АЗ ҲАФТ ДАФТАР

Дар ин маҷмўа гулчини ашъори ҳафт тан шоири муосири тоҷик фароҳам омадааст, ки эшон дар зовияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он зиндагиву эҷод мекунанд, ки ҳар яке бо табъу салиқаи худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мутмаинем, ки ин гулчин мавриди пазироии гарми хонандагони соҳибзавқ қарор хоҳад гирифт.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 73 саҳифа
Навбаҳори умри ман тарки ин макон карда,
Бин, кунун пурожанг аст чеҳраи накўи ман.
Нуру дарди танҳоӣ, шому ранҷи раҳпоӣ,
Аз тую зи ёди ту ҳаст гуфтугўи ман.
Бо насими тоза меояд баҳор,
Аз дару дарвоза меояд баҳор.
Шохаҳои хор ҳам гул мекунад,
Бо фараҳ, бо ғоза меояд баҳор.
Қалби пурғамро тасалло медиҳад,
Бо ҳаду андоза меояд баҳор.
Бо ҷамоли беқиёси хештан,
Дохили ҳар коза меояд баҳор.
Шукр гў, бар рўзи нав, Нуринисо,
Бо басо овоза меояд баҳор.
Пазмонаму аз ёри паричеҳра асар нест,
Симои хушаш аз чӣ сабаб пеши назар нест?
Дар синаи ман доғ ниҳоду ба куҷо рафт?
Дилмурдааму рўи дилам сўи зафар нест,
Бо ин дили ғамдидаи худ, гўй чӣ созам?
Ҷуз ёди рухи ёр маро кори дигар нест,
Чашмам ба раҳи омаданаш рехт басе ашк,
Бе рўи пур аз нури ваям нури басар нест.
Гарчанд ба дил роҳи муросо талабидам,
Эй вой, маро ҳосиле ҷуз дидаи тар нест.
Бе рўи биҳиштеш дигар хоб надорам,
Майли дили ман ҷониби рухсори қамар нест.
Эй Нуринисо, фасли баҳори дигар омад,
Гул кард басе боғу зи ў ҳеҷ хабар нест.
Бо тараб, бо ноз меояд баҳор,
Бо дафу бо соз меояд баҳор.
Аз қудумаш синаам гул мекунад,
Ваҳ, чи сарафроз меояд баҳор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё