АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Бинобар ин ходимони бозор бояд фаромўш накунанд, ки барои қабул кардани қарор оид ба хариди моли конкретӣ омилҳои зиёде таъсир мерасонанд.
Яке аз омилҳои асосӣ дар ин асно, омили рафтори харидор ба шумор меравад. Дар инҷо фаъолияти фирмаи «Дюпон»-ро ҳамчун мисол овардан бамаврид аст.
2.Сифати (тавсифи) харидорон Барои аз тарафи истеъмолкунандагон баҷо овардани харидорӣ омилҳои бисёре таъсир мерасонанд. Ҳамаи онҳо аз гуруҳҳои зерин иборатанд:
Омилҳои доираи маданӣ
-омилҳои маданӣ
-омилҳои маданияти таркибӣ (субкультура)
-аҳволи иҷтимоӣ Омилҳои шахсӣ (шахсиятӣ)
-синну сол ва давраҳои ҳаёти оилавӣ
-касбу кор
-ҳолати иқтисодӣ
-тарзи зиндагӣ
-шакли шахсият Омилҳои иҷтимоӣ
-гурўҳи ёварон (ёрдамчиён)
-оила
-ҷой ва мавқеъ Омилҳои рўҳӣ
-сабаб, мақсад,ваҷноккунӣ
-дарккунӣ, фаҳмондадиҳӣ
-азхудкунӣ
-боваркунӣ ва муносибат Бояд донист, ки бисёрии ин омилҳо аз тарафи ходимони бозор назоратнашавандаанд.
Маълум, ки ҳамаи ин омилҳо ба рафтори харидорон таъсир мерасонанд. Дар мисолҳои мушаххас бояд ба донишҷў дараҷаи таъсири гурўҳи омилро муфассал фаҳмонида дод, то ки ў таъсири онҳоро дар ҳаёти реалӣ дарк карда тавонад.
Бояд гуфт, ки ҳангоми интихоби мол омилҳои доираи маданӣ чи тавр таъсир мерасонанд. Мисол, маданияти харидори потенсиалӣ барои интихоби мол аз нуқтаи назари истифодабарии якхела чи аҳамият дорад. Дар ин ҳолат маданияти таркиби кадом ролро бозӣ мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё