АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Мисоли фирмаи «Америкэн ҳоспитал сэплай корпорейшен»-ро истифода бурдан мувофиқи талаб аст.
Ба рафтори харидорони молҳои дар саноат истифодашаванда таъсири асосиро омилҳои зерин мерасонанд:
-омилҳои вазъияти фарогирӣ (сатҳи талаботи аввала, пешравии иқтисодӣ, шарти таъминоти моддӣ-техникӣ, афзоиши прогресси илмӣ-техникӣ;
-омилҳои муносибати байнишахсӣ (ваколатдор, мавқеъ, лаёқати ивазкунанда, лаёқати боварикунонӣ);
-омилҳои хусусияти ташкилот (мақсади ташкилот,нишондоди (дастури) сиёсӣ,усулҳои қабулшудаи кор, таркиби ташкилӣ);
-омилҳои хислати индивидуалии шахсият (синну сол, сатҳи даромад,маълумот,ҳолати хизматӣ,шакли шахсият,тайёр будан ба хафъ (тавакаллӣ).
Дар вақти қабули қарор оид ба хаириди молҳои дар саноат истифодашаванда харидор давраҳои зеринро тай мекунад:
- Фаҳмидани масъала 2. Тасвири умумии муҳтоҷӣ 3. Баҳои тавсифномаи (характеристикаи) мол 4. Ҷустуҷўи таъминкунанда 5. Талаб кардани пешниҳод 6. Интихоби таъминкунанда 7. Коркарда баромадани амалиёти додани фармоиш 8. Баҳои фаъолияти таъминкунанда Ҳар яки ин давраҳо бояд бо мисолҳо фаҳмонида шавад.
Бозори фурўшандагони мобайнӣ
Намуди дуйуми бозори корхонаҳо ин бозори фурўшандагони мобайнӣ мебошад.
Бозори фурўшандагони мобайнӣ- маҷмуаи шахсон ва ташкилотҳое, ки молҳоро барои харида фурўхтан, ё ба дигар истеъмолкунандагон ба иҷора додан ва манфиати хеш харидорӣ мекунанд.
Фурўшандагони мобайнӣ молҳоро на фақат барои харида фурўхтан, балки барои мунтазам фаъолият намудани корхонаи хеш харидорӣ мекунанд. Агар фурўшандагони мобайнӣ барои хеш мол харидорӣ кунанд, пас онҳо роли истеҳсолкунандаро мебозанд.
Мо инҷо онҳо ҳамчун харидорони молҳое, ки барои хариду фурўш (қаллобӣ) истифода мебаранд меҳисобем.
Фурўшандагони мобайнӣ бо миқдори зиёди молҳои гуногун сару кор доранд. Одатан онҳо моли фирмаҳои гуногунро мефўрўшанд, яъне худи онҳо истеҳсолкунанда нестанд (мисол, дар ҳавлии донишгоҳ фурўшандагони мобайнӣ қаламу дафтар ва дигар молҳое, ки барои донишҷўён заруранд мефурўшанд).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё