Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Яке Аҳнафи Қайсро дашном ҳамедод ва бо вай ҳамерафт ва вай хомӯш, чун ба наздики қабилаи хеш расид, биистод ва гуфт: «Агар боқӣ мондааст ин ҷойгоҳ бигӯй, ки агар қавми ман бишунаванд, туро биранҷонанд».
Зане Молики Динорро гуфт: «Эй муроӣ»3, гуфт: «Номи ман аҳли Басра гум карда буданд, ту бозёфтӣ!»
Ин аст нишони камоли ҳусни хулқ, ки ин қавмро будааст ва ин сифати касоне бошад, ки хештан ба риёзат аз сифоти башарият пок карда бошанд ва ҷуз Ҳақ таъолоро набинанд ва ҳар чӣ набинад аз вай бибинанд ва ҳар
1 Ғулом — сиёҳ.
2 Лоаққал, ақаллан!
3 Риёкор.
касе, ки аз хештан на ин бинад ва на чизе андак, ки монанди ин бувад – бояд ки ғарра нашавад ва ба хештан гумони некӯхӯӣ набарад.
Пайдо кардан, парвардан ва адаб кардани кӯдакон Бидон, ки фарзанд амонате аст андар дасти модару падар ва дили вай пок аст, чун ҷавҳари нафис ва нақшпазир, чун мум ва аз ҳама нақшҳо холист ва чун замин пок аст, ки ҳар тухм, ки андар вай афканӣ бирӯяд:
агар тухми хайр афканӣ, ба саодати дину дунё расад ва модару падар ва муаллим андар савоб шарик бошанд ва агар ба хилофи ин бувад, бадбахт бошад ва эшон бар ҳар чӣ бар эшон равад, шарик бошанд, ки Ҳақ таъоло ҳамегӯяд: «Қуво анфусакум ва аҳликум норан». Ва кӯдакро аз оташи дунё нигоҳ доштан авлотар, ки аз оташи дӯзах нигоҳ доранд ва нигоҳ доштани вай он бувад, ки вайро баадаб дорад ва ахлоқи некӯ ба вай омӯзад ва аз қарини бад нигоҳ дорад; ки асли ҳама фасодҳо аз қарини бад хезад ва ӯро андар танаъъум ва ҷома некӯ оростан хӯ накунад; ки он гоҳ аз он сабр натавонад кардан ва ҳама умр андар талаби он зоеъ кунад, балки покии ӯ андар ибтидо ҷаҳд кунад: то он ки вайро шир диҳад ба салоҳ ва некӯхӯ ва ҳалолхор бувад; ки хӯи бад аз доя сироят кунад ва шир, ки аз ҳаром ҳосил ояд, палид бувад ва чун гӯшту пӯсти кӯдак аз он бирӯяд, табъи вайро боз он муносибате падид ояд, ки пас аз булуғ зоҳир шавад ва чун забони вай кушода гардад, бояд ки сухани вай Аллоҳ бошад ва ин вайро талқин мекунанд ва чун чунон шавад, ки аз баъзе чизҳо шарм дорад, ин башорате бувад ва далели он бувад, ки; ҳар кӣ нури ақл бар вай афтод, аз шарм шаҳнае созад, ки вайро бар ҳар чӣ зишт бошад, ташвир1ҳамедиҳад.
Ва аввал чизе, ки пайдо шавад, шараҳи таом бувад, бояд ки адаби хӯрдан омӯзад, то ба дасти рост хӯрад ва бисмиллоҳ бигӯяд ва башитоб нахӯрад ва бисёр нахӯрад ва хурд бихояд ва чашм ба луқмаи дигарон надорад ва то як луқма фурӯ набарад, даст ба дигар дароз накунад; ва гоҳгоҳ нони тиҳӣ диҳад, то ҳамеша хӯ бо нонхӯриш накунад ва бисёр хӯрдан андар чашми вай зишт кунад ва гӯяд, ки ин кори сутурон ва бехирадон бошад ва кӯдаки бисёрхорро андар пеши вай айб кунад ва кӯдаки боадабро сано гӯяд, то раги мубоҳот андар вай биҷунбад ва вай низ чунон кунад.
Ва ҷомаи сапедро андар чашми вай биёрояд ва ҷомаи абрешимин ва рангинро накӯҳида дорад ва гӯяд: ин кори занон бошад ва раъноён2 ва
1 Хиҷлат ва шармсорӣ.
2 Нодонон, худписандон.
хештан оростан кори муханнасон1 бувад, на кори мардон ва нигоҳ дорад, то кӯдакон, ки ҷомаи абрешимин доранд ва танаъъум кунанд, бо вай наяфтанд ва эшонро набинад, ки он ҳалоки вай бувад, ки вай низ орзу кунад ва аз қарини бад нигоҳ дорад, ки ҳар кӯдак, ки вайро нигоҳ надоранд, шӯху дурӯғзан ва дузду лаҷуҷ ва бебок гардад ва ба рӯзгори дароз он аз вай нашавад.
Ва чун ба дабиристон диҳад, Қуръон биёмӯзад, он гоҳ ба ахбору ҳикоёти порсоён ва сирати саҳоба ва салаф машғул кунад ва албатта нагузорад, ки ба ашъор, ки ҳадиси ишқи занон ва сифати эшон бувад, машғул шавад ва нигоҳ дорад вайро аз адибе, ки гӯяд, ки бад-он табъ латиф шавад, ки на он адиб бувад, балки он шайтон бувад, ки тухми фасод андар дили вай бикорад.
Ва чун кӯдак коре нек бикунад ва хӯи некӯ бар вай падид ояд, вайро андар ин мадҳ кунад ва чизе диҳад вайро, ки бад-он шод шавад ва андар пеши мардумон бар вай сано кунад ва агар хатое кунад ё гӯяд, як ё ду бор нодида ангорад, то сухан хор нашавад; ки агар бисёр бо вай гуфта ояд, далер шавад ва ошкоро бикунад ва чун муовидат кунад, як бор андар сари тавбих кунад ва гӯяд зинҳор то касе аз ту ин набинад ва надонад, ки расво шавӣ, миёни мардумон туро ба ҳеҷ кас надоранд.
Ва падар бояд ки ҳишмати хеш ба вай нигоҳ дорад ва модар вайро ба падар тарсонад ва нагузорад, ки ба рӯз бихусбад; ки коҳил шавад ва шаб бар ҷои нарм нахобонад; то тани вай қавӣ шавад ва ҳар рӯз як соат ӯро аз бозӣ бознадорад, то фарҳехта шавад ва дилтанг нашавад, ки аз он бадхӯй гардад ва кӯрдил шавад ва ӯро хӯ боз кунад, то бо ҳама кас тавозӯъ кунад ва бар сари кӯдакон фахр накунад ва лоф назанад ва аз кӯдакон чизе фаро наситонад, балки бад-эшон диҳад; ва ӯро гӯянд, ки ситадан кори гадоён бошад ва беҳиматон; ва тамаъи зару сим, ки аз касе фаро ситонад, албатта роҳ боз надиҳад, ки аз он ҳалок шавад ва андар корҳои зишт афтад; ва ӯро биёмӯзад, ки оби бинӣ ва даҳон андар пеши мардумон наяндозад ва пушт бо мардумон накунад ва боадаб бинишинад ва даст фарозери занахдон назанад; ки он далели коҳилӣ бувад ва бисёр нагӯяд ва албатта савганд нахӯрад ва то напурсанд, сухан нагӯяд ва ҳар кӣ меҳтар аз ӯ бувад, ӯро ҳурмат дорад ва андар пеши вай наравад ва забон аз фуҳш ва лаънат нигоҳ дорад.
Ва чун муаллим вайро бизанад, бигӯяд, то фарёду ҷазаъ накунад бисёр ва шафеъ наангезонад ва сабр кунад ва гӯяд: кори мардон ин бошад ва бонг доштан кори занон ва парасторон бошад.
1 Нармодаҳо.
Ва чун ҳафтсола шуд, намоз ва таҳорат фаро намояд ба рифқ; ва чун даҳсола шуд, агар накунад, бизанад ва адаб кунад ва дуздӣ ва ҳаром хӯрдан ва дурӯғ гуфтан андар пеши чашми вай зишт кунад ва ҳамеша онро ҳаменакӯҳад чун чунин парваранд, ҳар гаҳ ки болиғ шавад, асрори ин одоб бо вай бигӯянд; ки мақсуд аз таом он аст, ки бандаро қувват бувад, бар он ки тоати Худои таъоло кунад ва мақсуд аз дунё зоди охират аст, ки дунё бо касе намемонад ва марг ба зудӣ ва ногоҳ дарояд ва некбахт он бувад, ки аз дунё зоди охират баргирад, то ба биҳишт ва хушнудии ҳақ таъоло расад ва сӯҳбати биҳишту дӯзах вайро гуфтан гирад ва савоб ва иқоби корҳо бо вай ҳамегӯяд, чун ибтидо боадаб парваранд, ин суханҳо чун нақш андар санг бошад ва агар фаро гузошта бошанд, чун хок аз девор фурӯ резад.
Саҳли Тустарӣ – мегӯяд раҳматуллоҳи алайҳи: «Сесола будам, ки шаб наззора кардаме андар хоби хеш», Муҳаммад ибни Савор – раҳматуллоҳи алайҳи – ки намози шаб кардӣ, як бор маро гуфт: «Он Худойро, ки туро биёфарид, ёд накунӣ, эй писар?» Гуфтам, ки: «Чи гуна ёд кунам?» Гуфт, ки: «Шаб, ки андар ҷомаи хоб ҳамекардӣ, се бор бигӯй – ба дил на ба забон, ки Худой бо ман аст ва Худой ба ман ҳаменигарад ва Худой маро мебинад». Гуфт: «Чанд шаб он ҳамекардам», пас гуфт: «Ҳар шабе ҳафт бор бигӯй», ҳамегуфтам, пас ҳаловати ин андар дили ман афтод, чун соле баромад, маро гуфт: «Он чи туро гуфтам, ёд дор ҳама умр, то он гоҳ ки туро дар гӯр ниҳанд, ки ин даст гирад туро дар ин ҷаҳон ва дар он ҷаҳон», чанд сол он ҳамегуфтам, то ҳаловати он дар сари ман падид омад, пас як рӯз хол маро гуфт: «Ҳар кӣҳақ таъоло бо вай бувад ва ба вай ҳаменигарад ва вайро ҳамебинад, маъсият накунад, зинҳор, то маъсият накунӣ, ки вай туро ҳамебинад». Пас, маро ба муаллим фиристод, дили ман пароканда мешуд, гуфтам: «Ҳар рӯз як соат беш мафиристед». То Қуръон биёмӯхтам ва он гоҳҳафтсола буд, чун даҳсола шудам, пайваста рӯза доштаме ва нони ҷавин хӯрдаме, то дувоздаҳсола шудам, соли сездаҳум маро масъалае дар дил афтод, гуфтам: «Маро ба Басра фиристед, то пурсам».
Шудам ва пурсидам аз ҷумлаи уламо, ҳал накарданд, ба Ибодон1 мардеро нишон доданд, он ҷо шудам, вай ҳал кард, муддате бо вай будам, пас ба Тустар2 омадам ва ба як дирам сим ҷав харидаме ва рӯза доштаме ва бадон кушодаме бе нонхӯриш ва як сол ба як дирам сим басанда кардаме, пас азм кардам, ки ба се шабонарӯз ҳеч нахӯрам, то бад-он қодир шудам, пас фаро панҷ шудам ва фаро ҳафт шудам, то ба тадриҷ ба бисту панҷ
1 Ободони Ҳузистон.
2 Шуштар.
рӯз расонидам, ки ҳеч чиз нахӯрдаме ва бисту панҷ сол бар ин ҳол сабр кардам ва биистодам ва ҳама шаб зинда доштаме». Ин ҳикоят барои ин карда омад, то маълум гардад, ки коре, ки азим бувад, тухми он дар кӯдакӣ афканда бошанд.
Пайдо кардани шароити мурид андар ибтидои муҷоҳидат ва чи гунагии рафтани роҳи дин ба риёзат Бидон, ки ҳар кӣ ба ҳақ нарасид, аз он бувад, ки роҳ нарафт ва ҳар кӣ роҳ нарафт, аз он бувад, ки талаб накард; ва ҳар кӣ талаб накард, аз он бувад, ки надонист ва имони вай тамом набувад ва ҳар кӣ бидонад, ки дунё мунағғас аст ва рӯзе чанд аст ва охират софӣ аст ва ҷовид аст, иродати зоди охират андар вай падид ояд ва бар вай душвор набувад, ки чизе ҳақир андар ивази чизе нафис диҳад, ки имрӯз кӯзаи сафолин бигузоштан, то фардо кӯзаи заррин фаро ситонад, бас душвор набувад.
Пас, сабаби ҳама тақсирҳои халқ заъфи имон аст ва сабаби заъфи имон нопурсидани роҳбон аст, ки далели роҳ аст ва далел бар роҳи дин уламо ва парҳезкоронанд ва ин маънӣ имрӯза пӯшида аст, пас чун роҳбар ва далел нест, роҳ холӣ намояд ва халқ аз саодати хеш бозмондааст, ки дӯстии дунё бар уламо ғолиб шудааст ва чун эшон андар талаби дунё бошанд, халқро аз дунё ба охират чун хонанд? Ва роҳи дунё ҷуз зидди роҳи охират нест: ки дунё ва охират чун машриқ ва мағриб аст, ки ба ҳар кадом, ки наздиктар мешавад, аз он дигар дуртар ҳамешавад.
Пас, агар касеро иродати ҳақ азза ва ҷалла падид ояд ва аз он ҷумла бошад, ки ҳақ таъоло ҳамегӯяд: «Ва ман арод-л-охирата ва саъо лаҳо саъйаҳо»1 бояд бидонад, ки он саъй чист, ки он саъй рафтани роҳ аст ва равандаро аввал шароит он аст, ки бояд ба ҷой оварад ва он гоҳ дастовезе, ки ба вай эътисом кунад ва он гоҳҳисне ва ҳисоре, ки паноҳ бо вай диҳад:
Аммо шарти аввал он аст, ки ҳиҷоб миёни ҳақ ва худ бардорад, то аз он қавм набошад, ки ҳақ таъоло ҳамегӯяд: «Ва ҷаъално мин байни айдиҳим саддан ва мин халфиҳим саддан»2 ва ҳиҷоб ҷаҳор аст: молу ҷоҳ ва тақлид ва маъсият:
Аммо мол аз он ҳиҷоб аст, ки дил машғул медорад ва роҳ натавон рафт, илло ба фориғдилӣ: бояд ки мол аз пеш баргирад: магар ба миқдори ҳоҷат, ки андар он машғала набошад; агар касе бошад, ки ҳеч чиз надорад ва тимори вай дигаре медорад, роҳи вай зудтар анҷом кунад.
1 ҳар кӣ дигар саройро бихоҳад ва барои ба даст овардани он бикӯшад ва бипӯяд.
2 Ва ниҳодем аз пеши сари эшон банде ва аз пушти сари эшон банде.

пешина
аз 176
навбатӣ