Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

2 Фурҷа: сӯрох, кушодагӣ.
3 Вале тасбеҳи онҳоро фаҳм намекунанд.
наяндешанд, ба чашми сар мебинанд ва ба чашми дил ибрат нагиранд, самъи эшон маъзул аст аз он чи бояд шунид, то ҳамчун баҳоим ҷуз овоз нашунаванд ва дар забони мурғон, ки дар вай сурати ҳуруф набувад, роҳ набаранд ва чашми эшон маъзул аз дидани он чи бояд дид, то ҳар хат, ки он ҳуруф ва руқум ва сиёҳиву сапедӣ набувад, набинанд ва ин хатҳои илоҳӣ, ки на ҳарф аст ва на рақам бар зоҳир ва ботини ҳама дарҳои олам набиштааст, роҳ бад-он набаранд, дар он хояи мӯрча, ки чанд заррае беш нест, нигоҳ кун ва гӯш дор, то чи мегӯяд, ки ба забони фасеҳ фарёд ҳамекунад, ки: эй салимдил, агар касе сурате бар деворе кунад, аз устодӣ ва наққошии вай ба тааҷҷуб фурӯ монӣ? Биё ва дар ман нигар, то наққоше бинӣ ва суратгаре бинӣ, ки ман худ як зарра беш нестам, ки наққош дар ибтидои офариниш, ки аз ман мӯрчае хоҳад сохт, бинигар ки аҷзои ман чун қисмат кунад, то маро сару дасту пой ва андомҳое сурат кунад ва дар сару димоғи ман чандин ғурфа ва ганҷина бино кунад, ки дар яке қуввати завқ биниҳад ва дар яке қуввати шам биниҳад ва дар яке қуввати самъ биниҳад ва аз беруни сари ман манзаре фурӯ ниҳад ва бар вай нигинае сурат кунад ва сӯрохи чашму даҳон, ки манфази таом аст, сурат кунад ва дасту пой аз ман берун оварад. Ва дар ботин ҷое, ки ғизо ба вай расад, ҳазм афтад ва ҷое, ки сақал аз вай берун ояд ва ҷумла олоти он биёфаринад ва он гоҳ шакли маро чобук ва ба андом бар се табақа бино кунад ва дар якдигар пайвандад ва маро ҳоҷатмандвор камари хидмат бар миён бандад ва қабои сиёҳ пӯшад ва бад-ин олам, ки ту мепиндорӣ, ки барои ту офаридааст, берун орад, то дар неъмати вай чун ту бигардам, балки туро мусаххари ман кунад, то шабу рӯз кишт кунӣ ва тухм пошӣ ва замин рост кунӣ, то ҷаву гандум ва чӯбу донҳо ва мағзҳо ба даст оварӣ ва ҳар куҷо, ки пинҳон кунӣ, маро роҳи он биёмӯзад, то аз даруни хонаи хеш дар зери замин ба вай он бишунавам, бо сари он шавам ва ту худ бо ҳама ранҷ, ки таоми яксола надорӣ, ман таоми яксола баргирам ва бештару маҳкам биниҳам, он гоҳ барои хеш ба саҳро оварам, то чун намерасида бошад, хушк кунам, пеш аз он ки борон ояд, офаридгори ман маро илҳом диҳад, то дона баргирам ва бо ҷое барам ва агар туро хирмане ба саҳро ниҳода бошад ва селро он ҷо роҳ бошад, туро аз он ҳеч хабар набувад, то ҳама зоеъ шавад, пас чӣ гуна шукр кунам худовандеро, ки маро аз заррае бад-ин чобукӣ ва зебоӣ биёфарид ва чун туеро ба барзгарии ман бар пой кард, то таоми ман мекорӣ ва медаравӣ ва ранҷ мекашӣ ва ман бармехурам. Ҳеч ҳайвон аз ҳайвоноти хӯрду бузург нест, ки на ба забони ҳол бар ҷалоли офаридгори хуш ин сано мекунад, балки ҳеч набот нест, ки на ин мунодӣ мекунад, балки ҳеч зарра аз зарраҳои олам, агарчи ҷимод аст, нест, ки ин мунодӣ намекунад ва одамиён аз самои ин мунодӣғофил «Фа иннаҳум ъани-с-самъи ламаъзулуна ва ин мин шайъин илло йусаббиҳу биҳамдиҳи ва локин ло тафқаҳуна тасбиҳаҳум»: ва ин низ оламе аст аз аҷоиби бениҳоят ва шарҳи ин худ мумкин нашавад.
(Ояти дигар)
Дарёҳост, ки бар рӯи замин аст
Ва ҳар яке ҷузве аст аз дарёи муҳит, ки гирди замин даромадааст: ва ҳамаи замин дар миёни дарё чанд гӯе беш нест ва дар хабар аст, ки замин дар дарё чанд истабле аст дар замин, пас чун аз назораи аҷоиби барр фориғ шудӣ, ба аҷоиби баҳр нигар, ки чандон ки дарё аз замин меҳтар, аҷоиби вай бештар, чи ҳар ҳайвон, ки бар рӯи замин аст, ҳамаро дар об назир аст ва бисёре ҳайвоноти дигар, ки худ бар рӯи замин набошад, ҳар яке аз эшон бар шакле ва бар табъе дигар: яке ба хӯрдӣ, чунон ки чашми вайро дарнаёбад ва яке ба бузургӣ, чунон ки киштӣ бар пушти вай фуруд ояд, ки пиндорад замин аст, чун оташ кунанд бар пушти вай огоҳӣ ёбад ва биҷунбад, бидонанд, ки ҳайвон аст! Ва дар аҷоиби баҳр китобҳо кардаанд, шарҳи он чун тавон гуфт. Ва беруни ҳайвон нигоҳ кун дар қаъри дарё ҳайвоне биёфарид, ки садаф пӯсти вай аст ва вайро илҳом дод, то ба вақти борон ба канори дарё ояд ва пӯст аз ҳам бозкунад, то қатраҳои борон, ки хуш бувад ва чун оби дарё шӯр набувад, дар даруни вай шавад, пас пӯст фароҳам кашад ва бо дарё равад, он қатраҳоро дар даруни хеш медорад, чунон ки нутфа дар раҳм ва онро мепарварад ва он ҷавҳари садаф бар сифати марворид офаридааст, он вақт ба вай сироят мекунад, ба муддате дароз, то ҳар қатрае марвориде шавад, баъзе хурд ва баъзе бузург ва ту аз он пирояву ороиш созӣ ва дар даруни дарё аз санг наботе бирӯёнад сурх, ки сурати набот дорад ва ҷавҳари санг, ки онро марҷон гӯянд ва аз кафи дарё ҷавҳаре бо соҳил афтад, ки онро анбар гӯянд ва аҷоиби ин ҷавоҳир, беруни ҳайвон низ бисёр аст.
Ва рондани киштӣ бар рӯи дарё ва сохтан ва шакли он чунон ки фурӯ нашавад ва ҳидояти кишти ба он то боди каж аз рост бишиносад ва офаридани ситора, то далели вай бувад, он ҷо ки ҳамаи олам об бувад ва ҳеч нишон набувад, аз ҳама аҷибтар. Балки офариниши сурати об дар латифиву пайвастагии аҷзои вай ба якдигар ва дар бастани ҳаёт ҳамаи халқ аз ҳайвону набот дар вай аз ҳама аҷибтар: ки агар ба як шарбат мӯҳтоҷ шавӣ ва наёбӣ, ҳама молҳои рӯи замин бидиҳӣ ва агар он шарбатро, ки дар ботини туст, роҳ баста шавад, ки берун натавонад омад, ҳар чӣ дорӣ, базл кунӣ, то аз он халос ёбӣ. Ва дар ҷумла аҷоиби об ва дарё ҳам бениҳоят аст.
(Ояти дигар)
Ҳаво ва он чи дар вай аст
Ва ҳаво низ дарёе аст, ки мавҷ мезанад ва бод мавҷ задани вай аст, ҷинсе бад-ин латифӣ, ки чашм вайро дарнаёбад ва дидори чашмро ҳиҷоб накунад ва ғизои ҷони ту бардавом, ки ба таому шароб дар рӯзе як бор ҳоҷат афтад ва, агар як соат нафас назанӣ ва ғизои ҳаво ба ботин нарасад, ҳалок шавӣ — ва ту аз вай ғофил ва яке аз хосияти ҳаво он аст, ки киштиҳо аз вай овехтааст, ки нагузорад, ки ба об фурӯ шавад ва шарҳи чӣ гунагии ин дароз аст. Ва нигоҳ кун дар ин ҳаво, пеш аз он ки ба осмон расӣ, чӣ офаридааст, аз меғу борон ва барфу барқи раъд ва нигоҳ кун дар он меғи касиф, ки ногоҳ аз миёни ҳавои латиф падид ояд, бошад ки аз замин бархезад ва об баргирад ва бошад, ки бар сабили бухор аз кӯҳҳо падид ояд ва бошад, ки аз нафаси ҳаво падид ояд ва ҷойҳо аз кӯҳу дарё ва чашмаҳо дур аст, бар он ҷо резад қатра-қатра ба тадриҷ, ҳар қатрае, ки меояд хатте мустақим, ки дар тақдир вайро ҷое маълум фармудаанд, ки он ҷо фуруд ояд, то фулон кирм ташна аст, сер шавад ва фулон тухмро об ҳоҷат аст, об диҳад ва фулон набот хушк хоҳад шуд, тар шавад ва фулон мева бар сари дарахт хушк мешавад, бояд ки ба бехи дарахт шавад ва ба ботини вай даршавад ва аз роҳи уруқи вай, ки ҳар яке чун мӯе бошад ба борикӣ мешавад, то бад-он мева расад ва онро тару тоза дорад, ки ту бихӯрӣ ба ғафлат ва бехабар аз лутфу раҳмат ва бар ҳар яке набишта, ки куҷо фуруд ояд ва рӯзии кист, агар ҳама олам хоҳанд, то адади он бишиносанд, натавонанд ва он гоҳ, агар ин борон ба як роҳ биёяд ва бигузарад наботҳоро ба тадриҷ об нарасад, пас ба вақти сармо ин борон биёяд ва сарморо бар вай мусаллат кунад, то дар роҳ онро барф гардонад, ҳамчун пунбаи зарра зарра меояд ва аз кӯҳҳо анборхонаи вай сохта, то он ҷо ҷамъ шавад ва сардтар бувад, то зудтар нагузорад, он гоҳ чун ҳарорат падид ояд, ба тадриҷ мегузорад ва ҷӯйҳо равон ҳамешавад бар миқдори ҳоҷат, то ҳамаи тобистон аз он об ба тадриҷ бар мазореъ нафақа мекунад, ки агар на чунин будӣ, бардавом борон боистӣ, ки меомадӣ ва ранҷ ба сабаби он бисёр будӣ, агар ба як дафъа биёмадӣ, ҳама сол набот ташна бимондӣ, дар барқ чандин лутф ва раҳмат аст ва дар ҳар чизе ҳамчунин, балки ҳама аҷзои замину осмон ҳама ба ҳақ ва ҳикмату адл офаридааст ва барои ин гуфт: «Ва мо халақно-с-самовоти ва-л-арзи ва мо байнаҳумо ло ъабина. Мо халақно ҳумо илло би-л-ҳаққи — ба бозӣ наёфаридаем, ба ҳақ офаридаем», яъне чунон офаридем, ки мебоист.
(Ояти дигар)
Малакути осмон ва ситорагон ва аҷоиб аст, ки замин ва он чи андар замин аст, дар он мухтасар аст; ва ҳама Қуръон танбеҳ аст бар тафаккур дар аҷоиби осмон ва нуҷум, чунон ки гуфт: «Ва ҷаъално-с-самоъа сақфан маҳфузан ва ҳум ъан ойотиҳо муғризуна»1. Ва гуфт: «Лахалқу-с-самовоти вал-арзи акбару мин халқи-н-носи»2, туро фармудаанд, то дар аҷоиби осмон тафаккур кунӣ, на аз баҳри он ки то кабудии осмон ва сапедии ситораҳо бинӣ ва чашм фароз кунӣ, ки худ баҳоим ин низ бинанд, валекин чун ту худро ва аҷоиби худро, ки ба ту наздиктар аст ва аз ҷумла аҷоиби осмону замин як зарра набошад, нашиносӣ, аҷоиби малакути осмонро чун шиносӣ, балки бояд ки ба тадриҷ тараққӣ кунӣ: бештар хештанро шиносӣ, пас замину ҳайвон ва наботу маодин, пас ҳавову меғ ва аҷоиби он, пас осмонҳо ва кавокиб, пас курсӣ ва арш, пас аз олами аҷсом берун шавӣ ва дар олами арвоҳ шавӣ, он гоҳ малоикаро бишиносӣ ва ситорагону шаётинро ва ҷинро ва дараҷоти фаришатгон ва мақомоти мухталифи эшон, пас бояд ки дар осмону ситорагон ва ҳаракату гавҳари эшон ва машориқу мағориби эшон тафаккур кунӣ ва бинигарӣ, то он худ чист ва барои чист ва нигоҳ кунӣ дар бисёрии кавокиб, ки кас адади он нашиносад ва ҳар якеро ранге дигар, баъзе сурх ва баъзе сапед ва баъзе хурд ва баъзе бузург ва он гоҳ бар эшон сурати ҳар яке бар шакле дигар карда, баъзе бар сурати ҳамал ва баъзе бар сурати савр ва баъзе бар сурати ақраб ва ҳамчунин: бал ҳар сурате, ки бар замин аст аз ашкол онро он ҷо мисоле ҳаст, он гоҳ сайру равиши эшон мухталиф, баъзе ба як моҳҳамаи фалак бибарад ва баъзе соле ва баъзе ба дувоздаҳ сол ва баъзе ба сӣ сол ва бештар, то он ки ба сӣҳазор сол фалак бигузорад ва аҷоиби улуми онро ниҳоят нест. Ва чун аҷоиби замин бидонистӣ, бидон, ки тафовут дархури тафовути шакли эшон аст: ки замин бад-он фарохист, ки ҳеч кас ба тамомии вай нарасад ва офтоб саду шасту анд бори чанд замин аст ва бад-ин бидонӣ, ки масофат чӣ гуна дур аст, ки чунин хурд менамояд? Ва бад-ин бидонӣ, ки чӣ гуна зуд ҳаракат мекунад, ки дар миқдори ним соат, ки қурси офтоб ҷумла аз замин барояд, масофати саду шасту анд бори чанд замин аст, ки бибурида бошад ва аз ин бувад, ки расул салавотуллоҳу алайҳи як рӯз аз Ҷабраил алайҳиссалом бипурсид аз завол, гуфт: «Ло наъам». Гуфт: «На, оре?» Гуфт: «Ин чӣ гуна бувад?» Гуфт:
«Аз он вақт, ки гуфтам, ло». То акнун, ки гуфтам: наъам, понсадсола вақт бувад ва ситора ҳаст бар осмон, ки сад бор чанди замин аст ва аз
1 Осмонро чун сақфи маҳфузе офаридем...
2 Офариниши осмонҳо ва замин бузургтар аз офариниши одамӣ аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё