Зеҳн
АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 91 саҳифа

Тиҷорат
Аз аввал хондан

Аҳамияти ҳолати иҷтимоӣ назаррас аст, ё не? Ба ҳамаи ин саволҳо бояд ҷавоби муфассал гуфт.
Аҳамияти омилҳои иҷтимоӣ дар вақти интихоби мол чи тавр намоён мешавад?
Мақсади асосии ёварон аз чӣ иборат аст? Дар вақти интихоби мол,ёварон чи тавр ба рафтори харидорон таъсир мерасонанд? Таъсири онҳоро дар мисоли компанияҳои «Мэри Кэй» ва «Джонсон-джонсон» фаҳмонида додан зарур аст? Инҷо фурўши воситаҳои косметикӣ бо усули «Вохуриҳои савдо» диққатҷалбкунанда мебошад.
Дар мисолҳои мушаххас нишон диҳед,ки оила чи тавр ба рафтори харидор таъсир мерасонад.Дар байни аъзоёни оила тақсимоти харидори молҳо вуҷуд дорад ё не?
Дар вақти интихоби мол ҷой ва мавқеи коргар чи аҳамият дорад? Сабаи асосии интихоби мол ба мавқеъ вобаста будан дар чист? Бо мисолҳои реалӣ фаҳмонида диҳед.Дар вақти қабули қарор аз тарафи харидор оид ба хариди мол омилҳои синну сол, давраҳои ҳаёти оилавӣ, касбу кор, тарзи зиндагӣ, аҳволи иқтисодӣ роли калонеро бозӣ мекунад.
Таркибу намуд ва сифати молҳои-харидашаванда ба синну сол, давраҳои ҳаётӣ зиндагии оила вобастагӣ дорад.
Касбу кори конкретӣ ҳам барои интихоби мол ва хизмат таъсир мерасонад. Шахсони касбу кори гуногун молҳои аз нуқтаи назари истифодабарии якхеларо мутлақ харида намегиранд, яъне моли мехаридаи онҳо бояд ба касбу кори онҳо мувофиқ бошад.
Ҳолати иқтисодии индивидуалӣ бошад барои интихоби мол таъсири ниҳоят назаррас мерасонад, чунки интихоби моли қимматбаҳо пеш аз ҳама ба ин омил вобаста аст.

3.Раванди қабули қарор оид ба харид Барои ташкили ратсионалӣ омўхтани давраҳое, ки харидорон дар вақти қабули қарор оид ба харид тай менамояд аҳамияти калон доранд.
Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки харидорон дар вақти қабули қарор оид ба харид давраҳои зеринро тай менамоянд:
-ҳис кардани масъала
-ҷустуҷўи ахбор (маълумот)
-баҳодиҳӣ ба тарзҳо
-қабули қарор оид ба харид
-ҳиссиёти ҷавобӣ оид ба моли харидашуда Одатан харидорон ҳамаи ин давраҳоро аз сари худ мегузаронанд.Аммо дар вақти қабули қарор оид ба хариди молҳои рўзмарра (муқаррарӣ), харидор метавонад ҳамаи давраҳоро тай накунад. Агар моли нав ё ношинос бошад, харидор ҳатман ҳамаи давраҳоро тай мекунад.
Қарори қабулкардашуда дар ду ҳолати реалӣ қатъ гашта метавонад:

пешина
аз 91
навбатӣ