Зеҳн
АЗ ҲАФТ ДАФТАР

Дар ин маҷмўа гулчини ашъори ҳафт тан шоири муосири тоҷик фароҳам омадааст, ки эшон дар зовияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он зиндагиву эҷод мекунанд, ки ҳар яке бо табъу салиқаи худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мутмаинем, ки ин гулчин мавриди пазироии гарми хонандагони соҳибзавқ қарор хоҳад гирифт.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 73 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Сабзаю гулро ба рўи роҳи худ,
Карда пойандоз меояд баҳор,
Дил ба сина метапад аз хуррамӣ,
Бо басо эъҷоз меояд баҳор.
Бо гулу себаргаю мурғи чаман,
Дар чаман дамсоз меояд баҳор.
Нуринисо, дар ҷаҳони гирудор,
Бо ҷаҳони роз меояд баҳор.


Эй ёр, зи чашми ту ниҳон аст дили ман,
Озурда зи гулгашти ҷаҳон аст дили ман.
Дар ёди ту бас хуни дилам рафт ба доман,
Рафтӣ зи ману бо ту равон аст дили ман.
Аз панҷаи хунини мани хаста маяндеш,
Дар рўи кафам дур зи тавон аст дили ман.
Дар дашти дилам лолаи бисёр шукуфтаст,
Аз будани худ сахт ба ҷон аст дили ман.
Ҷуз шеъри ғами ту набиёяд ба забонам,
Бар рўи раҳи ту нигарон аст дили ман.
Эй Нуринисо, аз дили бечора чӣ пурсӣ?
Дар фасли тараб банди хазон аст дили ман.

КУҶОСТ?
Мухаммас бар ғазали Абдураҳмони Ҷомӣ

Маҳрами андешаи шабҳои тори ман куҷост?
Гулбуни пурсояи фасли баҳори ман куҷост?
Сўхтам, оташ гирифтам, дилфигори ман куҷост?
«Рўзи майдон аст, турки шаҳсавори ман куҷост?
Чашми ҳар кас бар рухи ёрест, ёри ман куҷост?»

Дар хаёли қомати ў ногаҳон рафтам зи ҳуш,
Аз ғаму дарди фироқаш гаштаам лолу хамўш,
Дигарон бо ёри худ дасту ба дасту боданўш,
«Ошиқон ҳар кас ба рўйи ёри худ хандону хуш,
Ман чунин ғамгин чароям, ғамгусори ман куҷост?»

пешина
аз 73
навбатӣ