АЗ ҲАФТ ДАФТАР

Дар ин маҷмўа гулчини ашъори ҳафт тан шоири муосири тоҷик фароҳам омадааст, ки эшон дар зовияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он зиндагиву эҷод мекунанд, ки ҳар яке бо табъу салиқаи худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мутмаинем, ки ин гулчин мавриди пазироии гарми хонандагони соҳибзавқ қарор хоҳад гирифт.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 73 саҳифа
Надидам шораке,рафта магар он
Зи пушти шоири шўхиғазалхон.
Бидидам лек шиғи ҳотаҳоро
Аҷаб гулбофу дар оғўши гулҳо.
Кушода сина бар ҳамдеҳаи худ-
Ба сўйи шеъри садранги мубарро.
Зи Боқӣ-шоири шогирдпарвар
Намонда гар дар ин ҷо боғу роғе,
Вале дар синаи ҳар пайрави ў
Фурўзон монда нурафшон чароғе.
Варо осорхона нест ин ҷо,
Нишона нест ҳатто ҷойи хона,
Вале ҳар фарди деҳи Сорбоғаш
Сарояд номи ўро чун тарона.
РАҚСИ МУЪМИН ҚАНОАТ
Рақси Муъмини Қаноатро кӣ дидаст?
Накҳати онро ба дидан кӣ шамидаст?
Китфҷунбон, панҷаҳои даст печон
Чун уқобон
Сар ба боло, рў ба қулла,
Қуллаҳои то фалакҳо печ-печи кўҳсорон.
Рўйи панҷа, ҳамчу турна
Сарфарозон, мисли мавҷи чашмасорон
Нарм-нармак, боҳарорат,
Ҳамчу боди файзбори Тоҷикистон,
Зина-зина мисли шеъри лутфбори зинабоғаш
Рақс мекард.
Ҳамраҳи ў шеъри нобаш
Шеъри ноби обдораш
Ҳарфҳои ҷовидони обшораш болафшон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё