Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Мақоми саввум – муҳосабат аст пас аз амал Бояд, ки бандаро ба охири рӯз вақти хуфтан соате бошад, ки бо нафси хеш ҳисоб кунад ҷумла рӯзро, то сармоя аз суду зиён ҷудо шавад ва сармоя фароиз аст ва суд навофил ва зиён маъосӣ? Ва чунон ки бо шарик микос кунад, то бар вай ғаш наравад, бояд ки бо нафси хеш эҳтиёт беш кунад, ки нафсро таррор ва маккор ва бисёр ҳила аст, ғарази хеш ба тоат бар ту шумурад, то пиндорӣ, ки он суд аст ва бошад, ки зиён бошад.
Балки дар ҳама мубоҳот бояд, ки ҳисоб бозхоҳад, ки чаро кардӣ, пас агар тобон1 бинад бар нафси хеш бар вай тобон афканад ва ғаромат аз вай талаб кунад. Ибну-с-Саммат аз бузургон буд, ҳисоби хеш бикард,
1 Товон, ғаромат.
шастсола буд, ҳисоби рӯз баргирифт, бисту як ҳазору шашсад рӯз буд, гуфт: «Оҳ, агар ҳар рӯзе як гуноҳ беш накардаам, аз бисту як ҳазору шашсад гуноҳ чун диҳам, хосса, ки рӯз будааст, ки ҳазор гуноҳ будааст?!»
Пас, бонге бикарду бияфтод, фаро шуданд, мурда буд.
Валекин одамӣ фориғ аз он аст, ки ҳисоби хеш мебарнагирад, агар ба ҳар гуноҳе, ки бикунад, санге дар сарой афканад, ба муддати андак сарой пур шавад ва агар киромулкотибин аз вай музди набиштан хоҳанд, ҳар чӣ дорад, дар он шавад, валекин вай агар боре чанд субҳоналлоҳ ба ғафлат бихоҳад гуфт, тасбеҳ афканад ва мешумурад ва гӯяд: сад гуфтам ва ҳама беҳуда мегӯяд ва онро ҳеч тасбеҳ дар даст наяфкандааст, то бидонад, ки аз ҳазор дар гузашта бошад, он гоҳ чун умед дорад, ки каффаи ҳасанот зиёдат бошад, аз беақлӣ бувад ва барои ин гуфт Умар разийаллоҳу анҳу, ки: аъмоли хеш вазн кунед, пеш аз он ки бар шумо вазн кунанд. Ва Умар чун шаб даромадӣ, дарра бар пои хеш мезадӣ ва мегуфтӣ: «Имрӯз чи кардаӣ?» Ва Оиша разийаллоҳу анҳо мегӯд: Абӯбакр разийаллоҳу анҳу дар вақти вафот гуфт: «Ҳеч кас бар ман дӯсттар аз Умар нест», пас гуфт:
«Чӣ гуна?» Гуфтам: «Бо вай». Гуфт: «На, ҳеч кас бар ман азизтар аз Умар нест», андар ин қадар ҳисоб бикард, чун рост набуд, тадорук кард. Ва Ибни Салом пуштаи ҳезум бар гардан ниҳод ва берун бурд, гуфтанд ғуломон ин бикунанд, гуфт нафсро мебиёмурзам, то дар ин чӣ гуна бошад. Анас мегӯяд: «Умарро дидам дар паси деворе ва бо хештан мегуфт: бух бух! Туро амирулмӯъминин мегӯянд, ба Худой, ки ё аз Худой битарсӣ ё уқубати вайро сохта бошӣ». Ва Ҳасан гуфт, ки: «Ан-нафсу-ллаввомат» он бошад, ки хештанро маломат мекунад, ки фулон кор кардӣ ва фулон таом хӯрдӣ, чаро кардӣ ва чаро хӯрдӣ ва худро маломат мекунад, пас ҳисоб кардан бар гузашта аз муҳимот аст.
Мақоми чаҳорум – дар муоқабати нафс аст Бидон, ки чун аз ҳисоби нафс фориғ шудӣ ва тақсире карда бошад, фаро гузорӣ, далер шавад ва низ аз паи вай дарнарасӣ1, балки бояд ки вайро бар ҳар чӣ карда бошад, уқубат кунӣ: агар чизе ба шубҳат хӯрда бошад, вайро ба гуруснагӣ уқубат кунӣ ва агар ба номаҳраме нигарад, вайро ба нанигаристан ва чашм бар ҳам ниҳодан уқубат кунӣ, ҳама аъзо ҳамчунин ва салаф чунин кардаанд: яке аз обидон даст фаро зане кард, дасти хеш фаро оташ дошт, то бисӯхт; ва обиде дар бани Исроил муддате дар савмиа буд, зани хештан бар вай арза кард, пой аз савмиа берун ниҳод,
1 Дигар ба он нарасӣ.
то наздики вай равад, пас аз Худой битарсид ва тавба кард ва хост, ки бозгардад, гуфт: «На, ин пой ба маъсият берун шуд, низ дар савмиа наёяд», берун бигузошт, то дар сармо ва офтоб табоҳ шуд ва бияфтод. Ҷунайд мегӯяд, ки: Ибну-л-Карибӣ гуфт: «Шабе эҳтиломам афтод, хостам, ки ғусл кунам дар вақт, шабе сард буд, ин нафси ман коҳилӣ кард». Ва гуфт:
«Хештан ҳалок макун, сабр кун, то бомдод ба гармоба равӣ, қасам хӯрдам, ки ҷуз бо мураққаъ ғусл накунам ва мураққаъ ҳамчунон медорам ва наяфшонам, то ҳамчунон бар тани ман хушк шавад ва чунон кардам ва гуфтам: ин сазои нафсе аст, ки дар ҳаққи Худои таъоло тақсир кунад». Ва яке дар зане нигарист, пас пушаймон шуд, савганд хӯрд, ки уқубати инро ҳаргиз оби сард нахӯрам ва нахӯрд ва Ҳассон ибни Абисанон ба манзаре бигузашт ва гуфт: «Ин кӣ кардааст?» Пас, гуфт: «Аз чизе, ки туро бо он коре нест чи мепурсӣ?» Ба Худой, ки туро уқубат кунам ба як сол, ки рӯза дорам ва Абӯталҳа дар хурмостон намоз ҳамекард, аз некӯие, ки буд, ғофил монд, то дар адади ракаот дар шак афтод, хурмостон ҷумла ба садақа бидод. Ва Молик ибни Зайғам мегӯяд, ки: рибоҳулқайсе биёмад ва падари маро талаб кард, пас аз намози дигар, гуфтам, ки хуфта аст, гуфт:
чӣ вақти хоб аст ва бозгашт, аз паси вай бирафтам, мегуфт, эй нафси фузул, мегӯӣ чӣ вақт хоб аст, туро бо ин чӣ кор? Аҳд кардам, ки як сол нагузорам, ки сар бар болиш ниҳӣ ва мерафт ва мегирист ва мегуфт, ки аз Худой нахоҳӣ тарсид. Ва Мими Дорӣ як шаб хуфта монд, то намози шаб фавт шуд, як сол аҳд кард, ки ҳеч нахусбад ба шаб. Ва Талҳа ривоят кард, ки марде хештан бараҳна карда, бар сангрезаи гарм мегардид ва мегуфт:
«Ё мурдор ба шаб, баттол ба рӯз то кай аз дасти ту?» Расул салавотуллоҳу алайҳи аз он ҷо фароз омад, гуфт: «Чаро чунин кардӣ?» Гуфт: «Нафс маро ғалаба мекунад». Гуфт: «Дар ин соат дарҳои осмон барои ту бикушоданд ва Худои таъоло бо фариштагони ту мубоҳот мекунад», пас асҳобро гуфт:
«Зоди хеш аз вай баргиред», ҳамемерафтанд ва мегуфтанд: моро дуо кун, вай як якро дуо ҳамекард, расул салавотуллоҳу алайҳи гуфт: «Ҳамаро ба ҷамъ дуо кун». Гуфт: «Бор Худоё, тақво зоди эшон кун ва ҳамаро бар роҳи рост бидор», расул гуфт саллаллоҳу алайҳи ва саллам: «Бор Худоё, вайро тасдид кун — яъне дуое, ки беҳтар бувад, бар забони вай дор — гуфт, бор Худоё, биҳишт қароргоҳи эшон кун». Ва Маҷмаъ аз бузургон буд, яке ногоҳ бар бом нигарид, занеро бидид, аҳд кард, ки низ ҳаргиз бар осмон нанигарад. Ва Аҳнаф ибни Қайс шаб чароғ баргирифта ва ҳар замон ангушт фаро чароғ доштӣ ва гуфтӣ: фулон рӯз фулон кор чаро кардӣ ва фулон чиз чаро хӯрдӣ? Аҳли ҳазм чунин буданд, ки донистаанд, ки нафс саркаш аст, агар уқубат накунӣ, бар ту ғалаба кунад ва ҳалок гардонад, бо вай ба сиёсат будаанд.
Мақоми панҷум – муҷоҳидат аст
Бидон, ки гурӯҳе чун аз нафси хеш коҳилӣ диданд, уқубати вай бад-он карданд, ки ибодати бисёр бар вай ниҳодаанд ба илзом: Ибни Умарро ҳар вақт, ки як намози ҷамоат фавт шудӣ, як шаб то рӯз бедор доштӣ ва Умарро ҷамоате фавт шуд, зиёъе ба садақа бидод, қимати он дувист ҳазор дирам ва Ибни Умар шабе намози шом таъхир кард, то ду ситора бидид, ду банда озод кард ва чунин ҳикоёт бисёр аст. Ва чун нафс тан дарнадиҳад, дар ин ибодат илоҷ он бувад, ки дар сӯҳбат муҷтаҳиде1 бошад, то вайро мебинад ва роғиб мешавад. Яке мегӯяд, ки ҳар гоҳ, ки коҳил шавам, дар иҷтиҳод ба Муҳаммад ибни Восеъ нигарам, то як ҳафта рағбати ибодат бо ман бимонад, пас агар чунин кас наёбад, бояд ки аҳвол ва ҳикоёти муҷтаҳидон мехонад ва мо ба баъзе аз он ишорат кунем.
Довуди Тоӣ — раҳматуллоҳи алайҳи — нон нахӯрдӣ ва фатит2 дар об кардӣ ва биёшомидӣ, гуфтӣ: «Миёни ин ва нон хӯрдан панҷоҳ оя тавон хонд, рӯзгор чаро зоеъ кунам?» Яке вайро гуфт: «Агар фарасбе3 дар сақфи ту шикаста шудааст», гуфт: «Бист сол аст, то андар ин ҷоям, андар он нанигаристаам». Ва нигаридани бефоида кароҳият доштаанд. Аҳмад ибни Разин аз бомдод, то намози дигар бинишаст, ки аз ҳеч сӯ нанигарид, гуфтанд, ки: чаро чунин кунӣ? Гуфт: «Худои таъоло чашм бад-он офарид, то дар аҷоиби сунъи вай азамати вай бинанд. ҳар кӣ на ба ибрат назар кунад, хатое бар вай нависанд». Абӯддардо мегӯяд, ки зиндагонӣ барои се чиз дӯст дораму бас: суҷуд ба шабҳои дароз ва ташнагӣ ба рӯзҳои дароз ва нишастан бо қавме, сухани эшон ҳама гузида ва ҳикмат бувад. Ва Алқам ибни Қайсро гуфтанд, чаро ин нафси хешро чандин азоб медорӣ? Гуфт:
«Аз дӯстие, ки вайро дорам, аз дӯзах ӯро нигоҳ дорам», вайро гуфтанд ин ҳама бар ту наниҳодаанд, гуфтӣ: «Он чи тавонам, бикунам, то фардо ҳеч ҳасрат набошад, ки чаро накардам». Ҷунайд гӯяд: «аҷабтар аз Сарии Сақатӣ кас надидам, ки наваду ҳашт сол умри вай буд, ҳеч кас вайро паҳлӯ бар замин надид, магар вақти марг». Ва Абӯмуҳаммади Ҳарирӣ як сол ба Макка мақом кард, ки сухан нагуфт ва нахуфт ва пушт бознагузошт ва пой дароз накард. Абӯбакри Катонӣ вайро гуфт ин чун тавонистӣ?
Гуфт: «Сидқи ботини ман бидонист, зоҳиран маро қувват дод». Яке
1 Касе, ки муҷоҳада мекунад ва дар ибодат мекӯшад.
2 Хурда нон.
3 Шоҳтири сақф.
мегӯяд, ки: Фатҳи Мавсалиро дидам, ки мегирист ва оби дида бо хун омехта, гуфтам: ин чист? Гуфт: «Муддате бар гуноҳон об гиристам, акнун хун мегирям, бар он ашки хеш, ки набояд ба ихлос набуда бошад, вайро ба хоб диданд, гуфтанд, ки: Худои таъоло бо ту чи кард? Гуфт: маро азиз кард бад-он гиристанҳо. Ва гуфт: ба иззати ман, ки чиҳил сол саҳифаи аъмоли ту малоика биёварданд, дар вай ҳеч хато набуд». Довуди Тоиро гуфтанд: агар маҳосин ба шона кунӣ, чи бошад? Гуфт: «Он гоҳ фориғмарде бошад, ки ба дин пардозам». Увайси Қаранӣқисмат карда будӣ шабро, гуфтӣ: имшаб шаби рукуъ аст ва дар як рукуъ ба сар овардӣ ва гуфтӣ: имшаб шаби суҷуд аст, дар як саҷда ба рӯз овардӣ. Ва Утбатулғулом ҳеч таом ва шароб нахӯрдӣ аз ҷаҳди бисёр, модар вайро бигуфт, ки: бо хештан рафиқ кун, гуфт: «Рафиқи хеш меҷӯям: рӯзе чанд андак ранҷ кашам, ҷовид дар роҳат бошам». Рабеъ мегӯяд: «Бирафтам, то Увайсро бибинам. Дар намози бомдодон буд, чун фориғ шуд, гуфтам сухан нагӯям, то аз тасбеҳ бипардозад ва сабр мекардам, ҳамчунон аз ҷой барнахост, то намози пешин бикард ва намози дигар бикард ва то дигар рӯз намоз кард, чашми вай андаке дар хоб шуд ва аз хоб даромад ва гуфт:
ба ту паноҳам аз чашми бисёрхоб ва аз шиками бисёрхӯр, гуфтам: маро ин бисандааст, бозгаштам». Абӯбакр ибни Айёш чиҳил сол паҳлӯ бар замин наниҳод, он гоҳ оби сиёҳ дар чашми вай омад, бист сол аз аҳли хеш пинҳон дошт ва ҳар рӯз понсад ракъат намоз вирди вай буд ва дар шабонрӯзӣҳазор бор «қул ҳуваллоҳу аҳад» бархондӣ. Ва Карз ибни Вира аз ҷумлаи абдол буд ва ҷаҳди вай чунон буд, ки рӯзе се хатм кардӣ, вайро гуфтанд ранҷи бисёр бар худ ниҳодаӣ, гуфт: «Умри дунё чӣҳаст?»
Гуфтанд: ҳафт ҳазор сол. Гуфт: «Муддати рӯзи қиёмат чанд аст?» Гуфтанд:
панҷоҳҳазор сол. Гуфт: «Он кист, ки ҳафт рӯз ранҷ накашад, то панҷоҳ рӯз наёсояд?» Яъне агар ҳафт ҳазор сол бизиям ва барои рӯзи қиёмат ҷаҳд кунам, ҳанӯз андак бошад, то ба-дин чи расад, ки поён надорад, хосса бадин умри мухтасар, ки ман дорам. Суфёни Саврӣ мегӯяд: «Шабе наздики Робиа шудам, вай дар намоз истод, то рӯз намоз кард ва ман дар гӯшае аз хона намоз мекардам, то ба вақти саҳар, пас гуфтам: ба чӣ шукр кунем онро, ки моро ин тавфиқ дод, то ҳама шаб вайро намоз мекардем? Гуфт:
бад-он, ки фардо рӯза дорем».

пешина
аз 176
навбатӣ