Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

2 Ва чӣ бисёр бар нишонаҳои осмону замин мегузаранд ва бад онҳо таваҷҷӯҳе надоранд?
3 Чаро наменигаранд дар муҳликоти осмону замин ва дар он чи Худованд офаридааст?!
як сифат дар ту чизҳои мухталиф падид овард, чун пӯст ва гӯшту раг ва пайу устухон, пас аз ин ҷумла андомҳои ту сурат кард: саре мудаввар ва ду дасту пойи дароз ва ҳар яке ба панҷ шох биёфарид; пас бар берун чашму гӯшу бинӣ ва забон ва дигар аъзо биёфарид ва дар ботини ту меъда ва куля ва сипурз ва раҳму масона ва рӯдаи бисёр биёфарид, ҳар яке бар шакле дигар ва ба миқдоре дигар, пас ҳар яке аз ин ба чанд қисмат бикард: ҳар ангуште се банд ва ҳар узве мураккаб аз пӯсту гӯшт ва рагу пай ва устухон ва чашм, ки чанд миқдор лавзе беш нест, ба ҳафт табақа биёфарид, ҳар табақае ба сифате дигар, ки агар яке аз он табоҳ шавад, ҷаҳон бар ту торик шавад ва агар шарҳи аҷоиби чашм танҳо бигӯем, варақҳои бисёр сиёҳ бояд кард. Пас, нигоҳ кун ба устухон, ки чӣ гуна ҷисме сахт ва маҳкам аз ин оби латифи тунук биёфарид ва ҳар порае аз вай бар шакле ва миқдоре, баъзе гирд ва баъзе дароз ва баъзе паҳн ва баъзе миёнтиҳӣ ва баъзе миёноканда ва ҳама бар якдигар таркиб кард ва дар миқдор ва шаклу сурат бар он бино кард, агар ба як лахт будӣ, пушт дуто натавонистӣ кард ва агар пароканда будӣ, пушт рост бознатавонистӣ дошт ва бар пой натавонистӣ истод, пас онро мӯҳра мӯҳра биёфарид, то дуто шавад ва он гоҳ дарҳам сохт ва пайу раг бар вай печид ва маҳкам бикард, то ҳамчунон як лахт рост биистад, чун ҳоҷат бувад ва дар сари ҳар мӯҳра чун нару модае бисохт, то дар ҳам нишинанд ва бо якдигар маҳкам шаванд ва аз ҷавониби мӯҳраҳо чун ҷиноҳҳо1 берун овард, то пайҳо заиф, ки бар вай печидааст, аҳком2 вайро бар вай такя занад ва ҷумлаи сарро аз панҷоҳу панҷ пораустухон биёфарид ва дар ҳам пайваст ба бандҳои борик, то агар як гӯшаро офате расад, он дигарон ба саломат бимонанд ва ҳама шикаста нашавад ва дандонҳо биёфарид, баъзе сарпаҳн, то луқма ос кунад ва баъзе росту борику тез, то таом хурд кунад ва бибурад ва ба осиё андозад, пас гардан аз ҳафт мӯҳра биёфарид ва ба рагу пай, ки бар вай печид, маҳкам бикард ва сар бар вай таркиб кард ва пушт аз бисту чаҳор мӯҳра биёфарид ва гардан бар вай ниҳод, пас устухонҳои сина биёфарид пурпаҳно ва дар он мӯҳраҳо сохт ва ҳамчунин дигар устухонҳо ва шарҳи он дароз аст ва дар ҷумлаи тани ту дувисту чиҳилу ҳашт устухон биёфарид, ҳар яке барои ҳикмате дигар, то кори ту рост ва сохта бошад ва ин ҳама аз ин оби сахиф офарид, агар яке аз устухонҳо камтар шавад, боз аз кор бозмонӣ ва агар яке зиёдат шавад, боз он дармонӣ. Пас, чун туро дар ҷунбонидани ин ҳар яке бар шакле, баъзе бар шакли моҳии миёнситабр ва сарборик, баъзе хурд ва баъзе бузург, мураккаб аз гӯшту
1 Ҷиноҳ: бол.
2 Маҳкам кардан.
пай ва аз пардае, ки ғилофи вай бошад: бисту чаҳор аз барои он аст, то ту чашму пилк аз ҳамаи ҷавониб тавонӣҷунбонид ва дигарон бар ин қиёс кун, ки шарҳи он низ дароз аст. Пас, дар ту се ҳавз биёфарид ва аз вай ҷӯйҳо ба ҷумлаи тан кушода кард: яке димоғ, ки аз он ҷӯйҳои аъсоб берун ояд ва ба ҳама тан расад, то қудрати ҳиссу ҳаракат дар он меравад ва аз вай ҷӯе ба даруни мӯҳраҳои пушт берун ниҳод, то аъсоб аз мағз дур нашавад ва илло хушк шудӣ ва дигар ҳавзи ҷигар ва аз вай рагҳо ба ҳафт андом кушода кард, то ғизо дар вай равон бошад ва саввум ҳавзи дил ва аз вай рагҳо ба ҳама тан кушода кард, то рӯҳ дар вай равон бошад ва аз дил ба ҳафт андом мерасад. Пас, тафаккур дар як узви хеш кун, ки ҳар яке чун офарид ва барои чӣ офарид: чашмро аз ҳафт табақа биёфарид бар ҳайату лавне, ки аз он некӯтар набошад ва пилкҳо биёфарид, то гард аз вай мешӯяду месутурад ва мижаҳоро биёфарид росту сиёҳ, то некӯтар бошад ва то дидори чашм бад-он қувват мегирад ва то чун ғуборе ба ҳам даргузорӣ, то гарде ба вай нарасад ва аз миёни он берун тавон нигарид ва хошоке, ки аз боло фуруд ояд, мижа онро нигоҳ дорад ва чун пурчини чашм бошад ва аҷабтар аз ин ҳама он, ки ҳадақа чанд адасе пеш нест, сурати осмону замин бад-ин фаррохӣ дар вай пайдо ояд, то дар як лаҳза, ки чашм боз кунӣ, осмон бо дурии вай бинӣ ва агар аҷоиби дидори чашм ва дидори оина ва он чи дар вай пайдо ояд, бигӯянд, дар муҷалладҳои бисёр тавон гуфт.
Пас, гӯшро биёфарид ва оби талх дар вай ниҳод, то ҳеч ҳайвон ба вай фурӯ нашавад ва он гоҳ садафи гӯш биёфарид, то овоз ҷамъ кунад ва ба сӯрохи гӯш расонад ва дар вай печу таҳрифи1 бисёр биёфарид, то агар хуфта бошад ва мӯрчае қасди он кунад, роҳ бар вай дароз шавад ва бисёр гирд барояд, то туро огоҳӣ бувад. Ва агар шарҳи даҳону бинӣ ва дигар аъзо бигӯем, ҳам дароз шавад ва мақсуд аз ин он аст, то роҳ бозёбӣ ва дар ҳар яке андеша мекунӣ, ки ин барои чист ва бад-он аз ҳикмату азамат ва лутфу раҳмат ва илму қудрати офаридгор огоҳ мешавӣ, ки аз сар то пой, ҳама аҷоиб аст.
Ва аҷоиби ботин ва хизонаҳои димоғ ва қувватҳои ҳис, ки дар вай ниҳодааст, аз ҳама аҷибтар, балки он чи дар сина ва шикам аст ва ҳамчунин: ки меъдаро биёфарид, чун деги гарм, ки бардавом меҷӯшад, то таом дар вай пухта мегардад ва ҷигар он таомро хун мегардонад ва рагҳо он хунро ба ҳафт андом мерасонад ва заҳра кафи он хунро, ки чун сафро бувад, меситонад ва супурз дурди он хунро, ки савдо бувад, аз вай меситонад ва куля об аз вай ҷудо мекунад ва ба масона мефиристад ва
1 Каҷӣ, инҳироф.
аҷоиби раҳм ва олоти валодат ҳамчунин.
Ва аҷоиби маонӣ ва қувватҳо дар вай офарид, чун биноиву шунавоӣ ва ақлу илм ва амсоли ин бештар, пас ё субҳоналлоҳ, агар касе сурате некӯ бар деворе кунад, аз устодии вай аҷаб бимонӣ ва бар вай сано бисёр кунӣ ва мебинӣ, ки бар қатраи об ин ҳама нақш дар зоҳиру ботини вай пайдо меояд, ки на қаламро бинӣ ва на наққошро ва аз азамати ин наққош аҷаб намонӣ ва дар камоли қудрат ва илми вай мадҳуш нашавӣ ва аз ҷамолу камол ва шафқату раҳмати вай тааҷҷуб накунӣ?! Ки туро чун ба ғазо ҳоҷат бувад дар раҳм, агар даҳон бозкардӣ ва хуни ҳайз на бо андоза ба меъдаи ту расидӣ, табоҳ шудӣ, пас аз роҳи гузари ноф ғазои ту рост кард ва чун аз раҳм берун омадӣ, нофро бибаст ва даҳон кушода кард, ки модар ғизо ба қадри хеш тавонад дод, пас чун тани ту дар он вақт заиф ва нозук бувад ва тоқати таомҳо надошт, аз шири модар, ки латиф бошад, ғизои ту сохт ва пистони модар биёфарид ва сӯрохҳои танг дар вай биёфарид, то шир бар ту неру накунад ва козуре дар даруни сина бинишонд, то он хуни сурх, ки ба вай мерасад, вай сапед мекунад ва поку латиф ба ту мефиристад ва шафқатро бар модари ту муваккал кард, то агар як соат ту гурусна шавӣ, қарор ва ором аз ӯ бишавад, пас чун ширро ба дандон ҳоҷат набувад, дандон наёфарид, то синаи модарро ҷароҳат мекунӣ ва он гоҳ, ки қуввати таом хӯрдан падид омад ба вақти хеш дандон биёфарид, то бар таоми сахт қодир шавӣ, инат кӯр ва нобино, ки ин мебинад ва дар азамати офаридгор мадҳуш нашавад ва аз камолу лутф ва шафқати ӯ мутаҳаййир нагардад ва бар ин ҷамолу ҷалол ошиқ намонад! Ва инат ғофил ва пуршаҳват ва сутуртабъ касе, ки андар ин тафаккур накунад ва аз ин худ наяндешад ва он ақл, ки ба вай додаанд ва чун хашм гирад, дар касе афтад ва ҳамчун баҳоим аз тамошо кардан дар бӯстони маърифати Ҳақ таъоло маҳрум монад!
Ин қудрат кифоят бошад танбеҳро ва бештар аз ин аз аҷоиби офариниши ту яке аз сад ҳазор нест ва бештари ин аҷоиб дар ҳама ҳайвонот мавҷуд аст: аз пашша даргир то пил ва шарҳи он дароз бувад.
Ояти дигар замин аст ва он чи дар вай офаридааст Агар хоҳӣ, ки аз аҷоиби хеш фаротар шавӣ, дар замин нигоҳ кун, ки чӣ гуна бӯстони ту сохтааст ва ҷавониби вай фарох густаронида, ки чандон ки равӣ ба канори вай нарасӣ ва кӯҳҳоро автоди1 вай сохта, то ором гирад дар зери пои ту ва наҷунбад ва аз зери сангҳои сахт обҳои латиф равон
1 Мехҳо.
карда, то ба рӯи замин меравад ва ба тадриҷ берун меояд, ки агар ба санги сахт обҳо гирифта набудӣ, ба як роҳ омадӣ, то ҷаҳон ғарқ гаштӣ ё пеш аз он ки мазореъ ба тадриҷ об хӯрдӣ, бирасидӣ; ва дар вақти баҳор бинигар ва тафаккур кун, ки рӯи замин ҳама хоки касиф бошад, чун борон бар вай ояд, чи гуна зинда шавад ва чун дебое ҳафтранг гардад, балки ҳазорранг шавад, тафаккур кун дар он наботҳо, ки падид ояд ва дар он шукуфаҳо ва гулҳо, ҳар яке ба ранге дигар , ҳар яке аз дигаре зеботар; пас дар дарахтон ва меваҳои он тафаккур кун ва ҷамолу сурати ҳар яке ва бӯю манфиати ҳар яке, балки он гиёҳҳо, ки ту онро ном камтар донӣ, аҷоиб манфиатҳо дар вай таъбия чун кардаанд: яке талх ва яке ширин ва яке турш, яке беморро тандуруст кунад ва яке бемор кунад, яке зиндагонӣ нигоҳ дорад ва яке бибарад чун заҳр, яке сафроро биҷунбонад ва яке сафроро ҳазимат кунад, яке савдоро аз ақсои уруқ берун оварад ва яке савдо ангезад, яке гарм ва яке сард, яке хушк ва яке нарм, яке хоб оварад ва яке хоб бибарад, яке шодӣ оварад ва яке андӯҳ оварад, яке ғизои ту ва яке ғизои сутурон ва яке ғизои мурғон, тафаккур кун, то ин чанд ҳазор аст ва дар ҳар яке аз ин чанд ҳазор аҷоиб, то камоли қудрат бинӣ, ки ақлҳо, бояд ки аз вай мадҳуш шавад ва ин низ бениҳоят аст.
(Ояти дигар)
Вадиъатҳои азиз ва нафис аст, ки дар зери кӯҳҳо пинҳон кардааст, ки онро маодин гӯянд, он чи аз вай ороишро шояд, чун зару сим ва лаълу пирӯза ва балхашу1 шаба ва яшму булӯр ва он чи аз вай авонеро шояд, чун оҳану мис ва биринҷу руй ва орзиз2 ва он чи аз вай корҳои дигар ояд аз маодин, чун намаку гӯгирд ва нафту қир ва камтарини он намак аст, ки таом бад-он гуворида шавад ва агар дар шаҳре он наёбанд, ҳама таомҳо табоҳ шавад ва ҳама лаззатҳои таом бишавад ва ҳама бемор гарданд ва бими ҳалок бувад, пас дар лутф ва раҳмат нигоҳ кун, ки таоми ту агарчи ғизо дод, лекин чун дар хушии вай чизе дармебоист, дареғ надошт, ин намак аз оби софии борон биёфарид, ки бар замин ҷамъ шавад ва намак мегардад ва ин низ бениҳоят аст.
(Ояти дигар)
Ҷонваронанд бар рӯи замин, ки баъзе мераванд ва бархе мепаранд ва баъзе мехазанд ва баъзе ба ду по мешаванд ва баъзе ба чаҳор пой ва баъзе ба шикам ва баъзе ба пойҳои бисёр ва нигоҳ кун мурғони ҳаво ва
1 Шояд лаъл бошад? (дар Бурҳон: зоҷи сиёҳ).
2 Қалъа.
ҳашароти заминро, ҳар яке бар шакле дигар ва ба сурате дигар ва ҳама аз якдигар некӯтар, ҳар якеро он чи ба кор бояд дод ва ҳар якеро биёмӯхта, ки ғизои хеш чун ба даст оварад ва баччаро чун нигоҳ дорад, то бузург шавад ва ошёни хеш чун кунад; дар мӯрча нигоҳ кун, ки ба вақти хеш ғизо чун ҷамъ кунад, он чи гандум бувад бидонад, ки агар дуруст бигузорад, табоҳ шавад, онро ба ду нима кунад, то шиша дарнаяфтад ва гашниз, ки дуруст набошад, табоҳ шавад, онро дуруст бигузорад ва дар анкабут нигоҳ кун, ки хонаи хеш чи гуна кунад ва ҳандаса дар таносуби он чун нигоҳ дорад: ки аз луоби хеш ресмон созад ва ду гӯшаи девор талаб кунад ва аз як ҷониб бунёд афканад ва ба дигар барад, то тор тамом биниҳад, он гоҳ пуд бар гардан гирад ва миёни нахҳо рост дорад, то баъзе дуртар ва баъзе наздиктар набувад, то некӯ ва баандом бувад, он гоҳ хештан сарнагун аз як гӯшае даровезад мунтазири он ки то магасе бипарад, ки ғизои вай он бувад, пас хештан бар вай андозад ва вайро сайд кунад ва он ришта бар дасту пои вай печад, то аз гурехтан эмин шавад; пас биниҳад ва ба талаби дигаре шавад ва дар занбӯр нигоҳ кун, ки хонаи хеш мусаддас1 кунад, ки агар чаҳорсӯ кунад, гӯшаҳои хона холӣ ва зоеъ монад ва агар гирд кунад, чун мудавварот ба ҳам бозниҳӣ, беруни фурҷатҳо2 зоеъ бошад ва дар ҳама ашкол ҳеч шакле нест, ки ба мудаввар наздиктар бувад ва ҳамвортар, магар мусаддас ва ин ба бурҳони ҳандасӣ маълум кардаанд ва худованди олам ба лутфу раҳмати хеш чандон иноят дорад бад-ин ҳайвони мухтасар, ки вайро илҳом диҳад ва пашшаро илҳом диҳад, то бидонад, ки ғизои вай хун ва пӯсти туст, вайро хартуме тез ва борик ва муҷавваф биёфарид, ки то ба пӯсти ту фурӯ барад ва он хун мекашад ва вайро ҳиссе низ бидод, то чун даст биҷунбонӣ, ки вайро бигирӣ бидонад ва бигурезад ва вайро ду пари латиф биёфарид, то битавонад паридан ва зуд битавонад гурехтан ва зуд бозтавонад омадан, агар вайро ақл ва забон астӣ, чандон аз фазл ва инояти офаридгор шукр кунадӣ, ки ҳама одамиён аҷаб монандӣ, лекин пайваста ба забони ҳол шукр мегӯяд ва тасбеҳ мекунад ва локин ло тафқаҳуна тасбиҳаҳум3; ва ин ҷинс аҷоиб низ ниҳоят надорад, киро заҳраи он бувад, ки тамаъи он кунад, ки аз сад ҳазор яке бишиносад ва бигӯяд, чи гӯӣ, ин ҳайвонот бо шаклҳои ғариб ва суратҳои аҷиб ва лавнҳои мухталиф ва андомҳои рости худ офариданд хештанро ё ту офаридӣ эшонро? Субҳон он Худое, ки бо ин равшанӣ чашмҳоро кӯр тавонад кард, то набинанд ва дилҳоро ғофил тавонад дошт, то
1 Шашгӯш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё