Зеҳн
АЗ ҲАФТ ДАФТАР

Дар ин маҷмўа гулчини ашъори ҳафт тан шоири муосири тоҷик фароҳам омадааст, ки эшон дар зовияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он зиндагиву эҷод мекунанд, ки ҳар яке бо табъу салиқаи худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мутмаинем, ки ин гулчин мавриди пазироии гарми хонандагони соҳибзавқ қарор хоҳад гирифт.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 73 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Эй биҳиштирў, туро бисёр мехоҳам, биё,
Мақдаматро сабзаву гулзор мехоҳам, биё.
Ҳамчу нақши зинда рўйи парниёни ёдҳо
Ҷоят андар пардаи дидор мехоҳам, биё.
Ин даму имрўзу фардо дар шумори омадат,
Рафтанатро дар шумори пор мехоҳам, биё.
Сатри номафҳуми дарси ошиқиву ишқро
Назди устоди хатат такрор мехоҳам, биё.
Дар тараб орад вуҷудамро адову нози ту,
Бар лабонам аз лабат осор мехоҳам, биё.
Бахти хоболудаамро бо садои мақдамат
Ҳамчу субҳи ошиқон бедор мехоҳам, биё.
Ин ғазал аз гуфтаи Наққош дар васфи рухат
Зеббахши дафтари ашъор мехоҳам, биё.


Эй дилрабо, дил мебарад шўху дилоро буданат,
Фанду фиребам мекунад фанду фиребо буданат.
Нозам ба ту, эй нозанин, эй мақдамат гулофарин,
Ҳусни гул афзун мекунад дар байни гулҳо буданат.
Назми вуҷудат хондаам, садҳо дурудат хондаам,
Шеъру сурудат хондаам з-оҳанги зебо буданат.
Чашми хушат дил мебарад, ҳар гуна мушкил мебарад,
Чун хатти ноқил мебарад барқи таҷалло буданат.
Рамзи ту пайдо мекунам, розам ҳувайдо мекунам,
Васлат таманно мекунам боби таманно буданат.
Наққош, гуфторат хуш аст, тавсифи ашъорат хуш аст,
Назми шакарборат хуш аст, ҳамрози анқо буданат.


Эй писар, бар духтари мардум нигоҳи бад макун,
Бар зану бар хоҳари мардум нигоҳи бад макун.
Модари ҳамсояатро ҳамчу модар пос дор,
Чун гадо бар аксари мардум нигоҳи бад макун.
Ҳадяи тақдир бошад толеи иқболу бахт,
Аз ҳасад бар ахтари мардум нигоҳи бад макун.
Шодкомии ҳаётатро қаноат бас бувад,
Бар пулу бар доллари мардум нигоҳи бад макун.

пешина
аз 73
навбатӣ