Зеҳн
АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 91 саҳифа

Тиҷорат
Аз аввал хондан

Вақте, ки молҳои мавҷуда (муқаррарӣ) дар бозорҳои мавҷуда ва нав ба дараҷаи зарурӣ ба фурўш нарафтанд, пас фирма маҷбур аст, молҳои нав истеҳсол кунад. Яке аз усулҳои истеҳсоли моли нав- ин тағйирдиҳии печондан, қадоқи мол ва ба мол доданӣ ягон хосияти нав (навбуда)-бўй, мазза, таъм, фасон ва ғайраҳо мебошад. Ба воситаи қисман дигаргунсозии мол, харидорони молҳои фирма зиёд шуда метавонад, яъне ҳаҷми фурўш мутаносибан меафзояд ва фоида зиёдтар мешавад.

Агар се роҳи номбаршуда ҳаҷми фурўши молҳои фирмаро зиёд карда натавонад, пас ў маҷбур аст, истеҳсолоти худро диверсификатсия кунад, яъне ба бозорҳои мавчуда ва нав молҳое пешниҳод намояд, ки то ин дам истеҳсол намекард ва ё ба фаъолияти муқараррии фирма хос набуданд.

Ба донишҷўён барои фаҳмонида додани таҳлили имкониятҳои бозор, мисолҳои мушахххас бояд овард.

  1. Хоста гирифтани қисмҳои мақсадноки бозор

Барои рушди ояндаи фаъолияти фирмаҳо (корхонаҳо) хоста гирифтани қисмҳои мақсадноки бозор аҳамияти калон дорад, чунки дар инҷо таъсири рақобати мавҷуда, мушоҳида карда мешавад.

Бояд ҳар як имконияти бозор аз нуқтаи назари ҳаҷм ва характер омўхта шавад. Ин протссес одатан аз 4 давра иборат аст:

-Ченкунӣ ва пешгўии талабот. Дар инҷо ходимони тиҷорат бояд ҳаҷми бозорро муффассал омўхта муайян кунанд, ки ғунҷоиши бозор то кадом андоза аст. Баъд ҳаҷми фурўши моли худро барои ояндаи наздик ё дуру дароз пешгўӣ карда тавонанд.

-Ба қисмҳои ҷудогона тақсим кардани бозор. Фирма бояд донад, ки вай чи тавр ба бозор мебарояд, гуруҳҳои харидорон бошанд аз рўи принсипҳои гуногун ташкил меёбанд. Манфиати ҳар як гурўҳи харидор аз якдигар фарқ мекунад. Бинобар ин фирма бояд гурўҳҳои бозорро аз рўи манфиати онҳо аниқ кунад, то ки истеъмолкунандагон, ки ба моли вай майли худро медиҳанд бисёр бошанд.

  • Хоста гирифтани қисми мақсадноки бозор. Инҷо фирма стратегияи муайяни худро бояд коркарда барояд. Стратегия фирмаро водор мекунад, ки дар чанд қисмати бозор, (қисми алоҳидаи бозор, як қисми бозор, ё дар ҳамаи қисмҳои бозор) иштирок кунад. Иштироки фирма дар қисматҳои гуногуни бозор ба самаранокии тиҷорат вобаста аст.
пешина
аз 91
навбатӣ