Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

2 Ғазаб.
чун ҷоҳ ба даст овард, мол низ ба вай ба даст овардан осон бувад, аммо агар хасис1 хоҳад, ки ба мол ҷоҳ ба даст оварад, ин душвор бувад; дуввум, он ки мол андар хатар бувад, ки ҳалок шавад ё дузд бибарад ва ба кор шавад ва бирасад2 ва ҷоҳ аз ин эмин бувад; саввум он, ки мол зиёдат нашавад бе ранҷи тиҷорат ва ҳаросат3 ва ҷоҳ сироят ҳамекунад ва зиёдат ҳамешавад:
ки ҳар кӣ дили вай сайди ту шуд, вай андар ҷаҳон ҳамегардад ва санои ту ҳамегӯяд, то дигарон низ сайди ту ҳамешаванд нодида ва ҳарчанд маъруфтар ҳамешавад, ҷоҳ зиёдат ҳамегардад ва табаъ пеш ҳамешавад, пас ҷоҳ ва мол, ҳар ду матлуб аст, барои он ки василат аст ба ҷумла ҳоҷатҳо, валекин дар табъи одамӣ андар аст, ки ному ҷоҳ дӯст дорад ба шаҳрҳои дур, ки донад, ки ҳаргиз он ҷо нахоҳад расид ва дӯст дорад, ки олам мулки вай бошад, агарчи донад, ки бад-он мӯҳтоҷ нахоҳад буд ва инро сирре азим аст ва сабаб он аст, ки одамӣ аз гавҳари фариштагон аст ва аз ҷумлаи корҳои Илоҳият аст, чунон ки гуфт: «Қули-р-рӯҳу мин амри рабби». Пас, ба сабаби зиёдати муносибат, ки бо ҳазрати рабубият дорад, рабубият ҷустан табъи вай аст ва андар ботин ҳар касе боист4 он ки Фиръавн гуфт:
«Ано раббакуму-л-аъло» андар аст, пас ҳар касе рабубият ба табъ дӯст дорад ва маънии рабубият он аст, ки ҳама вай бошад ва бо вай худ ҳеч дигар набувад, ки чун дигаре падид ояд нуқсон бувад ва камоли офтоб он аст, ки яке аст ва нур ҳама аз вай аст, агар бо вай дигаре будӣ ноқис будӣ ва ин камол, ки ҳама вай бошад, хосияти Илоҳият аст, ки ҳаст ба ҳақиқат ӯсту бас ва андар вуҷуд бо вай ҷуз вай ҳеч чизи дигар нест ва ҳар чӣҳаст, нури қудрати вай аст, пас табаъи вай бошад, на бо вай бошад, чунон ки нури офтоб табаъи офтоб аст ва вуҷуди дигар набувад андар муқобилаи офтоб бо вай ба ҳам, то чун вай падид ояд, нуқсоне бошад ва андар табъи одамӣҳаст, ки хоҳад, ки ҳама вай бошад, чун аз ин оҷиз аст, боре хоҳад, ки он вай бошад, яъне ки мусаххари вай бувад ва андар тасарруф ва иродати вай бувад, валекин аз ин оҷиз аст: чи мавҷудот ду қисмат аст: як қисм он аст, ки тасарруфи одамӣ ба вай нарасад, чун осмонҳо ва ситорагон ва ҷавоҳири малоика ва шаётин ва он чӣ дар таҳти замин ва қаъри дарё ва зери куҳҳост, пас хоҳад, ки ба илм бар ҳама муставлӣ бувад, то ҳама андар таҳти тасарруфи илми вай ояд — агар дар тасарруфи қудрати вай наёяд — ва бад-ин сабаб бувад, ки хоҳад, ки малакути замину осмон ва аҷоиби баҳру бар, ҷумла маълуми вай бошад, чунон ки касе оҷиз бошад аз ниҳоди
1 Паст.
2 Яъне, дар кор афтад ва тамом шавад.
3 Зироат.
4 Яъне ин андеша зарури ҳар касе аст.
шатранҷ, валекин хоҳад, боре, ки бидонад, ки чи гуна ниҳодаанд, ки ин низ навъе аз истило бошад: аммо қисми дуввум, ки одамиро андар он тасарруф тавонад буд, рӯи замин аст ва он чӣ бар вай аст аз набот ва ҳайвон ва ҷамод ва одамӣ, хоҳад, ки ҳама мулки вай бошад, то вайро камоли қудрат ва истило бувад бар ҳама ва аз ҷумла он чӣ бар замин аст, нафистарин дили одамиён аст, хоҳад, ки он низ мусаххари вай бошад ва ҷои тасарруфи вай бувад, то ҳамеша ба зикри вай машғул буванд ва маънии ҷоҳ ин бувад.
Пас, одамӣ ба табъ рубубият дӯст дорад: ки насаби он бо вай ҳамекашад ва аз он ҳазрат ҳамеояд ва маънии рубубият он бувад, ки камол ҳама вайро бошад ва камол андар истило бувад ва истило ҳама бо илм ва қудрат ояд, ки ба молу ҷоҳ бувад, пас сабаби дӯстии вай ин аст.
– ФАСЛ –
(Халқ дар талаби ҷоҳ роҳи зиён мераванд) Агар касе гӯяд, ки чун талаб камоли рубубияти одамӣ аст ва он ҷуз ба илм ва қудрат нест ва талаб илми маҳмуд аст, ки он талаби камол аст — бояд ки талаби ҷоҳу мол низ маҳмуд бошад, ки он низ талаби қудрат аст ва қудрат низ аз ҷумлаи камол аст ва аз сифоти ҳақ аст, ҳамчун илм ва банда ҳарчанд, ки комилтар ба Ҳақ таъоло наздиктар бувад, ҷавоб он аст, ки илм ва қудрат, ҳар ду камол аст ва аз сифоти рубубият аст, валекин одамиро роҳ аст ба илми ҳақиқӣ ва роҳ нест ба қудрати ҳақиқӣ ва илм камоле аст, ки вайро ба ҳақиқат мумкин аст, ки ҳосил ояд ва он гоҳ бо вай бимонад, аммо қудрат ҳосил наояд, лекин пиндорад, ки ҳосил омад ва он гоҳ бо вай бинамонад, ки қудрат ба мол ва ба халқ тааллуқ дорад ва ба марг аз вай мунқатеъ шавад ва ҳар чӣ ба марг ботил шавад, аз ҷумлаи боқиёти солеҳот набувад ва рӯзгор бурдан андар талаби он ҷаҳл бувад, пас аз қудрат он қадар ба кор ояд, ки василат бувад ба таҳсили илм ва қиёми илм ба дил аст, на ба тан ва дил боқӣ аст ва абадӣ, чун олим аз ин ҷаҳон бишавад, илм бимонад ва он илм нуре бошад, ки фаро ҳазрати Илоҳият бинад, то лаззате ёбад, ки лаззати биҳишт андар он мухтасар шавад ва илмро ба ҳеч чиз тааллуқ нест, ки он ба марг ботил шавад, чи мутааллиқи илм на мол аст ва на дили халқ, балки зоти Ҳақ таъолост ва сифоти вай андар малакут ва аҷоиби маъқулот андар ҷоизот ва воҷибот ва мустаҳилот, ки азалӣ ва абадӣ аст, ки ҳаргиз бинагардад ва ҳаргиз воҷиби муҳол нашавад ва муҳол ҷоиз нашавад, аммо илме, ки ба чизҳо офарида ва фонӣ тааллуқ дорад, онро вазне набувад, чун илми луғат масалан, ки луғат фонӣ бувад ва вазни вай бад-он бувад, ки василати маърифати китоб ва суннат бувад ва маърифати китоб ва суннат василати маърифати Ҳақ таъоло ва буридани ақабот роҳи вай бувад. Пас, ҳар чӣ гардиш ва фаноро бад-он роҳ аст, илми вай мақсуд набувад, балки тобеи илми азалиёт аст, ки аз ҷумлаи боқиёти солеҳот аст ва аз ҳазрати илоҳиёт аст, ки азалӣ ва абадӣ аст ва тағйирро ба вай роҳ нест, пас чандон, ки одамӣ бо азалиёт олимтар бувад, ба Ҳақ таъоло наздиктар бувад ва вайро илм ба ҳақиқат аст ва қудрат ба ҳақиқат нест, магар як навъ аз қудрат, ки он низ аз боқиёт бошад ва он ҳуррият аст ва озод шудан аз дасти шаҳавот, ки ҳар одамӣ, ки асири шаҳват аст, бандаи он аст ва ба ҳар ҳоҷате, ки вайро бувад нуқсоне бувад, пас озод шудан аст он ҳоҷат ва қодир шудан бар шаҳавоти хеш камоле аст, ки ба сифоти Ҳақ таъоло ва ба малоика наздик аст аз он ваҷҳ, ки бад-ин сабаб аз тағйир ва гардиш ва ҳоҷат дуртар бувад ва ҳарчанд, ки аз тағйир ва ҳоҷат баъидтар бувад, ба малоика монандатар бувад, пас камол ва ҳақиқат илм ва маърифат аст ва дигар ҳуррият ва озодӣ аз дасти шаҳавот; аммо молу ҷоҳ камол намояд ва нест ва он гоҳ боқӣ набошад, пас аз марг, пас халқ андар талаби камол маъзуранд, балки бад-он маъмуранд ва рӯй бад-он овардаанд, валекин ба камоли ҳақиқӣҷоҳиланд ва он чӣ камол аст, пушт ба он кардаанд, пас ҳама роҳи зиёни худ ҳамераванд, ба Ҳақ таъоло аз ин гуфт, ки: «Вал асри инна-л-инсона лафи хусрин»1
.
– ФАСЛ –
(Қадри кифоят аз ҷоҳ мазмум нест)
Бидон, ки ҷоҳ чун мол аст ва чунон ки мол ҳама мазмум нест, балки қадри кифоят аз он зоди охират аст ва бисёре аз он, чун дил мустағриқ шавад, қотеъи роҳи охират аст, ҷоҳ низ ҳамчунин аст: ки одамиро чора нест аз касе, ки хидмат кунад ва аз рафиқе, ки муованат кунад ва аз султоне, ки шарри золимон аз вай боздорад, лобуд вайро бояд, ки андар дили ин қавм қадре бошад, талаби ҷоҳ андар дили ин қавм бад-он миқдор, ки ин мақсуд ҳосил ояд, раво бошад, чунон ки Юсуф алайҳиссалом гуфт, ки: «Инни ҳафизун ъалимун» ҳамчунин то вайро қадре набошад андар дил устод вайро таълим накунад ва то андар дили шогирд набувад, аз вай таълим накунад, пас талаби қадри кифоят аз ҷоҳ мубоҳ аст, чун талаби қадри кифоят аз мол.
Валекин ҷоҳ ба чаҳор тариқ талаб тавон кард, ду ҳаром аст ва ду мубоҳ:
1 Қисме ба асари рӯзгор, ки одамӣ дар зиёнкоре аст.
аммо он ду, ки ҳаром аст, яке он бувад, ки ба изҳор ибодати талаби ҷоҳкунад ва ин ҳаром бувад ва риё бошад, ки ибодат бояд, ки холис Худойро бувад, чун ҷоҳ бад-он талаб кунад, ҳаром бувад, дуввум он, ки ба талбис кунад ва хештан ба сифате фаро намояд, ки набувад: масалан гӯяд, ки: ман алавиям ё аз фулон пеша донам ва надонад ва ин ҳамчунон бошад, ки моле ба талбис талаб кунад. Ва аммо он ду, ки мубоҳ аст, он бувад, ки ба чизе талаб кунад, ки андар он талбис набошад ва ибодате набувад ва дигар бад-он, ки айби хеш бипӯшад, ки агар фосиқ бувад ва маъсияти хеш пӯшида дорад, то вайро ба наздики султоне ҷоҳе бувад, на барои он ки то пиндорад, ки порсост, он низ рухсат аст.
Пайдо кардани илоҷи дӯстии ҷоҳ
Бидон, ки дӯстии ҷоҳ, чун бар дил ғолиб шуд, бемории дил бошад ва ба илоҷҳоҷат афтад, чи он лобуд ба риё ва нифоқ ва дурӯғ ва талбис ва адоват ва ҳасад ва мунофисат ва маъосӣ кашад, ҳамчун дӯстии мол, балки ин батар, ки ин бар табъи одамӣғолибтар аст ва касе, ки молу ҷоҳ он қадар ҳосил кунад, ки саломати дин ва дунёи вай андар он бувад ва беш аз он нахоҳад, вай бемор набувад, ки ба ҳақиқат молу ҷоҳро дӯст надошта бошад, балки фароғати кори динро дӯст дошта бошад, лекин касе, ки ҷоҳ чунон дӯст дорад, ки ҳамеша андешаи вай ба халқ мустағриқ бувад, то ба вай чун ҳаменигаранд ва чи ҳамегӯянд, аз вай ва чи эътиқод доранд андар вай ва андар ҳар чӣ бувад, дил бо он дорад, то мардумон чӣ гӯянд, вайро илоҷи он беморӣ фариза аст ва мураккаб аст илоҷи вай аз илму амал:
Аммо илмӣ он аст, ки андар офати ҷоҳ тааммул кунад, андар дунё ва дин, аммо андар дунё ҳамеша талаби ҷоҳ андар ранҷ ва мазаллат мурооти дили халқ бошад, агар ҷоҳҳосил нашавад, худ залил бимонад ва агар ҳосил шавад, мақсуд ва маҳсуд бошад ва ҳама андар ранҷу адоват ва рафъи қасди душманон бошад ва аз макру адовати эшон эмин набувад ва ҳар кӣ аз қасд холӣ набошад, агар андар хусумате мағлуб шавад, худ андар мазаллат бошад ва агар ғолиб ояд, онро ҳеч бақо набувад, ки ҷоҳҳама ба дили халқ тааллуқ дорад ва дили халқ зуд бигардад ва ҳамчун мавҷи дарё бувад ва заифиззе бувад, ки бинои он бар дили мудаббире чанд бувад, ки ба хотире, ки ба дили вай дарояд, он изз бигардад, хосса касе, ки ҷоҳи вай ба вилояте бошад, ки азл пазирад, ки ба як хотир, ки бар дили волӣ дарояд, азл кунад ва вай залил гардад. Пас, толиби ҷоҳҳам андар дунё андар ранҷ бувад ва ҳам андар охират ва ин ҳама заъифон фаҳм тавонанд кард, аммо касеро, ки ба сират тамом бувад, вай худ донад, ки агар мамлакати рӯи замин аз шарқ то ғарб вайро мусаллам ва софӣшавад ва ҳама ҷаҳониён вайро суҷуд кунанд ва ин худ шодие наярзад, ки чун бимирад, ҳама ботил шавад ва то муддате андак на вай монад ва на он ки вайро суҷуд карда буд ва на ҳам султон мурда шавад, ки касе аз эшон ёд накунад, он гоҳ бад-ин лаззат рӯзе чанд, ки подшоҳӣ ёбад, подшоҳии абад ба зиён оварда бошад, ки ҳар кӣ дил андар ҷоҳ баст, дӯстии Ҳақ таъоло аз вай бирафт ва ҳар, ки бад-он ҷаҳон шавад ва ҷуз дӯстии Ҳақ таъоло бар дили вай чизе ғолиб бувад, азоби вай дароз бувад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё