Зеҳн
АЗ ҲАФТ ДАФТАР

Дар ин маҷмўа гулчини ашъори ҳафт тан шоири муосири тоҷик фароҳам омадааст, ки эшон дар зовияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он зиндагиву эҷод мекунанд, ки ҳар яке бо табъу салиқаи худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мутмаинем, ки ин гулчин мавриди пазироии гарми хонандагони соҳибзавқ қарор хоҳад гирифт.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 73 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Зи ҷавру зулми беандозаи ў,
Ба хун дар домани маҳшар нависам.

Бичинам хори роҳат дона-дона,
Нависам васфи рўят ошиқона.
Агар моҳи фалак ҳам доғ дорад,
Ту бедоғӣ, аё моҳи ягона.

Ба ту дар хоб дар гуфтушунудам,
Ғами дил дар хаёли ту фузудам.
Дар ин дунёи пурмакру фиребо,
Ба ёдат занг аз сина зудудам.

Манам мафтуни чашмони сиёҳат,
Хумориям ба ҳар тарзи нигоҳат.
Ба ёдат оқибат болу парам рехт,
Биёву гир маро ҳам дар паноҳат.

Агарчанде ки ман Нури нисоям,
Рабудӣ аз дилам ҷамъи зиёям.
Ало, эй ошиқи ғамдидаи ман,
Ба ёдат бигзарад шому сабоям.

Нагаштӣ такягоҳи дил, ҳабибам,
Набуд васли ту умре дар насибам,
Баҳори ошиқӣ бигзашту афсўс,
Напурсидӣ зи ман, ёри ғарибам.

Туро чун оби дарё меписандам,
Туро чун хобу руъё меписандам.
Надорам ҷуз ту ёри меҳрубоне,
Туро бо сад таманно меписандам.

Ба ёди оразат дилтанг бошам,
Саропо нағмаю оҳанг бошам.

пешина
аз 73
навбатӣ