Зеҳн
АЗ ҲАФТ ДАФТАР

Дар ин маҷмўа гулчини ашъори ҳафт тан шоири муосири тоҷик фароҳам омадааст, ки эшон дар зовияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он зиндагиву эҷод мекунанд, ки ҳар яке бо табъу салиқаи худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мутмаинем, ки ин гулчин мавриди пазироии гарми хонандагони соҳибзавқ қарор хоҳад гирифт.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 73 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ғамат дар синаи ман хона дорад,
Биё, кулли ғамамро мухтасар кун.
Ба ёдат хоб ҳам аз дида гум шуд,
Нигоҳе сўи ин чашмони тар кун.
Ҷаҳон бе ту дигар маъно надорад,
Бинои ҳастиям зеру забар кун.
Сарат гардам, дилоромам куҷоӣ?
Маро низ гоҳ- гоҳ аз худ хабар кун.
Ба Нур афкан ҳумоосо ту соя,
Маро султони қалби пуршарар кун.


Эй мўниси ягона, туро ёд мекунам,
Дар олами фасона туро ёд мекунам.
Меҳрат зи сина кам нашавад, дилрабои ман,
Бо меҳри ҷовидона туро ёд мекунам.
Хонам суруди тоза, ё гирам қалам ба каф,
Дар шеъру дар тарона туро ёд мекунам.
Ман ошиқам ба қомати болои дилкашат,
Дар байти ошиқона туро ёд мекунам.
Гар пеши рўи мардумон аз сидқ дам занам,
Бисёр содиқона туро ёд мекунам.
Ман оҳуи назокатам, сайёди ман туӣ,
Бо нози дилбарона туро ёд мекунам.
Гарчанд меравад ҳама умрам ба коми бод,
Бо қалби пурҷавона туро ёд мекунам.
Ман Нураму зи ҳастии ту дорам ифтихор,
Ҳар лаҳза бе баҳона туро ёд мекунам.


Эй баҳори танҳоӣ омадӣ ба кўи ман,
Пур кун аз майи шодӣ як раҳе сабўи ман.
Аз хазони навмедӣ оқибат хазон гаштам,
Тар нашуд димоғи кас ҳеҷ гаҳ зи бўи ман.
Чашми пур зи ашки ман чашмасори хунин аст,
Гул намекунад дигар боғи орзуи ман.
Хона кардаӣ дар дил, аз манат ҷудоӣ нест,
Эй ғами фузун, боре кун раҳо гулўи ман.

пешина
аз 73
навбатӣ