Зеҳн
АЗ ҲАФТ ДАФТАР

Дар ин маҷмўа гулчини ашъори ҳафт тан шоири муосири тоҷик фароҳам омадааст, ки эшон дар зовияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он зиндагиву эҷод мекунанд, ки ҳар яке бо табъу салиқаи худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мутмаинем, ки ин гулчин мавриди пазироии гарми хонандагони соҳибзавқ қарор хоҳад гирифт.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 73 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дуои мо, умеди мо ҳамин бошад дар ин маҳфил,
Ки гарданд ин ду тан зебоҷавонон комгор имшаб.


Ранги барфи коғаз андар мӯи мо маъво гирифт,
Сатри мӯи сип-сияҳ дар рӯи коғаз ҷо гирифт.
Лек дар давре, ки боғи умри мо пурмева шуд,
Кӯчаи моро садои ҷаккишу ғавғо гирифт.
Килки моро тешаи мансабталошон кард кунд,
Меҳри мансаб қадр ёфт-аз қадри мо боло гирифт.
Он касе, ки роҳ омӯхт аз паи пайроҳи мо,
Раҳзане гардиду номардона роҳи мо гирифт.
ӯ забони покро бинмуда бо лафзаш ҳаром,
Ҳамчу хапгирак саге моро зи банди по гирифт.
Ончунон фанду фиребу макр аз ӯ арзон бишуд,
Нағмаҳою ҳуққабозияш дари дилҳо гирифт.
Даст шуст аз ҳалқаи он носипосон қалби мо,
Ҳамраҳи Султони раҳгум домани саҳро гирифт.


Одамиро шод кардан он қадар душвор нест,
Ғайри як ҳарфи накӯ чизе ба ӯ даркор нест.
Ранҷ додан бар дили ӯ саҳлу осон аст, дон:
Як нигоҳи каҷ кифоя, ҳоҷати гуфтор нест.
Беҳтарин эъҷози Ҳақ дар рӯи олам одам аст,
Боназокаттар гуле чун ӯ дар ин гулзор нест.

  • Ҷисмаш аз сангу дилаш нозуктар аз гул, - гуфтаанд,
    Ҳаббазо! Чун ӯ матоъе андар ин бозор нест.
    Мӯъҷизоти ҳафт кишвар ранҷи дасти ӯ бувад,
    Боз чун одам дар олам шахси вайронкор нест.
    Ҷонфидою ҷоннисор ӯ, бевафо, бадаҳд ӯст,
    Меҳрубону бовафо, гоҳо чу ӯ маккор нест.
    Мешавад некӣ фаромӯшаш чу паҳлӯе занад,
    Он ки ҳарфи бад фаромӯшаш шавад, бисёр нест.
    Бо ҳама неку бадаш инсон ҷаҳонро меҳвар аст,
    Ҷуз ҷаҳони ӯ ҷаҳони пурғаму ғамхор нест.
пешина
аз 73
навбатӣ