуруст фаҳмида гирад.
Дар айни ҳол фаҳмонидани фикри ҳар як шахсе, ки ў аз фосилаи қабули қарор оид ба харидан вайро тай мекунад. Пас, фаҳмидани қарори қабул карда шуда аз тарафи ҳар як шахс, шарт аст то ки ў истифодабарандаи муҳими мол гардад. Раванди фаҳмидагирии молҳои нав аз панҷ давра иборат аст:
- Хабардорӣ (бохабарӣ). Истеъмолкунанда моли навро мефаҳмад, аммо оид ба он маълумоти зарурӣ надорад; 2. Манфиат. Истеъмолкунанда оид ба ҷустўчўи маълумотҳои зарурӣ барои моли нав ҳавасманд аст; 3. Баҳодиҳӣ. Истеъмолкунада қарор мекунад, ки озмудани моли нав маъно дорад ё не?
- Санҷиш (озмоиш). Истеъмолкунанда моли навро ба миқдори зарурӣ барои пайдо кардани тасаввуроти пурра оид ба қиммати вай озмуда мебинад?
- Фаҳмидагирӣ. Истеъмолкунанда қарор мекунад,ки моли навро мунтазам ва бо ҳаҷми зарурӣ истифода кунад.
Вазифаи асосии истеҳсолкунанда аз он иборат аст, ки харидоронро аз давраи аввал то ба давраи охир расонида тавонад. Дар ин ҳолат моли нави истеҳсолшуда дар ҳаҷми зарурӣ ба фурўш меравад.
Бояд фаромўш накард, ки барои зиёд кардани ҳаҷми фурўши моли нав ду омил таъсири назаррас мерасонад:
-роли таъсири шахсӣ дар вақти фаҳмидагирии мол;
-таъсири характеристикаи ( тавсифи) мол ба суръати фаҳмидагирии мол.
Ба суръати фаҳмидагирии молҳои нав хусусан панҷ хосияти (характеристикаи) ў таъсир мерасонад.Дараҷаи фаҳмондагириро дар мисоли компютери шахсӣ, ки дар зиндагӣ истифода бурда мешавад,нишон медиҳем:
-афзалияти муқоисавӣ;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё