АЗ ҲАФТ ДАФТАР

Дар ин маҷмўа гулчини ашъори ҳафт тан шоири муосири тоҷик фароҳам омадааст, ки эшон дар зовияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он зиндагиву эҷод мекунанд, ки ҳар яке бо табъу салиқаи худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мутмаинем, ки ин гулчин мавриди пазироии гарми хонандагони соҳибзавқ қарор хоҳад гирифт.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 73 саҳифа
Зи рангинии ҳусни беназират,
Китоби дилкаши Аржанг бошам.
Буто, сар додаӣ мурғи адоро,
Баҳона мекунӣ то кай ҳаёро?
Ба нози дилрабою хандаи хуш,
Бисўзонӣ вуҷуди зори моро.
Ба сина захми савдои ту дорам,
Ба дил доғи таманнои ту дорам.
Ман он нахлам, ки бо сад ташнаҷонӣ,
Умеди хоки саҳрои ту дорам.
Майи лаъли лаби нўши ту хоҳам,
Гул аз боғи баногўши ту хоҳам.
Дар ин дунёи сар то по фиребо
Фақат гармии оғўши ту хоҳам.
Ту ширинтар зи оби чашмаҳоӣ,
Ба қиммат беҳтар аз кони тилоӣ.
Бипурс аз ҳоли қалби хунчаконам,
Ба кулли дардҳоям ошноӣ.
Ҷаҳони ман пур аз бўи ту бошад,
Дили ман волаи рўи ту бошад.
Ки то чинам гули боғи муҳаббат,
Ду чашмони сарам сўи ту бошад.
Қадат чун ҷилваи ишқу сафо бод,
Лаби лаълат маризонро даво бод.
Суруди дигаре ҳаргиз нахоҳам,
Дилат доим ба комам ҳамнаво бод.
Туӣ сарчашмаи рўди умедам,
Туӣ пироҳани бахти сафедам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё