Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Ва рӯзаро ду хосият аст, ки бад-он мустаҳаққи ин нисбат аст. Яке он ки ҳақиқати ӯ нохӯрданӣ аст ва он ботин бувад ва аз чашми халқ пӯшида бошад ва вайро бад-ӯ роҳ набувад. Ва дигар он ки душмани Худои таъоло иблис аст ва сипоҳи ӯ шаҳавот аст. Ва рӯза лашкари ӯ бишиканад, ки ҳақиқати рӯза тарки шаҳавот аст ва барои ин гуфт расул алайҳиссалом, ки: «Шайтон дар даруни одамӣ равон аст чун хун дар тан; роҳи гузари вай бар вай танг кунед ба гуруснагӣ». Ва Оишаро гуфт: «Аз кӯфтани дари биҳишт ҳеч маёсой». Гуфт: «Ба чӣ?». Гуфт: «Ба гуруснагӣ». Ва низ гуфт:
«Ас-савму ҷуннатун» – «Рӯза сипарест». Ва гуфт алайҳиссалом: «Боби ҳама ибодот рӯза аст». Ва ин ҳама барои он аст, ки монеъ аз ҳама ибодот
1 Рӯза аз они Ман аст ва Ман подоши онро медиҳам.
шаҳавот аст ва мадади шаҳавот серӣ аст. Ва гуруснагӣ шаҳавотро бишиканад.
Фаризаи рӯза
Бидон, ки шаш чиз воҷиб аст:
Яке он ки аввали моҳи рамазон талабад, то бар вай маълум шавад, ки бар бисту нӯҳ аст ё бар сӣ. Ва бар қавли яке гувоҳи адл эътимод раво бувад ва дар ид ду гувоҳ кам нашояд. Ва ҳар ки аз мӯътамаде бишунид, ки наздики ӯ ростгӯй бувад, рӯза бар ӯ воҷиб шуд, агарчи қозӣ ба қавли ӯҳукм накунад ва агар ба шаҳри дигар дида бошанд, ки ба шонздаҳ фарсанг дуртар бувад, бар ин қавм воҷиб набувад ва агар камтар бувад, воҷиб шавад.
Фаризаи дуввум
Ният аст. Ва ҳар шабе бояд ният кунад ва бо ёд оварад, ки ин рӯзаи рамазон аст ва фариза аст ва адост. Ва ҳар мусалмон, ки ин бо ёд оварад, худ дили ӯ аз ният холӣ набувад. Ва шаби шак агар гӯяд, ки: «Ният кардам, ки фардо рӯза дорам, агар аввали моҳи рамазон бошад», он ният дуруст набувад, то он гоҳ ки шак бархезад –ба қавли мӯътамаде – ва дар шаби бозпасин раво бувад, агарчи дар шак бувад, ки асл он аст, ки рамазон ҳанӯз нагузашта бувад.
Ва касеро, ки дар ҷои торик боздоша бошанд, ба андеша ва иҷтиҳод вақт ба ҷой оварад ва бар он эътимод кунад, дуруст бувад. Ва агар ба шаб ният кунад бад-он ки чизе бихӯрад, ният ботил нашавад, балки агар донад, ки ҳайз мунқатеъ хоҳад шуд, ният кунад ва ҳайз мунқатеъ шавад, рӯза дуруст бувад.
Фаризаи саввум
Он ки ҳеч чиз ба ботини худ нарасонад, ба амду ба қасд. Ва ҳиҷомат кардан ва сурма кашидан ва мил дар гӯш кардан ва пунба дар эҳлил (олати бавл кардан) кардан ҳеч зиён надорад, ки ботин он бувад, ки қароргоҳи чизе бошад, чун димоғ ва шикам ва меъдаву масона. Ва агар бе қасди ӯ чизе ба ботин расад, чун магасе, ки бипарад, ё ғубори роҳ ё оби мазмаза, ки бо ком (ҳалқ) ҷаҳад, зиён надорад, магар ки дар мазмаза муболиғат кунад ва об бо ком барад. Ва агар ба фаромӯшӣ чизе бихӯрад, зиён надорад, аммо агар бомдод ё шабонгоҳ бар гумон чизе хӯрад, он гоҳ бидонад, ки пас аз субҳ будааст ё пеш аз шом, рӯза қазо бояд кард.
Фаризаи чаҳорум
Он ки мубошират накунад бо аҳл. Агар чандон наздикӣ кунад, ки ғусл воҷиб ояд, рӯза ботил шавад ва агар рӯза фаромӯш карда бошад, ботил нашавад. Ва агар ба шаб сӯҳбат кунад ва ғусл пас аз субҳ кунад, раво бувад.
Фаризаи панҷум
Он ки ба ҳеч тариққасд накунад, ки манӣ аз ӯҷудо шавад. Ва агар ба аҳли хеш наздикӣ кунад – на ба сӯҳбат, барно (ҷавон) бувад ва дар хатари инзол (фуруд омадани манӣ) бошад, чун инзол афтад, рӯза ботил шавад.
Фаризаи шашум
Он ки ба қасд қай накунад ва агар бе ихтиёри вай уфтад, ботил нашавад ва агар ба сабаби зуком ё ба сабабе дигар обе мунъақид (баста) аз ҳалқ берун оварад ва бияндозад, зиён надорад, ки аз ин ҳазар кардан душвор бувад, магар ки чун ба даҳон расад, он гоҳ ба гулӯ фурӯ барад, ин рӯзаро ботил кунад.
Суннатҳои рӯза низ шаш аст
Таъхири саҳур (ғизое, ки ҳангоми саҳар бихӯранд); ва таъҷили ифтор ба хурмо ё ба об; ва мисвок даст бидоштан пас аз завол; ва саховат кардан ба садақа ва таом додан; ва Қуръон бисёр хондан; ва эътикоф гирифтан, хосса дар даҳаи бозпасин, ки шаби қадр дар ӯст. Ва расул ъалайҳи-ссалоту ва-с-салом дар ин даҳ рӯз ҷомаи хоб дарнаваштӣ (ҷамъ мекард) ва эзор барбастӣ ибодатро ва аз аҳли байти ӯҳеч наёсудандӣ аз ибодат. Ва шаби қадр ё бисту якум аст, ё бисту се, ё бисту панҷ, ё бисту ҳафт: ва ин мумкинтар аст; ва авлотар он бувад, ки эътикоф дар ин даҳрӯз пайваста дорад. Ва агар назр кардааст, ки пайваста дорад, лозим бувад, ки ҷуз ба қазои ҳоҷат берун наёяд ва он қадар ки вузӯ кунад, дар хона беш наистад. Агар ба намози ҷаноза ё ба иёдати беморе ё ба гувоҳӣ ё ба таҷдиди таҳорате берун ояд, эътикоф бурида шавад; ва аз даст шустану нон хӯрдан ва хуфтан дар масҷид боке набошад. Ва ҳар гаҳ ки боз ояд аз қазои ҳоҷат, бояд ки ният тоза кунад.
Ҳақиқат ва сирри рӯза
Бидон, ки рӯза бар се дараҷа аст: рӯзаи авом ва рӯзаи хавос ва рӯзаи хосулхос. Аммо рӯзаи авом он аст, ки гуфта омад. Ва ғояти он нигоҳ доштани фарҷу батн аст ва ин камтарин дараҷот аст.
Ва аммо рӯзаи хосулхос баландтарин дараҷот аст. Ва он он аст, ки дили худро аз андешаи ҳар чи ҷуз Худой аст, нигоҳ дорад ва ҳамагии худ бад-Ӯ диҳад ва аз ҳар чи ҷуз Ӯст, ба зоҳиру ботин рӯза дорад. Ва ба ҳар чи андеша кунад – ҷуз аҳадияти Ҳақ ва он чи бад-Ӯ тааллуқ дорад – ин рӯза кушода шавад. Ва агар дар ғарази дунё андешад – агарчи мубоҳ бувад – ин рӯза ботил шавад, магар дунёе, ки ёвари вай бошад дар роҳи дин, ки он аз дунё набувад; то гуфтаанд, ки агар ба рӯз тадбири он кунад, ки рӯза ба чи кушояд, хатое бар ӯ нависанд, ки ин далели он бувад, ки ба ризқе, ки Ӯ ваъда карда, ки бад-ӯ хоҳад додан, восиқ (бовардошта) нест.
Ва ин дараҷаи авлиё ва сиддиқон аст ва ҳар касе бар болои ин нарасад.
Аммо рӯзаи хавос он бувад, ки ҷавореҳи худро аз ношоист нигоҳ дорад ва бар батну фарҷ иқтисор накунад. Ва тамомии ин рӯза ба шаш чиз бувад:
Яке он ки чашм нигоҳ дорад аз ҳар чи ӯро аз Худой машғул кунад, хосса аз чизе, ки аз он шаҳват хезад, ки расул алайҳиссалом мегӯяд: «Назари чашм пайконе аст аз пайконҳои иблис – ба заҳр об дода; ҳар ки аз бими Худой аз он ҳазар кунад, ӯро хилъати имон диҳанд, ки ҳаловати он дар дили худ биёбад». Ва Анас ривоят кунад, ки: расул алайҳиссалом гуфт, ки: «Панҷ чиз рӯза бикушояд: дурӯғ ва ғайбат ва суханчинӣ, савганд ба ноҳақ ва назари башаҳват».
Дуввум он ки забон нигоҳ дорад аз беҳуда ва ҳар чи аз он мустағнӣ бошад. Ё хомӯш мебувад ё ба Қуръон хондан машғул шавад. Ва мунозираву лаҷоҷ аз ҷумла беҳудаҳои зиёнкор бувад. Аммо ғайбату дурӯғ – ба мазҳаби баъзе аз уламо – рӯзаи авомро низ ботил кунад.
Ва дар хабар аст, ки: «Ду зан рӯза доштанд. Чунон шуданд аз ташнагӣ, ки бими ҳалок буд, дастурӣ хостанд аз расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам, то рӯза бикушоянд. Қадаҳе ба эшон фиристод, то дар он ҷо қай кунанд. Аз ҳалқи ҳар яке порае хуни сиёҳ барафтод. Мардумон тааҷҷуб бимонданд. Расул гуфт: «Ин ду зан аз он чи Худои таъоло ҳалол карда буд, рӯза фаро гирифтанд, бад-он чи ҳаром карда буд, бикушоданд ва ба ғайбат машғул шуданд. Ва ин чи аз ҳалқи эшон баромад, гӯшти мардумон аст, ки хӯрдаанд!».
Саввум он ки гӯш нигоҳ дорад, ки ҳар чи гуфтан нашояд, шунидан ҳам нашояд. Ва шунаванда шарики гӯянда бувад дар маъсият ва дурӯғу ғайбат ва ғайри он.
Чаҳорум он ки дасту пой ва ҳама ҷавореҳ нигоҳ дорад аз ношоист. Ва ҳар ки рӯза дорад ва чунин корҳо кунад, мисоли ӯ чун беморе бувад, ки аз мева ҳазар кунад ва заҳр хӯрад, ки маъсият заҳр аст ва таом ғизост, ки бисёр хӯрдани ӯ зиён дорад, аммо асли ӯ зиёнкор нест. Ва барои ин гуфт расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ки «Бисёр рӯзадор бувад, ки ӯро аз рӯза ҷуз гуруснагӣ ва ташнагӣ насиб нест».
Панҷум он ки ба вақти ифтор ҳаром ва шубҳат нахӯрад ва аз ҳалоли холис низ бисёр нахӯрад, ки ҳар ки ба шаб он чи ба рӯз фавт шуда бошад, тадорук кунад, чи мақсуд ҳосил ояд? Ки мақсуд аз рӯза заиф кардани шаҳавот аст ва таоми ду бор ба як бор хӯрдан шаҳватро зиёдат кунад, хосса ки алвони таом ҷамъ кунанд; то меъда холӣ набошад, дил софӣ кай гардад? Балки суннат он бувад, ки ба рӯз бисёр нахусбад, то асари заъфи гуруснагӣ дар худ биёбад. Ва чун шаб андак нахӯрад, зуд дар хоб шавад ва намози шаб натавонад кард. Ва барои ин гуфт алайҳиссалом: «Ҳеч вио (зарф), ки пур кунанд, назди Худои таъоло душмантар аз меъда нест».
Шашум он ки пас аз ифтор дили ӯ миёни биму умед муаллақ бувад, ки надонад, ки рӯза мақбул хоҳад буд ё на.
Ҳасани Басрӣ раҳимаҳуллоҳ рӯзи ид ба қавме бигузашт, ки механдиданд ва бозӣ мекарданд; гуфт: «Худои таъоло моҳи рамазонро майдоне сохтааст, то бандагони ӯ дар тоати вай бешиву пешӣҷӯянд: гурӯҳе сабқат гирифтанд ва гурӯҳе бозпас монданд, аҷаб аз касоне, ки механданд ва ҳақиқати ҳоли худ намедонанд! Ба худоии Худой, ки агар парда аз рӯи кор баргиранд, мақбулон ба шодии худ машғул шаванд ва мардудон ба андӯҳи худ мотам гиранд ва ҳеч кас ба хандаву бозӣ напардозад».
Пас, аз ин ҷумла бишиносӣ, ки ҳар ки аз рӯза ба нохӯрдани таому шароб иқтисор кунад рӯзаи ӯ сурате берӯҳ бошад. Ва ҳақиқати рӯза он аст, ки худро ба малоика монанд кунӣ, ки эшонро шаҳват нест – аслан ва баҳоимро шаҳват ғолиб аст ва аз эшон дуранд бад-ин сабаб. Ва ҳар одамӣ, ки шаҳвати ӯғолиб бувад, дар дараҷаи баҳоим бувад ва чун шаҳвати ӯ заиф шуд, шубҳате (шабоҳат, монандӣ) гирифт ба малоика ва бо ин сабаб бо эшон наздик шуд – наздикӣ ба сифат, на ба макон. Ва малоика наздиканд ба Ҳақ таъоло. Пас, ӯ низ наздик гашт. Ва чун темори1
1 Парасторӣ ва муҳофизат – мақсуд ин аст, ки темори рӯзонаи танро аз ҳайси ғизо дар хӯроки шом шом тадорук кунад ва шаҳватро тамом мадад диҳад аз он чи мехоҳад, шаҳват қавӣ гардад, на заиф ва он чи рӯҳи рӯза аст, ҳосил наёяд.
Лавозими ифтор
Бидон, ки қазо ва каффорат ва фидя ва имсок воҷиб ояд ба ифтор дар моҳи рамазон, валекин ҳар яке ба ҷои худ:
Аммо қазо воҷиб ояд бар ҳар мусалмони мукаллаф, ки рӯза бикушояд
– ба узре ё бе узре – ё бар ҳоиз ва мусофиру бемор ва обистан ва бар муртад низ ҳам воҷиб ояд, аммо бар девона ва кӯдак воҷиб наёяд.
Ва аммо каффорат ҷуз ба мубошират ё берун овардани манӣ бар ихтиёр воҷиб наёяд. Ва каффорат он бувад, ки бандае озод кунад; ва агар надорад, ду моҳ пайваста рӯза дорад; ва агар натавонад – ба сабаби заъфу беморӣ – шаст муд(д) таом ба шаст мискин диҳад. Ва ҳар мудде мане бошад, кам сеяке.
Аммо имсок бар касе воҷиб бувад, ки бе узре рӯза бикушояд; ва бар ҳоиз воҷиб наёяд, агарчи дар миёни рӯз пок шавад; ва бар мусофир, агарчи муқим гардад; ва бар бемор, агарчи беҳтар шавад, воҷиб наёяд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё