Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Аммо ҳиҷоби ҷоҳ ва ҳишмат бад-он бархезад, ки бигурезад ва ҷое шавад, ки вайро нашиносанд, ки чун номдор шуд, ҳамеша ба халқ ва ба лаззат ва ба қабули халқ машғул бошад ва ҳар, ки аз халқ лаззат ёбад, ба ҳақ нарасад.
Ва аммо тақлид ҳиҷоб аст, ки чун мазҳаби касе эътиқод гирад ва бар сабили ҷадал сухани вай бишунавад, ҳеч чизи дигарро андар дили вай ҷой намонад: бояд ки он ҳама фаромӯш кунад ва ба маънии «Ло илоҳа иллаллоҳу» имон оварад ва таҳқиқи ин он бувад, ки вайро ҳеч маъбуд намонад – ки вайро тоат дорад – ҷуз Худои таъоло. Ва ҳар кӣҳаво бар вай ғолиб шуд, ҳаво маъбуди вай бувад, чун ин ҳол ҳақиқат шавад, бояд ки кашфи корҳо аз муҷоҳидат ҷӯяд, на аз муҷодалат; Аммо маъсият ҳиҷоби меҳин аст: ки ҳар кӣ бар маъсияте мусирр бошад, дили вай торик бувад, ҳақ вайро чӣ гуна мункашиф шавад? Хосса қути ҳаром: ки он асар, ки қути ҳалол андар нури дил кунад, ҳеч дигар накунад: асл он аст, ки аз қут ва луқмаи ҳаром ҳазар кунад ва қут ҷуз ҳалол нахӯрад.
Ва ҳар кӣ хоҳад, ки асрори дин ва шариат вайро мункашиф шавад, пеш аз он ки зоҳири шаръ бидонад ва ҳама муомила ба ҷой оварад, ҳамчун касе бувад, ки хоҳад, ки тафсири Қуръон бихонад, пеш аз он ки тозӣ биёмӯзад ва чун ин ҳиҷобҳо баргирифт, масали вай чун касе бувад, ки таҳорат кард ва шоистаи намоз гардид, акнун вайро ба имом ҳоҷат бувад, ки ба вай иқтидо кунад ва ин пир аст; ки бе пир роҳ рафтан рост наёяд, ки роҳ пӯшида аст ва роҳи шайтон ба роҳи ҳақ омехта аст ва роҳи ҳақ яке аст ва роҳи ботил ҳазор, бе далел чӣ гуна мумкин гардад роҳ бурдан? Ва чун пир ба даст овард, кори хеш ҷумла бо вай бигузорад ва тасарруфи худ дар боқӣ кунад1 ва бидонад, ки манфиати вай дар хатои пир беш аз он аст, ки дар савоби хеш ва ҳар чӣ аз пир бишунавад, ки ваҷҳи он надонад, бояд ки аз қиссаи Мӯсо ва Хизр алайҳимоссалом – ёд оварад, ки он ҳикоят барои пиру мурид аст: ки машоих2 чизҳо бидонистаанд, ки ба ақл фаро сари он натавон шуд.
Андар рӯзгори Ҷолинус якеро ангушти рост дард хост, табибони ноқис дору бар ангушти вай мениҳоданд ва ҳеч суд надошт, Ҷолинус дору бар он ангушт наниҳод, бар китфи чапи вай ниҳод, гуфтанд: чи аблаҳист, дард ин ҷо ва дору он ҷо, чи суд дорад? Ангушт беҳтар шуд ва сабаб он буд, ки вай дониста буд, ки халал андар асли асаб афтодааст ва дониста буд, ки аъсоб аз димоғ ва пушт аст ва он ки аз чап хезад, ба ҷониби рост равад ва
1 Тамом кунад, хотима диҳад.
2 Пирон.
он ки аз рост ояд, ба ҷониби чап равад ва мақсуд аз ин мисолест, то бидонанд, ки андар ботини мурид ҳеч тасарруфе набояд, ки буд.
Аз Хоҷа Бӯалии Формадӣ шунидам, ки гуфт: «Як роҳ бо шайх Абулқосими Гургонӣ хобе ҳикоят кардам: бо ман хашм гирифт ва як моҳ бо ман сухан нагуфт, ҳеч сабаб надонистам, то он гоҳ ки бигуфт, ки: андар ҳикояти хоб чунин гуфтӣ, ки ту, ки шайхӣ, дар хоб бо ман сухане гуфтӣ, андар он хоб». Ман гуфтам: «Чаро? Агар андар ботини ту чароро ҷой набудӣ, андар хоб бар забони ту нарафтӣ».
Чун кор ба пир тафвиз кард, аввал кори пир бояд, ки вайро андар ҳисор кунад, ки ҳеч офат гирди вай нагардад ва он ҳисор чаҳор девор дорад: яке хилват ва яке хомӯшӣ ва яке гуруснагӣ ва яке бехобӣ; ки гуруснагӣ роҳи шайтон баста дорад ва бехобӣ дилро равшан гардонад ва хомӯшӣ парокандагии сухан аз дили вай боздорад ва хилват зулмати хулқ аз дили вай бигардонад ва роҳи чашму гӯши вай баста гардонад.
Саҳли Тустарӣ гӯяд, ки: Абдолон, ки абдол шуданд, ба узлат ва гуруснагӣ ва хомӯшӣ ва бехобӣ шуданд; Ва чун аз роҳ машғалаи берунӣ бархост, он гоҳ роҳ рафтан гирад; ва аввали роҳ он буд, ки ақабот1 роҳ пештар буридан гирад ва ақаботи роҳ сифоти мазмум аст андар дил ва он бехи2 он корҳост, ки аз он бибояд гурехт, чун шараҳи молу ҷоҳ ва шараҳи танаъъуму такаббур ва риё ва ғайри он, то муддати машғала аз ботини қалъ афтад ва дил холӣ шавад ва бошад, ки касе аз ин ҳама холӣ бошад ва ба як чиз беш олуда набошад, пас ҷаҳди қатъи он кунад, ба тариқе, ки шайх савоб бинад ва ба вай лоиқтар донад, ки ин ба аҳвол бигардад.
Акнун чун замин холӣ кард, тухм пошидан гирад; ва тухм зикри Ҳақ таъолост, чун аз ғайри Ҳақ таъоло холӣ бошад, дар зовия бинишинад ва Аллоҳ – Аллоҳ мегӯяд бардавом – бар дил ва забон – то он гоҳ, ки ба забон хомуш шавад ва ба дил ҳамегӯяд бардавом, он гаҳ дил низ аз гуфтан бозистад ва маънии калима бар дил ғолиб шавад – он маънӣ, ки ҳуруф набувад ва тозиву порсӣ набувад – ки гуфтан ба дил ҳадис бувад ва ҳадис ғилофу пӯсти он тухм аст, на айни тухм; пас он маънӣ бояд, ки андар дил мутамаккин ва муставлӣ шавад ва ғолиб гардад – чунон ки такаллуфе набояд дилро бар он дорад, балки чунон ошиқ шавад, ки дилро ба такаллуф аз он боз натавон дошт.
Шиблӣ – раҳматуллоҳи алайҳи – бо муриди хеш Ҳисрӣ гуфт, ки: «Агар аз ҷумъа то ҷумъа, ки ба наздики ман оӣ ва ҷуз Ҳақ таъоло бар дили ту
1 Гарданаҳо.
2 Реша.
гузарад, ҳаром бувад бар ту ба наздики ман омадан».
Пас, чун дил аз хори васвоси дунё холӣ кард ва ин тухм дар вай биниҳод, ҳеч чиз намонд, ки ба ихтиёр тааллуқ дорад ва ихтиёр, то ин ҷо бувад, пас аз ин мунтазир ҳамебошад, то чӣ рӯяд ва чӣ пайдо ояд ва ғолиб он бувад, ки ин тухм зоеъ нашавад, ки Ҳақ таъоло ҳамегӯяд: «Ман кона юриду ҳарса-л-охирати назидлаҳу фи ҳарсиҳи» мегӯяд: «Ҳар кӣ ба кори охират пардозад ва тухм бипошад, мо вайро зиёдат арзонӣ дорем».
Ва аз ин ҷо аҳволи муридон мухталиф бошад: ки кас бошад, ки вайро андар маънии ин калима ишкол падид омадан гирад ва хаёлҳои ботил пеши вай ояд; ва кас бошад, ки аз ин раста бошад, валекин ҷавоҳири малоика ва анбиё – алайҳимуссалом – вайро ба суратҳои некӯ намудан гирад, чунон ки андар хоб бувад, ё чашм боз карда бувад, ки он ҳамебинад.
Ва пас аз ин аҳвол дигар бувад, ки шарҳи он дароз аст: ва андар он фоидае набувад; ки он роҳи рафтан аст, на роҳи гуфтан ва ҳар касеро чизи дигар падид ояд. Ва он ки роҳ хоҳад рафт, он авлотар, ки аз он ҳеч нашунида бошад, ки интизори он дили вайро машғул накунад ва ҳиҷоб гардад.
Он миқдор, ки тасарруфи илмро ба он роҳ аст, то ин ҷост ва аз гуфтан мақсуд он аст, то бад-ин имон падидор ояд, ки бештари уламо инро мункиранд ва ҳар чӣ аз таъаллум одате андар гузашт, бовар накунанд.
АСЛИ ДУВВУМ
Андар илоҷи шаҳвату фарҷ ва шикастани шараҳи ин ҳар ду Бидон, ки меъда чун ҳавзи тан аст ва уруқ, ки аз вай ҳамешавад, ба ҳафт андом чун ҷӯйҳост ва манбаи ҳама шаҳватҳо меъда аст ва ин ғолибтарин шаҳватест бар одамӣ, чӣ Одам – алайҳиссалом – ки аз биҳишт бияфтод, ба сабаби ин шаҳват бияфтод ва ин шаҳват асли шаҳватҳои дигар аст; ки чун шикам сер шуд, шаҳвати никоҳҷунбидан гирад ва ба шаҳвати фарҷқиём натавон кард, илло ба мол, пас шараҳи мол падид ояд ва мол ба даст натавон овард, илло ба ҷоҳ ва ҷоҳ нигоҳ натавон дошт, илло ба хусумат бо халқ ва аз он ҳасаду таъассуб ва адовату кибру риё падид ояд.
Пас, меъда фаро гузоштан асли ҳама маъсиятҳост ва зери даст доштани шикам ва гуруснагӣ одат кардан асли ҳама хайрҳост ва мо андар ин асл фазли гуруснагӣ бигӯем, пас фоидаи гуруснагӣ бигӯем, пас ихтилофи аҳволи мардум дар он бигӯем, пас тариқи риёзат дар андак хӯрдан бигӯем, пас офати шаҳвати фарҷ ва савоби касе, ки хештан аз он нигоҳ дорад, бигӯем, иншоаллоҳи таъоло.
Пайдо кардани фазилати гуруснагӣ
Бидон, ки расул – саллаллоҳу алайҳи ва саллам – гуфт: «Ҷиҳод кунед бо хештан ба гуруснагӣ ва ташнагӣ, ки савоби ин савоби ҷиҳод аст, бо куффор ва ҳеч кирдор наздики Худои таъоло дӯсттар аз гуруснагӣ ва ташнагӣ нест». Ва гуфт: «Ҳар кӣ шикам пур кард, вайро ба малакути осмон роҳ надиҳанд»; ва пурсиданд, ки: «Кӣ фозилтар?» Гуфт: «Он ки андак хӯрад ва андак хусбад ва ба авратпӯшӣқаноат кунад». Ва гуфт:
«Ҷомаи кӯҳна пӯшед ва таому шароб хӯред андар ним шикам, ки он ҷузвест аз нубувват». Ва гуфт: «Андеша як нима аз ибодат аст ва кам хӯрдан ҳама ибодат аст». Ва гуфт: «Фозилтарини шумо ба наздики Худои таъоло он аст, ки тафаккур ва гуруснагии вай дарозтар аст ва душмантарини шумо ба наздики Худои таъоло он аст, ки таом бисёр хӯрад ва об бисёр хӯрад ва бисёр хусбад». Ва гуфт: «Ҳақ таъоло бо фариштагон мубоҳот кунад ба касе, ки андак хӯрад ва гӯяд: бинигаред, ки вайро мубтало кардам ба шаҳвати таом ва ӯ аз барои ман даст бидошт, гувоҳ бошед эй фариштагон, ки ба ҳар луқмае, ки бигузошт андар биҳишт дараҷае ба вай диҳам». Ва гуфт: «Дилҳои худ мурда магардонед ба бисёрии таом ва шароб, ки дил ҳамчун куштае аст, ки чун об андар вай бисёр шавад, пажмурда шавад». Ва гуфт: «Одамиро ҳеч чиз пур накунад батар аз шикам, бас бувад одамиро луқмае чанд, ки пушти вай рост ҳамедорад, агар чорае набуд, сеяке аз шикам таомро ва сеяке шаробро ва сеяке нафсро ва ба ривояти дигар – закарро».
Ва Исо алайҳиссалом гуфт: «Хештан гурусна ва бараҳна доред, то бошад, ки дилҳои шумо ҳақро бибинад» ва расул алайҳиссалоту вассаллам гуфт: «Шайтон андар тани одамӣ равон аст, чун хун андар раг, роҳи гузари вай ба гуруснагӣ танг кунед». Ва гуфт: «Мӯъмин ба як амъо хӯрад ва мунофиқ ба ҳафт амъо – ва амъо рӯдаи шикам бувад». Ва маънӣ он аст, ки: шаҳват ва хӯриши мунофиқҳафтчандон бувад, ки аз они мӯъмин.
Ва Оиша – разийаллоҳу анҳо мегӯяд, ки: расул гуфт – саллаллоҳу алайҳи ва саллам – ки: «Пайваста дари биҳишт мекӯбед, то даратон боз кунанд», гуфтам: «Ё расулуллоҳ, ба чӣ?» Гуфт: «Ба ташнагӣ ва ба гуруснагӣ».
Буҳаҷифаро пеши расул – алайҳиссалом – оруғе баромад, гуфт: «Дур дор ин оруғро, ки ҳар кӣ дар ин дунё сертар, дар он ҷаҳон гуруснатар». Ва Оиша – разийаллоҳу анҳо – ҳамегӯяд, ки расул – алайҳиссалом – ҳаргиз сер нахӯрдӣ ва будӣ, ки маро бар вай раҳмат омадӣ, аз гуруснагиву ташнагӣ ва даст ба шиками вай фуруд овардаме ва гуфтаме: тани ман фидои ту бод, чи бошад, ки аз дунё чандон нахӯрӣ, ки дар гуруснагӣ набошӣ; гуфт: «Ё Оиша, улуввулазм1ҷумла бародарон ва пайғамбарон пеш аз ман бирафтанд ва аз Ҳақ таъоло кароматҳо ёфтанд, тарсам, ки агар ман танаъъум кунам, дараҷаи ман аз эшон камтар бошад, рӯзе чанд сабр кунам, ба андаке дӯсттар дорам аз он ки ҳаззи ман дар охират ноқис шавад ва ҳеч бар ман аз он дӯсттар нест, ки ба бародарон расам; Оиша гуфт – Ба Худой, ки расул аз он пас бештар аз як ҳафта зиндагонӣ наёфт.
Фотима – разийаллоҳу анҳо – порае нон дар даст дошт, дар пеши расул омад – саллаллоҳу алайҳи ва саллам – гуфт: «Ин чист?» Гуфт: «Ин як қурс пухта будам, нахостам, ки бе ту бихӯрам», расул гуфт – алайҳиссалом: «аз се рӯз боз ин пешин таом аст, ки андар шиками падари ту хоҳад расид».

пешина
аз 176
навбатӣ