АЗ ҲАФТ ДАФТАР

Дар ин маҷмўа гулчини ашъори ҳафт тан шоири муосири тоҷик фароҳам омадааст, ки эшон дар зовияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он зиндагиву эҷод мекунанд, ки ҳар яке бо табъу салиқаи худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мутмаинем, ки ин гулчин мавриди пазироии гарми хонандагони соҳибзавқ қарор хоҳад гирифт.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 73 саҳифа
Қавми раҳгумкардаро иршод кард.
Эй Худои кордону корсоз,
Сарвари моро бидеҳ умри дароз!
Пуштибони миллати мо ў бувад,
Шаҳсутуни давлати мо ў бувад,
Ифтихору шуҳрати мо ў бувад,
Иқтидору қудрати мо ў бувад.
Сарвари моро, Худоё, ёр бош,
Дўстдору ёвару ғамхор бош!
ЧАРХИ РОҒУН
Ба муносибати ба кор сар кардани
чархаи аввали НБО Роғун
Чархи Роғун, чархи нуру чархи нусрат чарх зад,
Аз диёри Тоҷикистон чархи қудрат чарх зад.
Аз дили кўҳ, аз замири об мавҷи барқ хест,
Чархи бахти миллати бунёдваҳдат чарх зад.
Чархи гардун гашт қоил бар шукўҳи чархи он,
Чунки набвад ҳамчу саддаш садди дигар дар замон.
Пешвои миллатам бо азму ҷаҳди беқиёс
Кард собит қудрати халқи азизаш дар ҷаҳон.
Ришта-ришта нур кишта меравад рўйи ҷаҳон,
Файзи пиндори накўву нури бахти тоҷикон.
Аз азал чун халқи тоҷик буд халқи нурбахш,
Мекунад пайваст нураш қалбҳоро ҷовидон.
Чарх зан, эй чархи Роғун, чархи ғайрат, чарх зан!
Чархи истиқлоли кишвар, чархи ваҳдат чарх зан!
Баҳри халқи тоҷдорат роҳи нав-навро кушо,
То абад бо нури покат амну роҳат чарх зан!
АЗ ХУД НАМОН

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё