Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

охирати»1. Ва он ду гурӯҳи миёнин масали осиён аст, ки асли имон нигоҳ доштанд, валекин даст аз дунё бинадоштанд: гурӯҳе бо дарвешӣ таматтӯъ карданд ва гурӯҳе бо таматтӯъ неъмати бисёр ҷамъ карданд, то гаронбор шуданд.
ФАСЛИ (ПАНҶУМ)
[На ҳар чи дар дунёст, мазмум аст] Бад-ин мазаммат, ки дунёро карда омад, гумон мабар, ки ҳар чи дар дунёст, мазмум аст. Балки дар дунё чизҳост, ки он на дунёст, чи илму амал дар дунё бошад ва он на аз дунё бувад, ки он дар сӯҳбати одамӣ ба охират равад. Аммо илм биъайниҳи бо вай бимонад; ва аммо амал агарчи биъайниҳи бинамонад, асари он бимонад. Ва ин ду қисм бувад: яке покӣ ва сафои ҷавҳари дил, ки аз тарки маосӣҳосил шавад ва яке унс ба зикри Худой – азза ва ҷалла, ки аз мувозибат бар ибодат кардан ҳосил шавад. Пас, ин ҷумла аз ҷумлаи боқиёти солиҳот аст, ки Ҳақ азза ва ҷалла гуфт: «Ва-л-боқийоту-с-солиҳоту хайрун ъинда Раббика»2
.
Ва лаззати илм ва лаззати муноҷот (бо Худо розу ниёз кардан) ва лаззати унс ба зикри Худои таъоло бештар аст ва он аз дунёст ва на аз дунёст. Пас, ҳама лаззатҳо мазмум нест, балки лаззате, ки бигузарад ва бинамонад. Ва он низ ҷумла мазмум нест, ки ин ду қисмат: яке он аст, ки агарчи вай аз дунёст ва пас аз марг бинамонад, валекин муин (мададгор, ёвар) аст бар кори охират ва бар илму амал ва бар бисёр гаштани мӯъминон, чун: қуту никоҳ ва либосу маскан, ки ба қадри ҳоҷат бувад, ки ин шарти роҳи охират аст.
Ҳар кас аз дунё бар ин қадар қаноат кунад ва қасди вай аз ин фароғат бувад бар кори дин, вай аз аҳли дунё набошад.
Пас мазмум аз дунё он бошад, ки мақсуд аз вай на кори дин бошад, балки вай сабаби ғафлату батар3 ва қарор гирифтани дил дар ин олам ва нафрат гирифтани вай аз он олам бувад. Ва барои ин буд, ки расул алайҳиссалом гуфт: «Ад-дунё малъунатун ва малъунун мо фиҳо илло зикруллоҳи ва мо волоҳу». Гуфт: «Дунё ва ҳар чи дар он аст, малъун аст, илло зикри Худои таъоло ва он чи бар он муовинат кунад».
Ин миқдор аз шарҳи ҳақиқат ва мақсуди дунё кифоят бувад, боқӣ дар қисми саввум аз аркони муомилот, ки онро ақаботи роҳи дин гӯянд,
1 Дӯсттар доштанд зиндагии дунёро ба охират.
2 Ва монданиҳои некӯ беҳтар аст назди Парвардигори ту.
3 Фаромӯш кардани вазоиф дар натиҷаи зиёдии неъмат ва фурӯ рехтан дар лаззат.
бигӯем.
УНВОНИ ЧАҲОРУМ
Дар маърифати охират
(Ва дар он понздаҳ фасл аст)
Фасли аввал – Биҳишту дӯзахи колбадӣ ва рӯҳонӣ.
Фасли дуввум – Ҳақиқати марг.
Фасли саввум – Туии ту на бад-ин қолаб аст.
Фасличаҳорум – Нигоҳ доштани эътидоли рӯҳи инсонӣ.
Фаслипанҷум – Маънии ҳашру нашр ва баъсу иода.
Фаслишашум – Мушоҳидаи биҳишту дӯзах дар ин дунё.
Фаслиҳафтум – Маънии азоби қабр.
Фасли ҳаштум – Ҳақиқат ва дараҷоти азоби қабр.
Фасли нӯҳум – Аждарҳои гӯрро ба чашми сар натавон дид.
Фасли даҳум – Азоби қабр барои ҳама нест.
Фасли ёздаҳум – Роҳи озмоиши эминӣ аз азоби қабр.
Фасли дувоздаҳум – Се ҷинси оташи дӯзахи рӯҳонӣ.
Фасли сездаҳум – Оташи рӯҳонӣ дардноктар аз оташи ҷисмонист.
Фасли чаҳордаҳум – Манозили сайру сафари рӯҳ дар дунё.
Фасли понздаҳум – Ба гумони заиф ҳам инкори охират раво нест.
ФАСЛИ (АВВАЛ)
[Биҳишту дӯзахи колбадӣ ва рӯҳонӣ] Бидон, ки ҳақиқати охират ҳеч кас нашиносад, то ҳақиқати марг аввалан нашиносад. Ва ҳақиқати марг надонад, то ҳақиқати зиндагонӣ надонад. Ва ҳақиқати зиндагонӣ надонад, то ҳақиқати рӯҳ надонад. Ва маърифати ҳақиқати рӯҳ, маърифати нафси худ аст, ки баъзе аз шарҳи вай гуфта омад.
Ва бидон, ки аз пеш гуфта омад, ки: одамӣ мураккаб аст аз ду асл: яке рӯҳ ва дигар колбад. Рӯҳ чун савор аст ва колбад чун маркаб. Ва ин рӯҳро дар охират ба воситаи колбад ҳолате аст ва биҳишту дӯзахе аст. Ва вайро ба сабаби зоти худ низ ҳолате аст, бе он ки қолабро дар он ширкате бувад. Ва вайро барои қолаб низ биҳиштеву дӯзахе аст ва саодатеву шақовате аст. Ва мо наиму лаззати дилро, ки бе воситаи қолаб бошад, ном «биҳишти рӯҳонӣ» мекунем ва ранҷу алам ва шақовати вайро, ки бе қолаб бувад, «оташи рӯҳонӣ» мегӯем.
Аммо биҳишту дӯзах, ки қолаб дар миён бошад, ин худ зоҳир аст ва ҳосили он, ашҷору анҳор ва ҳуру қусур ва матъуму машруб ва ғайри он аст. Ва ҳосили дӯзах – оташу мор ва каждуму заққум1 ва ғайри он. Ва сифати он ҳар ду дар Қуръон ва ахбори он машҳур аст ва фаҳми ҳамгинон онро дарёбад; ва тафсили он дар китоби «Зикр-ул-мавт» аз китоби «Эҳё»
гуфтаем. Ва ин ҷо бар ин иқтисор кунем ва ҳақиқати марг шарҳ кунем ва ба маънии биҳишту дӯзахи рӯҳонӣ ишорат кунем, ки инро ҳар касе нашиносад.
Ва ин ки гуфт: «Аъадту ли ъибодийа-с-солиҳина мо ло ъайнун раат ва ло узунун самиъат ва ло хатара ъало қалби башарин»2 дар биҳишти рӯҳонӣ бувад. Ва аз даруни дил равзане аст ба олами малакут, ки аз он равзан ин маонӣ ошкоро шавад ва дар вай ҳеч шубҳате намонад. Ва касеро, ки он роҳ кушода шавад, вайро яқине равшан ба саодат ва шақовати охират падид ояд, на ба тариқи тақлид ва самоъ; бал ба тариқи басират ва мушоҳидат, бал ҳамчунон ки табиб бишиносад, ки қолабро саодате ва шақовате аст дар ин ҷаҳон, ки онро сиҳҳат ва мараз гӯянд; ва вайро асбобе аст чун дору ва парҳез ва чун бисёр хӯрдан ва парҳез нокардан, ҳамчунин маълум шавад бад-ин мушоҳидат, ки дилро,
1 Дарахте аст, ки дӯзахиён аз он хӯранд.
2 Омода кардаам барои бандагони некӯкори Хеш он чиро, ки чашме надида ва гӯше нашунида ва бар дили одаме нагузаштааст.
яъне рӯҳро, саодате аст ва шақовате. Ва ибодату маърифат доруи он саодат аст ва ҷаҳлу маъсият заҳри он саодат аст. Ва ин илме аст ба ғоят азиз ва бештари касоне, ки эшонро уламо гӯянд, аз ин ғофил бошанд, балки инро мункир бошанд ва ҷуз фаро биҳишту дӯзахи колбад роҳ набаранд ва дар маърифати охират ҷуз самоъу тақлид ҳеч роҳ нашиносанд. Ва моро андар ин шарҳу таҳқиқи ин бурҳон кутуб аст дароз ба тозӣ ва андар ин китоб чандон гуфта ояд, ки касе, ки зирак бувад ва ботини вай аз олоиши таассуб ва тақлид пок бувад, ин роҳ бозёбад ва кори охират дар дили вай собит ва мӯҳкам шавад, ки имони бештари халқ ба охират заиф ва мутазалзил аст.
ФАСЛИ (ДУВВУМ)
[Ҳақиқати марг] Агар хоҳӣ, ки аз ҳақиқати марг асаре бидонӣ, ки маънии вай чист, бидон, ки одамиро ду рӯҳ аст: яке аз ҷинси рӯҳи ҳайвонот ва мо онро «рӯҳи ҳайвонӣ» ном кунем ва яке аз ҷинси рӯҳи малоика ва мо онро «рӯҳи инсонӣ» ном кунем. Ва ин рӯҳи ҳайвониро манбаъ дил аст, он гӯшт, ки дар ҷониби чап ниҳодааст. Ва вай чун бухоре латиф аст аз ахлоти ботини ҳайвон ва вайро мизоҷе мӯътадил омадааст ва вай аз дил ба воситаи уруқи завориб (рагҳо) ки онро набзу ҳаракат бошад, ба димоғ ва ҷумлаи андомҳо мерасад. Ва ин рӯҳҳаммоли қувваи ҳиссу ҳаракат аст. Ва чун ба димоғ расад, ҳарорати вай кам шавад ва мӯътадил гардад ва чашм аз вай қуввати басар пазирад ва гӯш аз вай қувваи шунидан пазирад ва ҳамчунин ҳама ҳавос. Ва масали вай чун чароғе аст, ки дар хонаи гирд мебарояд, ҳар куҷо мерасад деворҳои хона аз вай равшан мешавад. Пас чунон ки рӯшноии чароғ дар девор пайдо меояд, ба қудрати Эзади таъоло ҳамчунин қуввати биноӣ ва шунавоӣ ва ҷумлаи ҳавос аз ин рӯҳ дар аъзои зоҳир падид меояд. Агар дар баъзе уруқ суддае ва банде афтад, он узв, ки пас аз он бандгоҳ бошад, муаттал (аз кор монда) шавад ва мафлуҷ гардад ва дар вай қуввати ҳис ва ҳаракат набошад ва табиб ҷаҳди он кунад, ки судда бикушояд.
Ва масали ин рӯҳ чун оташи чароғ аст ва масали дил чун фатила ва масали ғизо чун равған: ҳамчунон ки равған аз чароғ бозгирӣ, чароғ бимирад, чун ғизо бозгирӣ мизоҷи мӯътадили ин рӯҳ ботил шавад ва ҳайвон бимирад ва ҳамчунон ки агарчи равған бувад, фатила чун бисёр равған бихӯрад, табоҳ шавад ва низ (дигар) равған напазирад. Ҳамчунин дил ба рӯзгори дароз чунон шавад, ки қабули ғизо накунад ва ҳамчунон ки чизе бар чароғ занӣ, чароғ фурӯ мирад, агарчи равған ва фатила бар ҷой бувад, чун ҳайвонеро захме азим расад, бимирад.
Ва ин рӯҳ, то мизоҷи вай мӯътадил бувад, чунон ки шарт аст маонии латифро чун қуввати ҳис ва ҳаракат қабул мекунад, аз анвори малоикаи самовӣ ба дастурии Эзади таъоло. Чун он мизоҷ аз вай ботил шавад – ба ғалабати ҳарорат ё бурудат ё ба сабае дигар – шоиста набошад қабули он осорро, чун оинае, ки то рӯи вай рост ва софӣ бошад, суратҳо қабул мекунад, аз ҳар чи сурат дорад, чун дурушт шавад ва зангор бихӯрад, он сурат қабул накунад, на аз он сабаб, ки суратҳо ҳалок шуд ё ғоиб шуд, лекин шоистагии вай қабули онро ботил шуд. Ҳамчунин шоистагии ин бухори латифи мӯътадил, ки онро рӯҳи ҳайвонӣ ном кардем, дар эътидол мизоҷи вай бастааст; чун аз эътидол ботил шавад, қабул накунад ва чун қувватҳои ҳиссу ҳаракат қабул накунад, аъзо аз эътои анвори ӯ маҳрум монад, беҳиссу ҳаракат шавад, гӯянд: «Бимурд».
Маънии марги рӯҳи ҳайвонӣ ин бувад ва фароҳамоварандаи ин асбоб, то ин мизоҷ аз эътидол бияфтад, офаридаест аз офаридаҳои Худой азза ва ҷалла, ки вайро «Малакулмавт» гӯянд ва халқ аз вай ном донанд ва ҳақиқати вай шинохтан дароз аст.
Ин маънии марги ҳайвонот аст. Аммо марги одамӣ бар ваҷҳи дигар аст, чи вайро ин рӯҳи ҳайвонӣҳаст ва рӯҳи дигар аст, ки мо онро «рӯҳи инсонӣ» гӯем ва «дил» ном кардем – дар баъзе аз фусули гузашта – ва вай на аз ҷинси он дигар рӯҳ аст, ки он ҷисме аст чун ҳавои латиф ва чун бухоре пухташуда ва софигашта ва нузҷёфта. Аммо ин рӯҳи инсонӣҷисм нест, чи қисматпазир нест ва маърифати Ҳақ – азза ва ҷалла – дар вай фуруд ояд: чунон ки Ҳақ азза ва ҷалла қисмат напазирад ва якест, маҳалли маърифати яке ҳам яке бошад, қисмат напазирад. Пас дар ҳеч ҷисми қисматпазир фурӯ наояд, бал дар чизе ягонаи ноқисматпазир фуруд ояд.
Пас, фатила ва оташи чароғ ва нури чароғ, ҳар се тақдир кун (фарзу тасаввур кун): фатила чун қолаби дил ва оташи чароғ мисли рӯҳи ҳайвонӣ; ва нури чароғ мисли рӯҳи инсонӣ аст. Ва чунон ки нури чароғ латифтар аз чароғ бувад ва гӯӣ ба вай ишорат натавон кард1, рӯҳи инсонӣ латиф аст ба изофат бо рӯҳи ҳайвонӣ ва вай ишоратпазир нест.
Ва ин мисол рост бувад, чун аз рӯи латофат назар кунӣ, лекин аз ваҷҳе дигар рост нест, ки нури чароғ табаъи чароғ аст ва фаръи вай ва чун чароғ ботил шавад, вай ботил шавад. Ва рӯҳи инсонӣ табаъи рӯҳи
1 Мақсуд он аст, ки ҷисм нест, то битавон онро ба ишора нишон дод.
ҳайвонӣ нест, балки асл вай аст ва ба ботил шудани вай ботил нашавад, балки агар мисоли вай хоҳӣ, нуре тақдир кун, ки аз чароғ латифтар бошад ва қавоми чароғ ба вай бувад, на қавоми вай ба чароғ, то ин мисол рост ояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё