Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

2 Худоё, паноҳ мебарам ба Ту аз ширку шакку куфру дурӯӣ ва душманиву бадхулқӣ ва манзари бад дар аҳлу хона ва фарзанду дороӣ.
3 Худоё, ҷой деҳ маро дар сояи Аршат рӯзе, ки ҳеч соя ҷуз он нест. Худоё, бо ҷоми пайғамбарат Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи шарбате ба ман бинӯшон, ки пас аз он ҳаргиз ташна нашавам.
4 Худоё, ҳаҷро дарпазир ва саъйро писандида соз ва гуноҳро биёмурз ва онро бозаргонии бидуни табоҳӣ фармо! Эй Бузург ва эй Омурзанда, Парвардигоро, биёмурз ва бибахш ва аз он чи медонӣ, даргузар, чун Ту бузургу бахшояндаӣ.
5 Худоё, паноҳ мебарам ба Ту аз куфр ва дарвешиву азоби гӯр ва балои зиндагиву марг ва паноҳ мебарам ба Ту аз пастӣ дар дунё ва охират. Парвардигоро, дар дунё ва охират ба ман некӣ расон ва ба бахшоишат моро аз ранҷи гӯр ва ранҷи оташ нигоҳ дор.
6 Як мартаба ба мақсуд шитофтан.
7 Пардаҳо, пӯшиш.
мо разақтанӣ ва борик лӣ фӣ мо отайтанӣ»1. Ва он гоҳ салавот диҳад ва истиғфор кунад ва ҳоҷате, ки дар дил дорад, бихоҳад. Он гоҳ дар паси Мақом биистад ва ду ракъат намоз кунад, ки онро ракъатаййи-т-тавоф гӯянд ва тамомии тавоф бад-он бувад; дар ракъати аввал «ал-Ҳамд» ва «қул йо аййуҳа-л-кофирун» ва дар дуввум «ал-Ҳамд» ва «қул-ҳуваллоҳу аҳад»; ва пас аз намоз дуо кунад; ва то ҳафт шавт бинагардад, як тавоф тамом нашавад; ва ҳар ҳафт боре ин ду ракъат намоз кунад. Он гоҳ то ба наздики ҳаҷар шавад ва бӯса диҳад ва хатм кунад бад-ин ва ба саъй машғул шавад.
Одоби саъй
Бояд ки аз дари Сафо берун шавад ва дараҷае чанд ба Сафо бар шавад, чандон ки Каъбаро бинад. Ва рӯй сӯи Каъба кунад ва бигӯяд: «Ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу, лаҳу-л-мулку ва лаҳу-л-ҳамд йуҳйи ва йумиту ва Ҳува ҳаййун ло йамуту би йадиҳи-л-хайру ва ҳува ъала кулли шайъин қадирун. Ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу садақа ваъдаҳу ва насара ъабдаҳу аъазза ҷундаҳу ва ҳазама-л-аҳзоба ваҳдаҳу, ло илоҳа иллаллоҳу, мухлисина лаҳу-д-дина ва лав кариҳа-л-кофируна»2. Ва дуо кунад ва ҳоҷате, ки дорад, бихоҳад. Пас фуруд ояд ва саъй ибтидо кунад, то ба Марва ва оҳиста меравад ва мегӯяд: «Рабби-ғфир ва-рҳам ва таҷоваз ъаммо таълам, иннака Анта-л-аъаззу-л-акраму. Аллоҳумма Раббано, отино фӣ-д-дунё ҳасанатан ва фӣ-л-охирати ҳасанатан ва қино азоба-н-нори»3
.
Ва оҳиста меравад, то ба Мили Сабз расад, ки бар гӯшаи Масҷид аст.
Пеш аз он ба миқдори шаш газ ба шитоб рафтан гирад, то он гоҳ ки бадон ду мили дигар расад. Он гоҳ ба оҳистагӣ ояд, то ба Марва расад, бадон ҷо бар шавад ва рӯй ба Сафо кунад ва ҳамон дуо гӯяд – ва ин як бор бувад. Чун ба Сафо ояд, ду бор бошад. Ҳамчунин ҳафт бор бикунад, ҳам бад-ин сифат, чун аз ин фориғ шавад, тавофи қудум ва саъй ба ҷой орад ва ин суннат аст дар ҳаҷ. Аммо тавоф, ки рукн аст, пас аз вуқуф бувад. Ва
1 Худоё, эй Парвардигори Хонаи куҳан! Озод кун гардани маро аз оташ ва аз ҳар бадӣ маро дар паноҳи Худ гир ва ба он чи рӯзии ман кардаӣ, созгорам соз ва дар он чи ба ман додаӣ, баракат фирист.
2 Нест маъбуде ҷуз Худо, анбоз надорад, ҷаҳондорӣ ва ситоиш махсуси Ӯст, зинда мекунад ва мемиронад ва Худ зиндае аст, ки ҳаргиз намирад, некӣ ба дасти Ӯст ва ба ҳар чизе тавоност. Нест маъбуде ҷуз Худои танҳо. Ваъдааш рост аст ва ба бандааш ёрӣ кард ва лашкарашро бузург дошт ва дастаҳоро ба танҳоӣ шикаст. Нест худое ҷуз Худо, дини холис мар Ӯрост, агарчи кофирон дӯст надоранд.
3 Худои ман! Биёмурз ва бибахш ва он чи донӣ, даргузар, Худоё ту азизу бузургӣ, Парвардигори мо, дар дунёву дар охират ба мо некӯӣ расон ва аз ранҷи оташ моро нигоҳ дор.
таҳорат дар саъй суннат аст ва дар тавоф воҷиб. Ва саъй бад-ин кифоят афтад, ки шарти саъй нест, ки пас аз вуқуф бувад, валекин бояд ки пас аз тавофе бошад, агарчи он тавоф суннат бошад.
Одоби вуқуф (истодан) ба Арафа
Бидон, ки агар қофила рӯзи арафа расад ба Арафот, ба тавофи қудум (расидан ва ворид шудан) напардозанд ва агар пеш расад, тавофи қудум ба ҷой оранд. Ва рӯзи тарвия (ҳаштуми зулҳиҷҷа) аз Макка берун оянд ва он шаб дар Мино бошанд ва дигар рӯз ба Арафот раванд. Ва вақти вуқуф пас аз завол дарояд рӯзи арафа, то он гоҳ ки субҳи рӯзи ид барояд. Агар пас аз субҳ расад, ҳаҷ фавт шавад. Ва рӯзи арафа ғусл кунад ва намози дигар бо намози пешин ба ҳам гузорад ва боз ба дуо машғул шавад. Ва ин рӯз рӯза надорад, то қувват ёбад, ки дар дуо муболиғат кунад, ки сирри ҳаҷ иҷтимои дилҳо ва ҳимматҳои азизон аст дар ин вақти шариф. Ва фозилтарин зикрҳо калимаи «ло илоҳа иллаллоҳ» аст. Ва дар ҷумла бояд ки аз вақти завол то шабонгоҳ дар тазаррӯъ ва зорӣ бувад ва истиғфор кунад ва узрҳои гузашта бихоҳад ва тавбаи насӯҳ (рост, устувор) кунад.
Ва даавот андар ин вақт бисёр аст ва нақли он дароз шавад ва дар китоби «Эҳё» овардаем, аз он ҷо ёд гирад, ё ҳар дуое, ки ёд дорад, дар ин вақт мегӯяд, ки ҳамаи даавоти маъсура1 дар ин вақт некӯст. Ва агар натавонад ёд гирифт, бояд ки аз навишта мехонад, ё касе мехонад ва вай омин мекунад. Ва пеш аз он ки офтоб фурӯ шавад, аз ҳудуди Арафот берун нашавад.
Бақияи аъмоли ҳаҷ
Пас аз Арафот ба Муздалифа шавад ва ғусл кунад, ки Муздалифа аз ҳарам аст. Ва намози шом таъхир кунад ва бо намози хуфтан ба ҷамъ бикунад ба як бонги намоз ва ду қомат. Ва агар тавонад, ин шаб ба Муздалифа эҳё кунад, ки шариф ва азиз аст ва истодан ба шаб ин ҷо аз ҷумлаи ибодот аст. Ва ҳар ки мақом накунад, гӯсфанде бибояд кушт. Ва аз ин ҷо ҳафтод санг баргирад, то ба Мино бияндозад, ки ин ҷо чунон санг бештар ёбад. Ва дар дигар ними шаб қасди Мино кунад ва намози бомдод пагоҳ кунад. Ва чун ба охири Муздалифа расад, онро Машъарулҳаром гӯянд, то ба вақти асфор (равшан шудани субҳ) биистад ва дуо мегӯяд. Пас, аз он ҷо ҷое расад, ки онро водии Маҳсар гӯянд, шу-
1 Дуоҳое, ки дар осор ва ахбор ворид шудааст.
тур ба шитобтар биронад ва агар пиёда бошад ба шитобтар равад – чандон ки паҳнои он водӣ бибарад, ки суннат чунин аст. Пас, бомдоди ид, гоҳ такбир («Аллоҳу акбар» гуфтан) мекунад ва гоҳ талбия («лаббайка»
гуфтан), то он гоҳ, ки бад-он сари боло расад, ки онро Ҷамарот гӯянд, аз он даргузарад, то ба болое расад, ки аз ҷониби рости роҳ аст, чун рӯ ба қибла орад, ки онро Ҷамрату-л-Ақаба гӯянд, то офтоб найза болое барояд. Он гоҳҳафт санг дар ин Ҷамра андозад – ва рӯй ба қибла авлотар; ва ин ҷо талбия ба такбир бадал кунад. Ва ҳар санге, ки бияндозад, бигӯяд:
«Аллоҳумма тасдиқан би Китобика ва-ттибоъан ли суннати набиййика»1. Чун фориғ шавад, талбия ва такбир бимонад – магар аз паси фароизи намоз, ки такбир мекунад, то субҳ барояд – бозпасин рӯзи айёмутташриқ. Ва он чаҳор рӯзи ид бошад. Пас ба манзилгоҳ шавад ва ба дуо машғул шавад. Пас қурбон кунад – агар хоҳад кард – ва шароити қурбон нигоҳ дорад. Он гоҳ мӯй бисутурад. Ва чун рамй ва ҳалқ (сар тарошидан) дар ин рӯз кард, як таҳаллул ҳосил омад ва ҳама маҳзуроти эҳром ҳалол шуд, магар мубошират ва сайд. Пас ба Макка шавад ва тавофи рукн ба ҷой орад. Ва чун як нима аз шаби ид бигузарад, вақти ин тавоф дарояд, лекин авлотар он бувад, ки рӯзи ид кунад ва охири вақт муқаддар нест (муайян нашудааст), балки чандон ки таъхир кунад, фавт нашавад.
Лекин дигар таҳаллул ҳосил наёяд ва мубошират ҳаром бимонад. Чун ин тавоф ҳам бад-он сифат, ки тавофи қудум гуфтем, бикунад, ҳаҷ тамом шавад ва мубошират ва сайд ҳалол шавад. Ва агар аз нахуст саъй карда бошад, саъй накунад ва агар на, саъйи рукн пас аз ин тавоф бикунад. Ва чун рамй ва ҳалқ ва тавоф кард, ҳаҷ тамом шуд ва аз эҳром берун омад.
Ва аммо рамйи айёми ташриқ ва мабит (шаб мондан) ба Мино пас аз заволи эҳром афтад. Ва чун аз тавоф ва саъй фориғ шуд, рӯзи ид ба Мино ояд ва он шаб мақом кунад, ки ин мақом воҷиб аст. Ва дигар рӯз ғусл кунад – пас аз завол – барои рамйро ва ҳафт санг дар Ҷамраи пешин андозад, ки аз ҷониби Арафот аст. Ва он гоҳ рӯй ба қибла биистад ва дуо мекунад ба қадри сурату-л-Бақара. Он гоҳҳафт санг дар Ҷамраи миёнгин андозад ва дуо кунад. Он гоҳҳафти дигар дар Ҷамрату-л-Ақаба андозад.
Ва он шаб мақом кунад ба Мино. Пас саввум рӯзи ид ҳам бар ин тартиб бисту як санг бад-ин се Ҷамра андозад ва агар хоҳад бар ин иқтисор кунад. Ва ба Макка шавад. Ва агар мақом кунад, то офтоб фурӯ шавад, мабити он шаб низ воҷиб шавад. Ва дигар рӯз ҳам андохтани бисту як санг воҷиб шавад. Тамомии ҳаҷ ин аст, ки гуфта омад; вассалом.
1 Худоё, барои тасдиқ ба Китоби Ту ва пайравии Ту аз суннати пайғамбарат.
Кайфияти умра
Чун хоҳад, ки умра орад ғусл кунад ва ҷомаи эҳром дарпӯшад – чунон ки ҳаҷро – ва берун шавад аз Макка, то ба миқоти умра ва он Ҷаърона аст ва Танъим ва Ҳудайбия. Ва нияти умра кунад ва бигӯяд: «Лаббайка би умратин». Ва ба масҷиди Оиша разийаллоҳу ъанҳо ва ъан абиҳо шавад ва ду ракъат намоз кунад. Ва боз ба Макка ояд ва дар роҳ «лаббайка»
мегӯяд. Ва чун ба дари Масҷид равад, аз талбия бимонад ва тавоф кунад ва саъй кунад – чунон ки дар ҳаҷ гуфтем. Пас мӯй бисутурад. Ва умра бад-ин тамом шавад. Ва ин дар ҳама сол метавон кард, ки касе, ки он ҷо бошад чандон ки метавонад, умра мекунад; ва агар натавонад, тавоф мекунад; ва агар натавонад, дар Хона менигарад. Ва чун дар Хона шавад, миёни он ду амуд намоз мекунад ва пои бараҳна дар шавад ва бо тавқиру ҳурмат. Ва чандон ки метавонад оби Замзам мехӯрад – чандон ки меъда пур шавад, ки ба ҳар ният, ки хӯрад, шифо ёбад ва бигӯяд:
«Аллоҳумма-ҷъалҳу шифоан мин кулли суқмин ва-рзуқно-л-ихлоса ва– л-йақина ва-л-муъофота фӣ-д-дунйо ва-л-охирати»1
.
Тавофи видоъ
Чун азми бозгаштан кунад, пешин раҳл (асбоби сафар) дарбандад, ба охири ҳамаи корҳо Хонаро тавоф кунад. Ва тавофи видоъ ҳафт бор бувад ва ду ракъат намоз кунад пас аз он – чунон ки дар сифати тавоф гуфта шуд – ва дар тавоф изтибоъ ва рафтан ба шитоб набошад. Ва он гоҳ ба Мултазим шавад ва дуо кунад ва бозгардад, чунон ки дар Хона ҳаменигарад ва мешавад, то аз Масҷид берун шавад.
Зиёрати Мадина
Он гоҳқасди Мадина кунад, ки расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: «Ҳар ки пас аз вафоти ман маро зиёрат кунад, ҳамчунон бувад, ки дар ҳоли ҳаёт». Ва гуфт: «ҳар ки қасди Мадина кунад – ва ғарази вай ҷуз зиёрат набувад – ҳаққе вайро собит шавад назди Худои таъоло, ки маро шафеъи вай гардонад».
Ва чун дар роҳи Мадина мешавад, салавот бисёр медиҳад. Чун чашм
1 Худоё, бигардон онро шифое аз ҳар беморӣ; ва ихлосу яқин ва офият дар дунёву охират насиб фармо.
ба девори Мадина афтад, гӯяд: «Аллоҳумма ҳозо ҳараму расулика фаҷъалҳу лӣ виқойатан мина-н-нори ва амонан мина-л-ъазоби ва суи-лҳисоб»1. Ва ғусл кунад аввал, он гоҳ дар Мадина шавад ва бӯи хуш ба кор дорад ва ҷомаи поку сапед дар пӯшад ва чун дар шавад, ба тавозӯъ ва тавқир бошад ва бигӯяд: «Раббӣ адхилнӣ мудхала сидқин ва ахриҷни мухраҷа сидқин ва-ҷъал лӣ мин ладунка султонан насиран»2. Пас, ба масҷид шавад ва ба наздики минбар ду ракъат намоз кунад – чунон ки амуди минбар баробари дӯши рости вай бувад, ки мавқифи расул алайҳиссалом ин будааст. Пас қасди зиёрат кунад ва рӯй ба девори машҳад орад – пушт бо қибла; ва даст ба девор фурӯ овардан ва бӯса додан суннат нест, балки дур истодан ба ҳурмат наздиктар бувад. Пас бигӯяд: «Ас-салому ъалайка йо расулаллоҳи. Ас-салому ъалайка йо набийаллоҳи. Ас-салому ъалайка йо ҳабибаллоҳи. Ас-салому ъалайка йо сафваталлоҳи. Ас-салому ъалайка йо акрама вулоди Одама. Ас-салому ъалайка ё саййида-л-мурсалина ва хотама-н-набийина ва расула Раббил-ъоламин, ас-салому ъалайка ва ъало асҳобика-т-тоҳирин ва азвоҷика-ттоҳироти – уммаҳоти-л-мӯъминина – ҷазокаллоҳу ъанно афзала мо ҷазо набийан ъан умматиҳи; ва салло ъалайка кулламо закарака-з-зокируна ва ғафала ъанка-л-ғофилуна»3. Ва агар васият карда бошанд вайро ба салом расонидан, бигӯяд: «Ас-салому ъалайка мин фалонин ва мин фалонин»4. Он гоҳ чанди (ба андозаи) ду газ пештар шавад ва бар Абӯбакру Умар разийаллоҳу анҳумо салом гӯяд ва бигӯяд: «Ас-салому ъалайкумо ё вазирай расулаллоҳи – саллаллоҳи ъалайҳи – ва-л-муъовинайни лаҳу ъала-л-қиёми би-д-дини модома ҳаййан – ва-л-қоимайни фӣ умматиҳи баъдаҳу би умури-д-дини, таттабиъони фӣ золика осораҳу ва таъмалони сунаниҳи. Фа ҷазокумо хайра мо ҷазо вузарои-набиййин ъаладиниҳи»5
.

пешина
аз 176
навбатӣ