АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Маълум мешавад, ки нуқтаи асосии равонакунии ҳамаи ин кўшишҳо намунаи рафтори харидорон мебошад, ки дар ҷадвали зерин оварда шудааст.
Омилҳои бедор- Дигар «Черный Ящик» мафку- Ҳиссиёти
кунии марке-омилҳои раи харидор ҷавобии
тинг оташиншавии харидор
харидорон
Мол Иқтисодӣ Сифати Раванди Интихоби Нарх. Илмию (характерис- қабули мол.
Усулҳои техникӣ тикаи) хари-қарор аз Интихоби паҳнкунии мол. Сиёсӣ дор тарафи тамға Усулҳои Маданӣ харидор Интихоби ҳавасмандукнии дилер харид Интихоби вақти харид Интихоби объекти харид
Расм. Намунаи пурраи рафтори харидорон.
Дар лексия таъсири ҳар як омилҳои асосии бедоркуниро дар мисолҳои ҳаёти реалии ҷумҳурӣ ва дигар мамлакатҳо бояд муфассал фаҳмонида дод. Бояд фарқи байни омилҳои будоркунӣ ва оташиншавиро донишҷўён мушаххас дарк карда тавонанд.
Бояд қайд кард, ки бозор дар мафкураи харидор (чёрный ящик) кадом протсесро ба амал меорад, яъне харидори потенсиалӣ чи тавр хосиятҳои моли дидаи худро дарк мекунад, кадом параметрҳои мол дар мафкура аниқ карда шуда, харидорро бедор карда метавонад. Агар ягон хосияти моли конкретӣ диқкати харидорро бениҳоят ба худ ҷалб кунад, пас ў он молро чи тавр интихоб мекунад Ҳамаи ин мафҳумҳо дар лексия бояд ҳалли худро ёбад, то ин ки донишҷў дар ҳаёти реалии худ онҳоро дуруст ҳал карда тавонад.
Аз рўи лексияи шунидашуда бояд дарк кунад, ки пеш аз ба бозор пешниҳод кардани мол муфассал омўхтани рафтори харидор аҳамияти беҳамто дорад. Агар фирма (корхона) рафтори харидоронро муфассал наомўхта дар бозор моли хешро пешниҳод намояд на танҳо ба натиҷаи дилхоҳ ноил мешавад, балки ба ҳодисаҳои ногувор, яъне муфлисӣ дучор шуда метавонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё