Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

2 Агар онро (моли дунёро) аз шумо бихоҳанд ва исрор варзанд, бухл хоҳед кард ва кинаҳои шумо берун меафтад.
воҷиби шаръ ва мурувват бидодӣ ва моли бисёр бимонад, талаби савоби охират ба садақот муҳим аст ва нигоҳ доштани мол аз баҳри навоиби1 рӯзгор низ муҳим аст. Лекин тақдими он бар ғарази савоб бухл аст наздики бузургон ва наздики авом бухл нест чи назари авом бештар мақсуд бар дунё бувад ва ин ба назари ҳар касе бигардад. Агар бар воҷиби шаръ ва мурувват иқтисор кунад, аз бухл халос ёфт, валекин дараҷаи сахо он гоҳ ёбад, ки бад-ин бияфзояд ва чандон ки ҳамеафзояд, вайро дар саховат дараҷа падид ҳамеояд ва савоб он биёбад, агар андак бошад ва агар бисёр, ҳар яке бар миқдори хеш ва сахӣ он бувад, ки додан бар вай душвор набувад, ки чун ба такаллуф диҳад, сахӣ набошад ва агар сано ва шукр ва мукофот чашм дорад, сахӣ набувад ва ҷавод ва сахӣ он бувад, ки бе ғараз диҳад ва ин аз одамӣ муҳол аст; балки ин сифати Ҳақ таъолост, валекин чун одамӣ ба савоби охират ва номи некӯ кифоят кунад, вайро ба маҷоз сахӣ гӯянд, ки иваз андар ҳол талаб намекунад. Сахӣ андар дунё ин бошад, аммо сахӣ дар дин он бувад, ки бок надорад, ки ҷон фидо кунад андар дӯстии Ҳақ таъоло ва андар охират ҳеч иваз чашм надорад, балки дӯстии Ҳақ таъоло худ боиси вай буваду бас ва фидо кардани худ айни ғараз бувад ва лаззат бувад ва чун чизе чашм дорад, муоваза бувад на саховат.
Пайдо кардани илоҷи бухл
Бидон, ки ин илоҷ мураккаб аст аз илму амал:
Аммо илм — он аст, ки аввал сабаби бухл шиносӣ: ки ҳар беморӣ, ки сабаби вай бидонӣ, илоҷи он битавон кард ва сабаби вай дӯстии шаҳватҳост, ки бе мол ба вай натавон расид ва ба умеди зиндагонии ..., ки агар бахил бидонад, ки зиндагонии вай як рӯз ё як сол беш намондааст, харҷ бар вай осонтар шавад, магар ки фарзанд дорад, ки бақои фарзанд ҳамчун бақои худ донад ва бухли вай маҳкамтар шавад. Ва барои ин гуфт
— расул — алайҳисаллам, ки: «Фарзанд кони бахилӣ ва баддилӣ2 ва ҷаҳолат аст». Ва вақте бошад, ки аз дӯстии мол шаҳвате ботил таваллуд кунад ё барои шаҳват моли худ айни моли маъшуқи вай шавад ва низ бисёр бувад, ки чандон ки бизияд, мол дорад ва зиёъ ва асбоб ва дахли зиёъ, ки вайро ва зану фарзанди вайро то ба қиёмат басанда аст — берун нақди бисёр, ки дорад — ва агар бемор шавад худро илоҷ накунад ва закот бинадиҳад ва нигоҳ доштани зар андар замин, шаҳвати вай бувад,
1 Сахтиҳо.
2 Тарс.
боз он, ки донад, ки бимирад ва душманони вай бибаранд, валекин бахил вайро аз харҷ кардан монеъ бувад ва ин бемории азим аст, ки камтар илоҷ пазирад.
Ва акнун чун сабаб бишинохтӣ, илоҷи дӯстии шаҳавот ба қаноат тавон кард бо андаке ва сабр бар тарки шаҳавот, то аз мол мустағнӣ шавад; ва илоҷи умеди зиндагонӣ бад-он кунад, ки аз марг бисёр андешад ва андар ҳамтоёни худ нагардад, ки чӣ гуна ғофил ва бехабар мурданд ва ҳасрат бурданд ва мол душманон қисмат карданд; ва бими дарвешӣ фарзандонро бад-он илоҷ кунад, ки бидонад, ки он ки эшонро биёфарид, рӯзии эшон бад-эшон ҳам тақдир кард ва агар тақдир ба дарвешӣ кардааст, ба бахилии вай тавонгар нашаванд, лекин он молро зоеъ кунанд ва агар тавонгарӣ тақдир кардааст, аз ҷои дигар ба даст оваранд ва мебинад, ки бисёр тавонгаранд, ки аз падар ҳеч мерос наёфтанд ва бисёр касон мерос ёфтанд ва ҳама зоеъ карданд ва бидонад, ки агар фарзанд мутеъи Ҳақ таъоло бувад, худ вайро кифоят кунад ва агар на дарвешӣ маслиҳати дину дунёи вай бошад, то мол андар фасод ба кор набарад ва дигар дар ахбор, ки дар мазаммати бухл ва мадҳи сахо омада, тааммул кунад ва биандешад, ки ҷои бахил ҷуз оташ нест, агарчи тоати бисёр дорад ва ӯро чӣ фоида хоҳад буд, аз мол, пеш аз он ки худро аз дӯзах ва нохушнудии Ҳақ таъоло бозхарад? Ва дигар андар ҳоли бахилон тааммул кунад, ки чӣ гуна бар дилҳо гарон бошад ва ҳамгинон эшонро душман доранд ва мазаммат кунанд, бояд ки бидонад, ки вай низ андар чашми мардумон ҳамчунон гарон ва хасис ва ҳақир бошад. Ин аст илоҷҳои илмӣ, чун дар ин тааммул кунад тамом, агар беморӣ беҳад нест, чунон ки илоҷ бипазирад, рағбати харҷ андар вай ҳаракат кунад, бояд ки ба амал машғул шавад ва хотири аввал1 нигоҳ дорад ва зуд харҷ кардан гирад.
Абулҳасани Бушанҷӣ дар таҳоратҷой муридеро овоз дод, ки пироҳани ман гир ва ба дарвеш деҳ, гуфт: «Чаро сабр накардӣ, то берун омадӣ?»
Гуфт: «Тарсидам, ки хотири дигар дарояд», ки аз он манъ кунад ва мумкин набувад, ки бахилӣ бишавад, илло ба додани мол ва чунон ки ошиқ аз ишқ нараҳад, то сафаре накунад, ки аз маъшуқҷудо шавад, илоҷи ишқи мол ҳам ҷудо шудан аст аз мол ва ба ҳақиқат, агар дар дарё андозад ва аз ишқи вай бираҳад, авлотар аз он ки ба бахилӣ нигоҳ дорад ва аз ҳиялҳо ва илоҷҳои латиф яке он аст, ки хештан ба номи некӯ фирефта кунад ва гӯяд: харҷ кун, то мардумон туро сахӣ донад ва некӯ гӯянд, шараҳи риё ва ҷоҳро бар шараҳи мол мусаллат кунад, то чун аз вай бираҳад, он гоҳ риёро илоҷ кунад, чунон ки кӯдаконро аз шир бозкунанд
1 Чизе, ки нахустин бор ба хотир хутур кунад.
ва ба чизе сукут диҳанд, ки вай дӯст дорад, то андар машғулии он ширро фаромӯш кунад ва ин тариқе нек аст андар хабоиси ахлоқ, ки сифатеро бар сифате мусаллат бикунад, то ба қуввати он аз вай бираҳад ва ин ҳамчунон бувад, ки хун аз ҷома ба об нашӯяд, ба бавл бишӯяд, то онро бишӯронад ва бибарад, он гоҳ бавл ба об бишӯяд ва ҳар кӣ бухл ба риё бибарад, палидӣ ба палидӣ шуста бошад, лекин чун ба риё қарор нагирад, суд карда бошад, балки агар ба риё қарор гирад ҳам суд карда бошад, агарчи бухл ва руунат санои некӯҳар ду аз кӯи башарият аст, валекин андар кӯи башарият низ гулхан аст ва гулшан аст ва бухл гулхани кӯи башарият аст ва саховат ба риё гулшани кӯи башарият аст ва саховат барои риё ҳаром нест, ки риё дар ибодат ҳаром асту бас ва додан ва доштан лиллоҳро аз кӯи башарият берун аст ва маҳмуди тамом ин аст, пас бахилро нарасад, ки эътироз кунад, ки фулон харҷ ба риё ҳамекунад, ки харҷ ба риё некӯтар аз имсок ва бухли бериё, чунон ки андар гулшан будан некӯтар, ки андар гулхан будан.
Илоҷи бухл ин аст, ки гуфта омад: додан ба такаллуф ва ранҷ пеша гирад, то он гоҳ, ки табъ гардад. Баъзе аз шуюх илоҷи муридон бад-он кардаанд, ки ҳеч касро бинагузоштандӣ, ки зовия ҷудо доштӣ ва дил бар он бинҳодӣ, чун дидӣ, ки дил бар он бинҳодӣ, вайро ба зовияи дигар фиристодӣ ва зовияи вай ба дигаре бахшидӣ ва агар дидӣ, ки кафше нав дар пой кардӣ, ки дили вай бад-он бознигаристӣ, гуфтӣ: то ба дигаре додӣ. Ва расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам широки1 наълайн нав бикард, он гоҳ дар намоз чашми вай бар он афтод, гуфт: «Он кӯҳна бозоваред» ва он нав берун кард ва чун чунин кард, маълум шуд, ки гусастагии дилро аз мол ҳеч илоҷе нест ҷуз ба ҷудо кардан аз худ, то даст аз мол фориғ набошад, дил фориғ набувад ва аз ин бувад, ки дарвеш фарохдил бувад. Чун мол бар вай ҷамъ шуд, лаззати ҷамъ бишиносад ва бахил гардад ва ҳар чӣ набошад, дил аз он фориғ бувад. Яке подшоҳеро қадаҳи пирӯзаи мурассаъ ба ҷавоҳир ҳадя дод, чунон ки андар ҷаҳон назири он набуд, ҳакиме ҳозир буд, гуфт: «Чӣ гуна ҳамебинӣ, эй ҳаким?»
Гуфт: «Ҳамебинам, ки мусибате аст ё дарвешӣ», гуфт: «Пеш аз ин аз ҳар ду эмин будӣ, агар бишиканад мусибате аст, ки онро мисл нест ва агар бидузданд дарвешӣ ва ҳоҷате, то он гоҳ, ки бо даст ояд». Он гоҳ иттифоқ афтод, ки бишикаст, азим ранҷур шуд ва гуфт: «Ҳаким рост гуфт».
Пайдо кардани афсуни мол
1 Тасма, банд.
Бидон, ки масали мол ҳамчун мор аст, ки андар вай заҳру тарёк аст, чунон ки гуфтем ва ҳар кӣ афсуни мор надонад ва даст ба вай барад, ҳалок шавад ва бад-он сабаб аст, ки раво нест, ки касе гӯяд андар саҳоба касоне буданд, ки тавонгар буданд, чун Абдурраҳмон ибни Авф разийаллоҳу анҳу; пас дар тавонгарӣ айбе нест ва ин ҳамчунон бувад, ки кӯдаке муаззиме1 мебинад, ки даст фаро мор кунад ва андар салла ҷамъ ҳамекунад, пиндорад, ки аз он ҳамебаргирад, ки нарм аст ва андар даст хуш аст, вай низ ба гирифтан истад ва ногоҳҳалок шавад. Ва афсуни мол панҷ аст:
Аввал — он ки бидонӣ, ки молро ба чи офаридаанд, чунон ки гуфтем, ки барои сози қут ва ҷома ва маскан, ки зарурати тани одамӣ аст ва тан барои ҳавос аст ва ҳавос барои ақл аст ва ақл барои дил, то ба маърифати Ҳақ таъоло ороста шавад, чун ин бидонист дил андар вай ба қадри мақсуди вай бандад ва андар он мақсуд ҳикмати вай ба кор дорад; Дуввум — он, ки ҷиҳати дахл нигоҳ дорад, то аз ҳаром ва шубҳат ва аз ҷиҳате, ки андар мурувват қадҳ кунад — чун ришват ва гадоӣ ва музди ҳаммомӣ ва амсоли ин — набувад; Саввум — он, ки миқдори вай нигоҳ дорад, то пеш аз ҳоҷат ҷамъ накунад ва ҳар чӣ зиёдат аз ҳоҷат аст, ки на барои зоди роҳи дин бад-он ҳоҷат аст, ҳаққи аҳли ҳоҷат шиносад, чун мӯҳтоҷӣ падид ояд, зиёдат аз ҳоҷат аз они вай аст, аз вай бознагирад, агар қуввати исор надорад, андар маҳалли ҳоҷат тақсир накунад; Чаҳорум — он, ки харҷ нигоҳ дорад, то ҷуз ба иқтисор ба кор набарад ва бо андак қаноат кунад ва ба ҳақ харҷ кунад, ки харҷ кардан на ба ҳақҳамчун касб кардан на аз ҳақ аст; Панҷум — он ки ният андар дахл ва харҷ ва нигоҳдошт дуруст кунад ба некӯ: он чи ба даст оварад, барои фароғати ибодат ба даст оварад ва он чи даст бидорад, барои зӯҳд ва истеҳқори дунё даст бидорад ва барои он, то дил аз андешаи вай сиёнат кунад, ки ба зикри Ҳақ таъоло пардозад ва он чӣ нигоҳ дорад, барои ҳоҷате муҳим нигоҳ дорад, ки андар роҳи дин бувад ва андар фароғати роҳи дин ва мунтазири ҳоҷат бошад, то харҷ кунад; ва чун чунин кунад, моли вайро зиён надорад ва насиби вай аз мол тарёқ бошад на заҳр. Ва барои ин гуфт Алии Муртазӣ разийаллоҳу анҳу:
«Агар касе ҳар чӣ рӯи замин мол аст, ба даст оварад, вай зоҳид аст, агарчи тавонгартарин халқ аст ва агар ба тарки ҳама бигӯяд — ва на барои Ҳақ таъоло аст — вай зоҳид нест». Бояд, ки ният кори ибодат ва роҳи охират бувад, то бар ҳаракат, ки кунад — агар ҳама қазо ҳоҷат бувад ё таом
1 Дуо хонад — афсуншуда.
хӯрдан бувад — ҳама ибодат бувад ва бар ҳама савоб ёбад, ки роҳи динро ба ҳама ҳоҷат аст, валекин коре ният дорад ва чун бештар халқ аз ин оҷиз бошанд ва ин афсун ва азоим1 нашиносад — ва агар шиносад, ба кор надоранд — авлотар он бувад, ки аз моли бисёр дур буванд, то тавонанд:
ки агар бисёрии мол сабаби батар ва ғафлат набувад, охир аз дараҷоти охират камтар бикунад ва ин хусроне тамом бошад.
Ва чун Абдурраҳмони Авф разийаллоҳу анҳу фармон ёфт, бисёр мол аз вай бимонд, баъзе аз саҳоба гуфтанд, ки мо аз вай ҳаметарсем, аз ин моли бисёр, ки гузошт. Каъби Ахбор гуфт: «Субҳоналлоҳ, чи метарсед, моле, ки аз ҳалол ба даст овард ва ба ҳақ харҷ кард ва он чӣ бигузошт, ҳалол бувад, чӣ бим бувад? Хабар ба Бӯзар расид, берун омад, хашмнок шуд ва устухони шутуре ба даст гирифт ва Каъбро ҳамеҷуст, то бизанад, Каъб бигурехт ва ба сарои Усмон андар шуд ва дар паси пушти вай пинҳон шуд, Бӯзар андар шуд ва гуфт: «Ҳон эй ҷуҳуд ба чи ту ҳамегӯӣ, чӣ зиён бад-он ки Абдурраҳмони Авф бозмонд». Ва расул алайҳиссалом як рӯз ба Уҳуд ҳамешуд ва ман бо вай будам, гуфт: «Ё Бӯзар». Гуфтам: «Ё расулуллоҳ». Гуфт: «Молдорон камтаринон ва вопастаринонанд андар қиёмат, илло он ки аз росту чап ва пешу пас андар роҳи Ҳақ таъоло нафақа кунанд, ё Бӯзар, нахоҳам, ки маро чанд кӯҳи Уҳуд зар бошад ва ҳама дар роҳи Худои таъоло нафақа кунам ва он рӯз, ки бимирам, аз ман ду қирот бозмонад». Расул алайҳиссалом чунин гуфта бошад: ва ту ҷуҳуд ба чӣ чунин гӯӣ, дурӯғзане ин бигуфт ва ҳеч кас вайро ҷавоб надод. Як рӯз корвони шутури Абдурраҳмон аз бозаргонӣ аз Яман бозрасиданд, бонг ва ғалаба андар Мадина афтод, Оиша разийаллоҳу анҳо гуфт: «Ин чист?»

пешина
аз 176
навбатӣ