Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Пас, ҳар яке он чи гуфт, рост гуфт, валекин аз сирри подшоҳи мамлакат ва аз сирри ҷумла исфаҳсолорони мамлакат хабар надошт. Ва Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло, бад-ин тариқ ба балову беморӣ ва савдову меҳнат халқро ба ҳазрати Хеш мехонад ва мегӯяд: «Ин на беморӣ аст, ки он ка-
1 Мувофиқату мутобиқат ва тарзи қарор гирифтан.
2 Муқорина – қарор гирифтани ду ситора аст дар як нуқтаи осмон. Мақсуд аз саъдайн Зӯҳра ва Муштарӣ аст, таслиси ду кавкаб дар мавқеъе аст, ки фосилаи он ду ба андозаи се бурҷ бошад; масалан яке дар Сунбула бошад, дигаре дар Ҷадӣ.
3 Ин он андоза аз дониш аст, ки бад-он расидаанд.
манди лутфи Мост, ки авлиёи Хешро бад-он ба ҳазрати Хеш хонем; «Инна-л-балоа муаккалун би-л-анбиёи сумма би-л-авлиёи сумма-ламсулу фа-л-амсулу»1, ба чашми беморон фаро (ба сӯи) эшон манигаред, ки эшон аз моянд, «маразту фа лам таъуднӣ2» дар ҳаққи эшон бад-ин меояд.»
Пас он мисоли пешин, минҳоҷи (роҳи рост) подшоҳии одамӣ бувад, дар даруни тани хеш ва ин мисол ҳам минҳоҷи мамлакати вай аст, беруни тани хеш. Ва бад-ин ваҷҳ, ин маърифат низ ҳам аз маърифати хеш ҳосил ояд:
бад-ин сабаб буд, ки маърифати нафси худ унвони аввал сохтем.
ФАСЛИ (ҲАШТУМ)
[Шинохтани маънии тасбеҳоти чаҳоргона] Акнун вақти он аст, ки: «Субҳоналлоҳи» ва «ал-ҳамду лиллоҳи» ва «ло илоҳа иллаллоҳу» ва «Аллоҳу акбару» бишиносӣ, ки ин чаҳор калимаи мухтасар аст, ҷомеъи маърифати ҳазрати Илоҳият.
Чун аз танзеҳи худ танзеҳи Вай бишинохтӣ, «субҳоналлоҳи»
бишинохтӣ.
Ва чун аз подшоҳии худ тафсили подшоҳии Вай бишинохтӣ, ки ҳама асбоби васоит мусаххари Вайанд – чун қалам дар дасти котиб – маънии «ал-ҳамду лиллоҳи» бишинохтӣ, ки чун мунъим ҷуз Вай набувад, ҳамду шукр ҷуз Вайро набошад.
Ва чун бишинохтӣ, ки ҳеч касро аз сари хеш фармон нест, «ло илоҳа иллаллоҳу» бишинохтӣ.
Акнун вақти он аст, ки маънии «Аллоҳу акбар» бишиносӣ ва бидонӣ, ки ин ҳама бидонистаӣ ва аз Ҳақ таъоло ҳеч чиз бинадонистӣ, ки маънии «Аллоҳу акбар» он аст, ки гӯӣ, ки Худой бузургтар аст ва ҳақиқати ин он бошад, ки бузургтар аз он аст, ки халқ Вайро ба қиёси хеш битавонад шинохт, на маънияш он аст, ки Вай аз дигаре бузургтар аст, ки ҷуз Вай, ҳеч чизи дигар нест, то Вай аз он бузургтар бувад, ки ҳама мавҷудот аз нури вуҷуди Ӯст: ва нури офтоб чизе набошад, ҷуз офтоб, то битавон гуфт, ки офтоб аз нури хеш бузургтар аст; балки маънии «Аллоҳу акбар»
он аст, ки Вай бузургтар аз он аст, ки ба қиёси ақл одамӣ Вайро битаво-
1 Бало нахуст барои пайғамбарон аст, пас аз он барои авлиё аст, пас аз он барои ҳар кас, ки дараҷа ва рутбааш фузунтар ва фазилаташ бештар бошад.
2 Бемор шудам, ба иёдати ман наёмадӣ; қисмате аз хабаре аст; ва ин каломи Худованд аст ба ҳазрати пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи, ки бар тибқи он Худованди меҳрубон бемории мӯъминро бемории Хеш мехонад ва иёдат аз ӯро иёдат аз Худ.
над шинохт. Маъозаллоҳ, ки тақдис ва танзеҳи Вай чун тақдис ва танзеҳи одамӣ бувад, балки Вай пок аст аз мушобиҳати ҳама офаридаҳо, то ба одамӣ чӣ расад! Ва маъозаллоҳ, ки подшоҳии Вай чун подшоҳии одамӣ бошад бар тани хеш, ё сифоти Вай чун илму қудрат ва дигар сифот, чун сифоти одамӣ бувад! Балки ин ҳама намудгор аст, то ҳамоно чизе аз ҷамоли ҳазрати Илоҳият, бар қадри аҷзи башарият, одамиро ҳосил ояд.
Ва масали ин намудгор чунон аст, ки агар кӯдаке моро пурсад, ки:
«Лаззати риёсат ва салтанату мамлакат доштан чӣ гуна лаззате бошад?», бо вай гӯем: «Ҳамчун лаззати чавгон задан ва гӯй бозидан», ки вай ҷуз ин лаззат надонад ва ҳар чи вайро набувад, ба қиёси он тавонад шинохт, ки вайро бошад. Ва маълум аст, ки лаззати салтанат бо лаззати чавгон задан ҳеч муносибат надорад, валекин дар ҷумла номи лаззату шодӣ бар ҳар ду афтад; пас, дар ном, аз ваҷҳи ҳамли баробар бошад, бад-ин сабаб намудгор маърифати кӯдаконро шояд. Кори ин намудгор ва ин мисолҳо ҳамчунин ҳамедон. Пас: Ҳақро камолу ҳақиқати ҷуз Вай нашиносад.
ФАСЛИ (НУҲУМ)
[Мутобиати шариат роҳи саодат аст] Шарҳи маърифати Ҳақ дароз аст, субҳонаҳу ва таъоло ва дар чунин китоб рост наёяд ва ин миқдор кифоят аст танбеҳ ва ташвиқро ба талаби тамомии ин маърифат, чандон ки дар вусъи одамӣ бошад, ки тамомии саодат бад-он бувад; балки саодати одамӣ дар маърифати Ҳақ аст ва дар бандагӣ ва ибодати Ӯст. Ва ваҷҳи он, ки маърифат саодати абадист, аз пеш гуфта омад. Аммо он ки бандагӣ ва ибодат сабаби саодати одамӣ аст, он аст, ки сари кори одамӣ, чун бимирад, бо Ҳақ хоҳад буд: Ва илайҳи-л-марҷиъу ва-л-масиру1. Ва ҳар киро қароргоҳ бо касе хоҳад буд, саодати вай он бувад, ки дӯстдори вай бувад ва ҳарчанд дӯсттар дорад, саодати вай бештар бувад, аз он ки лаззату роҳати вай дар мушоҳидаи маҳбуб зиёдат бувад.
Ва дӯстии Ҳақ таъоло бар дил ғолиб нашавад, илло ба маърифат ва бисёрии зикр, ҳар кас, ки касеро дӯст дорад, зикри вай бисёр кунад, ҳарчанд зикри вай бисёр кунад, вайро дӯстдортар шавад. Ва барои ин буд, ки ваҳй омад ба Довуд алайҳиссалом: «Ано буддука-л-лозиму фалзим буддака» яъне: «Чораи ту Манам ва сари кори ту бо Ман аст, як соат аз зикри Ман ғофил мабош».
1 Ва бозгашт ба сӯи Ӯст.
Ва зикр бар дил ғолиб аз он шавад, ки бар ибодат мувозибат кунад; ва фароғати ибодат он гоҳ ёбад ва он вақт бояд, ки алоиқи шаҳавот аз дил гусаста шавад; ва алоиқи шаҳавот бад-он гусаста шавад, ки аз маосӣ даст бидорад. Пас, даст бидоштан аз маъсият сабаби фароғати дил аст ва ба ҷой овардани тоат сабаби ғолиб шудаи зикр аст. Ва ин ҳар ду сабаби муҳаббат аст, ки тухми саодат аст ва иборат аз вай «фалоҳ» аст, чунон ки Ҳақ таъоло гуфт: «Қад афлаҳа ман тазакко ва закара-сма Раббиҳи фа салло»1
.
Ва чун ҳама аъмол, онро нашояд, ки ибодат бувад, балки баъзе шояд ва баъзе нашояд ва аз ҳама шаҳавот мумкин нест даст бидоштан – ва низ раво нест даст бидоштан – чи агар таом нахӯрад, ҳалок шавад ва агар мубошират накунад, насл мунқатеъ шавад. Пас, баъзе шаҳавот даст бидоштанӣ аст ва баъзе карданӣ аст; пас ҳадде бояд, ки ин аз он ҷудо шавад. Ва ин ҳадд аз ду ҳол берун набувад: ё одамӣ аз ақлу ҳаво ва иҷтиҳоди хеш гирад ва ба назари хеш ихтиёр ҳамекунад, ё аз дигаре гирад. Ва муҳол бувад, ки ба ихтиёру иҷтиҳоди вай гузоранд, чи ҳаво, ки бар вай ғолиб бошад, ҳамеша роҳи Ҳақ бар вай пӯшида медорад; ва ҳар чи муроди вай дар он бувад, ба сурати савоб ба вай менамояд. Пас бояд ки зимоми ихтиёр ба дасти вай набошад, балки ба дасти дигаре бошад; ва ҳар кас онро нашояд, ки басиртарини халқ бояд ва он анбиёанд салавотуллоҳу алайҳим аҷмаъин.
Пас, ба зарурат, мутобиати шариат ва мулозимати ҳудуду аҳком зарурати роҳи саодат аст; ва маънии бандагӣ он бувад. Ва ҳар ки аз ҳудуди шариат даргузарад, ба тасарруфи хеш дар ҳалок афтад ва бад-ин сабаб гуфт Эзади таъоло: «Ва ман йатаъадда ҳудудаллоҳи фа қад залама нафсаҳу»2
.
ФАСЛИ (ДАҲУМ)
[Роҳҳои ғалату ҷаҳли аҳли ибоҳат] Касоне, ки аз аҳли ибоҳат, аз ҳудуди ҳукми Худо азза ва ҷалла даст бидоштанд, ғалат ва ҷаҳли эшон аз ҳафт ваҷҳ бувад.
Ваҷҳи аввал – ҷаҳли гурӯҳе аст, ки ба Худои азза ва ҷалла имон надоранд, чи Вайро аз ганҷинаи хаёлу ваҳм талаб карданд ва чуниву чигунагии
1 Ҳароина растагор шуд касе, ки худро пок кард ва номи Парвардигори хешро ба ёд овард, пас дуруд фиристод.
2 Ва ҳар кас аз андоза ва ҳудуди Худованд даргузарад, ҳароина ба нафси хеш зулм кардааст.
Вай ҷустанд; чун наёфтанд, инкор карданд ва ҳаволати корҳо бо нуҷуму табиат карданд ва пиндоштанд, ки ин шахси одамӣ ва дигар ҳайвонот ва ин олами аҷиб бо ин ҳама ҳикмату тартиб аз худ падид омад, ё худ ҳамеша буд, ё феъли табиӣ аст, ки вай худ аз худ бехабар бувад, то ба чизе дигар чӣ расад! Ва масали ин чун касе аст, ки хатте некӯ бинад набишта, пиндорад, ки он аз худ набишта омад, бе котибе қодир ва олиму мурид, ё худ ҳамчунин ҳамеша набишта будааст. Касе, ки нобиноии вай то бад-ин ҳад бувад, аз роҳи шақоват бинигарад! Ва ба ваҷҳи ғалати табиӣ ва мунаҷҷим аз пеш ишорат карда омад.
Ваҷҳи дуввум – ҷаҳли гурӯҳе аст ба охират, ки пиндоштанд, ки одамӣ чун набот аст ва ё чун ҳайвоне дигар; чун бимирад, нест шавад ва бо вай на итоб бувад ва на иқобу на савоб. Ва сабаби ин ҷаҳл аст ба нафси хеш, ки аз хештан ҳамон мешиносад, ки аз хару гову гиёҳ; ва он рӯҳ, ки ҳақиқати одамӣ аст, онро намешиносад, ки он абадӣ аст ва ҳаргиз намирад, валекин колбад аз вай бозситонанд ва онро марг гӯянд. Ва ҳақиқати он дар унвони чаҳорум гуфта ояд.
Ваҷҳи сеюм – ҷаҳли касоне аст, ки эшон ба Худои таъоло ва охират имон доранд, имоне заиф, валекин маънии шариат нашинохтаанд ва гӯянд, ки: «Худойро азза ва ҷалла ба ибодати мо чӣҳоҷат аст ва аз маъсияти мо чӣ ранҷ, ки Вай подшоҳе аст, аз ибодати халқ мустағнӣ ва ибодату маъсият наздики Вай ҳар ду баробар аст».
Ва ин ҷоҳилон дар Қуръон ҳамебинанд, ки мегӯяд: «Ва ман тазакко фа иннамо йатазакко ли нафсиҳи» «Ва ман ҷоҳада,фа иннамо йуҷоҳиду ли нафсиҳи» «Ва ман ъамила солиҳан, фа ли нафсиҳи»1. Ин мудбир ҷоҳиле аст ба шариат, ки мепиндорад, ки маънии шариат он аст, ки кор барои Худой мебояд кард, на барои хеш. Ва ин ҳамчунон аст, ки бемор парҳез накунад ва гӯяд: «Табибро аз он чи, ки фармони вай барам ё набарам!»
Ин сухан рост аст, валекин вай ҳалок шавад, на аз сабаби ҳоҷати табиб, валекин аз он ки роҳи ҳалоки вай парҳез нокардан аст ва табиб вайро далолат карда ва роҳ намуда; ва даллолро аз он чӣ зиён, ки вай ҳалок шавад? Ва чунон ки бемории тан сабаби ҳалоки ин ҷаҳон аст, бемории дил сабаби шақовати он ҷаҳон аст; ва чунон ки доруву парҳез сабаби саломатии тан аст, тоату маърифат ва парҳези маъсият низ сабаби саломати дил аст: «Ва ло йанҷу, илло ман атоллоҳа би қалбин салимин»2
.
Ваҷҳи чаҳорум – ҷаҳли касоне аст ҳам ба шариат аз ваҷҳе дигар, ки
1 Ва ҳар кас тазкияи нафс кунад, ҳароина барои худ тазкия карда бошад. Ва касе, ки муҷоҳада кунад, пас, ҳароина барои худ муҷоҳада кардааст. Ва ҳар кас кори некӯ кунад, пас, барои худ кардааст.
2 Ва наҷот нахоҳад ёфт, магар он кас, ки бо дили пок пеши Худо ояд.
гуфтаанд: «Шаръ мефармояд, ки дил аз шаҳвату хашм ва риё пок кунед.
Ва ин мумкин нест, ки одамиро аз ин офаридаанд; ва ин ҳамчунон бошад, ки касе гилеми сиёҳ хоҳад, ки сапед кунад. Пас, машғул будан бадин талаб муҳол бувад!» Ва ин аҳмақон надонистанд, ки шаръ бад-ин нафармудааст, балки фармудааст, ки хашму шаҳватро адаб кунанд; ва чунон доранд, ки бар шаръу ақл ғолиб набошад ва саркашӣ накунад ва ҳудуди шариат нигоҳ дорад ва аз кабоир дур бошад, то сағоир аз вай афв кунанд ва аз вай даргузоранд. Ва ин мумкин аст ва бисёр кас бад–ин расидаанд.

пешина
аз 176
навбатӣ