Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

ФАСЛИ (САВВУМ)
[Асли дунё се чиз аст: таому либосу маскан] Бидон, ки чун назар кунӣ андар тафосили дунё, бидонӣ, ки дунё иборат аст аз се чиз: яке аъёни чизҳо, ки бар рӯи замин офаридаанд, чун наботу маодину ҳайвон, ки асли замин барои маскан ва барои манфиати зироат мебояд ва маодин, чун мису биринҷу оҳан барои олотро ва ҳайвонот барои маркаб ва барои хӯрданро. Ва одамӣ дилу танро ба ин машғул кардааст:1 аммо дил ба дӯстӣ ва талаби вай машғул медорад ва аммо танро ба ислоҳи он ва сохтани кори он машғул медорад.
Ва аз машғул доштани дил ба дӯстии он, дар дил сифатҳо падид меояд, ки он ҳама сабаби ҳалок бувад, чун: ҳирсу бухл ва ҳасаду адоват ва ғайри он; ва аз машғул доштани тан бад-он, машғулии дил падид меояд, то худро фаромӯш кунад ва ҳамаро ба кори дунё машғул дорад.
Ва чунон ки асли дунё се чиз аст: таому либос ва маскан, асли саноат, ки зарурати одамӣ аст, низ се чиз аст: барзгариву ҷавлоҳӣ (бофандагӣ) ва банноӣ. Лекин ин ҳар якеро фурӯъанд, ки баъзе сози он ҳамекунанд, чун ҳаллоҷ ва ресандаи ресмон, ки сози ҷавлоҳ мекунанд ва баъзе онро тамом мекунанд, чун дарзӣ (дӯзанда), ки кори ҷавлоҳ тамом кунад. Ва ин ҳамаро ба олот ҳоҷат афтод, аз чӯбу оҳан ва пӯст ва ғайри он. Пас, оҳангару дурудгар (дуредгар) ва харроз (кашшоф – касе, ки бо чарм кор мекунад) пайдо омад. Ва чун ин ҳама пайдо омад, эшонро ба муовинати якдигар ҳоҷат буд, ки ҳар касе ҳама корҳои худ наметавонист кард. Пас, фароҳам омаданд (паҳлӯи ҳамдигар омаданд, иҷтимоъ карданд), то дарзӣ кори ҷавлоҳ ва оҳангар мекунад ва оҳангар кори ҳар ду мекунад ва ҳамчунин (ба ҳамин қисм – аз ҳамин қарор) ҳар яке коре ҳамекунанд. Пас миёни эшон муомилате падид омад, ки аз он хусуматҳо хост, ки ҳар яке ба ҳаққи хеш ризо намедод ва қасди якдигар мекарданд. Пас ба се навъи дигар ҳоҷат афтод аз саноот: яке саноати сиёсату салтанат, дигар саноати қазову ҳукумат, дигар фиқҳ, ки бад-он қонуни васотат миёни халқ бидонанд. Ва ин ҳар яке пешае аст, агарчи бештари он ба даст тааллуқ надорад.
Пас бад-ин ваҷҳ машғалаҳои дунё бисёр шуд ва дарҳам пайваст. Ва халқ дар миёни он хештанро гум карданд ва надонистанд, ки аслу аввали ин ҳама се чиз беш набувад: таому либосу маскан. Ин ҳама барои ин се мебояд ва ин се барои тан мебояд ва тан барои дил мебояд, то маркаби вай бошад; ва дил барои Ҳақ азза ва ҷалла мебояд. Пас худрову Ҳақро фаромӯш карданд, монанди ҳоҷие, ки худро ва Каъбаро ва сафарро фаромӯш кунад ва ҳама рӯзгори хеш бо тааҳҳуди уштур оварад.
Пас дунёву ҳақиқати дунё ин аст, ки гуфта омад: ҳар ки дар вай бар сари пой (омодаи кӯч кардану рафтан) ва муставфир (касе, ки корашро та-
1 Ба тавре ки дар ин чанд сатр мушоҳида мешавад, пас аз тақсими дунё ба се чиз, зоҳиран ин тавр ба назар мерасад, ки ғайр аз яке, ки ҳамон аъёни чизҳо бошад, дуввуму саввум зикр нашуда, вале бо муроҷиа ба фасли «Баёну ҳақиқати-д-дунё» дар китоби саввуми «Эҳёу улуми-д-дин» возеҳ мешавад, ки дуввум ва саввуми ин тақсим алоқаву машғулии дили одамӣ ва тани одамӣ бо ин аъён мебошад, ки бидуни зикри аломати тақсим дар ҳамин ҷо низ мулоҳиза мешавад.
мом кардааст) набошад ва чашм бар охират надорад ва машғалаи дунё беш аз қадри ҳоҷат дарпазирад, вай дунёро нашинохта бошад. Ва сабаби ин ҷаҳл аст, ки расул алайҳиссалом гуфтааст: «Дунё ҷодутар аст аз Ҳоруту Морут1, аз вай ҳазар кунед!» Ва чун дунё бад-ин ҷодуӣ аст, фариза бошад макру фирефтани вайро бидонистан ва ба тимсоли кори вай халқро равшан кардан. Пас, акнун вақти он аст, ки мисолҳои вай бишунавӣ.
ФАСЛИ (ЧАҲОРУМ)
[Мисолҳо дар ҷодуии дунё ва ғафлати аҳли дунё] Мисоли аввал. Бидон, ки аввал ҷодуии дунё он аст, ки хештанро ба ту намояд, чунон ки ту пиндорӣ, ки вай сокин аст ва бо ту қарор гирифта.
Ва вай ҷунбон аст ва бар давом аз ту гурезон аст, валекин ба тадриҷ ва зарра-зарра ҳаракат мекунад. Ва масали вай чун соя аст, ки дар вай нигарӣ сокин намояд ва вай бардавом ҳамеравад. Ва маълум аст, ки умри ту ҳамчунин бардавом меравад ва ба тадриҷҳар лаҳзате камтар мешавад. Ва он дунёст, ки аз ту мегурезад ва туро видоъ мекунад ва ту аз он бехабарӣ.
Мисоли охир. Дигар сеҳри вай он аст, ки хештанро ба ту дӯсте бинамояд, то туро ошиқ кунад ва фаро ту намояд, ки туро сохта хоҳад буд ва ба касе дигар нахоҳад шуд. Ва он гоҳ, ногоҳ аз ту, ба душмани ту шавад.
Ва масали он чун зане нобакори муфсид аст, ки мардонро ба хештан ғарра кунад (гӯл занад), то ошиқ кунад; ва он гоҳ ба хона барад ва ҳалок кунад.
Исо алайҳиссалом дунёро дид дар мукошифоти хеш дар сурати пирзане, гуфт: «Чанд шавҳар дорӣ». Гуфт: «Дар адад наёяд аз бисёрӣ». Гуфт:
«Бимурданд ё талоқ доданд?» Гуфт: «На, ки (балки) ҳамаро бикуштам».
Гуфт: «Пас, аҷаб аз ин аҳмақони дигар, мебинанд, ки бо дигарон чӣ мекунӣ ва он гаҳ дар ту рағбат мекунанд ва ибрат намегиранд!»
Мисоли охир. Дигар сеҳри дунё он аст, ки зоҳири хеш ороста дорад ва ҳар чи балову меҳнат аст, пӯшида дорад, то ҷоҳил ба зоҳири вай нигарад, ғарра шавад. Ва масали вай чун пирзане аст зишт, ки рӯй дарбандад ва ҷомаҳои дебову пирояи бисёр бар худ кунад, ҳар ки аз дур вайро бибинад, фитна (дилбохтаву ошиқ) шавад ва чун чодар аз вай бозканад, пушаймон шавад ва фазоеҳи вай мебинад. Ва дар хабар аст, ки дунёро рӯзи қиёмат биёваранд бар сурати аҷузаи зишти сабзчашм ва дандонҳои
1 Ҳорут ва Морут дар Бобул таълими сеҳру ҷоду мекарданд.
вай берун омада ва чун халқ дар вай нигаранд, гӯянд: «Наъузубиллоҳ, ин чист бад-ин фазиҳате ва бад-ин зиштӣ». Гӯянд: «Ин он дунёст, ки ба сабаби ин ҳасаду душманӣ варзидед бо якдигар ва хунҳо рехтед ва раҳим бибуридед ва ба вай ғарра шудед». Он гоҳ вайро ба дӯзах андозанд, гӯяд:
«Худоё, куҷоянд дӯстон?». Бифармояд, то эшонро низ бибаранд ва ба дӯзах андозанд.
Мисоли охир. Касе, ки ҳисоб баргирад, то чанд будааст аз азал, ки дар дунё набуд ва дар абад чанд аст, ки нахоҳад буд? Ва ин рӯзе чанд дар миёни азал ва абад чанд аст? Донад, ки масали дунё чун роҳи мусофире аст, ки аввали манзили вай маҳд (гаҳвора) аст ва охири манзили вай лаҳад (гӯр) аст ва дар миёни вай манзиле чанд аст маъдуд: ҳар соле чун манзиле ва ҳар моҳе чун фарсанге ва ҳар рӯзе чун миле ва ҳар нафасе чун гоме. Ва вай бардавом меравад. Якеро он роҳ фарсанге монда ва якеро каму якеро беш ва вай сокин нишаста, ки гӯӣҳамеша ин ҷо хоҳад буд, тадбири корҳое кунад, ки то даҳ сол бошад, ки бад-он мӯҳтоҷ нашавад ва вай то даҳ рӯз зери хок хоҳад шуд!
Мисоли охир. Бидон, ки масали аҳли дунё дар лаззате, ки меёбанд, боз1 он расвоию ранҷ, ки аз дунё хоҳанд дид дар охират, ҳамчун касе аст, ки таоми чарбу ширин бисёр бихӯрад, то меъдаи вай табоҳ шавад, он гоҳ фазиҳате аз меъда ва нафас ва қазои ҳоҷати хеш мебинад ва ташвир (хиҷлат, шармсорӣ) мехӯрад ва пушаймон мешавад, ки лаззат гузашт ва фазиҳат бимонд. Ва чунон ки ҳарчанд таом хуштар, сақли вай гандатар, ҳарчанд лаззати дунё бештар, оқибати он расвотар ва ин худ дар вақти ҷон кандан падидор ояд, ки ҳар киро неъмату боғу бӯстон ва канизакон ва ғуломон ва зару сим беш бувад, ба вақти ҷон кандан ранҷи фироқ беш бувад аз он кас, ки андак дорад. Ва он ранҷу азоб ба марг зоил нашавад, балки зиёдат шавад, ки он дӯстӣ сифати дил аст ва дил бар ҷои хеш бошад ва намирад.
Мисоли охир. Бидон, ки корҳои дунё, ки пеш ояд, мухтасар намояд ва мардум пиндоранд, ки шуғли вай дароз нахоҳад буд ва бошад (мумкин аст – чӣ басо), ки аз сад кори вай яке падидор ояд ва умр дар он шавад!
Ва Исо алайҳиссалом мегӯяд: «Масали ҷӯяндаи дунё чун масали хӯрандаи оби дарёст: ҳарчанд беш хӯрад, ташнатар мешавад, мехӯраду мехӯрад, то ҳалок шавад ва ҳаргиз он ташнагӣ аз вай бинашавад». Ва расули мо – ъалайҳи афзалу-с-саловоти ва акмалу-т-таҳийоти – мегӯяд:
«Ҳамчунон, ки раво набошад, ки касе дар об равад ва тар нагардад, раво набошад, ки касе дар дунё шавад ва олуда нагардад».
1 Боз – ғолибан ба ҷои «бо» истеъмол шудааст.
Мисоли охир. Масали касе, ки дар дунё ояд, масали касе аст, ки меҳмон шавад наздики мизбоне, ки одати вай он бувад, ки ҳамеша сарой ороста дорад барои меҳмонон ва эшонро мехонад, гурӯҳе пас аз гурӯҳе; ва табақи заррин пеши вай ниҳад, бар вай нуқлу миҷмараи (оташдон, манқал) симин бо уду бухур1, то вай муаттар шавад ва хушбӯй гардад ва нуқл бихӯраду табақу миҷмар бигузорад, то қавми дигар даррасад. Пас ҳар кас расми вай донад ва оқил бошад, уду бухур барафканад ва хушбӯй шавад ва нуқл бихӯрад ва табақу миҷмар ба дили хуш бигузорад ва шукр бигӯяду биравад. Ва касе, ки аблаҳ бошад, пиндорад, ки ин ба вай доданд, то бо хештан бибарад, чун ба вақти рафтан аз вай бозситонанд, ранҷуру дилтанг шавад ва фарёд даргирад. Дунё низ ҳамчунон меҳмонсарой аст – сабил (вақф, моли ҳама) бар роҳгузариён, то зод баргиранд ва дар он чи дар сарой аст, тамаъ накунанд.
Мисоли охир. Масали аҳли дунё дар машғулии эшон ба кори дунё ва фаромӯш кардани охират чун масали қавме аст, ки дар киштӣ бошанд ва ба ҷазирае расиданд, барои қазои ҳоҷат ва таҳорат берун омаданд ва киштибон мунодо кард, ки: «Ҳеч кас мабод, ки рӯзгори бисёр барад ва ҷуз ба таҳорат машғул шавад, ки киштӣ ба таъҷил хоҳад рафт». Пас, эшон дар он ҷазира пароканда шуданд; гурӯҳе, ки оқилтар буданд, сабук таҳорат карданд ва бозомаданд, киштӣ фориғ ёфтанд, ҷое, ки хуштар ва мувофиқ буд, бигирифтанд. Ва гурӯҳе дигар дар аҷоиби он ҷазира аҷаб бимонданд ва ба назора бозистоданд ва дар он шукуфаҳо ва мурғони хушовоз ва сангрезаҳои мунаққашу мулавван нигаристанд, чун бозомаданд, дар киштӣҳеч ҷои фарох наёфтанд, ҷои тангу торик бинишастанд ва ранҷи он мекашиданд. Гурӯҳи дигар назора ихтисор накарданд, балки он сангрезаҳои ғариб ва некӯтар чиданд ва бо худ биёварданд ва дар киштӣҷои он наёфтанд, ҷои танг бинишастанд ва борҳои он сангрезаҳо бар гардан ниҳоданд. Ва чун як ду рӯз баромад, он рангҳои некӯ бигардид ва торик шуд ва бӯйҳои нохуш аз он омадан гирифт, ҷой наёфтанд, ки биандозанд, пушаймонӣ хӯрданд ва бору ранҷи он бар гардан мекашиданд. Ва гурӯҳе дигар дар аҷоиби он ҷазира мутаҳаййир шуданд, то аз киштӣ дур афтоданд ва киштӣ бирафт ва мунодои киштибон нашуниданд ва дар ҷазира мебуданд, то баъзе ҳалок шуданд – аз гуруснагӣ ва баъзеро сибоъ ҳалок кард. Он гурӯҳи аввал масали мӯъминони парҳезкор аст. Ва гурӯҳи бозпасин масали кофирон, ки худ ва Худойро азза ва ҷалла ва охиратро фаромӯш карданд ва ҳамагӣ худро ба дунё доданд, ки «Истаҳаббу-л-ҳайота-д-дунё ъала-л-
1 Чизи хушбӯй, ки бар оташ сӯзанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё