АЗ ҲАФТ ДАФТАР

Дар ин маҷмўа гулчини ашъори ҳафт тан шоири муосири тоҷик фароҳам омадааст, ки эшон дар зовияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он зиндагиву эҷод мекунанд, ки ҳар яке бо табъу салиқаи худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мутмаинем, ки ин гулчин мавриди пазироии гарми хонандагони соҳибзавқ қарор хоҳад гирифт.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 73 саҳифа
Дар бари он қалбҳои ошиқони шеъри нобаш
Бар ҳавои рақси шоир ҷўр мешуд...
Кулли майдон рақс мешуд,
То ба кайҳон рақс мешуд.
Бар дару бар паҳн мешуд, базм мешуд,
Бас аҷибу зўр мешуд...
ХУШ ОМАД
Баҳори гулҷабин омад, хуш омад,
Нигори нозанин омад, хуш омад.
Фурўғи Осмони пурситора
Гулафшон бар Замин омад, хуш омад.
Бирақсад ору гирди дафтари гул,
Замони ангубин омад, хуш омад.
Ҷаҳони хурду реза, пиру барно
Ба сози “Офарин!” омад, хуш омад.
Сада афрўхт гулхан, з-он ба ин дам,
Шарори оташин омад, хуш омад.
Ба дунёи бирафта аз сари даст,
Сулаймон бо нигин омад, хуш омад.
Дили Султон шукуфт аз хандаи гул,
Ба булбул ҳамнишин омад, хуш омад.
КОШКӢ
Кошкӣ такрор мешуд лаҳзае з-он лаҳзаҳо,
Лаҳзаҳое, ки дили мо месуруд бо як наво.
Кош шаҳди васли дидораш насиби ман шуда
Пеши пояш бори дигар менамудам ҷон фидо.
Моҳ буд оё, ки пушти абр пинҳон гашту рафт,
Ку насиме, ки ҷамолаш созад аз зиндон раҳо?!
Хун бикард ў қалби моро бо хумораш умрбод,
Дил занад бар синаам по:-Гир аз ў хунбаҳо.
Боз як бори дигар он лаҳза дастам мегирифт,
Мешудам аз дарду ғам як лаҳзаи дигар раҳо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё