Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Ва расул алайҳиссалом нагуфт, ки: «хашм набояд ва шаҳват набояд» ва вай нӯҳ зан дошт ва мегуфт: «Ано башарун ағзибу камо йағзибу-лбашару» – Ман башарам ва хашмгин шавам, чунон ки башар хашмгин шавад». Ва Ҳақ таъоло гуфт: «Ва-л-козимина-л-ғайза ва-л-ъофина ъанин-носи»; сано гуфт бар касе, ки хашм фурӯ хӯрд, на бар касе, ки вайро хашм набуд.
Ваҷҳи панҷум – ҷаҳли касоне аст ба сифоти Ҳақ таъоло, ки гӯянд:
«Ҳақ таъоло раҳиму карим аст, ба ҳар сифат, ки бошад, бар мо раҳмат кунад». Ва надонанд, ки чунон ки карим аст, шадиду-л-иқоб аст. Ва намебинанд, ки бисёр халқро дар балову беморӣ ва гуруснагӣ медорад – дар ин ҷаҳон – бо он ки кариму раҳим аст; ва намебинанд, ки то ҳиросат накунанд ва тиҷорат накунанд, мол ба даст наёранд ва то ҷаҳд накунанд, илм наёмӯзанд ва ҳаргиз дар талаби дунё тақсир накунанд ва нагӯянд:
«Худои азза ва ҷалла кариму раҳим аст, бе тиҷорат ва ҳиросат рӯзӣ бидиҳад, бо он ки Худои азза ва ҷалла рӯзӣ замон кардааст ва мегӯяд, «Ва мо мин доббатин фӣ-л-арзи илло ъалаллоҳи ризқуҳо»1. Ва кори охират бо амал ҳаволат мекунад ва мегӯяд: «Ва ан лайса ли-л-инсони илло мо саъо»2. Чун ба карами Вай имон надоранд, аз дунё ва талаби ризқ даст бинадоранд ва он чи дар охират гӯянд, ба сари забон бошад ва талқини шайтонӣ бувад ва асле надорад.
Ваҷҳи шашум – ҷаҳли касоне аст, ки ба хештан мағрур шаванд ва гӯянд: «Мо ба ҷое расидем, ки маъсият моро зиён надорад ва дини мо дуқуллае3 гаштааст, наҷосат напазирад». Ва бештари ин аҳмақон чунон мухтасар бошанд, ки агар касе дар як сухан ҳишмати эшон фурӯ ниҳад ё руунати4 эшон бишиканад, ҳама умр дар адовати вай нишинанд ва агар
1 Ва нест ҷунбандае дар замин, магар ин ки бар Худост рӯзии ӯ.
2 Ва нест барои инсон, магар он чи дар он мекӯшад.
3 Қулла ба маънии хуми бузурги об аст ва дар истилоҳи фиқҳу ҳадис, ду қулла миқдори як курр об мебошад.
4 Руунат дар луғат ба маънии ҳамоқат ва сабуксарӣ аст, ҳамон тавр ки «раъно» дар форсӣ ба ғалат ба як луқма, ки тамаъ карда бошанд, аз эшон даргузарад, ҷаҳон бар эшон тангу торик шавад. Ва ин аблаҳон, ки дар мардӣҳанӯз дуқулла нашудаанд, ки бад-ин чизҳо бок надоранд1, ин даъво эшонро кай мусаллам бошад?
Пас, агар ба масал, касе низ чунон шудааст, ки адовату шаҳват ва риёву хашм гирди вай нагардад, ҳам маъзур нест бад-ин даъво, чи дараҷаи вай аз дараҷаи анбиё дарнагузарад ва эшон ба сабаби хатову маъсият навҳа мекарданд ва мегиристанд ва ба узр машғул мешуданд! Ва сиддиқони саҳоба аз сағоир ҳазар мекарданд, балки аз бими шубҳате аз ҳалол мегурехтанд. Пас, ин аҳмақ ба чӣ донистааст, ки дар ҷуволи (макру ҳилаи) шайтон нест ва дараҷаи вай аз дараҷаи эшон даргузашт? Ва агар гӯяд:
«Паямбарон ҳамчунин буданд, валекин он чи мекарданд, барои насиби халқ мекарданд», чаро вай низ барои насиби халқҳамон накунад, ки мебинад, ки ҳар ки вайро мебинанд, табоҳ мешавад?! Ва агар гӯяд:
«Табоҳии халқ маро зиён надорад», чаро расул алайҳиссаломро зиён медошт? Ва агар зиён намедошт, хештанро дар уқубати тақво чаро медошт ва як хурмо аз садақа аз даҳон берун андохт ва агар бихӯрдӣ, халқро аз он чӣ зиён будӣ, ки ҳамаро мубоҳ будӣ хӯрдани он? Ва агар зиён медошт, чаро ин аҳмақро қадаҳҳои набид (шароби хурмо ва мавиз) зиён намедорад? Охир дараҷаи вай фавқи дараҷаи пайғамбарон нест ва беш аз он нест, ки дараҷаи сад қадаҳ шароб фавқи дараҷаи як хурмо!
Пас чун хештанро бад-ин пойгаҳ биниҳад, ки сад хуми шароб вайро табаҳ бинагардонад ва пайғамбарро алайҳиссалом ба кӯзаи об мухтасар биниҳод, ки як хурмо вайро бигардонад, вақти он бошад, ки шайтон бо сиблати вай бозӣ мекунад ва абҳалони ҷаҳон аз вай зуҳка2 созанд, ки дареғ бувад, ки уқало ҳадис кунанд, ё бар вай ханданд!
Аммо бузургони дин эшонанд, ки бишиносанд, ки ҳар ки ҳаво асиру зердасти вай нест, вай ҳеч кас нест, балки сутуре аст. Пас бад-ин бишиносанд, ки нафси одамӣ маккор аст ва фиребанда аст, ҳама даъвои дурӯғ кунад ва лоф занад, ки ман зердастам, аз вай бурҳоне хоҳад. Ва бар ростии вай ҳеч бурҳон нест, албатта, ҷуз он ки ба ҳукми хеш набошад ва ба ҳукми шаръ бошад. Агар ба тавъ ҳамеша тан дар ин диҳад, худ рост мегӯяд ва агар ба талаби рухсат ва таъвилу ҳилат3 машғул шавад, бандаи шайтон аст ва даъъвои вилоят ҳамекунад. Ва ин бурҳон то ба охири намаънии «зебо» истеъмол мешавад, «руунат» низ ба ҷои ҳишмату ҷалол ва такаббур ё ба худ бастани бузургӣ, ки он низ навъе аз аҳмақӣ аст, ба кор рафтааст.
1 Бок надоштан – беэътино будан.
2 Касе, ки мардум бар ӯ механданд.
3 Мақсуд аз талаби рухсат ва таъвилу ҳилат пайдо кардани роҳҳои фироре аст аз пайравии ҳукми шаръ.
фас аз вай талаб мебояд кард ва агар на, мағруру фирефта бошад ва ҳалок шаваду надонад. Ва тан дардодани нафс ба мутобиати шариат ҳанӯз аввал дараҷаи мусалмонӣ аст.
Ваҷҳи ҳафтум – Аз ғафлату шаҳват хезад, на аз ҷаҳл. Ва ин ибоҳати гурӯҳе аст, ки эшон аз ин шубҳатҳои гузашта худ ҳеч шунида набошанд, валекин гурӯҳеро бинад, ки эшон бар роҳи ибоҳат мераванд ва фасод мекунанд ва сухани музайяф ҳамегӯянд ва даъвои тасарруф ва вилоят мекунанд ва ҷомаи эшон медоранд. Вайро низ ин ба табъ хуш ояд, ки бар табъи вай шаҳвату батолат ғолиб бувад ва ризо надиҳад бар он ки фасод кунад ва нагӯяд, ки «Маро аз ин уқубате хоҳад буд», ки он гоҳ он фасод бар вай талх шавад, балки гӯяд: «Ин худ фасод нест, ки ин тӯҳмат ва ин ҳадис аст»; ва на тӯҳматро маънӣ донад ва на ин ҳадисро. Ин марде бошад ғофили пуршаҳват ва шайтон дар вай ком ёфта ва ба сухан ба ислоҳ наёяд, ки шубҳати вай на аз сухан афтодааст.
Ва бештари ин қавм аз ин ҷумла бошанд, ки Ҳақ таъоло гуфт дар ҳаққи ҳамгинон: «Инно ҷаъално ъало қулубиҳим акиннатан ан йафқаҳуҳу ва фӣ озониҳим вақран. Ва ин тадъуҳум ила-л-ҳудо фа лан йаҳтаду изан абадо»1. Ва низ мегӯяд: «Ва изо закарта Раббака фӣ-л- Қуръони ваҳдаҳу валлав ъало адбориҳим нуфуро»2. Пас муомилат бо эшон ба шамшер авлотар, ки ба ҳуҷҷат.
Ва сухан ин ҷумла кифоят бувад дар насиҳат ва ғалати аҳли ибоҳат.
Дар ин унвон аз он гуфта омад, ки сабаби ин ҷумла ё ҷаҳл аст ба нафси худ ё ҷаҳл аст ба Ҳақ, ё ҷаҳл аст ба рафтани роҳ аз худ ба ҳақ, ки онро шариат гӯянд. Ва ҷаҳл чун дар коре бувад, ки мувофиқи табъ бувад, душвор зоил шавад. Ва бад-ин сабаб аст, ки гурӯҳеанд, ки бе шубҳате бар роҳҳои ибоҳат раванд ва гӯянд, ки: «Мо мутаҳаййирем». Ва агар бо вай гӯӣ: «Мутаҳаййир дар чӣ чизӣ?». Натавонад гуфт, ки вайро худ на талаб бувад ва на шубҳат. Ва масали вай чун касе бувад, ки бо табиб гӯяд, ки ман беморам ва нагӯяд ки чӣ беморӣ аст: илоҷи вай натавон кард, то пайдо наёяд, ки чӣ беморист. Ва савоб он бувад, ки вайро гӯянд: «Дар ҳар чи хоҳӣ, мутаҳаййир мебош, аммо дар ин ки ту офаридаӣ ва Офаридгори ту олим ва қодир аст ва ҳар чи хоҳад, тавонад кард, андар ин ба шак мабош» ва ин маънӣ вайро ба тариқи бурҳон маълум кунад, чунон ки шарҳ карда омад.
1 Ба дурустӣ ки мо ниҳодаем бар дилҳои онон пӯшишҳое, то онро (Қуръонро) дар наёбанд ва дар гӯшҳои онон сангинӣ қарор додаем. Ва агар ононро ба ростӣ ва ҳудо бихонӣ, ҳаргиз роҳ наёбанд.
2 Ва чун дар Қуръон аз ягонагии Парвардигорат ёд кунӣ, пушт кунанд ва бигурезанд.
УНВОНИ САВВУМ
Дар маърифати дунё [Ва дар он панҷ фасл аст] Фасли аввал – Сабаби будани одамӣ дар дунё.
Фасли дуввум – Ҳақиқати дунё ва офати дунё ва ғарази дунё.
Фасли саввум – Асли дунё се чиз аст: таому либос ва маскан.
Фасличаҳорум – Мисолҳо дар ҷодуи дунё ва ғафлати аҳли дунё.
Фаслипанҷум – На ҳар чи дар дунёст мазмум аст.
ФАСЛИ (АВВАЛ)
[Сабаби будани одамӣ дар дунё] Бидон, ки дунё манзиле аст аз манозили роҳи дин ва роҳгузаре аст мусофиронро ба ҳазрати Ҳақ таъоло ва бозоре аст ороста, бар сари бодия ниҳода, то мусофирин аз вай зоди худ баргиранд.
Ва дунёву охират иборат аст аз ду ҳолат: он чи пеш аз марг аст ва он наздиктар аст, онро «дунё» гӯянд; ва он чи пас аз марг, онро «охират»1 гӯянд! Ва мақсуд аз дунё зоди охират аст, ки одамиро дар ибтидои офариниш сода офаридаанд ва ноқис, валекин шоистаи он ки камол ҳосил кунад ва сурати малакутро нақши дили хеш гардонад, чунон ки шоистаи ҳазрати Илоҳият гардад, бад-он маънӣ ки роҳ ёбад, то яке аз наззорагиёни ҷамоли Ҳазрат бошад. Ва мунтаҳои саодати вай ин аст ва биҳишти вай ин аст ва вайро барои ин офаридаанд. Ва наззорагӣ натавонад буд, то чашми вай боз нашавад ва он ҷамолро идрок накунад ва он ба маърифат ҳосил ояд. Ва маърифати ҷамоли Илоҳиятро калид маърифати аҷоиби сунъи илоҳӣ аст. Ва сунъи илоҳиро калиди аввал ин ҳавоси одамӣ аст. Ва ин ҳавос мумкин набувад, илло дар ин колбади мураккаб аз обу хок. Пас бад-ин сабаб ба олами обу хок афтод, то ин зод баргирад ва маърифати Ҳақ таъоло ҳосил кунад ба калиди маърифати нафси хеш ва маърифати ҷумлаи офоқ, ки мудрак аст ба ҳавос. То ин ҳавос бо вай мебошад ва ҷосусии вай мекунад, гӯянд вайро ки: «Дар дунёст». Ва чун ҳавосро видоъ кунад ва вай бимонаду он чи сифати зоти вай аст, пас гӯянд: «Вай ба охират рафт». Пас, будани одамӣ дар дунё ин аст.
ФАСЛИ (ДУВВУМ)
[Ҳақиқати дунё ва офати дунё ва ғарази дунё] Пас вайро дар дунё ба ду чиз ҳоҷат аст, яке он ки дилро аз асбоби ҳалок нигоҳ дорад ва ғизои вай ҳосил кунад ва дигар он, ки танро аз мӯҳликот нигоҳ дорад ва ғизои вай ҳосил кунад.
Ва ғизои дил маърифат ва муҳаббати Ҳақ таъоло аст, ки ғизои ҳар чизе муқтазои табъи вай бошад, ки он хосияти вай бувад. Ва аз пеш пайдо карда омад (шарҳ дода шуд), ки хосияти дили одамӣ ин аст. Ва сабаби
1 Дар ин таъриф маънии луғавии ду калима: «дунё» (наздик) ва «охират» (он чи аз пас дарояд) манзур будааст.
ҳалоки вай он аст, ки ба дӯстии чизе ҷуз Ҳақ таъоло мустағрақ шавад. Ва тааҳҳуди (нигоҳдорӣ ва парастории) тан барои дил мебояд, ки тан фонӣ аст ва дил боқӣ. Ва тан дилро ҳамчун уштур аст ҳоҷиро – дар роҳи ҳаҷ, ки уштур барои ҳоҷӣ бояд, на ҳоҷӣ барои уштур ва агарчи ҳоҷиро ба зарурат тааҳҳуди уштур бояд кард ба алафу обу ҷома, то он гоҳ ки ба Каъба расад ва аз ранҷи вай бираҳад; валекин бояд ки тааҳҳуди уштур ба қадри ҳоҷат кунад. Пас агар ҳама рӯзгор дар алаф додан ва оростан ва тааҳҳуд кардани вай кунад, аз қофила бозмонад ва ҳалок шавад. Ҳамчунин одамӣ, агар ҳама рӯзгор тааҳҳуди тан кунад, то қуввати вай ба ҷой дорад ва асбоби ҳалок аз вай дур дорад, аз саодати хеш бозмонад.
Ва ҳоҷати тан дар дунё се чиз аст: хӯрданӣ барои ғизост ва пӯшиданиву маскан барои сармову гармо, то асбоби ҳалок аз вай боздорад. Пас зарурати одамӣ аз дунё барои тан беш аз ин нест, балки усули дунё худ ин аст. Ва ғизои дил маърифат аст ва ҳарчанд беш бошад, беҳтар. Ва ғизои тан таом аст ва агар зиёдат аз ҳадди хеш бувад, сабаби ҳалок гардад. Аммо он аст, ки Ҳақ таъоло шаҳвате бар одамӣ муваккал кардааст, то мутақозии вай бошад дар таом ва маскану ҷома, то тани вай, ки маркаби вай аст, ҳалок нашавад. Ва офариниши ин шаҳват чунон аст, ки бар ҳадди хеш бинаистад ва бисёр хоҳад; ва ақлро биёфаридааст, то вайро бар ҳадди хеш бидорад ва шариатро бифиристодааст – бар забони анбиё алайҳимуссалом, то ҳудуди вай пайдо кунад. Лекин ин шаҳват ба аввали офариниш биниҳодааст – дар кӯдакӣ, ки ба вай ҳоҷат бувад ва ақл аз пас офаридааст. Пас шаҳват аз пеш ҷой гирифтааст ва муставлӣ шуда ва саркашӣҳамекунад; ақлу шаръ пас аз он биёмад, то ҳамагӣ вайро ба талаби қуту ҷома ва маскан машғул накунад ва бад-ин сабаб худро фаромӯш накунад ва бидонад, ки ин қуту ҷома барои чӣ мебояд ва вай худ дар ин олам барои чист? Ва ғизои дил, ки зоди охират аст, фаромӯш накунад. Пас, аз ин ҷумла ҳақиқати дунё ва офати дунёву ғарази дунё бишинохтӣ, пас, акнун бояд ки шохаҳо ва шӯъбаҳои дунё бишиносӣ.

пешина
аз 176
навбатӣ