АЗ ҲАФТ ДАФТАР

Дар ин маҷмўа гулчини ашъори ҳафт тан шоири муосири тоҷик фароҳам омадааст, ки эшон дар зовияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он зиндагиву эҷод мекунанд, ки ҳар яке бо табъу салиқаи худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мутмаинем, ки ин гулчин мавриди пазироии гарми хонандагони соҳибзавқ қарор хоҳад гирифт.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 73 саҳифа
Ҳеҷ кас чун ман надорад ғам миёни бонувон,
Аз мани девона бигрезанд аз дашт оҳувон,
Ман надорам баъди ин савдо ғаме аз обу нон,
«То баранд аз ҷилваи хубӣ ҳиҷолат некўвон,
Ним ҷавлоне зи сарви гулъизори ман куҷост?»
Чанд гардам ман асири ҳалқаи мў инчунин,
Чанд гардам бастаи ҳар тори гесу инчунин,
Чанд гардам ташнаи холи бари рў инчунин,
«Чанд гардам беқарору сабр ҳар сў инчунин,
Он шикебомўзи ҷони беқарори ман куҷост?»
Мурдам аз ҳасрат, вале дурдонаи ишқам насуфт,
Ман шудам бехобу ў дар ёди ман як шаб нахуфт,
Хор афканд дар раҳи ман, хори роҳамро нарўфт,
«Дод гардамро ғамаш барбоду он бадхў нагуфт,
Эй ки умре буд хоки раҳгузори ман, куҷост?»
Қадри ман набвад ба пеши чашми ў чун арзане,
Аз барои дона месўзад саропо хирмане,
Рўи чун моҳи варо пўшида дорад домане,
«Нест хуш бар домани покаш ғубори чун мане,
Бедиле, к-аз гиря биншонад ғубори ман, куҷост?»
Нуринисоро набошад бар дари қалбаш раҳе,
Ҳоли дилро аз куҷо донад каси ноогаҳе,
Мову кунҷи бекасиву ёди рухсори маҳе,
«Монд Ҷомӣ дур аз он дар, ваҳ, чӣ хуш бошад гаҳе
Бозпурсад, к-он ғариби хоксори ман куҷост?»
ДУБАЙТИҲО
Китоби дарди худ аз сар нависам,
Ба номи шўхи симинбар нависам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё