АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

- Таҳлили имкониятҳои бозор
Одатан таҳлили имкониятҳои бозор аз омўхтани масъалаҳои зерин оғоз мешавад:
-Системаи тадқиқоти маркетингӣ ва ахбороти маркетингӣ;
-Муҳити маркетингӣ;
-Бозори истеъмолкунандагони алоҳида;
-Бозори корхонаҳо.
Мақсади асосии таҳлили ин масъалаҳо аз ҷустуҷў ва пайдо кардани имкониятҳои бозор аст.
Дар ҳаёти реалии корхона (фирма) барои пайдо кардани имконияти бозор усулҳои гуногунро истифода мебарад.
Компанияи «Элен Кертис» имконияти бозори навро ба воситаи усули ҷадвали тараққиёти мол ва бозор муайян кардааст.
Ин усули пайдо кардани бозори нав ба тариқи схема чунин аст.
Молҳои бозорҳои мавҷуда Молҳои бозорҳои нав
Бозори 1.Боз ҳам пурратар 3.Коркарди баромадани
Мавҷуда ба бозор дохилшавӣ мол
2.Васеъ кардани 4. Диверсификатсия
ҳуқуқи бозор
Бозори нав
Фирма (корхона) ба бозор чуқуртар ба воситаи реклама, арзон кардани нархи прейскурантии як воҳиди мол, вогузоркунии мол дар нуқтаҳои бисёри фурўш даромада метавонад, яъне харидорони фирма аз ҳисоби харидорони дигар фирма зиёдтар мешавад.
Фирма ҳудуди бозори худро аз ҳисоби бозорҳои демографӣ (дигаргуншавии таркиби аҳолӣ), бозори ташкилотҳо ва ҷуғрофӣ васеъ карда метавонад. Дар инҷо бозори фирма аз ҳисоби кўдакон, бачагони то синни мактабӣ, навҷавонон (наврасон), ҷавонон, кўҳансолон васеъ шуда метавонад. Ҳамаи ин стратегияи васеъ кардани ҳудуди бозор ба шумор меравад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё