АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Микромуҳити фирма- аз қувваҳое иборатанд, ки бевосита ба фаъолияти фирма ва имконияти он ба расонидани хизмат ба харидорон (клиентура), яъне ба мол таъмин кунандагон, миёнаравҳои маркетингӣ, харидорон, рақибон ва гурўҳҳои алоқавӣ – муносибат доранд.
Макромуҳити фирма- қувваҳои аз ҳад васеи нақшаҳои иҷтимоӣ буда ба воситаи омилҳои демографӣ (тағйирёбии таркиби аҳолӣ), иқтисодӣ ва ғайра ба микромуҳити фирма (корхона) таъсир мерасонанд.
1.Омилҳои асосии микромуҳити фаъолияти фирма (корхона).
Ба ҳама маълум, ки мақсади асосии фирма (корхона)- ба даст овардани фоидаи зиёд аст. Вазифаи асосии маркетинг- таъмин намудани бозорҳои мақсаднок ба воситаи истеҳсоли молҳои шавқовар мебошад. Аммо муваффақияти роҳбарияти фирма (корхона) ба фаъолияти шуъбаҳои он, таъсири миёнаравҳо, рақибон ва гуруҳҳои алоқавӣ вобаста мебошад.
Дар миқёси микромуҳит ба фаъолияти фирмаҳо (корхонаҳо) омилҳои (қувваҳои) зерин таъсир мерасонанд:
-бо мол таъминкунандагон;
-рақибон;
-миёнаравони марктеингӣ;
-мизоҷон(харидорон);
-гурўҳҳои алоқавӣ.
Омилҳои микромуҳит аз омилҳои макромуҳит бо самти таъсир ба фаъолияти фирмаҳо (корхонаҳо) фарқ мекунанд. Одатан самти таъсир дар миқёси омилҳои макромуҳит дутарафа мебошанд, яъне ҳамаи омилҳо ба фаъолияти фирмаҳо (корхонаҳо) ё таъсири мусбӣ, ё таъсири манфӣ расонида метавонанд. Баробари ин ба омилҳо низ аз тарафи фирма таъсир расонидан имконпазир аст. Мисол: ба фирмаи (корхонаи) консервабарорӣ ҳамаи он фирмаҳо (корхонаҳо), компанияҳо, шахсони алоҳидае, ки гўшт истеҳсол мекунанд, таъминкунандаи асоси мол ҳисобида мешаванд. Бояд дар назар дошт, ки консерваи гўштӣ на танҳо аз гўшт истеҳсол карда мешавад. Ғайр аз ин маҳсулоти асосӣ, компонентҳои зиёде лозиманд, ки набудани яке аз онҳо барои истеҳсоли консерваи ба талабот ҷавобгў монеа шуда метавонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё