Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Ва Маъруфи Кархиро таоми хуш бурдандӣ, бихӯрдӣ ва Бушри Ҳофӣ нахӯрдӣ, аз Маъруф суол карданд, гуфт: «Бародари маро Бушр вараъ бигирифтааст ва маро маърифат кушода кардааст. Ман меҳмонам андар сарои мавлои хеш, чун диҳад ҳамехӯрам ва чун надиҳад, сабр ҳамекунам, маро ҳеҷ тасарруф намондааст ва ҳеч эътироз не ва ин ҷои ғурури аҳмақон бошад, ки ҳар кӣ тоқати муҷоҳидат надорад, гӯяд ман орифам чун Маъруфи Кархӣ; пас даст аз муҷоҳидат надорад илло ду кас: аммо сиддиқе, ки бар кор рост истода бошад ва аммо аҳмақе, ки пиндорад, ки рост биистодааст ва Маъруфи Кархиро тасарруф пурсида1 буд, агар дар вай хиёнате кардандӣ, ба дасту забон андар вай ҳеч хашми ҳаракат накардӣ ва аз Ҳақ таъоло дидӣ ин сухан аз чун ӯе дуруст ояд ва чун Бушри Ҳофӣ ва Сиррии Сақатӣ ва Молики Динор, ин табақа аз нафси худ эмин набуда бошанд ва эшон муҷоҳидат боз нагирифта бошанд, муҳол бувад, ки касе ба хештан ин гумон барад.
Пайдо кардани офоти даст бидоштан аз шаҳавот Бидон, ки аз ин ду офат тавлид кунад: яке, ки бар тарки баъзе аз шаҳавот қодир набошад2 ва нахоҳад, ки бидонанд, андар хилват бихӯрад ва бармало нахӯрад ва ин айни нифоқ бошад ва бувад, ки шайтон вайро ғурур диҳад, ки: ин маслиҳати мардумон бошад, то ба ту иқтидо кунанд ва ин ғурури маҳз аст; ва кас бошад, ки шаҳват бихараду ба хона барад, то бибинанд, он гоҳ пинҳон ба садақа диҳад ва ин ниҳояти садақа аст ва кор сиддиқон аст ва азим душвор бувад ин бар нафс ва шарти ихлос он аст, ки ин осон шавад, агар душвор бувад, ҳанӯз андар дил риёи хафӣ мондааст, тоати худ ҳамедорад на тоати ҳақ ва ҳар кӣ аз шаҳвати таом бигурезад ва андар шаҳват ва риё афтад, чунон бошад, ки аз ёрон ҳазар кунад ва дар зери новадон нишинад; пас бояд, ки чун андар нафси вай ин тақозо падид ояд андар пеши мардумон аз он андак бихӯрад ва ҳама нахӯрад: то ҳам риё шикаста шавад ва ҳам шаҳват.
1 Тамом шуда буд.
2 Чунон ки мушоҳида мешавад, дар ин қисмат офати дуввум ёд нашуда ва шояд ба таъбире дар таи галом бидуни ишора ба унвони офати дуввум омада бошад, дар нусхае, ки аз рӯи он чоп мешавад ҳамин ҷо, ки шумора «2» гузоштаем, ҳошияи Ҳоқӣ бад-ин сурат дорад: (ва фаро намояд, ки ба ихтиёр даст бидоштаам ва ин айни дурӯғ бувад ва дигар он ки қодир бувад), вале ба назари мусаҳҳеҳ ин илҳоқ, ки дар дигар нусхаҳои хаттӣ ва чопӣ мавриди муроҷиа ёфт намешавад ва номуносиб аст ва матлабро тамом намекунад, ба ҳамин ҷиҳат хулоса офати дуввумро аз рӯи китоб эҳё барои равшан шудани матлаб дар зер меоварем. «Офати дуввум он аст, ки бар даст бидоштан аз шаҳват қодир бошад, лекин дӯст дорад, ки ба худдорӣ аз шаҳват машҳур шавад, Пас аз шаҳват заифӣ, ки шаҳват хурдан бошад даст бидорад ва ба тоати шаҳвати азимтаре, ки шаҳват ҷоҳ аст гардан ниҳад. Ва ин шаҳват хафиву нопайдост. Чун аз ин дар нафси худ дид, шикастани онро бояд бузургтар аз шикастани шаҳвати таом донад».
Пайдо кардани шаҳвати фарҷ
Бидон, ки шаҳвати суҳбат бар одамӣ мусаллат кардаанд, то мутақозӣ бошад, ки тухм бипароканад, то насл мунқатеъ нашавад ва то намудорӣ бувад аз лаззати биҳишт ва офати ин шаҳват азим аст. Иблис фаро Мӯсо алайҳиссалом гуфт: «Бо ҳеч зан ба хилват манишин, ки ҳеч мард бо зане хилват накунад, ки на ман мулозими вай бошам, то вайро фитна гардонам». Саид ибни Мусайб мегӯяд, ки: ҳеч пайғамбар бифиристод, Ҳақ таъоло, ки на иблис ба сабаби занон аз вай навмед набуд ва ман бар хештан аз ҳеч чиз чунон натарсам, ки аз ин ва бад-ин сабаб ҷуз андар хонаи хеш ва хонаи духтари хеш нашавам ва бидон, ки андар ин шаҳват низ ифрот асту тафрит ва миёна, ифрот он бувад, ки чунон шавад, ки аз фавоҳиш шарм надорад ва ҳамагии хеш бад-он диҳад ва чун чунин бувад, воҷиб бувад шикастани он ба рӯза ва агар шикаста нашавад, никоҳ кунад; ва тафрит он бувад, ки вайро ҳеч шаҳват набошад ва он низ нуқсон бувад ва эътидоли он бувад, ки шаҳват бувад ва зери даст бувад. Ва кас бувад, ки чизҳо хӯрад, то шаҳвати вай зиёдат шавад ва ин аз чаҳл бувад ва масали вай чун касе бувад, ки ошёни занбӯр бишуронад, то андар вай афтанд, магар касе, ки никоҳ карда бувад ва мақсуди вай нигоҳ доштани ҷониби занон бувад, ки ҳисни эшон мардонанд.
Ва андар ғароиби ахбор аст, ки расул гуфт: «Саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ки: «Андар худ заъф шаҳвате дидам», Ҷабраил алайҳиссалом маро ҳарисае1 фармуд ва сабаб он буд, ки вай на зан дошт ва эшон бар ҳама олам ҳаром шуда буданд ва умеди эшон аз ҳама гусаста буд.
Ва яке аз офот — ин шаҳвати ишқ аст ва он сабаби маъсиятҳои бисёр аст ва агар андар ибтидои он эҳтиёт накунад, аз даст андар гузарад: ва эҳтиёти он нигоҳ доштани чашм аст, ки агар ба иттифоқ чашм биафтад, нигоҳ доштани он дигар бор осон бувад, аммо агар фаро гузорад бозгирифтан душвор бувад; ва масали нафс андар он чун сутуре аст, ки ибтидо қасди ҷое кунад, инони вай бартофтан осон бувад ва чун дур шуд, дунбол гирифтан ва берун кашидан душвор бувад, пас асл нигоҳ доштани чашм бувад. Саид ибни Мубайр гӯяд, ки фитнаи Довуд алайҳиссалом аз чашм бувад. Ва Довуд бо писари хеш гуфт: «Раво бошад, ки паси шеру аждарҳо фаро шавӣ, валекин бояд, ки аз паи занон фаро нашаваӣ ва Яҳё ибни Закариёро — алайҳимуссалом — пурсиданд, ки: ибтидои зино аз куҷо хезад? Гуфт: «Аз чашм ва шаҳват ва расул алайҳиссалом мегӯяд, ки:
«Нигаристан тирест аз тирҳо, иблис ба заҳр об дода ва ҳар кӣ аз бими
1 Навъе ош, ҳалим.
Ҳақтаъоло чашм нигоҳ дорад, вайро имоне диҳанд, ки ҳаловати он дар дил биёбад». Ва расул алайҳиссалом гуфт, ки: «Пас аз вафоти хеш ҳеч фитна нагузоштам, уммати хешро чун занон». Ва гуфт: «Чашм зино кунад, ҳамчунон ки фарҷ ва зинои чашм нигаристан аст». Пас, ҳар кӣ чашм нигоҳ натавонад дошт, бар вай воҷиб бувад, ки шаҳватро риёзат диҳад ва илоҷи ин шаҳват рӯза доштан аст, агар натавонад, никоҳ кардан.
Ва агар чашм аз кӯдакони некӯрӯй нигоҳ натавонад доштан, ин офат азимтар, ки ин худ ҳалол натавон кард.
Ва ҳар кӣ андар вай шаҳвате ҳаракат кунад ва андар амраде нигарад ва аз он роҳате ёбад, нигаристан бар вай ҳаром аст, магар роҳат аз он ҷинс бувад, ки аз обу сабза ва шукуфа ва нақшҳои некӯ ёбад, ки он зиён надорад ва нишон он бувад, ки андар вай тақозои наздикӣ набошад, ки шукуфа ва гул агарчи некӯ бувад, тақозои бӯса додан ва бармосидани он набошад ва чун ин тақозо падидор омад, нишони шаҳват аст ва аввалқадам лавота аст. Ва яке аз машоих ҳамегӯяд, ки: бар мурид аз шери хашмгин, ки ба вай афтад чунон натарсам, ки аз ғуломе амрад.
Ва яке аз муридон гуфт, ки: шаҳват чунон ғолиб шуд, ки тоқати он надоштам, зориву дуо кардам бисёр, пас шабе шахсеро ба хоб дидам, ки маро гуфт: «Туро чӣ будааст? Бо вай гуфтам, ӯ даст ба синаи ман фуруд овард, чун бедор шудам, кифоят афтода буд; чун як сол баромад, боз падидор омад, ҳамон шахсро ба хоб дидам, ки гуфт: «Хоҳӣ ин аз ту бишавад?» Гуфтам: «Хоҳам», гуфт: «Гардан фаро пеш дор, гардан фаро пеш доштам, шамшере биёвард ва гардани ман бизад, чун бедор шудам кифоят шуда буд; ва чун як сол бигузашт, боз падидор омад, зорӣ кардам, то ҳамон шахсро ба хоб дидам, ки бо ман гуфт: «То кай хоҳӣ аз Ҳақ таъоло дафъи он чизе, ки вай дӯст надорад; пас зан кардам, то аз он халос ёфтам.
Пайдо кардани савоби касе, ки ин шаҳват бигузорад Бидон, ки ҳарчанд шаҳват ғолибтар, савоб андар мухолифати вай бештар ва ҳеч шаҳват ғолибтар аз ин нест, валекин матлуби ин шаҳват зишт аст ва бештарин, ки ин шаҳват наронанд ё аз аҷз бувад ё аз шарм ё аз ҳарос ё аз мол ё аз бими он, ки ошкор шавад ва зиштном гардад ва ҳар, ки бад-ин сабабҳо ҳазар кунад, вайро савоб набувад, ки ин тоати дунёист, на тоати шаръ; валекин аҷз андар асбоби маъсияти саодат аст, ки боре уқубат ва базаҳ бияфтад ба ҳар сабаб, ки даст бидорад. Аммо агар касе аз паи ҳаром мутамаккин шавад ва ҳеч монеъ набошад, Аллоҳро даст бидорад, савоби вай бузург аст ва вай аз он ҳафт кас бошад, ки дар сояи арши Ҳақ таъоло хоҳанд буд рӯзи қиёмат ва дараҷаи вай, дараҷаи Юсуф алайҳиссалом аст ва дар ин маънӣ муқтадо ва имом Юсуф алайҳиссалом аст.
Сулаймон ибни Ясор сахт боҷамол буд ва зане хештан бар вай арза кард, аз вай бигурехт, гуфт: «Юсуфро алайҳиссалом ба хоб дидам, гуфтам, ту Юсуфӣ? Гуфт: «Оре. Ман он Юсуфам, ки қасд кардам ва ту он Сулаймонӣ, ки қасд накардӣ ва ишорат бад-ин оят кард: «Ва лақад ҳаммад биҳи ва ҳамма биҳо»1. Ва ҳам Сулаймон мегӯяд, ки: ба ҳаҷ мешудам, чун аз Мадина берун шудем, ҷое фуруд омадем, ки онро Абво гӯянд, рафиқи ман бишуд, то таоме харад, зане аз араб биёмад, чун моҳ, рӯи вай кушода ва маро гуфт: «Ҳин!» Пиндоштам, ки нон мехоҳад, суфра талаб кардам, гуфт: «Он мехоҳам, ки занон аз мардон хоҳанд», гуфт: «Ман сар андар гиребон кашидам ва ба гиристан истодам, то чандон бигирстам, ки он зан бозгашт, чун рафиқ бозомад, бар ман асари гиристан дид, гуфт: «Ин чист? Гуфтам: андешаи кӯдакон андар пеши ман омад, аз андӯҳи эшон бигиристам, гуфт: «Ту ҳамин соат аз ин фориғ будӣ, туро воқеае афтодааст, бо ман бигӯ?! Чун илҳоҳ кард, бигуфтам, вай низ ба гиристан афтод, гуфтам ту боре чаро ҳамегирйӣ? Гуфт: «Аз он ки метарсам, ки агар ин мард ман будаме, натвонистаме чунин кардан. Чун ба Макка расидем ва тавофу саъй бикардем ва андар ҳуҷра бинишастем, андар хоб шудам, шахсе дидам ба ғояти ҷамол, кушодарӯй ва хушбӯй ва дарозболо; гуфтам: ту кистӣ? Гуфт: «Юсуф». Гуфтам: «Юсуфи сиддиқ?»
Гуфт: «Оре». Гуфтам: «Аҷаб коре буда он қиссаи ту бо зани Азиз!» Гуфт:
«Қиссаи ту бо он зани аъробӣ аҷабтар!»
Ибни Умар гӯяд, ки: расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфт: «Андар рӯзгори гузашта се мард ба сафар шуданд, шаб даромад, андар ғоре шуданд, то эмин бошанд, санге азим аз кӯҳ биафтод ва дари ғор фурӯ гирифт, ки ҳеч роҳ намонд ва мумкин набуд он сангро ҷунбонидан, гуфтанд инро ҳеч ҳилае нест, магар он ки дуо кунем ва ҳар касе кирдори некӯ аз они хеш арза кунем, ки бошад, ки ба ҳаққи он Худой фарҷ диҳад; яке гуфт аз он се мард: Бор Худоё, донӣ, ки маро модареву падаре буд, ки ҳаргиз пеш аз эшон таом нахӯрдаме ва зану фарзандонро надодаме, як рӯз ба шуғле машғул шудам ва шаб дер бозомадам ва эшон хуфта буданд ва он қадаҳи шир, ки оварда будам, бар дасти ман буд, ба умеди бедории эшон ва кӯдакон зорӣҳамекарданд ва ҳамегиристанд аз гуруснагӣ ва ман гуфтам: то эшон пештар нахӯранд шуморо надиҳам ва эшон то субҳ бедор нашуданд ва ман он бар даст ҳамедоштам ва ману кӯдакон гурусна.

пешина
аз 176
навбатӣ