АЗ ҲАФТ ДАФТАР

Дар ин маҷмўа гулчини ашъори ҳафт тан шоири муосири тоҷик фароҳам омадааст, ки эшон дар зовияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он зиндагиву эҷод мекунанд, ки ҳар яке бо табъу салиқаи худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мутмаинем, ки ин гулчин мавриди пазироии гарми хонандагони соҳибзавқ қарор хоҳад гирифт.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 73 саҳифа
Чун надорӣ эҳтироми дину кеши дигарон,
Расму ойини муқаддасро дуои бад макун.
Нашъаи озодии дунё чу овардат ғурур,
Ғамкашони банду маҳбасро дуои бад макун.
Чун надорӣ рутбаи радду қабули неку бад,
Зоҳиду ринду муханнасро дуои бад макун.
Қубҳу замми халқро Наққош н-орад бар забон,
Холиқи чархи муқарнасро5 дуои бад макун.
Аз бешу ками дунё навмед мабош, эй дўст,
Аз фақру ғами фардо навмед мабош, эй дўст.
Ҷое, ки Худо дорӣ, имону ҳудо дорӣ,
Кай бекасиву танҳо? Навмед мабош, эй дўст.
Дунёи пураржангат, пуршўру шару шангат,
Хобе буваду руъё, навмед мабош, эй дўст.
Сад макри ниҳон дорад, ҳам тиру камон дорад,
Ин мову ту нобино, навмед мабош, эй дўст.
Ишқи рухи ҷонона дурўзаву афсона,
Ҳосил набувад маъно, навмед мабош, эй дўст.
Ишқат гузарон бошад, чашмат нигарон бошад,
Судат надиҳад савдо, навмед мабош, эй дўст.
Ойини мусалмонӣ, ҳам ҷавҳари инсонӣ,
Гумраҳ накунад асло, навмед мабош, эй дўст.
Аз хасмии Аҳриман андар рагу қалбу тан,
Эмин нашаву коно, навмед мабош, эй дўст.
Розат ба Худо мегў, дар субҳу масо мегў,
Ў бо ту бувад ҳар ҷо, навмед мабош, эй дўст.
Наққош диҳад пандат, дунё бидиҳад фандат,
Бар хеш назар бикшо, навмед мабош, эй дўст.
Раҳбалад аз ҳоҷиён пул меканад,
Раҳбар аз хонандагон пул меканад.
4 Помас – пойбаставу дармонда бувад ба шуғле, ки на битавонад шудан, на битавонад будан. (Луғати Фурс).
Муқарнас – кунгурадор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё