Зеҳн
АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 91 саҳифа

Тиҷорат
Аз аввал хондан

Агар бо мол таъминкунанда ба фирма ашёи хоми хушсифат фиристонанд, пас таъсири он ба фаъолияти корхонаи консервабарорӣ мусбӣ ҳисобида мешавад. Дар ин ҳолат, корхона маҳсулоти охирини баландсифат истеҳсол намуда натиҷаи дилхоҳ ноил шуда метавонад. Дар асоси нишондоди созишнома бо ашёи хоми сифатан паст таъмин намудани истеҳсолкунанда, корхона консерваи баландсифат истеҳсол карда натавониста нисбатан фоидаи ночизе ба даст меорад, ё худ зарар мебинад.

Бинобар ин фирма (корхона кўшиш ба харҷ диҳад, ки мол таъминкунандаи ў муқимӣ бошад, яъне фақат барои як миқдори муайяни (партияи) ашёи хом набуда, балки то 5-10 сол фаъолият карда тавонад.

Дар ҳолати такроршавии таъминот бо ашёи хоми пастсифат фирмаи (корхонаи) консервабарорӣ метавонад, мувофиқи нишондоди созишнома аз мол таъминкунанда ҷарима бигирад, ё худ алоқаи худро бо ў қатъ гардонад.

Тадқиқотҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки ба фаъолияти фирмаи (корхонаи) консервабарорӣ таъсири манфии ин омил наздик аст, дар ин ҳолат фирма бояд чораҳоеро андешад, ки таъсири манфии ба амал омадаро нест ё худ кам кунад.

Ҳамин тариқ фирмаи ( корхонаи) консервабарорӣ бояд ба таъминкунандае сару кор дошта бошад, ки манфиати мол таъминкунанда ба манфиати корхонаи консервабарорӣ (рост) ояд.
Миёнаравҳои маркетингӣ- фирмаҳое мебошанд, ки онҳо молҳои компанияи истеҳсолкунандаро ба музофотҳои даркорӣ мебаранд, дар байни харидорон паҳн мекунанд ва мефурўшанд.
Миёнаравҳои марктеингӣ аз рўи фаъолияти худ ба гурўҳҳои зерин тақсим мешаванд:

  1. Миёнаравҳои савдо 2. Фирма- мутахассисоне, ки омодаи ташкили ҳаракати мол ҳастанд.
  2. Шўъба (агенства), ки хизмати маркетингиро адо мекунанд.

Миёнаравҳои савдо - фирмаҳои корчалоне, ки барои компанияҳо (истеҳсолкунандагон) харидоронро ва бевосита моли онҳоро мефурушанд.

Дар аввали ташкилёбии фирма (корхона) аз сабаби ниҳоят кам будани истеҳсоли маҳсулот хизмати миёнаравҳои савдоро пеша мекунад. Аммо дар ҳолати афзудани ҳаҷми истеҳсоли мол, фирма имконияти моли худро фурўхтан пайдо карда наметавонад, чунки ин миқдор мол дар бозори шаҳри хеш ҷой намегирад. Бинобар ин лозим меояд, ки қисми зиёди моли истеҳсолшударо ба бозорҳои дигар шаҳрҳо ва берун аз ҳудуди мамлакат пешниҳод кунад. Дар ин ҳолат хизмати миёнаравҳои савдо ҳатмист.

пешина
аз 91
навбатӣ