Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Ва чун рӯзи шак як тан гувоҳӣ диҳад, ки моҳ дидааст, ҳар ки нон хӯрда бувад, воҷиб бувад, ки боқии рӯз ҳамчун рӯзадорон имсок кунад. Ва ҳар ки дар миёни рӯз (зӯҳр) сафар ибтидо кунад, нашояд, ки рӯза бикушояд; ва агар рӯза кушода дар миёни рӯз ба шаҳр шавад, нашояд, ки бикушояд; ва мусофирро рӯза авлотар аз ифтор, магар ки натавонад.
Аммо фидя мудде аз таом бошад, ки ба мискине расонад. Ва бар ҳомилу мурзеъ (ширдиҳанда) воҷиб бувад бо қазо ба ҳам, чун рӯза аз бими фарзанд кушода бошад, на чун бемор, ки аз бими худ кушода бошад; ва бар пире, ки бағоят заиф бувад ва рӯза натавонад дошт, ҳамин қадар воҷиб ояд, бадали қазо. Ва ҳар ки қазои рамазон таъхир кунад, то рамазони дигар, ба ҳар рӯзе қазо мудде таом ояд.
— ФАСЛ —
[Рӯза доштан дар рӯзҳои шариф] Дар рӯзҳои шариф ва фозил рӯза доштан суннат аст, он чи дар сол уфтад: рӯзи арафа (нуҳуми зулҳиҷҷа) ва ошуро (даҳуми моҳи муҳаррам) ва нӯҳ рӯзи аввали зулҳиҷҷа ва даҳ рӯз аз аввали муҳаррам ва ҷумла моҳҳои тадорук ва талофӣ намояд.
раҷаб ва шаъбон аст. Ва дар хабар аст, ки: «Рӯзаи як рӯз аз моҳи ҳаром фозилтар аз сӣ рӯз аз моҳҳои дигар ва як рӯз аз рамазон фозилтар аз сӣ рӯз аз моҳи ҳаром». Ва гуфт: «Ҳар ки панҷшанбе ва одинаву шанбе аз моҳи ҳаром рӯза дорад, ӯро ибодати ҳафтодсола бинависанд». Ва моҳи ҳаром чаҳор аст: зулқаъда ва зулҳиҷҷа ва муҳаррам ва раҷаб; ва фозилтарин зулҳиҷҷа аст, ки вақти ҳаҷ аст.
Ва дар хабар аст, ки: «Ибодат дар ҳеч вақт фозилтар ва дӯсттар назди Худой аз ашри (даҳа) аввали зулҳиҷҷа нест; рӯзаи як рӯз аз он чун рӯзаи як сол аст; ва қиёми як шаб чун қиёми лайлатулқадр аст». Гуфтанд: «Ё расуллуллоҳ, ва на низ ҷиҳод?». Гуфт: «Оре! на низ ҷиҳод, илло ки асби вай кушта шавад ва хуни вай рехта ояд дар ҷиҳод». Ва гурӯҳе аз саҳоба кароҳият доштанд, ки ҳама раҷаб рӯза доранд, то бо моҳи рамазон монанд набувад: бад-ин сабаб як рӯз кушодаанд ё зиёдат.
Ва дар хабар аст, ки: «Чун шаъбон ба нима расад, рӯза нест, магар рамазон». Ва дар ҷумла охири шаъбон бикушодан некӯст, то рамазон аз ӯ гусаста шавад. Аммо ба истиқболи рамазон аз охири шаъбон рӯза доштан кароҳият аст, магар ки сабабе бошад, ҷуз қасди истиқбол.
Аммо рӯзҳои шариф аз моҳ айёми байз1 аст: сездаҳум ва чаҳордаҳуму понздаҳум ва аз ҳафта: душанбе ва панҷшанбеву ҷумъа.
Аммо рӯзаи пайваста доштани ҳама сол ҷомеъ бувад ин ҳамаро, лекин панҷ рӯз лобуд бувад, ки бибояд кушодан: ду рӯзи ид (иди қурбон ва иди фитр) ва се рӯзи айёми ташриқ2 пас аз иди азҳо. Ва бояд ки бар хештан ҳиҷр (манъ) накунад дар ифтор, ки он макрӯҳ бошад. Ва ҳар ки рӯзаи пайваста натавонад доштан, як рӯз медорад ва як рӯз мекушояд:
ин рӯзаи Довуд аст алайҳиссалом ва фазли вай бузург аст.
Ва дар хабар аст, ки: «Абдуллоҳ ибни Амр ибни ал-Ос мепурсад аз фозилтарин тариқе дар рӯза. Вайро бад-ин фармуд, гуфт: «Аз ин фозилтар хоҳам». Гуфт: «Аз ин фозилтар нест». Ва дуни ин он бошад, ки рӯзи душанбе ва панҷшанбе медорад, то наздик бувад – бо моҳи рамазон ба ҳам ба сулси сол.
Ва чун касе ҳақиқати рӯза бишиносад, ки мақсуд касри шаҳавот аст ва софӣ кардани дил, бояд ки муроқиби дили худ мебошад. Ва чун чунин бошад, гоҳ бувад, ки ифтор фозилтар бувад ва гоҳ бувад, ки рӯза. Ва бадин сабаб буд, ки расул алайҳиссалом гоҳ рӯза доштӣ, то гуфтандӣ: магар беш накушояд; ва гоҳ бикушодӣ, то гуфтандӣ: магар беш нахоҳад дошт;
1 Рӯзҳои сафед: мақсуд рӯзҳое аз моҳе аст, ки маҳтоб дар шаби онҳо бештарин равшаниро дорад, ки ҳамон сездаҳум ва чаҳордаҳум ва понздаҳум бошад.
2 Хушк кардани гӯшт дар офтоб: ин амал дар се рӯз баъд аз иди қурбон анҷом мешавад.
ва тартиб маълум набудӣ рӯзаи варо. Ва уламо кароҳият доштаанд аз чаҳор рӯз зиёдат накушояд – пайваста; ва ин рӯзи ид ва айёми ташриқ гирифтаанд, ки чаҳор рӯз аст, барои он ки бардавом рӯза бикушодан бим бувад, ки дил сиёҳ кунад ва ғафлат ғолиб шавад ва огоҳии дил заиф шавад.
АСЛИ ҲАФТУМ
Ҳаҷ аст
Бидон, ки ҳаҷ аз аркони ислом аст ва ибодати умр аст. Ва расул гуфт алайҳиссалом: «Ҳар ки мурд ва ҳаҷ накард, гӯ хоҳҷуҳуд мир ва хоҳ тарсо». Ва гуфт: «Ҳар ки ҳаҷ кунад, бе он ки тан ба фисқ олуда кунад ва забон ба беҳудаву ношоист машғул дорад, аз ҳама гуноҳон берун ояд, ҳамчун он рӯз, ки аз модар зод». Ва гуфт: «Бисёр гуноҳ аст, ки онро ҳеч каффорат нест, магар истодан ба Арафот» (ҷоест дар дувоздаҳмилии Макка). Ва гуфт алайҳиссалом: «Шайтонро набинанд дар ҳеч рӯз хортару ҳақиртар ва зардрӯйтар аз он, ки дар рӯзи арафа, аз бас раҳмат, ки Худои таъоло бар халқ нисор кунад ва аз бас кабоири азим, ки даргузорад».
Ва гуфт: «Ҳар ки аз хона берун ояд бар андешаи ҳаҷ ва дар роҳ бимирад, то қиёмат ҳар соле вайро музди ҳаҷҷе ва умра менависанд. Ва ҳар ки дар Макка бимирад ё дар Мадина, вайро на арз (расидагӣ ба кору ҳисоб) бувад, на ҳисоб». Ва гуфт: «Як ҳаҷҷи мабрур (мақбул) беҳтар аз дунё ва ҳар чи дар вай аст; ва вайро ҳеч ҷазо нест, магар биҳишт». Ва гуфт: «Ҳеч гуноҳ азимтар аз он нест, ки касе ба арафа биистад ва гумон барад, ки омурзида нест».
Ва Алӣ ибни Муваффақ яке аз бузургон будааст, гуфт: «Як сол ҳаҷ кардам, шаби арафа ду фариштаро ба хоб дидам, ки аз осмон фуруд омаданд бо ҷомаҳои сабз, яке дигарро гуфт: «Донӣ ки имсол ҳоҷ чанд буданд?»
Гуфт: «Шашсад ҳазор буданд». Гуфт: «Донӣ, ки ҳаҷҷи чанд тан пазируфтан?» Гуфт: «Не». Гуфт: «Ҳаҷҷи шаш тан пазируфтанду бас». Гуфт: «Аз хоб даромадам аз ҳавли ин сухан ва сахт андӯҳгин гаштам ва гуфтам: ман ба ҳеч ҳол аз ин шаш тан набошам. Дар ин андешаву андӯҳ ба Машъарул-ҳаром1 расидам ва дар хоб шудам, ҳамон ду фариштаро дидам, ки ҳамон ҳадис ба якдигар гуфтанд. Он гоҳ он яке гуфт: «Донӣ, ки Ҳақ таъоло имшаб чӣҳукм кардааст миёни халқ?» Гуфт: «Не». Гуфт: «Ба ҳар яке аз он шаш тан сад ҳазор бибахшид ва дар кори эшон кард». Пас аз хоб бедор
1 Мақомест байни Мино ва Арафот.
шудам шодон ва шукр кардам Худойро таъоло». Ва расул гуфт алайҳиссалом, ки: «Ҳақ таъоло ваъда додааст, ки ҳар соле шашсад ҳазор банда ин Хонаро зиёрат кунанд ба ҳаҷ ва агар камтар аз ин бошад, аз малоика чандоне бифиристад, ки ин адад тамом шавад. Ва Каъбаро ҳашр кунанд чун арӯсе, ки ҷилва хоҳад кард. Ва ҳар ки ҳаҷ карда бошад, гирди вай гардад ва даст дар пардаҳои вай занад; то он гоҳ ки дар биҳишт шавад ва эшон бо вай дар биҳишт шаванд».
Шароит ва аркони ҳаҷ
Бидон, ки ҳар мусалмоне, ки ҳаҷ кунад дар вақти хеш дуруст бувад. Ва вақти вай шаввол ва зулқаъда ва нӯҳ рӯз аз зулҳиҷҷа аст, то он гоҳ ки субҳ барояд рӯзи ид. Эҳром1 дар ин муддат ба ҳаҷ дуруст бувад. Ва пеш аз ин агар ба ҳаҷ эҳром оварад, умра бошад. Ва ҳаҷҷи кӯдаки мумаййиз дуруст бувад; ва ширхораро – валӣ аз вай эҳром оварад ва ба Арафот барад ва ба саъй2 ва тавоф3 бибарад, дуруст бувад. Пас шарти дурустии ҳаҷҷи мусалмоне вақт беш нест.
Аммо шарти он, ки аз ҳаҷҷ ислом бияфтад ва фариза гузорда шавад, панҷ аст: мусалмонӣ ва озодӣ ва ақлу булуғ ва он ки дар вақт эҳром оварад; агар кӯдак эҳром оварад ва болиғ шавад пеш аз истодан ба Арафот, ё банда озод шавад – пеш аз ин, кифоят бувад аз ҳаҷҷи ислом. Ва ҳамин шароит бибояд, то фарзи умра бияфтад, илло вақт, ки ҳамаи сол вақти умра аст.
Аммо шарти он, ки аз касе дигар ҳаҷ кунад ба ниёбат, он бувад, ки нахуст ҳаҷҷи фарзи ислом гузорда бувад: агар пеш аз он аз дигаре ният кунад, аз вай афтад, на аз он кас. Ва пешин ҳаҷҷи ислом бувад; он гоҳқазо; он гоҳ назр; он гоҳ ниёбат. Ва бар ин тартиб афтад, агарчи ният ба хилофи ин кунад.
Аммо шарти вуҷуби ҳаҷ ислом аст ва булуғ ва ақл ва озодӣ ва иститоат. Ва иститоат ду навъ аст: яке он ки тавоно бувад, ки худ ҳаҷ кунад ба тани хеш. Ва ин ба се чиз бувад: яке он ки ба тани дуруст аст; дигар он ки роҳ эмин бувад. Ва бар роҳ дарёи хатарнок ва душмане, ки аз вай бими мол ё тан бувад, набошад. Ва дигар он ки чандоне мол дорад, ки нафақаи рафтану омаданро бас бувад ва нафақаи иёлро, то бозояд – пас аз он ки ҳама вомҳо гузорда бошад – ва бояд ки сутур дорад ва пиёда рафтан ло-
1 Эҳром: дохил шудан дар корҳое аст, ки баъзе аз ҳалолҳоро бар шахс ҳаром месозад.
2 Давидан (аз аъмоли ҳаҷ аст).
3 Гирди чизе гаштан (аз аъмоли ҳаҷ).
зим наёяд. Аммо навъи дигар он аст, ки ба тани хеш натавонад, ки мафлуҷ бувад ё барҷоймонда бувад, чунон ки умеди беҳтар шудан набувад, илло ба нодир; ва иститоати вай бад-он бувад, ки чандон мол дорад, ки ноибе бифиристад, то ҳаҷҷи вай бикунад ва музди вай бидиҳад; ва агар писари вай дарпазирад, ки аз вай ҳаҷ кунад – ройгон, бар вай лозим ояд, ки дастурӣ диҳад, ки хидмати падар шараф бошад ва агар гӯяд (писар гӯяд), ки ман мол бидиҳам, то касеро иҷорат гирӣ, лозим наёяд қабул кардан, ки дар қабули мол миннат бувад; ва агар бегонае аз вай ҳаҷ хоҳад кард, лозим наёяд миннати вай пазируфтан. Ва чун иститоат ҳосил шуд, бояд ки таъҷил кард. Пас агар таъхир кунад, раво бошад, агар тавфиқ ёбад, ки соли дигар бикунад. Агар таъхир кунад ва бимирад пеш аз ҳаҷ, осӣ бувад ва аз таракаи1 вай ҳаҷ кунанд ба ниёбати вай – агарчи васият накарда бошад, ки ин воме гашт бар вай. Умар разийаллоҳу анҳу гӯяд, ки: «Қасди он хостам кард, то бинависам, ки ҳар ки мустатеъ бошад дар шаҳрҳо ва ҳаҷ накунад, аз вай газиде (ҷизя) ҳамеситонед».
Аркони ҳаҷ
Бидон, ки аркони ҳаҷ, ки бе он дуруст, наёяд панҷ аст: эҳром ва тавоф пас аз вай саъй ва истодан ба Арафот ва мӯй ситурдан, бар як қавл.
Ва воҷиботи ҳаҷ, ки агар аз он даст бидорад, ҳаҷ ботил нагардад, валекин гӯсфанде куштан лозим ояд, шаш аст: эҳром овардан дар миқот2; агар аз он ҷо даргузарад беэҳром, гӯсфанде воҷиб ояд; ва санг андохтан; ва сабр кардан ба Арафот, то офтоб фурӯ шудан; ва мақом кардани шаб ба Муздалифа (ҳамон Машъарулҳаром аст) ва ҳамчунин ба Мино3; ва тавофи видоъ. Андар ин чаҳор бозпасин як қавли дигар аст, ки гӯсфанд лозим наёяд – чун даст бидорад – лекин суннат бувад.
Ва аммо вуҷӯҳи гузоридани ҳаҷ се аст: ифрод ва қирон ва таматтӯъ.
Ва ифрод фозилтар: чунон ки ҳаҷ аввало танҳо бигузорад, чун тамом шавад аз ҳарам берун ояд, эҳром умра орад; он гоҳ умра бикунад. Ва эҳроми умра аз Ҷаърона фозилтар аз он ки аз Танъим ва аз Танъим фозилтар аз он ки аз Ҳудайбия. Ва аз ин ҳар се ҷой суннат аст.
Аммо қирон он бувад, ки гӯяд: «лаббайка биҳаҷҷатин ва умратин»4, то ба як бор ба ҳар ду муҳрим5 шавад ва аъмоли ҳаҷ ба ҷой овараду бас ва
1 Он чи аз мурда мемонад, мерос.

пешина
аз 176
навбатӣ