Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Пас, ин рӯҳи ҳайвонӣ, чун маркаб аст рӯҳи инсониро аз ваҷҳе ва аз ваҷҳе чун олате, чун ин рӯҳи ҳайвониро мизоҷ ботил шавад, қолаб бимирад ва рӯҳи инсонӣ бар ҷои хеш бимонад, валекин беолату бемаркаб шавад. Ва марги маркабу табоҳии олат, саворро зоеъ ва маъдум нагардонад, валекин беолат кунад.
Ва ин олат, ки вайро доданд, барои он доданд, то маърифату муҳаббати Ҳақ азза ва ҷалла сайд кунад: агар сайд кардааст, ҳалок шудани олат хайри вай аст, то аз бори вай бираҳад. Ва он ки расул алайҳиссалом гуфт: «Марг тӯҳфа ва ҳадяи мӯъмин аст», он бувад, ки касе дом барои сайд дорад ва бори он ҳамекашад, чун сайд ба даст оварад, ҳалоки дом ғанимати вай бошад ва агар – ва-л-ъиёзу биллоҳ – пеш аз он ки сайд ба даст оварад, ин олат ботил шавад, ҳасрату мусибати онро ниҳоят набошад ва ин аламу ҳасрат аввал азоби қабр бувад, наъузу биллоҳи минҳу.
ФАСЛИ (САВВУМ)
[Туии ту на бад-ин қолаб аст] Пас бидон, ки агар касеро дасту пой мафлуҷ шавад, вай бар ҷои хеш бошад, зеро, ки «вай» на дасту пой аст, ки дасту пои вай олати вай аст.
Ва вай мустаъмили он аст. Ва чунон ки ҳақиқати «туии ту» на дасту пой аст, ҳамчунин на пушту шикаму сар аст ва на ин қолаби туст: агар ҳама мафлуҷ шавад, раво бошад, ки бар ҷой бошӣ. Ва маънии марг он аст, ки ҳама тан мафлуҷ шавад, ки маънии мафлуҷии даст он аст, ки тоати ту надорад, ки агар тоат медошт, ба сифате медошт, ки онро «қудрат»
гӯянд. Ва он сифати нуре бувад, ки аз чароғи рӯҳи ҳайвонӣ ба вай мерасид. Чун дар уруқ, ки масолики (роҳҳои) он рӯҳ аст, суддае афтод, қудрат аз вай бишуд ва тоат мутааззир шуд. Ҳамчунин ҷумлаи қолаб, ҳама тоати ту, ки медорад, ҳам ба воситаи рӯҳи ҳайвонӣ медорад, пас чун мизоҷи вай табоҳ шавад ва тоат надорад, онро «марг» гӯянд ва ту бар ҷои хеш бошӣ, агарчи тоатпазир бар ҷои хеш нест.
Ва ҳақиқати туии ту ин қолаб чун бошад? Ва агар андеша кунӣ, донӣ, ки ин аҷзои ту на он аҷзост, ки дар кӯдакӣ будааст, ки он ҳама ба бухор мутаҳаллил (таҳлил рафта, аз байн рафта) шудааст ва аз ғизо бадали он бозомада, пас, қолаб ҳамон нест ва ту ҳамонӣ. Пас, туии ту на бад-ин қолаб аст; қолаб агар табоҳ шавад, гӯ табоҳ шав! Ту ҳамчунон зиндаӣ ба зоти хеш.
Аммо авсофи ту ду қисм аст: яке ба мушорикати қолаб, чун гуруснагиву ташнагӣ ва хоб, ки ин бе меъда ва бе ҷисм рост наёяд, ин ба марг ботил шавад; ва яке он ки қолабро дар он ширкате набувад, чун маърифати Ҳақ таъоло ва ҷамоли ҳазрати Вай ва шодӣ бад-он; ин сифати зоти туст, бо ту бимонад. Ва маънии «ал-боқийоту-с-солиҳот» ин бувад. Ва агар бадали ин, ҷаҳл бувад ба Худои азза ва ҷалла, ин низ сифати зоти ту аст, бимонад; ва он нобиноии рӯҳ бувад ва тухми шақовати ту бувад: «Ва ман кона фӣҳозиҳи аъмо фа ҳува фӣ-л-охирати аъмо ва азаллу сабило»1
.
Пас ба ҳеч ҳол, ту ҳақиқати марг надонӣ, то ин ду рӯҳ бинашиносӣ ва фарқи миёни эшон ва тааллуқ ба якдигар.
ФАСЛИ (ЧАҲОРУМ)
[Нигоҳ доштани эътидоли рӯҳи инсонӣ] Акнун бидон, ки ин рӯҳи ҳайвонӣ аз ин олами суфлист, ки мураккаб аст аз латофати бухори ахлот. Ва ахлот чаҳор аст: хуну балғам ва сафрову савдо. Ва асли ин чаҳор обу оташу хоку ҳавост. Ва ихтилофу эътидоли мизоҷ аз ин тафовути мақодири ҳарорату бурудат ва рутубату юбусат аст. Ва мақсуди санъати тиб он аст, ки эътидоли ин чаҳор табъ дар ин рӯҳ нигоҳ дорад, то бад-он шоиста бошад, ки маркаб ва олати он рӯҳи дигар гардад, ки онро «рӯҳи инсонӣ» гуфтем; ва он аз ин олам нест, балки аз олами улвист ва аз ҷавоҳири малоика аст. Ва ҳубути (фуруд омадани) вай бад-ин олам ғариб аст аз табиати зоти вай. Валекин ин ғурбат барои он аст, то аз ҳудо2 зоди худ баргирад, чунон ки азза ва ҷалла гуфт:
«Қулна-ҳбиту минҳо ҷамиъан. Фа иммо йаътийаннакум миннӣҳудан фа ман табиъа ҳудойа фа ло хавфун ъалайҳим ва ло ҳум йаҳзанун»3
.
Ва он ки Ҳақ азза ва ҷалла гуфт: «Иннӣ холиқун башаран мин тинин, фа изо саввайтуҳу ва нафахту фиҳи мин руҳӣ»4, ишорат ба ихтилофи ин ду олами рӯҳ аст, ки якеро бо тин (гил) ҳаволат кард ва аз эътидоли
1 Ҳар ки дар ин дунё нобино бошад, дар охират низ нобино ва гумроҳтар аст.
2 Ҳидоят ва роҳнамоии худоӣ.
3 Гуфтем: фуруд оед аз он ҷо ҳамаи шумо. Пас, чун биояд бар шумо аз Ман ҳидояте, касоне, ки ҳидояти Маро пайравӣ кунанд, биме надоранд ва андӯҳгин нашаванд.
4 Ман меофаринам одамиро аз гил, пас чун ӯро рост кардам ва дамидам дар вай аз рӯҳи Худам.
мизоҷи вай бад-ин иборат кард, ки гуфт: «саввайтуҳу» - «вайро рост ва муҳайё бикардам» ва эътидол ин бувад. Он гоҳ гуфт: «ва нафахту фиҳи мин руҳӣ», ин бо Худ изофат карду бас. Ва ин бар мисоли он бувад, ки касе хирқаи карбос сӯхта1 кунад, то муҳайё шавад қабули оташро, он гоҳ наздики оташ барад ва нафх кунад (дамад), то оташ дар вай афтад.
Ва чунон ки он рӯҳи ҳайвонӣ ва суфлиро эътидоле аст ва табиб асбоби эътидоли он бишиносад, то беморӣ аз вай дафъ кунад ва вайро аз ҳалок нигоҳ дорад, ҳамчунин рӯҳи инсонии улвиро, ки аз ҳақиқати дил аст, эътидоле аст, ки илми ахлоқ ва риёзат, ки аз шариат шиносанд, эътидоли онро нигоҳ дорад ва он сиҳҳати вай бошад, чунон ки пас аз ин дар миёни аркони мусалмонӣ гуфта ояд.
Пас, маълум шуд, ки то касе ҳақиқати арвоҳи одамиро нашиносад, мумкин нест, ки охиратро ба басират бишиносанд, чунон ки мумкин нест, ки Ҳақро азза ва ҷалла бишиносад, то худро нашиносад. Пас шинохтани нафси худ калиди маърифати Ҳақ аст ва калиди маърифати охират аст. Ва асли дин «ал-имону биллоҳи ва-л-йавми-л-охири»2 аст ва бад-ин сабаб ин маърифатро тақдим кардем.
Аммо як сирр аз асрори авсофи вай ва асл он аст, ки бинагуфтем, ки рухсат нест дар гуфтани он, ки афҳом эҳтимоли он накунад. Ва тамомии маърифати Ҳақ азза ва ҷалла ва маърифати охират, бар он мавқуф аст.
Ҷаҳди он кун, то аз худ, ба тариқи муҷоҳида ва талаб бишиносӣ, ки агар аз касе бишунавӣ, тоқати самоъи он надорӣ, ки бисёр кас он сифат дар ҳаққи Ҳақ таъоло бишуниданд ва бовар надоштанд ва инкор карданд ва гуфтанд: «Ин худ мумкин нест». Ва ин на танзеҳ3 аст, балки таътил аст4
.
Пас, ту тоқати самоъи он дар ҳаққи одамӣ чун дорӣ, балки он сифат дар ҳаққи Ҳақ сареҳ, на дар Қуръон аст ва на дар ахбор, ҳам барои ин сабаб, ки чун бишунаванд инкор кунанд. Ва анбиёро гуфтаанд: «Каллиму-нноса ъала қадри ъуқулиҳим» – «Бо халқ он гӯед, ки тоқати он доранд». Ва ба баъзе аз анбиё ваҳй омад, ки: «Аз сифоти мо чизе, ки халқ онро фаҳм накунанд, магӯй, ки он гоҳ инкор кунанд ва эшонро зиён дорад, он миқдор гӯед, ки бидонанд».
1 Сӯхта: латта ва кӯҳнапораи нимсӯхтаеро гӯянд, ки барои гирондани оташ ба кор мебаранд – оташгирона. Мақсуд аз ин ҷумла он аст, ки касе қитъаи карбосеро реш-реш ва нимсӯхта кунад, то барои гирондани оташ муҳайё шавад. Имом Ғаззолӣ раҳматуллоҳи алайҳи тасвия ва рост кардани гилро барои қобилияти қабули рӯҳ, чун сӯхта кардани карбос барои қобилияти қабули оташ донистааст.
2 Гаравидан ба Худо ва рӯзи қиёмат.
3 Пок ва муназзаҳ донистани Худованд.
4 Инкори сифоти Худованд кардан.
ФАСЛИ (ПАНҶУМ)
[Маънии ҳашру нашр ва баъсу иода] Аз ин ҷумла бишинохтӣ, ки ҳақиқати ҷони одамӣқоим аст ба зоти хеш бе қолаб; ва андар қавоми зоти хеш ва сифоти хоси хеш мустағнӣ аст аз қолаб.
Ва маънии марг на нестии вай аст, балки маънии он инқитоъи тасарруфи вай аст аз қолаб. Ва маънии ҳашру нашр ва баъсу иода на он аст, ки вайро пас аз нестӣ бо вуҷуд1 оваранд, балки он аст, ки вайро қолаб диҳанд, бад-он маънӣ ки қолаберо муҳайёи қабули тасарруфи вай кунанд як бори дигар, чунон ки дар ибтидо карда буданд ва ин бор осонтар бувад, ки аввал ҳам қолаб мебоист офарид ва ҳам рӯҳ ва ин бор худ рӯҳ бар ҷои хеш аст – аъне рӯҳи инсонӣ – ва аҷзои қолаб низ бар ҷои хеш аст ва ҷамъи он осонтар аз ихтироъи он – аз он ҷо, ки назари мост; ва аз он ҷо ки ҳақиқат аст, сифати инсониро ба феъли илоҳӣ роҳ нест, ки он ҷо ки сифати душворӣ набошад, осонӣҳам нест.
Ва шарти иодат он нест, ки ҳам он қолаб, ки доштааст, бо вай диҳанд, ки қолаб маркаб аст ва агарчи асб бадал афтад, савор ҳамон бошад. Ва аз кӯдакӣ то пирии худ бадал афтода бошад аҷзои вай бо аҷзои ғизоии дигар ва вай ҳамон бувад. Пас, касоне, ки ин шарт карданд, то бар эшон ишколҳо хост ва аз он ҷавобҳои заиф доданд, аз он такаллуф мустағнӣ буданд, ки эшонро гуфтанд, ки: «мардуме мардуме бихӯрад, ҳамон аҷзо аҷзои ин дигар шавад, аз ин ду бо кадом диҳанд? Ва агар узве аз вай бибуранд ва он гоҳ тоате кунад, чун савоб ёбад, ин узви бурида ҳам бо вай бошад ё на? Агар бо вай набошад, дар биҳишт бе чашму бе даст ва бе по чӣ гуна бувад? Ва агар бо вай бошад, он аъзоро дар ин олам анбозе набувад дар тоату амал, дар савоб чи гуна анбоз бувад?» Ва аз ин ҷинс турраҳот (суханони беҳуда ва ҳарза) гӯянд ва ҷавоб таклиф кунанд. Ва бад-ин ҳама ҳоҷат нест, чун ҳақиқат иодат нест, ки ба ҳама қолаб ҳоҷат нест ва ин ишкол аз он хост, ки пиндоштанд, ки туии ту ва ҳақиқати ту қолаби туст, чун он биъайниҳи бар ҷой набошад, он на ту бошӣ, бад-ин сабаб дар ишкол афтад ва асли ин сухан ба халал (ботил) аст.
ФАСЛИ (ШАШУМ)
[Мушоҳидаи биҳишту дӯзах дар ин дунё]
1 Бо вуҷуд – тарзи истеъмоли қадимии «ба вуҷуд мебошад» ва дар аксари мавориди ин китоб «ба»
истеъмол шуда.
Ҳамоно ки гӯӣ1: мазҳаби машҳур миёни фуқаҳо ва мутакаллимон он аст, ки ҷони одамӣ ба марг маъдум шавад, он гоҳ вайро бо вуҷуд бозоранд ва ин мухолифи он аст.
Бидон, ки ҳар ки аз паси сухани дигарон шавад, нобино бошад. Ва ин касе гӯяд, ки на аз аҳли тақлид бошад ва на аз аҳли басират; ки агар касе аз аҳли басират будӣ, бидонистӣ, ки марги қолаб ҳақиқати одамиро нест накунад ва агар аз аҳли тақлид – будӣ, аз Қуръону ахбор бишинохтӣ, ки рӯҳи одамӣ пас аз марг ба ҷои хеш бувад, ки арвоҳ пас аз марг ду қисм аст: арвоҳи ашқиё ва арвоҳи суадо. Аммо дар арвоҳи суадо Қуръони маҷид мефармояд: «Ва ло таҳсаббана-л-лазина қутилу фӣ сабилиллоҳи амвотан, бал аҳйоун ъинда Раббиҳим йурзақуна. Фариҳина би мо отоҳумуллоҳу мин фазлиҳи» Мефармояд: «Мапиндоред, ки касоне, ки дар роҳи Ҳақ кушта шуданд, эшон мурдаанд, балки зиндаанд ва шодмонанд, ба хилъатҳо, ки аз ҳазрати Рубубият ёфтаанд; ва бардавом аз Он ҳазрат рӯзии хеш меситонанд». Аммо дар ҳаққи ашқиёи кофирони Бадр2 , чун расул – саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва асҳоб эшонро бикуштанд, якяк эшонро овоз медод ва нидо мекард – ва эшон кушта – ва мегуфт: «Ё фалон, ё фалон! Ваъдаҳо ки аз Ҳақ таъоло ёфта будам, дар қаҳри душманони Вай, ҳамаро ҳақ ёфтам ва Ҳақ таъоло таҳқиқ кард он ваъдаҳо, ки шуморо дода буд ба уқубат, пас аз марг ҳақ ёфтанд ё на!».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё