АЗ ҲАФТ ДАФТАР

Дар ин маҷмўа гулчини ашъори ҳафт тан шоири муосири тоҷик фароҳам омадааст, ки эшон дар зовияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он зиндагиву эҷод мекунанд, ки ҳар яке бо табъу салиқаи худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мутмаинем, ки ин гулчин мавриди пазироии гарми хонандагони соҳибзавқ қарор хоҳад гирифт.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 73 саҳифа
Эй ҳамватан, худро шинос, аз худ марав, аз худ намон,
Уммед аз ҳар кас макаш, ҳар сў мадав, аз худ намон.
Бар турку бар аъробию бар русу чину ҳинду форс,
Ҳамкорию паймон намо, ҳамдаст шав, аз худ намон.
Н-ояд ба мулкат бетамаъ як мўр ҳам аз мулки ғайр,
Каш пунбаи ғафлат зи гўш, инро шунав, аз худ намон.
Гар ғайр бошад раҳбарат, гумроҳ хоҳӣ шуд яқин,
Доим ба роҳи худ бирав, эй роҳрав, аз худ намон.
Дар кишвари Хуршедият, дар мазраи аҷдодият,
Бо дасти худ, бо доси худ бинмо дарав, аз худ намон.
Тафсон танўри хешро танҳо барои нони худ,
Медон, ки нони гандумат хонанд ҷав, аз худ намон.
Донам, ки мардумпарварӣ, бегонагонро парварӣ,
Як бор кун парвои худ, бо худ бишав, аз худ намон.
НАВРЎЗИ ТОҶИКИСТОН
Раъд ғуррон, абр гирён, лола хандон, сабза рақсон,
Килки тундар нақш бофад дар танўри Осмон.
Кўҳу саҳро, боғу майдон бо таҳорат густарида
Ҷонамози ишқи наврўзӣ ба пеши пойи ёрон.
Дашт атлас карда дар бар, ҳамлибоси ёри дилбар,
Мурғакон аз шохсорон гулчинон шоду ғазалхон.
Ҳафтшину ҳафтсину ҳафтмими файзбор,
Рамзи бахту тахти хони миллати озодагон.
Хони наврўзист имрўз аз Бадахшон то Зарафшон,
Гулнавоӣ мекунад Рашту Ҳисору Суғду Хатлон.
Саҷдагоҳи меҳри дилҳо, каъбаи уммеди ҷонҳо,
Қиблаи меҳру садоқат гашта хоки Тоҷикистон!
Дастагул аз боғи наврўз ин замон дастобадаст
Баҳри файзу ваҳдати ҷовид дар рўйи ҷаҳон.
Менавозад, месарояд, сарфарозон то ба афлок,
Бо дили аз меҳр саршор ошиқи ин мулк-Султон.
ОФАРАНДА

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё