АЗ ҲАФТ ДАФТАР

Дар ин маҷмўа гулчини ашъори ҳафт тан шоири муосири тоҷик фароҳам омадааст, ки эшон дар зовияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он зиндагиву эҷод мекунанд, ки ҳар яке бо табъу салиқаи худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мутмаинем, ки ин гулчин мавриди пазироии гарми хонандагони соҳибзавқ қарор хоҳад гирифт.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 73 саҳифа
Одамӣ, Султони мо ҳам ташнаи ҳарфи хуш аст,
Меравад бо каҷраҳи худ, дар бараш гар ёр нест.
Устод агар набошад, ақле ба сар набошад,
Дар боғи зиндагонӣ гарди самар набошад.
Бе раҳнамою раҳбар дар ин ҷаҳони бесар,
Пои равон набошад, нури басар набошад.
Ҳамчун каломи нобаш дар махзани ҳаётат,
Беминнату вафодор як ҳамсафар набошад.
Устод агар набошад паҳлӯи чархи даврон,
Дар сина рӯшании шамсу қамар набошад.
Ҳар кӣ накард ҳурмат устоди раҳнаморо,
Аз ақлу дину имон ӯро хабар набошад.
Султон, бидон, ки олам аз файзи ӯст рӯшан,
1
Беш аст аз падар ӯ, гарчи падар набошад.
Аз пеши барат чоки гиребон гила дорад,
Аз лаъли лабат лолаи хандон гила дорад.
Раҳ бӯса занад мижаи мо аз пайи поят,
Аз гаштани ту кабки хиромон гила дорад.
Бо дидани ту шӯр ба дарёи дил афтод,
Аз ҳасрати он ин дили гирён гила дорад.
Беманзилам аз чашми сияҳмасти ту умре,
Бар ҳоли дилам хори биёбон гила дорад.
Шуд зеру забар даври фалак аз хати нозат,
Аз наргиси ту дидаи ҳайрон гила дорад.
Ман худ киам охир, ки аз ин нозу адоят,
Ҳам бою гадо, ҳам шаҳу Султон гила дорад.
Туро мо бевафо гуфтему рафтем,
Ту шӯхи пурҷафо, гуфтему рафтем.
Чу чашмат дар бало афканд моро,
Ду чашмонат бало гуфтему рафтем.
Мазмун аз Саъдӣ: «Ҷабри устод беҳ аз меҳри падар».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё