Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

2 Ҷое, ки аз он ҷо эҳром шурӯъ мешавад.
3 Ҷоест наздики Макка.
4 Бор Худоё, омодаи ҳаҷ ва умра ҳастам.
5 Касе, ки вориди эҳром мешавад.
умра дар вай мудраҷ (гунҷида) шавад, чунон ки вузӯ дар ғусл. Ва ҳар ки чунин кунад, бар вай гӯсфанде воҷиб ояд, магар он ки маккӣ бувад, ки бар вай воҷиб наёяд, ки миқоти вай худи Макка аст; ва ҳар ки қирон кунад, агар пеш аз вуқуфи (истодан) Арафа тавоф ва саъй кунад, саъй маҳсуб бувад аз ҳаҷҷу умра, аммо тавоф пас аз вуқуф ба Арафа иодат бояд кард, ки шарти тавоф рукни он аст, ки пас аз вуқуф бувад.
Ва аммо таматтӯъ он бувад, ки чун ба миқот расад, ба умра эҳром оварад ва ба Макка таҳаллул (кушодани эҳром) кунад, то дар банди эҳром набошад, он гоҳ ба вақти ҳаҷҳам ба Макка эҳроми ҳаҷ биёварад. Ва бар вай гӯсфанде воҷиб ояд, агар натавонад, се рӯз рӯза дорад – пеш аз иди азҳо (иди қурбон) пайваста ё пароканда ва ҳафт рӯзи дигар чун ба ватан расад. Ва дар қирон низ чун гӯсфанд надорад, ҳамчунин даҳ рӯз рӯза дорад. Ва таматтӯъ барои касе воҷиб шавад, ки эҳроми умра дар шаввол ё дар зулқаъда ё ашри зулҳиҷҷа орад, то заҳмат камтар бувад ҳаҷро ва эҳроми ҳаҷ аз миқоти хеш бияфканда бувад. Пас агар маккӣ бувад ё ғариб бувад ва ба вақти ҳаҷ ба миқот ояд ё бо мисли масофати вай, гӯсфанде бар вай воҷиб наёяд.
Аммо маҳзуроти (чизҳои ҳаром ва мамнӯъ) ҳаҷ шаш аст:
Якеҷома пӯшидан, ки ин ҳаром аст: пироҳан ва мӯзаву шалвор ва дастор нашояд, балки эзор ва ридо (болопӯш) ва наълайн бояд, агар наълайн наёбад, кафш раво бувад ва агар эзор набошад, шалвор раво бувад. Ва ҳафт андом ба эзор бипӯшад, раво бувад, магар сар. Ва занро раво бувад ҷома доштан бар одат – магар рӯй, бояд ки напӯшад – ва агар дар маҳмил (тахти равон, каҷова) ва мазалла (чодару хайма, соябон) бошад, раво бувад.
Дуввум он ки бӯи хуш ба кор надорад: агар ба кор дорад ё ҷома дарпӯшад, гӯсфанде воҷиб ояд.
Сеюм – мӯй насутурад ва нохун боз накунад, ки агар бикунад, гӯсфанде воҷиб ояд. Ва гармоба ва фасд (хун гирифтан ё раг задан) ва ҳиҷомат ва мӯй фурӯ кушодан – чунон ки канда наёяд – раво бувад.
Чаҳорум – ҷимоъ накунад, агар бикунад, шутуре ё гове ё ҳафт гӯсфанд воҷиб ояд, ҳаҷ табоҳ нашавад.
Панҷум – муқаддамоти мубошират, чун пармосидани зан ва бӯса додан, нашояд. Ва ҳар чи таҳорат бишиканад аз муломасат, дар вай гӯсфанде воҷиб ояд. Ва дар истимно1ҳамчунин. Ва ақди никоҳ нашояд муҳримро ва агар бикунад, дуруст набувад, валекин чизе лозим наёяд.
Шашум – сайд кардан нашояд, магар аз об. Агар сайдеро бикушад,
1 Васоили хориҷ шудани манӣ фароҳам овардан.
монанди вай воҷиб ояд аз шутур ё гов ё гӯсфанд, то ба чӣ чиз беҳтар монад.
Кайфияти ҳаҷ
Бидон, ки сифати аъмоли ҳаҷ аз аввал то охир бибояд донист, фароиз ва сунану одоб ба ҳам омехта, чунон ки суннат аст, ки ҳар ки ибодат на ба одат кунад, суннат ва адабу фариза ҳама наздики вай баробар бувад, ки ба мақоми муҳаббат, ки расад ба навофил ва сунан расад, чунон ки расул гуфт алайҳиссалом, ки: «Ҳаққ таъоло мегӯяд: бандагони Ман ба Ман ҳеч тақарруб накунанд бузургтар аз гузордани фаризаҳои Ман ва он, ки банда бувад, наёсояд ҳеч аз тақарруб кардан ба навофилу сунан, то бад-он дараҷа расад, ки самъу басару дасту забони вай Ман бошам: ба Ман шунавад, ба Ман бинад ва ба Ман гирад ва ба Ман гӯяд». Пас муҳим бошад одобу сунани ибодот ба ҷой овардан ва дар ҳар ҷое нигоҳ бояд дошт.
Аввал одоби роҳ ва сози он
Бояд ки аввал, ки азми ҳаҷ кунад, тавба кунад ва мазолим (чизҳое, ки ба нораво гирифта шуда) боздиҳад; ва вомҳо бигузорад; ва иёлу фарзанд ва ҳар киро бар вай нафақа аст, нафақот бидиҳад; ва васиятнома бинависад; ва зоди роҳ аз ваҷҳе ҳалол ба даст оварад, аз шубҳат (моле, ки ҳалолу ҳароми он муайян нест) ҳазар кунад, ки агар ҳаҷ ба моли бошубҳат кунад, бими он бувад, ки нопазируфта бувад; ва чандон соз бисозад, ки бо дарвешон рафиқ битавонад кард дар роҳ; ва пеш аз берун шудан саломати роҳро чизе садақа диҳад; ва шутуре қавӣ ба киро гирад; ва ҳар чи бар хоҳад гирифт, ҷумла ба мукорӣ (киродиҳандаи ҳайвон) намояд (намудан, нишон додан), то ба кароҳат набошад; ва рафиқе басалоҳ ба даст орад, ки сафаркарда бувад ва дар дину масолеҳи роҳ ёр бувад; ва дӯстонро видоъ кунад ва аз эшон дуо хоҳад ва бо ҳар яке гӯяд:
«Аставдиъуллоҳа динака ва амонатака ва хавотима ъамалика»1. Ва эшон бо вай гӯянд: «Фӣҳифзиллоҳи ва канафиҳи заввадакаллоҳу-т-тақво ва ҷаннабака-р-радо ва цафара занбака ва ваҷҷаҳака ли-л-хайри айнамо таваҷҷаҳта»2. Ва чун аз сарой берун хоҳад омад, нахуст ду ракъат намоз
1 Ба Худо месупорам кеши ту ва амонати ту ва фарҷоми кор туро.
2 Дар нигоҳдорӣ ва паноҳи Худо, тӯша диҳад Худо туро аз парҳезкорӣ ва дур дорад туро аз табоҳӣ ва кунад, дар ракъати нахустин «қул йо аййуҳа-л-кофируна» ва дар дуввум «қул ҳуваллоҳу аҳад» бархонад – бо «фотиҳа»; ва ба охир бигӯяд:
«Аллоҳумма Анта-с-соҳибу фи-с-сафари ва Анта-л-халифату фи-л-аҳли ва-л-моли ва-л-валади, эҳфазно ва иййоҳум мин кулли офатин.
Аллоҳумма инно насъалука фӣ масирино ҳоза-л-бирра ва-т-тақво ва мина-л-ъамали мо тарзо»1. Чун ба дари сарой расад, бигӯяд. «Бисмиллоҳи таваккалту ъалаллоҳи ва ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳи.
Аллоҳумма бика-нташарту ва ъалайка таваккалту ва бика-ътасамту ва илайка таваҷҷаҳту. Аллоҳумма заввидни-т-тақво ва-ғфир лӣ занбӣ ва ваҷҷиҳнӣ ли-л-хайри айнамо таваҷҷаҳту».2 Ва чун бар сутур нишинад, бигӯяд: «Бисмиллоҳи ва биллоҳи валлоҳу акбару. Субҳона-л-лазӣ саххара лано ҳозо ва мо кунно лаҳу муқринина. Ва инно ило Раббино ла мунқалибуна»3. Ва дар ҷумлаи роҳ ба зикр ва Қуръон машғул бошад ва чун ба болое расад, бигӯяд: «Аллоҳумма лака-ш-шарафу ъало кулли-шшарафи ва лака-л-ҳамду ъало кулли ҳолин»4; ва чун ба биме бошад дар роҳ, «Ояту-л-Курсӣ» ва «омана-р-расулу»... ва «қул ҳуваллоҳу» ва «Муъаввизатайн» бархонад.
Одоби эҳром ва духули Макка
Чун ба миқот расад, ки қофила аз он ҷо эҳром гирад, аввал ғусл кунад ва мӯю нохун боз кунад – чунон ки ҷумъаро гуфтем – ва ҷомаи дӯхта берун кунад ва эзоре ва ридое сапед барбандад ва пеш аз эҳром бӯи хуш ба кор дорад. Чун бархезад, ки бихоҳад рафт, шутур барангезад ва рӯй ба роҳоварад ва нияти ҳаҷ кунад ва ба забон бигӯяд: «Лаббайка-ллоҳумма лаббайка, ло шарика лака лаббайка, ина-л-ҳамда ва-н-неъмата лака ва-лмулка, ло шарика лака»5. Ва ҳамчунин ин калимотро ба овоз одат мекунад ва ҳар куҷо болое ва нишебе бошад ва ҳар куҷо қофила ба заҳмат ба ҳам оянд, гӯяд. Ва чун ба Макка наздик расад, ғусл кунад.
гуноҳат биёмурзад ва ба ҳар ҷо рӯ кунӣ, некӣ пешат орад.
1 Худоё, Ту ёри сафарӣ ва ҷонишины дар бастагон ва дороиву фарзанд; мову ононро аз ҳар бало нигоҳ дор. Худоё, дар ин роҳгузар некӣ ва парҳезгориро аз Ту мехоҳем ва аз амал он чиро, ки Ту биписандӣ.
2 Ба номи Худо, худро ба Худо супурдам, тавоноие ва нерӯе ҷуз ба Худо нест. Худоё, ба ёрии Ту берун омадам ва ба Ту таваккул кардам ва дар Ту чанг задам ва рӯ сӯи Ту кардам. Худоё, парҳезгориро тӯшаи ман фармо. Гуноҳам биёмурз ва ҳар ҷо рӯ кунам, некӣ бар роҳам гузор.
3 Ба номи Худо ва ба Худо ва Худо бузург аст. Пок аст касе, ки инро дар фармони мо кард, дар ҳоле, ки мо ба он тавоноӣ натавонем дод. Ва мо ба сӯи Парвардигори хеш бозгардандагонем.
4 Бор Худоё, дар ҳар бузургӣ бузургӣ Турост ва дар ҳар ҳол ситоиш махсуси Туст.
5 Ба фармонам Худоё, ба фармон, Туро анбозе нест, ба фармонам, шукру неъмат ва ҷаҳондорӣ Турост ба фармонам, Туро анбозе нест.
Ва дар ҳаҷ нӯҳ сабабро ғусл суннат аст: эҳромро; ва духули Маккаро; ва тавофи зиёратро; ва вуқуф ба Арафаро; ва мақом ба Муздалифаро; ва се ғусл барои санг андохтани се ҷамра; ва тавофи видоъро. Ва аммо рамйро (партоб кардани сангу тир) ба Ҷамрату-л-Ақаба ғусл нест.
Пас чун ғусл кунад ва дар Макка шавад ва чашмаш бар Хона афтад ва ҳанӯз дар миёни шаҳр бошад, бигӯяд: «Ло илоҳа иллаллоҳу валлоҳу акбар, Аллоҳумма Анта-с-салому ва минка-с-салому ва дорука дору-ссаломи, таборакта Раббано йо зо-л-ҷалоли ва-л-икроми. Аллоҳумма ҳозо байтука ъаззамтаҳу ва каррамтаҳу ва шаррафтаҳу, Аллоҳумма фа зидҳу таъзиман ва зидҳу ташрифан ва такриман ва зидҳу маҳобатан ва зид ман ҳаҷҷаҳу бирран ва кароматан. Аллоҳума-фтаҳ лӣ абвоба раҳматика ва адхилнӣҷаннатака ва аъизни мина-ш-шайтони-р-раҷими»1
.
Он гоҳ дар Масҷид шавад – аз боби Бани Шайба – ва қасди ҳаҷари асвад2 кунад ва бӯса диҳад ва агар натавонад – ба сабаби заҳмат, даст ба вай барниҳад ва бигӯяд: «Аллоҳумма амонатӣ аддайтуҳо ва мисоқӣ таъоҳадтуҳу, ишҳид лӣ би-л-мувофоти»3. Пас ба тавоф машғул шавад.
Одоби тавоф
Бидон, ки тавоф ҳамчун намоз аст: дар вай таҳорати тану ҷома ва сатри аврат шарт аст, валекин сухан дар вай мубоҳ аст. Ва аввал бояд ки суннати изтибоъ ба ҷой орад. Ва изтибоъ он бувад, ки миёни эзор дар зери дасти рост кунад ва ҳар ду каронаи вай бар китфи чап афканад, пас Хонаро бар ҷониби чап кунад ва аз ибтидои ҳаҷари асвад тавоф ибтидо кунад, чунон ки миёни Хона ва миёни вай се гом бошад, то пой бар шодурвон4 наниҳад, ки он ҳадди Хона аст. Ва чун тавоф ибтидо кунад, бигӯяд: «Аллоҳумма имонан бика ва тасдиқан би Китобика ва вафоан биаҳдика ва-ттибоъан ли суннати набиййика Муьаммадин саллаллоҳу алайҳи ва саллама»5. Ва чун ба дари Хона расад, бигӯяд: «Аллоҳумма ҳоза-л-байту байтука ва ҳоза-л-ҳараму ҳарамука ва ҳоза-л-амну амнука;
1 Нест маъбуде ҷуз Худо ва Худо бузург аст. Худоё, Ту саломӣ ва аз Туст салом ва Хонаи Ту хонаи оромиш ва салом аст; Парвардигори мо, Ту муборакӣ, эй дорандаи шукӯҳ ва бахшоиш; Худоё ин Хонае аст, ки онро бузург ва бузургвор кардӣ, пас, Худоё, бузургии он бияфзо ва бузургвории он зиёд кун ва некиву бахшоиши ҳаҷкунандагони онро фузун фармо. Худоё, дарҳои бахшоишатро ба ман бикушо ва маро ба биҳиштат дарор, аз шайтони рондашуда паноҳ деҳ.
2 Санги сиёҳ.
3 Худоё, амонати худро супурдам ва паймони худро анҷом додам, пас, бар ҳақгузории ман гувоҳ бош!
4 Шодурвон – яъне парда ва саропарда аст ва дар ин ҷо номи мақоме аст дар канори хонаи Каъба.
5 Худоё, (тавоф мекунам) аз имон ба Ту ва рост донистани Китоби Ту ва вафои Ту паймони Ту ва пайравӣ аз равиши пайғамбари Ту Муҳуммад саллаллоҳи ъалайҳи ва саллам.
ва ҳозо мақому халилика-л-ъоизи бика мина-н-нори»1. Ва чун ба рукни ироқӣ расад, бигӯяд: «Аллоҳумма иннӣ аъузу бика мина-л-ширки ва-шшакки ва-л-куфри ва-н-нифоқи ва-ш-шиқоқи ва-суи-л-ахлоқи ва суи-лманзари фы-л-аҳли ва-л-моли ва-л-валади»2. Ва чун бар зери новадон расад, гӯяд: «Аллоҳумма азилнӣ таҳта зилли Аршика йавма ло зиллун илло зиллу Аршики. Аллоҳумма-сқинӣ би каъси Муҳаммадин саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салллама шарбатан ло азмау баъдаҳо абадан»3. Ва чун ба рукни шомӣ расад, гӯяд: «Аллоҳума-ҷъалҳу ҳаҷҷан мабруран ва саъйан машкуран ва занбан мағфуран ва тиҷоратан лан табура, йо Ъазизун йо Ғафурун, Раббӣ-ғфир ва-рҳам ва таҷоваз Ғаммо таълам иннака Анта-л-ло аъаззу-л-акраму»4. Ва чун ба рукни ямонӣ расад, гӯяд:
«Аллоҳумма инни аъузу бика мина-л-куфри ва аъузу бика мина-л-фақри ва мин ъазоби-л-қабри ва мин фитнати-л-маҳйо ва-л-мамоти ва аъузу бика мина-л-хизйи фӣ-д-дунйо ва-л-охирати. Аллоҳумма Раббано отино фӣ-д-дунё ҳасанатан ва фӣ-л-охирати ҳасанатан ва қино би раҳматика азоба-л-қабри ва азоба-н-нори»5. Ҳафт бор ҳамчунин бигардад ва ҳар боре ин дуоҳо гӯяд. Ва ҳар бореро шавте гӯянд. Дар се шавт6 ба шитоб меравад ҷалдвору банишот ва агар ба наздики Хона заҳмат бувад, дуртар шавад, то башитоб тавонад рафт. Ва дар чаҳор шавти бозпасин оҳиста равад ва ҳар боре ҳаҷарро бӯса диҳад ва даст ба рукни ямонӣфароз оварад ва агар натавонад – аз заҳмат, ба даст ишорат кунад. Чун ҳафт шавт тамом шавад, миёни Хона ва санг биистад ва шикаму сина ҷониби рост аз рӯй бар девори Хона ниҳад ва ду даст зери сари хеш ба девор бозниҳад ё дар астори7 Каъба занад; ва ин ҷойро Мултазим гӯянд ва дуо ин ҷо мустаҷоб бувад, бигӯяд: «Аллоҳумма, йо Рабба-л-Байти-л-ъатиқиътиқ рақабатӣ мина-н-нори ва аъизнӣ мин кулли суин ва қанниънӣ би
1 Бор Худоё, ин хона Хонаи Туст ва ин ҳарам ҳарами Туст ва ин амн (аз бало) амни Туст ва ин ҷойгоҳи дӯсти Туст, ки аз оташ ба ту паноҳ овард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё