Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Дараҷаи дуввум он ки бар ним муд иқтисор кунад ва он ноне ва сеяке аст аз он нон, ки чаҳорманӣ бувад ва ҳамоно, ки ин сеяки шикам бошад, чунон ки расул алайҳиссалом гуфт: «Сулсун литтаъоми ва сулсун лишшурби ва сулсун линнафси ва ба ривояте дигар ва сулсун лиз-зикри». Ва ин он аст, ки расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфт луқмае чанд кифоят аст ва ин кам аз даҳ луқма бувад, Умар разийаллоҳу анҳу бештар аз нӯҳ луқма нахӯрдӣ.
Дараҷаи саввум он ки бар муд иқтисор кунад ва он ба се гирдаи нон наздик бувад, ҳамоно андар ҳақ бештар ин аз сеяк меъда андар гузашта бувад ва ба ҳадди ним расида.
Дараҷаи чаҳорум он ки як ман тамом бувад ва мумкин аст, ки он чӣ зиёдат аз муд бувад, исроф бувад ва андар ин ояд, ки дар Қуръон гуфтааст: «Ва ло тусрифу иннаҳу ло юҳиббул-мусрифина»2, валекин ба вақт ва ба колбад ва ба кор бигардад.
Ва андар ҷумла бояд, ки даст аз таом бозгирад, чунон ки ҳанӯз гуруснагӣ дар вай бувад ва гурӯҳе тақдир накардаанд3, валекин ҷаҳд кардаанд, то таом нахӯранд илло гурусна шуда ва даст бозгиранд, чунон ки ҳанӯз гуруснагӣ миқдоре монда бувад. Ва нишони гуруснагӣ он бошад, ки бар нон бе нонхӯриш ҳарис бошад ва нони ҷавин ва говарсин4ҳама ба ҳирс тавонад хӯрд, чун нонхӯриш ҷӯяд гуруснагӣ содиқ набувад.
Ва саҳоба бештарин аз ним муд андар нагузаштаанд ва ҷамоате будаанд, ки таоми эшон ҳар ҳафта соъӣ будааст ва соъӣ чаҳор муд бошад ва чун хурмо хӯрдандӣ соъиву ним! Ним ба сабаби дона, ки биафтад ва Бӯзар разийаллоҳу анҳу мегӯяд, таоми ман аз одина то одина соъие аз ҷав будааст, андар аҳди расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва ба Худой, ки аз ин бинагардам, то он гоҳ, ки ба вай расам ва бар гурӯҳи ташнеъ5ҳама зид,
1 Кулӯла, гирда.
2 Зиёдравӣ накунед, ӯ касонеро, ки андоза нигоҳ намедоранд, дӯст надорад.
3 Андоза муайян нагардонад.
4 Арзанӣ.
5 Сарзаниш кардан.
ки шумо бигардидаед1 ва расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфта буд, ки дӯсттарин ва наздиктарин ба ман касе бошад, ки ҳам бар ин бимирад, ки ҳаст бар он имрӯз, он гоҳ Абӯзар гуфт: «Бигардидед ва орди ҷав ба парвезан2 фурӯ кардед ва нони тунук пухтед ва ду нонхӯриш ба як бор бар суфра мениҳед ва пироҳани рӯз аз пироҳани шаб ҷудо доштед ва андар аҳди вай чунин набудед. Ва қуввати аҳли Суффа3 бар муде хурмо будӣ миёни ду тан ва дона бияфтодӣ!
Саҳли Тустарӣ — раҳматуллоҳи алайҳи — мегӯяд, ки: агар ҳама олам хун гирад, қуввати мӯъмин аз ҳалол бувад ва он он аст, ки мӯъмин ҷуз қадри зарурат нахӯрад, на он ки ин ибоҳатиён ҳамегӯянд, ки: ҳаром, ки фаро вай расад, ҳалол шавад, ки як хурмо аз садақоти фаро расул алайҳиссалом — мерасид ва ҳалол намешуд.
Эҳтиёти дуввум
Андар вақти хӯрдан
Ва ин се дараҷа аст:
Дараҷаи аввал он аст, ки зиёдат се рӯз ҳеч чиз нахӯрад ва кас будааст, ки як ҳафта ва зиёдат шудааст аз даҳ ва дувоздаҳ ва кас будааст аз тоибон, ки хештан бад-он дараҷа расонида буд, ки чиҳил рӯз нахӯрдӣ; ва Сиддиқ разийаллоҳу анҳу бисёр буд, ки шаш рӯз ҳеч нахӯрд; Иброҳими Адҳам ва Сурӣҳар се рӯз хӯрдандӣ.
Ва гуфтаанд, ки ҳар кӣ чиҳил рӯз ҳеч нахӯрад, лобуд чизҳои аҷоиб бар вай ошкоро шавад; яке аз саҳоба бо роҳибе мунозира ҳамекард, гуфт:
«Чаро ба Муҳаммад алайҳиссалом имон наёварӣ», гуфт: «Зеро ки Исо алайҳиссалом чиҳил рӯз ҳеч нахӯрд ва ин ҷуз пайғомбаре содиқ натавон кард, пайғомбари шумо ин накардааст, гуфт: «Ман якеам аз уммати вай, агар чиҳил рӯз бинишинам ва ҳеч нахӯрам, имон оварӣ? Гуфт: «Оварам, панҷоҳ рӯз бинишаст, гуфт: «Зиёдат кун», ба шаст рӯз кард тамом, ки ҳеч чиз нахӯрд ва он роҳиб имон овард. Ва ин дараҷаи азим аст, илло касе натавонад кард, ки вайро коре берун аз ин олам падид омада бошад, ки он қуввати вайро нигоҳ медорад ва машғул ҳамегардонад, ки огоҳӣ наёбад; Дараҷаи дуввум он ки ду рӯз ҳеч нахӯрад ва ин мумкин аст ва чунин бисёр будааст;
1 Гардидан: тағйири ҳолат ёфтан.
2 Элак.
3 Дастае аз ёрони пайғамбар, ки дар Суфа манзил доштаанд.
Дараҷаи саввум он ки ҳар рӯз як бор хӯрад ва ин камтарин дараҷот аст, чун фаро ду бор бошад ба исроф расад: ки ҳеч вақт гурусна набошад.
Ва расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам чун бомдод хӯрдӣ, шабонгоҳ нахӯрдӣ ва чун шабонгоҳ хӯрдӣ, бомдод нахӯрдӣ ва расул — алайҳиссалоту вассаллам — Оишаро гуфт: «То исроф накунӣ, ки ду бор андар як рӯз хӯрдан исроф бувад. Ва чун як бор хоҳад хӯрд, авлотар он бувад, ки саҳар хӯрад, то андар намози шом сабуктар бувад ва дил софӣ гардад; ва агар чунон аст, ки ба таом илтифот бихоҳад кард, ба як бор вақти ифтор бихӯрад ва як бор ба саҳар.
Эҳтиёти сеюм
Андар ҷинси таом
Ва аъло он гандум аст бехта1 ва камтарин ҷави нобехта ва миёна ҷави бехта; ва меҳин нонхӯриш гӯшту ширинӣ аст ва камтарин сирка ва намак ва миёна музаввара2 ба равған; ва одати касоне, ки ба роҳи охират рафтанд он аст, ки аз нонхӯриш парҳез карданд ва ҳар чӣ андар он шаҳвати хеш диданд, нафсро мухолифат кардаанд ва чунин гуфтаанд, ки:
нафс чун шаҳвати хеш биёбад андар вай ғурур ва ғафлат падид ояд ва будан андар дунё дӯст дорад ва марг душман дорад, бояд ки дунё бар хештан танг гардонад, то зиндони вай шавад ва марг халоси вай бувад аз зиндон.
Ва андар хабар аст, ки: «Ашрору уммати аллазина яъкулуна муххалҳинтати» — бадтарин уммати ман он бошанд, ки мағзи гандум хӯранд».
Ва он ҳаром нест, ки гоҳ гоҳ хӯрданро раво бувад, аммо чун бардавом одат кунанд, танаъъум бар табъ ғолиб шавад ва бими он бувад, ки ба ғафлат ва батар кашад ва гуфт алайҳиссалоту вассалом: «Баддтарин уммати ман гурӯҳеанд, ки тани эшон бар танаъъум рост биистода бошад ва ҳама ҳиммати эшон алвони таом ва алвони ҷома бувад: ва сухани мазоҳ гӯянд».
Ва ба Мӯсо алайҳиссалом ваҳй омад, ки: «Ё Мусо, бидон, ки қароргоҳи ту гӯр аст, бояд ки танро аз шаҳват боздорӣ». Ва салаф ҳар киро асбоби танаъъум мусоидат кардааст ва ҳар чӣ орзуи вай будааст, муяссар шудааст, нек надонистаанд. Ваҳб ибни Мунаббаҳ гӯяд: «Дар осмони чаҳорум ду фаришта фароҳам расиданд, яке гуфт: «Меравам то моҳӣ ба доми сайёд афканам, ки фулон ҷуҳуд орзуи он кардааст, дигар гуфт:
«Меравам то косаи равған бирезам, ки фулон ибод орзу кардааст ва ба
1 Элаккарда.
2 Ғизое, ки гӯшт надошта бошад.
наздики вай овардаанд».
Ва қадаҳе оби сард ба ангубин ширин карда фаро Умар доданд, нахӯрд, гуфт: «Ҳисоби ин аз ман дур доред. Ибни Умар бемор буд, ӯро моҳии бирёнкарда орзу буд, Нофеъ гуфт: «Дар Мадина ба даст наёмад, илло ба бисёре ранҷ, ба дирҳаме ва ним нуқра бихаридам ва бирён кардам ва пеши вай бурдам, дарвеш бар дар омад, гуфт: «Баргиру ба вай деҳ», гуфтам: ин орзуи туст ва ба бисёре ранҷ ба даст овардам, бигзор то баҳои ин ба вай диҳам, гуфт: «На, ин ба вай деҳ», ба вай додам ва аз паси вай бишудам ва боз харидам ва баҳо ба вай додам, чун боз омадаму биёвардам гуфт: «Ба вай деҳ ва баҳо низ бигзор ба вай, ки ман шунидаам аз расул алайҳиссалом, ки гуфт: «Ҳар киро орзуе бошаду бихарад ва он гоҳ даст бидорад, барои Ҳақ таъоло, Ҳақ таъоло вайро биёмурзад».
Утбатул-Ғулом — раҳматуллоҳи алайҳи — хамир андар офтоб кардӣ ва бихӯрдиву нагзоштӣ, ки бипухтандӣ, то лаззати он наёбад ва об аз офтоб барнагирифтӣ ва ҳамчунон гарм бихӯрдӣ. Молики Динорро шир орзу мекард чиҳил сол ва нахӯрд ва касе ӯро рутаб овард, андар даст бигардонид бисёру он гоҳ гуфт, ки: шумо бихӯред, ки чиҳил сол аст то ман нахӯрдам. Ва Аҳмад ибни Абилҷузӣ муриди Бӯсулаймони Доронӣ буд, вайро нони гарм орзу кард то бо намак бихӯрад, биёвардем, луқмае боз карду пас биниҳод ва гиристан гирифт ва гуфт: «Бор Худоё, орзуи ман дар пеши ман ниҳодӣ, магар уқубати ман аст?! Тавба кардам, маро афв кун. Молик ибни Зайғам мегӯяд: дар бозори Басра мешудам, тара дидам, шаҳвати он дар дили ман биҷунбид, савганд хӯрдам, ки нахӯрам, чиҳил сол андар он сабр кардам. Молики Динор гуфт: «Панҷоҳ сол аст, то дунёро талоқ додаам андар орзуи як шарбати шир ва нахӯрдаам ва нахоҳам хӯрд, то он гоҳ, ки ба Худой расам. Ҳумод ибни Аби Ҳанифа ҳамегӯяд: ба дари хонаи Довуди Тоӣ расидам, овозе шунидам, ки ҳамегуфт, ки: як бор гизир1 хостӣ, бидодам, акнун орзуи хурмо ҳамекунӣ, ҳаргиз наёбӣ ва нахӯрӣ, чун андар шудам ҳеч кас бо вай набуд, донистам, ки бо худ ҳамегуфт.
Утбатул-Ғулом фаро Абдулвоҳид ибни Зайд гуфт: «Фулон аз дили худ ҳолате сифат ҳамекунад, ки маро он нест», гуфт: «Аз он ки ӯ нони тиҳӣ хӯрад ва ту нону хурмо хӯрӣ», гуфт: «Агар даст бидорам бад-он дараҷа расам? Гуфт: «Расӣ, бидор», даст бидошту бигирист, гуфтанд: «Фулон барои хурмо ҳамегирйӣ? Абдулвоҳид гуфт: «Нафси вай хурмо дӯст дорад ва сидқи азми ӯ донад, ки ҳаргиз беш нахӯрад, аз он мегиряд».
Абубакри Ҷалоъ разийаллоҳу анҳу ҳамегӯяд, ки, ман касе донам, ки
1 Ҳавиҷ — зардак.
нафси вайро чизе орзуст, ҳамегӯяд даҳ рӯз чизе нахӯрам ва сабр кунам, маро он орзу бидеҳ, мегӯяд, ки нахоҳам, ки даҳ рӯз чизе нахӯрӣ, даст аз ин шаҳват бидор. Ин аст роҳи соликон ва бузургон, чун касе ба ин дараҷа нарасад, боре камтар аз он набувад, ки аз баъзе шаҳавот даст бидорад ва исор кунад ва бар гӯшт хӯрдан мудовимат накунад, ки Алӣ разийаллоҳу анҳу мегӯяд, ки: «Ҳар кӣ чиҳил рӯз бардавом гӯшт хӯрад, дили вай сахт шавад ва ҳар, ки чиҳил рӯз нахӯрад, бадхӯ шавад». Ва мӯътадил он аст, ки Умар гуфт разийаллоҳу анҳу писари хешро, ки: як роҳ гӯшт ва як роҳ равған ва як роҳ шир ва як роҳ сирка ва як роҳ нони тиҳӣ. Ва мустаҳаб он аст, ки бар серӣ нахусбад, ки миёни ду ғафлат ҷамъ карда бошад ва дар хабар аст, ки таомро бигузоред, ба намозу зикр ва бар он махусбед, ки дил сиёҳ шавад ва гуфтаанд, ки: пас аз таом бояд ки чаҳор ракъат намоз кунад ё сад бор тасбеҳ кунад; ва ё ҷузве Қуръон бихонад. Суфёни Сурӣ — раҳматуллоҳи алайҳи — ҳар гоҳ, ки сер бихӯрдӣ, он шабро зинда доштӣ ва гуфтӣ: чун сутурро сер бикардӣ, кори сахт бояд фармуд ва яке аз бузургон муридонро гуфтӣ: шаҳавотро махӯред ва агар хӯред, маҷӯед ва агар ҷӯед, дӯст мадоред.
Пайдо кардани сирри ин муҷоҳидат ва ихтилофи пиру мурид Бидон, ки мақсуд аз гуруснагӣ он аст, то нафс шикаста шавад ва зердаст гардад ва баадаб шавад ва рост биистад ва аз ин бандҳо мустағнӣ шавад ва барои ин аст, ки пир муридро ин ҳама бифармояд ва худ накунад, ки мақсуд гуруснагӣ нест, мақсуд он аст, ки чандон хӯрад, ки меъда гарон нашавад ва низ ҳисси гуруснагӣ наёбад, ки ҳар ду шоғил бувад; ва камол андар ин он аст, ки насиби малоика бувад, ки эшонро на ранҷи гуруснагӣ бувад ва на гаронии таом; валекин нафс ин эътидол наёбад илло бад-он ки андар ибтидо бар вай нерӯ кунанд. Он гоҳ гурӯҳе аз бузургон ҳамеша ба хештан бадгумон будаанд ва роҳи ҳазм гирифтаанд ва ин нигоҳ доштаанд ва он ки комилтар будааст, бар ҳадди эътидол биистодааст ва далел бар ин, ки расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам гоҳ будӣ, ки рӯза доштӣ, то гуфтандӣ, ки низ нагшояд ва гоҳ будӣ, ки ҳамекушодӣ, то гуфтандӣ, ки низ надорад ва чун аз хона чизе талаб кардй, агар будӣ бихӯрдӣ ва агар набудӣ, гуфтӣ рӯзадорам ва ангубин дӯст доштӣ ва гӯшт дӯст доштӣ.

пешина
аз 176
навбатӣ