Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Ин аст аҳволи муҷтаҳидон ва амсоли ин бисёр аст ва ҳикояти он дароз шавад ва дар китоби «Эҳё» аз ин бештар овардаем, бояд ки банда, агар аҳвол намебинед, боре мешунавед, то тақсири хеш бишиносад ва рағбати хайр дар вай ҳаракат кунад ва бо нафс муқовимат битавонад кард.
Мақоми шашум – дар муотабаи нафс ва тавбихи вай Бидон, ки ин нафсро чунон офаридаанд, ки аз хайр гурезон бошад ва табъи вай коҳилӣ ва шаҳват рондан аст ва туро фармудаанд, то вайро аз ин сифат бигардонӣ ва ӯро бо роҳ оварӣ аз бероҳӣ ва ин бо вай баъзе бо унф тавон кард ва баъзе ба лутф ва баъзе ба кирдор ва баъзе ба гуфтор, чи дар табъи вай офаридаанд, ки чун хайри хеш дар коре бинад, қасди он кунад ва агарчи бо ранҷ бувад, бар ранҷ сабр кунад, валекин ҳиҷоби вай бештар ҷаҳл аст ва ғафлат ва чун вайро аз хоби ғафлат бедор кунӣ ва оинаи равшан фаро рӯи вай дорӣ, қабул кунад ва барои ин гуфт Ҳақ таъоло: «Ва заккир фа инна-зикро танфаъу-л-муъминуна»1. Ва нафси ту ҳам аз ҷинси нафси дигарон аст, охир тавбих ва панд дар вай асар кунад, пас хештанро аввало панд деҳ ва итоб кун, бал ба ҳеч вақт итоб ва тавбих аз вай бозмагир ва бо вай бигӯ: ё нафс, даъвои зиракии ман кунӣ ва агар касе туро аҳмақ гӯяд, хашм гирӣ: ва аз ту аҳмақтар кист?! Ки агар касе ба бозӣ ва ханда машғул бошад дар вақте, ки лашкар бар дари шаҳр ва мунтазири вай ва кас фиристода, то вайро бибаранд ва ҳалок кунанд ва вай ба бозӣ машғул бошад, аз вай аҳмақтар кӣ бошад? Лашкари мурдагон бар дари шаҳр мунтазири туанд ва аҳд кардаанд, то туро набаранд, барнахезанд ва дӯзаху биҳишт барои ту офаридаанд ва бошад, ки ҳам имрӯз туро бибаранд ва агар имрӯз набаранд, фардо бибаранд ва коре, ки бихоҳад буд, ба буда гир ва марг бо кас миъод наниҳад, ки ба шаб оям ё ба рӯз, зуд оям ё дер, зимистон оям ё тобистон ва ҳамаро ногоҳ гирад, вақте гирад, ки эминтар бошад, чун вайро сохта набошӣ, чӣҳамоқат бувад беш аз ин, вайҳак ё нафс ҳама рӯз ба маъосӣ машғул!
Агар мепиндорӣ, ки Худои таъоло намебинад, кофирӣ ва агар медонӣ, ки мебинад, сахт далерӣ ва бешарм, ки аз иттилоъи вай бок намедорӣ! Агар ғуломе аз он дар ҳаққи ту ин нофармонӣ кунад, хашми ту бо вай чун бувад?! Хашми вай ба чӣ эмин шудаӣ?! Агар мепиндорӣ, ки тоқати азоби вай дорӣ, ангушт пеши чароғ дор, ё як соат дар офтоб бинишин, ё дар хонаи гарми гармоба қарор гир, ё бечорагӣ ва бетоқатии хеш бинӣ, агар мепидорӣ, ки ба ҳар чӣ кунӣ, туро бад-он нахоҳанд гирифт, пас ба Қуръон кофирӣ ва Худойро ва саду бисту чаҳор ҳазор пайғомбарро дурӯғзан медорӣ, ки мегӯяд: «Ман йаъмал суан йуҷзабиҳи — ҳар кӣ бад кунад, бад бинад». Вайҳак, ҳамоно мегӯӣ, вай раҳим ва карим аст, маро уқубат накунад, чаро сад ҳазор касро дар ранҷи гуруснагӣ ва беморӣ ва обила медорад ва чаро ҳар кӣ намекорад, намедаравад? Ва чаро чун фаро
1 Панд деҳ, ки панд мӯъминонро суд дорад.
шаҳват расӣ, ҳилатҳо рӯи замин бикунӣ, то сим ба даст оварӣ ва нагӯӣ, ки Худой раҳим аст, худ бе ранҷи ман кор рост кунад? Вайҳак ҳамоно гӯӣ чунин аст, валекин тоқати ранҷ намедорам ва надонӣ, ки ранҷи андак кашидан бар касе, ки ранҷ натавонад кашидан, фаризатар, то фардо аз ранҷи дӯзах бираҳад? ҳар кӣ ранҷ накашад, аз ранҷ нараҳад, чун имрӯз тоқати ин миқдор ранҷ намедорӣ, фардо тоқати ранҷи дӯзах ва мазаллату хорӣ ва рондагӣ ва малъунӣ чун дорӣ? Вайҳак, чаро дар талаби симу зар ранҷ ва мазаллати бисёр бикашӣ ва дар талаби тандурустӣ ба қавли табибе ҷоҳил ҳама шаҳавоти хеш даст бидорӣ, ин қадар надонӣ, ки дӯзах аз беморӣ ва дарвешӣ саъбтар ва муддати охират аз умри дунё дарозтар? Ва ҳамоно гӯӣ, ки андар андешаи онам, ки тавба кунам ва беҳтар аз ин коре фаро даст гирам, бошад, ки то тавба кунӣ, марг ногоҳ дарояд ва ҳасрат ба даст бимонад?! Ва агар мепиндорӣ, ки фардо тавба осонтар хоҳад буд аз имрӯз, ин аз ҷаҳл аст, ки ҳарчанд таъхир бештар кунӣ, душхортар бувад ва он гоҳ чун марг наздик расад, чунон бувад, ки устурро ба поёни ақаба ҷав диҳӣ, суд надорад! Ва амсоли ту чун касе бувад, ки ба талаби илм шавад, коҳилӣ мекунад ва мегӯяд, ки он рӯзи пасин, ки бо шаҳри хеш хоҳам шуд, ҷаҳд кунам ва ин қадар надонад, ки илм омӯхтанро рӯзгоре дароз бояд, ҳамчунин нафс марди тоибро рӯзгори дароз дар тавбаи муҷоҳидат бояд ниҳод, то пок гардад ва то ба дараҷаи маърифат ва унс ва муҳаббат расад ва ҷумла ақабаҳоеро бигузарад ва чун умр гузашт ва зоеъ шуд бе мӯҳлат ин чун тавонӣ?! Чаро ҷавонӣ пеш аз пирӣ ва тандурустӣ пеш аз беморӣ ва фароғат пеш аз шуғл ва зиндагонӣ пеш аз марг ба ғанимат надорӣ?! Вайҳак, чаро дар тобистон корҳои зимистон рост кунӣ ва таъхир накунӣ ва бар фазлу карами Худои таъоло эътимод накунӣ, охир замҳарири дӯзах камтар аз сармои зимистон нест ва гармои вай камтар аз гармои тобистон нест, андар ин ҳеч тақсир накунӣ ва дар кори охират тақсир кунӣ, на ҳамоно ки инро сабабе аст, магар он ки ба рӯзи қиёмат ва ба охират имон надорӣ, ин гуфт дар ботин дорӣ ва бар хештан пӯшида медорӣ ва ин сабаби ҳалоки абадии ту бошад. ҳар кӣ пиндорад, ки бе он ки дар ҳимояти ҷабҳаи нури маърифат шавад, нори шаҳват пас аз марг дар миёни ҷони вай наяфтад, чунон бувад, ки пиндорад, ки бе он ки дар ҳимояти ҷубба шавад, сармои зимистон гирди пӯсти вай нагардад ба фазлу карами Худои таъоло ва ин қадар надонад, ки фазли вай бидонист, ки чун зимистон офарида бувад, туро ба ҷубба биёфарид ва асбоби он рост бикард на барои он бувад, ки бе ҷубба сармо дафъ афтад! Вайҳак, гумон мабар, ки ин маъсият туро ба уқубат аз он барад, ки Худои таъолоро аз мухолифати ту хашм ояд, то гӯӣвайро аз маъсияти ман чи, ки ин на чунон аст, балки оташи дӯзах дар даруни ту ҳам аз шаҳвати ту тавлид кунад, на аз он ки табиб хашмгин шавад, ба сабаби мухолифати ту фармони вайро?! Вайҳак, ҷуз он нест, ки бо лаззати дунё ва неъмати дунё қарор гирифтаӣ ва ба дил ошиқу фирефта ва бастаи вай шудаӣ, агар ба дӯзаху биҳишт имон надорӣ, боре ба марг имон дорӣ, ки ин ҳама аз ту бозситонанд ва ту дар фироқи вай сӯхта шавӣ, чандон ки хоҳӣ дӯстии ин дар дил маҳкамтар мекун! Ва агар ҳамаи дунё ба ту диҳанд аз машриқ то мағриб ва ҳама туро суҷуд кунанд, то муддате андак ту бо эшон ҳама хокӣ шавӣ, ки кас аз ту ёд наёрад, чунон ки аз мулуки гузашта ёд менаёранд, чун аз дунё ҷуз андаке ба ту надиҳанд ва он низ мунағғас ва мукаддар ва биҳишти ҷовидонро бад-ин мефурӯшӣ, вайҳак! Агар касе сафоле шикастанӣ ба гавҳаре ҷовид нахарад, чӣ гуна бар вай хандӣ: дунё сафоли шикастанӣ аст ва ногоҳ шикаста гир ва он гавҳари ҷовид фавт шуда гир ва дар ҳасрат бимонда гир; ин ва амсоли ин итобҳо бо нафси худ ҳамеша мекунад, то ҳақ худ гузорида бошад ва дар ваъз ибтидо ба хештан карда бошад.
АСЛИ ҲАФТУМ
Дар тафаккур
Бидон, ки расул салавотуллоҳу алайҳи гуфтааст: «Тафаккуру соъатин хайрун мин ъибодати санатин — як соат тафаккур беҳтар аз як сол ибодат». Ва дар Қуръон ҷойҳои бисёр аст, ки тадбир ва назар ва эътибор1 фармудаанд ва ин ҳама тафаккур бувад. Ва ҳар касе фазли тафаккур бишиносад, валекин ҳақиқати вай ва чӣ гунагии вай нашиносад, ки ин тафаккур дар чист ва барои чист ва самарати вай чист: пас шарҳи он муҳим аст ва мо аввал фазилати вай бигӯем, пас ҳақиқати вай, пас он чи тафаккур барои вай аст, пас он чи тафаккур дар вай аст.
Фазилати тафаккур
Бидон, ки коре, ки як соат аз он аз ибодати соле фозилтар бувад, дараҷаи вай бузург бувад. Ва Ибни Аббос разийаллоҳу анҳу гӯяд, ки:
қавме тафаккур мекарданд дар Худои таъоло, расул салавотуллоҳу алайҳи гуфт: «Дар халқи вай тафаккур кунед, дар вай тафаккур макунед,
1 Ибрат гирифтан.
ки тоқати он надоред ва қадри вай натавонед шинохт». Ва Оиша разийаллоҳу анҳо мегӯяд, ки: расул салавотуллоҳу алайҳи намоз мекард ва мегирист, гуфтам: чаро мегирйӣ, ки гуноҳони ту афв кардаанд? Гуфт:
«Чаро нагирям ва ин оят бар ман фуруд омадааст: Инна фи халқи-ссамовоти ва-л-арзи ва ихтилофи-л-лайли ва-н-наҳори ли ойотин ли авлил-албоби»1, пас гуфт: «Вой бар он кас, ки бархонад ва тафаккур накунад».
Ва Исоро алайҳиссалом гуфтанд, ки: бар рӯи замин мисли ту ҳаст, ё рӯҳуллоҳ? Гуфт: «Ҳаст, ҳар кӣ сухани вай ҳама зикр бувад ва хомӯшии вай ҳама фикр бувад ва назари вай ҳама ибрат, мисли ман аст. Ва расул салавотуллоҳу алайҳи гуфт: «Чашмҳои хешро аз ибодат насиб диҳед».
Гуфтанд: чӣ гуна? Гуфт: «Ба хондани Қуръон аз мусҳаф ва тафаккур андар он ва ибрат аз аҷоиби вай». Абӯсулаймони Доронӣ мегӯяд: «Тафаккур дар дунё ҳиҷоби охират аст ва тафаккур дар охират самарати вай ҳикмат аст ва зиндагонии дилҳо. Довуди Тоӣ дар малакути осмон тафаккур мекард ва мегирист, то ба сарои ҳамсоя фурӯ афтод, ҳамсоя барҷаст ва шамшер баргирифт, пиндошт, ки дузд аст, чун вайро дид гуфт: «Туро ки андохт?» Гуфт: «Бехабар будам надонам».
Ҳақиқати тафаккур
Бидон, ки маънии тафаккур талаби илм аст ва ҳар илм, ки аз бадеҳа маълум набувад, вайро талаб мебояд кард ва он мумкин нест, илло бадон, ки маърифати дигарро бо якдигар ҷамъ кунӣ, миёни нару мода бачча таваллуд кунад, он ду маърифат чун ду асл бошад ин маърифати сеюмро, он гоҳ бо дигаре ҷамъ кунад, то аз вай чаҳоруме падид ояд, ҳамчунин таносули улум бениҳоят меафзояд; ва ҳар кӣ бад-ин тариқ улум ҳосил тавонад кард, аз он аст, ки роҳ бад-он улум, ки усул аст, намебарад ва масали вай чун касе бувад, ки сармоя надорад, тиҷорат чун кунад? Ва агар медонад, валекин намедонад, ки миёни эшон ҷамъ чун бояд дошт, чун касе бувад, ки сармоя дорад, валекин бозоргонӣ надонад ва шарҳи ҳақиқати ин дароз аст ва дар ин як мисол бигӯем: касе, ки хоҳад, ки бидонад, ки охират беҳтар аз дунё, натавонад, то он гоҳ, ки ду чиз надонад аз дунё, яке он ки бидонад, ки боқӣ аз фонӣ беҳтар, дигар он ки бидонад, ки охират боқӣ аст ва дунё фонӣ, чун ин ду асл бидонист, ба зарурат ин дигар илм, ки охират беҳтар аз дунёст, аз вай таваллуд кунад ва бад-ин таваллуд намехоҳем он ки мӯътазила мехоҳанд ва шарҳи ин дароз аст.
Пас, ҳақиқати ҳама тафаккурҳо талаби илм аст аз эҳзори ду илм дар
1 Дар офариниши осмонҳо ва замин ва паси ҳам шудани шабу рӯз нишонаҳое аст барои хирадмандӣ.
дил, валекин чунон ки аз ду асб, ки ҷуфт гиранд, гӯспанде таваллуд накунад, ҳамчунин аз ҳар ду илм, ки бошад ҳар илм, ки хоҳӣ таваллуд накунад, балки ҳар навъеро аз илм ду асли дигар аст, то он ду асл дар дил ҳозир накунӣ, ин фаръ падид наёяд.
Пайдо кардани тафаккур, ки барои чӣ мебояд Бидон, ки одамиро дар зулмату ҷаҳл офаридаанд ва дар ҷаҳл вайро ба нуре ҳоҷат аст, ки аз он зулмат берун ояд ва роҳ ба кори хеш донад, ки чӣ мебояд кард ва аз кадом сӯ бояд рафт — аз сӯи дунё ё аз сӯи охират — ва ба худ машғул мебояд буд ё ба ҳақ? Ва ин пайдо нашавад, илло ба нури маърифат ва нури маърифат аз тафаккур падид ояд, чунон ки касе дар торикӣ оҷиз бошад ва роҳ набарад, санг бар оҳан занад, то аз вай нури оташ падид ояд ва чароғ барафрӯзад, аз он чароғҳолати вай бигардад, то бино шавад ва роҳ аз бероҳӣ бишиносад, пас рафтан гирад, ҳамчунин мисли он ду илм, ки асл аст ва миёни эшон ҷамъ мебояд кард, то маърифати сеюм таваллуд кунад, чун санг ва оҳан аст ва масали тафаккур чун задани санг аст ба оҳан ва масали маърифат чун нур аст, ки аз вай падид ояд, то аз он ҳолати дил бигардад ва чун ҳолати дил бигардад, кору амал бигардад, чун бидид масалан, ки охират беҳтар аст пушт бо дунё ва рӯй ба охират орад.

пешина
аз 176
навбатӣ