Зеҳн
АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 91 саҳифа

Тиҷорат
Аз аввал хондан

-Вогузории мол дар бозор. Инҷо бояд аз тарафи харидорон оид ба фарқияти моли фирма аз моли дигарон шубҳае пайдо нашавад, зеро барои мол дар бозор ҷои мувофиқ пайдо кардан мумкин аст.
Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки муваффақияти тиҷорати фирма дар бисёр ҳолатҳо аз дуруст вогузории мол дар бозор вобастааст.
Дар лексия муаллим ҳар як кори ин давраҳоро бо мисолҳои мушаххас фаҳмонида диҳад.
Баъд аз омўхтани ин мавзўъ донишҷў бояд ба саволҳои назоратии зерин ҷавоб дода тавонад:
-корхонаҳо (фирмаҳо) ба кадом ҳолати бозор дучор мешаванд;
-консепсияҳо дар кадом ҳолати бозор истифода бурда мешавад;
-мақсади асосии диверсификатсияи истеҳсолот аз чи иборат аст;
-имкониятҳои бозорро бо кадом усулҳо муайян мекунанд.

МУҲИТИ МАРКЕТИНГӢ

  1. Омилҳои асосии микромуҳити фаъолияти фирма ( корхона).
  2. Омилҳои асосии макромуҳити фаъолияти фирма ( корхона).
    Муҳити маркетинг тасаввуроти якҷояи қувваҳои назорат карда нашаванда аст, ки корхона (фирма) бояд ба назар дошта ин комплекси маркетингии худро кор карда барояд.
    Муҳити маркетингии фирма-якҷоягии субъектҳо ва қувваҳои фаъоле, ки берун аз ҳудуди фирма (корхона) амал мекунад ва бо имконияти роҳбарияти хизмати маркетингӣ барои барпокунӣ ва нигоҳдории муносибатҳои муваффақиятноки ҳамкорӣ таъсир мерасонанд.
    Муҳити маркетингӣ ҳамаи тарафҳои ҳаёти фирмаро дарбар мегирад. Дар ин муҳит дигаргуниҳое рўй медиҳанд, ки баъзеи онҳо пешгўинашавандаанд.
    Муҳити маркетингӣ аз ду қисм иборат аст: микромуҳит ва макромуҳит.
пешина
аз 91
навбатӣ