Зеҳн
АЗ ҲАФТ ДАФТАР

Дар ин маҷмўа гулчини ашъори ҳафт тан шоири муосири тоҷик фароҳам омадааст, ки эшон дар зовияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он зиндагиву эҷод мекунанд, ки ҳар яке бо табъу салиқаи худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мутмаинем, ки ин гулчин мавриди пазироии гарми хонандагони соҳибзавқ қарор хоҳад гирифт.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 73 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Пул канад хонанда аз мому падар,
Духтаре аз навҷавон пул меканад.
Дар қади роҳи ниҳон ё шоҳроҳ
Нозир аз ронандагон пул меканад.
Зери теғ оварда ҳар беморро,
Он табиби «меҳрубон» пул меканад.
Айбҳоро ҷуста шахсан ревизор,
Аз директори калон пул меканад.
Ҳар яке оварда сайдашро ба даст,
Мустақиман ройгон пул меканад.
Маст гашта соҳиби як хонадон,
Аз зану аз кўдакон пул меканад.
Ман надонам то ба кай дар ин ҷаҳон,
Он аз ину ин аз он пул меканад?!
Лек бодо лаънати Ҳақ баҳри он,
К-ў зи шахси нотавон пул меканад.


Эй ёри ҷонӣ, аз бари мо меравӣ, марав,
Эй субҳи зиндагонӣ, аз бари мо меравӣ, марав.
Хандидани ту бар гули фитрат нишот рехт,
Эй базми ҷовидонӣ, аз бари мо меравӣ, марав.
Аз мақдамат ба гулшани қалбам баҳор рехт,
Эй шохи арғувонӣ, аз бари мо меравӣ, марав.
Афсона дошт хотирам аз суҳбати хушат,
Эй вожаи маонӣ, аз бари мо меравӣ, марав.
Чун Шамси хушлиқову чу Рўҳу-л-амини ҷон,
Дар роҳи бенишонӣ аз бари мо меравӣ, марав.
Як диданат зи хотирам сабру қарор бурд,
Иксири шодмонӣ, аз бари мо меравӣ, марав.
Рўзе ду-се, ки аз пайи дидорат омадам,
Буданд онҷаҳонӣ, аз бари мо меравӣ, марав.
Бар пешвози пирию мўйи сафеду ғам
Чун фасли навҷавонӣ аз бари мо меравӣ, марав.
Наққошрост бе гули рўят хазони ишқ,
Чун фасли комронӣ аз бари мо меравӣ, марав.


пешина
аз 73
навбатӣ