Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Пас биистад он ҷо ва дуо кунад – чандон ки тавонад. Пас берун ояд ва ба
1 Худоё, ин ҳарами пайғамбари Туст, пас онро қарор бидеҳ нигоҳдори ман аз оташ ва паноҳ аз азобу бадфарҷомӣ.
2 Парвардигоро маро дарун ор, дарун бурдани ростин ва бурун ор, бурун бурдани ростин ва барои ман аз сӯи Худат тасаллутеро ёр фармо.
3 Салом бар ту, эй фиристодаи Худо. Ва салом бар ту, эй пайғамбари Худо. Салом бар ту, эй дӯсти Худо, салом бар ту, эй баргузидаи Худо. Салом бар ту, эй беҳтарин фарзанди Одам. Салом бар ту, эй хоҷаи фиристодагон ва эй тамомкунандаи пайғамбарон ва фиристодаи Парвардигори ҷаҳониён.
Салом бар ту ва бар ёрони покат ва бар занони покат – модарони мӯъминон – Худо туро аз мо беҳтарин подош, ки пайғамбареро аз барои умматаш мерасад, бидиҳад; ҳар гоҳ ки ёдкунандагон ёдат кунанд ва ғофилон аз ту ғофил бошанд.
4 Салом бар ту аз сӯи фалону фалон.
5 Салом бар шумо, эй вазирони пайғамбар, ки дар зиндагонии ӯ барои ба по доштани дини ӯ будед ва пас аз ӯ дар корҳои дини уммати ӯ истодед ва аз вай пайравӣ кардед ва ба суннату оини ӯ кор кардед, пас подош диҳад шуморо Худо беҳтарин подоше, ки ба ду вазири пайғамбаре медиҳад.
гӯристони Бақеъ шавад ва зиёрати бузургони саҳоба бикунад. Чун боз хоҳад гашт, дигар бора зиёрати расул алайҳиссалом бикунад ва видоъ кунад.
Асрори дақоиқи ҳаҷ
Бидон, ки ин ҷо ки ёд кардем, сурати аъмоли ҳаҷ буд. Ва дар ҳар яке аз ин аъмол сирре аст ва мақсуд аз вай ибрате аст ва тазкире ва бо ёд овардани коре аст аз корҳои охират.
Ва асли ҳақиқати вай он аст, ки одамиро чунон офаридаанд, ки ба камоли саодати хеш нарасад, то ихтиёри хеш дар боқӣ накунад, чунон ки дар унвони мусалмонӣ пайдо кардем. Ва мутобиати ҳаво сабаби ҳалоки вай аст ва то ба ихтиёри хеш бошад ва он чи кунад, на ба дастурии шаръ кунад, дар мутобиати ҳаво бувад ва муомилати вай бардавом набувад. Ва саодати вай дар бандагӣ аст. Ва бад-ин сабаб бувад, ки дар миллатҳои гузашта ба раҳбоният (гӯшагирӣ аз мардум барои ибодат) ва саёҳат фармуданд ҳар умматеро, то ибоди (порсоён) эшон аз миёни халқ берун шудандӣ ва ё бар сари кӯҳе шудандӣ ва ҳама умр муҷоҳидат ва риёзат кардандӣ. Пас, аз расули мо алайҳиссалом пурсиданд, ки: «Чаро саёҳат ва раҳбоният нест дар дини мо?». Гуфт: «Моро ҷиҳод ва ҳаҷ фармудаанд бадали он». Пас Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло ин умматро ҳаҷ фармуд бадали раҳбоният, ки дар вай ҳам мақсуди муҷоҳидат ҳосил аст ва ҳам ибратҳои дигар дар вай зоҳир шуд, ки Ҳақ таъоло Каъбаро шариф кард ва ба Худ изофат кард; ва бар мисоли ҳазрати мулук биниҳод; ва аз ҷониби Вай ҳарами Вай сохт; ва сайду дарахтонро ҳаром кард – таъзими ҳурмати Вайро; ва Арафот бар мисоли майдони даргоҳи мулук дар пеши ҳарам ниҳод, то он ки аз ҳама ҷавониби олам қасди Хона кунанд – бо он ки донанд, ки Вай муназзаҳ аст аз нузул дар хонаву дар макон – валекин чун шавқ азим бувад, ҳар чи ба дӯст мансуб бувад, маҳбубу матлуб бувад.
Пас аҳли ислом дар ин шавқ аҳлу мол ва ватани худ гузоштанд ва хатари бодия (биёбон) эҳтимол карданд. Ва бандавор қасди Ҳазрат карданд. Ва дар ин ибодат эшонро корҳо фармуданд, ки ҳеч ақл бад-он роҳ наёбад:
чун андохтани санг ва миёни Сафо ва Марва давидан; барои он ки ҳар чи ақл бад-он роҳ ёбад, нафс бад-он унсӣ бошад, ки донад, ки ҳар чи мекунад, барои чи мекунад. Чун бидонад, ки дар закот рифқи дарвешон аст ва дар намоз тавозӯъи Худой ҷаҳон аст ва дар рӯза муроғимат (ба хок молидан ва ба замин задан) ва касри лашкари шайтон аст; бошад, ки табъи вай бар мувофиқати ақл ҳаракат кунад. Ва камоли бандагӣ он бувад, ки ба маҳзи фармон кор кунад, ки ҳеч мутақозӣ аз ботини вай пайдо наёяд.
Ва рамйу саъй аз ин ҷумла аст, ки ҷуз ба маҳзи бандагӣ натавонад кард; ва барои ин гуфт расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам – дар ҳаҷ бар хусуси «Лаббайка би ҳаҷҷатин ҳаққан таъаббудан ва риққан»1; инро «таъаббуд» ва «риққ» ном кард. Ва он гаҳ гурӯҳе аҷаб доранд, ки мақсуд ва мурод аз ин аъмол чист, он аз ғафлати эшон бувад аз ҳақиқати корҳо, ки мақсуд аз ин бемақсудӣ аст ва ғараз аз ин беғаразӣ аст, то бандагӣ бад-ин пайдо шавад. Ва назари вай ҷуз ба маҳзи фармон набошад; ва ҳеч насиби дигар – ақлро ва табъро – бад-он роҳ набошад, то он худ ҷумла дар боқӣ кунад, ки саодати вай дар нестӣ ва бенасибии вай аст, то аз вай ҷуз ҳақ ва фармони Ҳақҳеч чиз намонад.
[Ибратҳои ҳаҷ] Аммо ибратҳои ҳаҷ он аст, ки ин сафар аз ваҷҳе бар мисоли сафари охират ниҳодаанд, ки дар ин сафар мақсад Хона аст ва дар он сафар Худованди Хона. Пас, аз муқаддамот ва аҳволи ин сафар бояд ки аҳволи он сафар ёд мекунад: чун аҳлу дӯстонро видоъ кунад, бидонад, ки бад-он видоъ монад, ки дар сакароти (беҳушиҳои) мавт хоҳад буд. Ва чунон ки бояд ки нахуст дил аз ҳама алоиқ фориғ кунад, пас берун шавад, дар охири умр ва низ бояд ки дил аз ҳама дунё фориғ кунад. Агар на, сафар бар вай мунағғас бувад. Ва чун зоди сафар аз ҳама навъҳо сохтан гирад ва ҳама эҳтиёте ба ҷой орад, ки набояд ки дар бодия бебарг (бевасила, беасбоб) бимонад, бояд ки бидонад, ки бодияи қиёмат дарозтар ва ҳавлноктар аст.
Ва он ҷо ба зод ҳоҷат беш аст: зоди он бисозад. Ва чун ҳар чизе, ки ба зудӣ табоҳ хоҳад шуд, бо худ барнагирад, ки донад, ки бо вай бинамонад ва зодро нашояд ва ҳамчунин ҳар тоат, ки ба риё омехта бувад, зоди охиратро нашояд. Ва чун бар ҷаммоза (шутури тундрав) нишинад, бояд ки аз ҷаноза (тобут) ёд кунад, ки ба яқин донад, ки маркаби вай дар он сафар хоҳад буд. Ва бошад ки пеш аз он, ки аз ҷаммоза фуруд ояд, вақти ҷаноза дарояд, бояд ки ин сафари вай чунон бошад, ки зоди он сафарро бишояд. Ва чун ҷомаи эҳром рост кунад, то чун наздик расад, ҷомаи одат берун кунад ва ин дарпӯшад – ва он ду эзори сапед бувад; бояд ки аз кафан ёд кунад, ки ҷомаи он сафар низ мухолифи одати ин хоҳад буд.
Ва чун ақаботу хатарҳои бодия бинад, бояд ки аз Мункару Накир ва
1 Омодаам барои ҳаҷ ба ростӣ ва бандавору ғуломвор.
ақорибу ҳайёти (морҳо) гӯр ёд кунад, ки аз лаҳад то ҳашр бодияи азим аст бо ақабаҳои бисёр. Ва чунон ки бе бадрақа аз офати бодия саломат наёяд, ҳамчунин аз ҳавлҳои гӯр саломат наёбад бе бадрақаи тоатҳо. Ва чунон ки дар бодия аз аҳлу фарзанд ва дӯстон танҳо монад, дар гӯр ҳамчунин хоҳад буд. Ва чун «лаббайка» задан гирад, бидонад, ки ин ҷавоби нидои Худои таъоло аст ва рӯзи қиёмат ҳамчунин нидо ба вай хоҳад расид, аз он ҳавл бияндешад ва бояд ки ба хатари ин мустағрақ бошад.
Алӣ ибни ал-Ҳусайн разийаллоҳу анҳумо дар вақти эҳром зардрӯй шуд ва ларза бар вай афтод ва «лаббайка» натавонист зад, гуфтанд: «Чаро «лаббайка» нагӯӣ?». Гуфт: «Тарсам, ки агар бигӯям, гӯянд: Ло лаббайка ва ло саъдайка». Чун бигуфт, аз шутур бияфтод ва беҳуш гашт. Ва Аҳмад ибни Абилҳаворӣ муриди Абӯсулаймони Доронӣ буд, ҳикоят мекунад, ки: «Бӯсулаймон дар он вақт «лаббайка» нагуфт, то миле бирафтанд ва беҳуш шуд ва ба ҳуш омад, гуфт: Ҳақ таъоло ба Мӯсо алайҳиссалом ваҳй кард, ки золимони уммати худро бигӯй, ки то номи Ман набаранд ва Маро ёд накунанд, ки ҳар ки Маро ёд кунад, Ман варо ёд кунам ва чун золим бошад, эшонро ба лаънат ёд кунам». Ва гуфт:
«Шунидаам, ки ҳар ки нафақаи ҳаҷ аз шубҳат кунад ва он гоҳ «лаббайка»
гӯяд, ӯро гӯянд: «Ло лаббайка ва ло саъдайка ҳатто тарудда мо фӣ йадайка»1
.
Ва аммо тавофу саъй бад-он монад, ки бечорагон ба даргоҳи мулук шаванд ва гирди кӯшки (қаср) малик мегарданд, то фурсат ёбанд, ки ҳоҷати хеш арза кунанд; ва дар майдони сарой мешаванд ва меоянд ва касеро меҷӯянд, ки эшонро шафоат кунад; ва умед медоранд, ки магар ногоҳ чашми малик бар эшон афтад ва бо эшон назаре кунад: ва миёни Сафову Марва масали он майдон аст.
Ва аммо вуқуф ба Арафа ва иҷтимои аснофи халқ аз атроф ва дуо кардани эшон ба забонҳои мухталиф ба Арасоти қиёмат монад, ки ҳама халоиқҷамъ шуда бошанд ва ҳар касе ба хештан машғул ва мутараддид миёни радду қабул.
Ва аммо андохтани санг: мақсуди вай изҳори бандагӣ аст – бар сабили тааббуди маҳз; ва дигар ташаббӯҳ ба Иброҳим салавотуллоҳи алайҳи, ки бад-он ҷойгоҳ иблис пеши вай омадааст, то вайро дар шубҳате афканад, санг бар вай андохтааст. Пас, агар дар хотири ту ояд, ки шайтон вайро пайдо омад ва маро пайдо наёмадааст, беҳуда санг чӣ андозам? Бидон, ки ин хотир туро аз шайтон пайдо омад, санг бияндоз, то пушти вай
1 «Лаббайка ва саъдайка» пазируфта нест, то он чи дар даст дорӣ, ба соҳибонаш рад накунӣ.
бишиканӣ, ки пушти вай бад-он шикаста шавад, ки ту бандаи фармонбардор бошӣ; ва ҳар чи туро гӯянд: чунон кун, ҳамчунон кунӣ; ва тасарруфи хеш дар боқӣ кунӣ; ва ба ҳақиқат бидонӣ, ки бад-ин андохтани санг шайтонро мақҳур мекунӣ.
Ин миқдор ишорат карда омад аз ибратҳои ҳаҷ, то касе чун роҳи ин бишиносад, бар қадри сафои фаҳм ва шиддати шавқ ва тамомии ҷаҳд дар кор, вайро амсоли ин маонӣ намудан гирад ва аз ҳар яке насибе ёфтан гирад, ки ҳаёти ибодати вай бад-он бувад ва аз ҳадди суратҳо дуртар шуда бувад.
АСЛИ ҲАШТУМ
Қуръон хондан аст
Бидон, ки Қуръон хондан фозилтарин ибодат аст, хосса ки дар намоз бувад – бар пой истода. Расул гуфт алайҳиссалом: «Фозилтарин ибодати уммати ман Қуръон хондан аст». Ва гуфт: «Ҳар ки вайро неъмати Қуръон хондан доданд ва пиндорад, ки ҳеч касро бузургтар аз он, ки вайро додаанд, чизе додаанд, хурд доштааст чизеро, ки Ҳақ таъоло онро азим донистааст!» Ва гуфт: «Агар ба масал Қуръонро дар пӯсте кунанд ва дар оташ афкананд, оташ гирди он нагардад». Ва гуфт: «Рӯзи қиёмат ҳеч шафеъ нест – ба наздики Ҳақ таъоло – бузургвортар аз Қуръон: на паямбар ва на фаришта ва на ғайри эшон». Ва гуфт: «Ҳақ таъоло мегӯяд: ҳар киро Қуръон хондан аз дуо кардан машғул кунад, он чи фозилтарин савоби шокирон аст, вайро ато кунам». Ва гуфт расул алайҳиссалом, ки:
«Ин дилҳо зангор бигирад ҳамчун оҳан». Гуфтанд: «Ё расулуллоҳ! Ба чӣ зудуда шавад?» Гуфт: «Ба хондани Қуръон ва ёд кардани марг». Ва гуфт:
«Ман рафтам ва шуморо ду воиз мондам, ки ҳамеша шуморо панд медиҳанд, яке гӯё ва яке хомӯш: воизи гӯё Қуръон аст ва воизи хомӯш марг аст».
Ва Ибни Масъуд мегӯяд разийаллоҳу анҳу: «Қуръон бархонед, ки музди ҳар ҳарфе ду ҳасана аст ва нагӯям, ки «А.Л.М.» як ҳарф аст, лекин «алиф» ҳарфест ва «лом» ҳарфе ва «мим» ҳарфе». Ва Аҳмад ибни Ҳанбал разийаллоҳу анҳу гӯяд: «Ҳақ таъолоро ба хоб дидам, гуфтам: Ё раб!
Тақарруб ба Ту ба чӣ чиз фозилтар? Гуфт: ба каломи Қуръон. Гуфтам:
агар маънӣ фаҳм кунанд ва агар на? Гуфт: агар маънӣ фаҳм кунанд ва агар на».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё