Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Пайдо кардани илоҷи ҳирсу тамаъ
Бидон, ки доруи вай маъҷуне аст аз талхии сабр ва ширинии илм ва аз душвории амал ва ҳама доруҳои бемории дил аз ин ахлот бошад ва ҳосили ин илоҷ панҷ чиз аст:
1 Ба даст — ваҷаб.
Илоҷи аввал — амал аст: чунон ки харҷи хеш ба андаке оварад: ба ҷомаи дурушт ва нони тиҳӣқаноат кунад ва нонхӯриш гоҳ-гоҳ, ки ин қадар бетамаъ ва беҳирс ба даст ояд. Ва расул алайҳиссалом гуфт: «Се чиз аст, ки наҷоти халқ андар он аст, тарсидан аз Худой субҳонаҳу ва таъоло андар сирр ва ошкоро ва харҷ кардан ба наво1 дар дарвешӣ ва тавонгарӣ ва инсоф додан андар хашм ва хушнудӣ». Ва яке Бӯдардоро дид разийаллоҳу анҳу, ки ҳастаи хурмо мечид ва мегуфт: «Рафиқ дар маишат нигоҳ доштан аз фиқҳи мард бувад». Ва расул — алайҳиссалоту ва саллам
— гуфт: «Ҳар кӣ харҷ ба наво кунад, Ҳақ таъоло ӯро бениёз кунад. Ва ҳар кӣ харҷ бенаво кунад, вайро дарвешӣ дод ва ҳар кӣ Худойро ёд кунад, Ҳақ таъоло вайро дӯст дорад». Ва гуфт ъалайҳиссалоту вассалом: «Харҷ ба тадбир ва оҳистагӣ нимаи маишат аст».
Илоҷи дуввум — он, ки чун кифояти рӯз ёфт, дил андар мустақбал чандон набандад, ки амали вай дароз шавад ва ором нагирад дар талаби он ва шайтон ӯро ғалаба кунад, чунон ки гуфт: «Аш-шайтона йаъидукум ал-фақара ва йаъмурукум бил-фаҳшоъи»2 хоҳад, ки туро аз бими ранҷи дарвешии фардо имрӯз ба нақд андар ранҷ дорад ва бар ту ҳамехандад, ки бошад, ки худ фардо наёяд ва агар биёяд, ранҷи он беш аз он нахоҳад буд, ки имрӯз ба нақд худро дар он афканад ва ҳазар аз ин бад-он бувад, ки бидонад рӯзе ба сабаби ҳирси ҳарис зиёдат нашавад ва он чӣ муқаддар аст, лобуд бирасад. Расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам бо Ибни Масъуд бигузашт ва ӯро сахт андӯҳгин дид, ӯро гуфт: «Ғам бисёр бар дил манеҳ, ки ҳар чӣ тақдир карда бошад, бишавад ва он чӣ рӯзии туст, бирасад лобуд; ва бояд, ки бидонад, ки рӯзии банда бештар аз ҷое бувад, ки напиндорад», чунон ки гуфт: «Ва ман йаттақилоҳа йаҷъал лаҳу махраҷан ва йарзуқҳу мин ҳайсу ло йаҳтасиб». Ва Суфёни Саврӣ гуфт: «Парҳезгор бош, ки ҳаргиз ҳеч парҳезгор аз гуруснагӣ намирад, яъне Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло дили халқ бар ту чунон гардонад, ки ба шафқат кифояти ту нохоста ҳамерасонанд». Ва Бӯҳозим — раҳматуллоҳи алайҳи — гуфт: «Ҳар чӣҳаст, ду қисм аст: он чӣ рӯзии ман аст бе таъҷили ман бирасад ва он чӣ рӯзии ман нест, ба ҷаҳди ҳама аҳли осмону замин ба ман нарасад».
Илоҷи сеюм — он, ки бидонад, ки агар тамаъ накунад ва сабр кунад, ранҷур шавад ва агар тамаъ кунад ва сабр накунад, ҳам хор шавад ва ҳам ранҷур ва бо ин малум бошад ва андар хатари иқоби охират бувад ва бадон савоб ёбад ва сутуда бувад, охир ранҷе бо савоб ва сутудагӣ ва иззи нафс авлотар аз ранҷе бо мазаллат ва накӯҳиш ва бими уқубат. Ва расул
1 Харҷ кардан ба наво: иқтисод ва миёнаравӣ.
2 Шайтон шуморо ба дарвешӣ ваъда медиҳад ва ба кори зишт фармон медиҳад.
саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфт: «Иззи мӯъмин андар он бувад, ки аз халқ бениёз бошад». Ва Алӣ ибни Абитолиб — карамаллоҳу ваҷҳаҳу — гӯяд, ки: «Ҳар кӣ туро ба вай ҳоҷат аст, асири вай гаштӣ ва ҳар киро ба ту ҳоҷат аст, амири вай гаштӣ».
Илоҷи чаҳорум — он, ки андеша кунад, то ин ҳирсу тамаъ барои чӣ мекунад: агар барои танаъъуми шикам ҳамекунад, хару гов аз вай беш хӯрад; ва агар барои шаҳвати фарҷ кунад, хуку хирс аз вай беш бувад ва агар барои таҷаммул ва ҷомаи некӯ кунад, ҷуҳудонро низ он бошад; ва агар тамаъ бибарад ва ба андаке қаноат кунад, хештанро ҳеч назир набинад, магар анбиё ва авлиё ва чун монанди ин қавм бошад, беҳтар, ки монанди ҷонварон.
Илоҷи панҷум — он, ки аз офати мол биандешад: ки чун бисёр бувад андар дунё андар хатари офот бувад ва андар охират ба понсад сол пас аз дарвешон дар биҳишт шавад; бояд ки ҳамеша дар касе нигарад, ки дуни вай бошад дар дунё ва бад-он шукр кунад ва дар тавонгарон нанигарад. Ва расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам мегӯяд: «Дар касе нигаред, ки дуни шумо бошад дар дунё»; ва иблис ҳамеша фаро менамояд, ки чаро қаноат кунӣ, фулон ва фулон чандин мол доранд?! Ва чун парҳез кунӣ, гӯяд, чаро ҳазар кунӣ, фулон ва фулон олим ҳазар намекунанд ва ҳаром ҳамехӯранд?! Ва дар дунё касе фаро пеш медорад, ки тавонгартар аз ту бувад ва дар дин онро, ки кам аз ту бувад ва саодат тавонад ва акси ин бувад! Ки ҳамеша бояд андар дин дар бузургони муттақӣ нигаҳ кунӣ, то хештанро муқассир бинӣ ва андар дунё андар дарвешон нигаҳ кунӣ, то хештанро тавонгар бинӣ.
Пайдо кардани фазлу савоби саховат Бидон, ки ҳар кӣ мол надорад, бояд ки ҳоли вай қаноат бувад, на ҳирс ва чун дорад, ҳоли вай саховат бувад на бухл, ки расул алайҳиссалом фармудааст: «Сахо дарахте аст, андар биҳишт, ҳар кӣ сахӣ бошад, даст андар шохи вай зада бошад ва вайро ҳамебарад, то ба биҳишт ва бухл дарахте аст андар дӯзах ва ҳар кӣ бахил бувад, ӯро ҳамебарад, то ба дӯзах».
Ва гуфт: «Ду хулқ аст, ки Худой субҳонаҳу ва таъоло онро дӯст ҳамедорад:
сахо ва хӯи нек ва ду хулқ аст, ки онро душман ҳамедорад: бухл ва хӯи бад».
Ва гуфт: «Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло ҳеч валие наёфарид бахил ва бадхӯ». Ва гуфт: «Гуноҳи сахӣ фаро гузоранд, ки ҳар гоҳ, ки вайро усрате бувад, дастгири ӯҲақ таъоло бошад». Ва расул алайҳиссалом қавмеро андар ғазо бигирифт ва ҳамаро бикушт, илло яке, Алӣ разийаллоҳу анҳу гуфт: «Ё расулуллоҳ чун ҳамаро кеш яке ва гуноҳ яке ва Худо яке, ин якеро чаро накуштӣ?!» Гуфт: «Зеро, ки Ҷабраил алайҳиссалом маро хабар дод, ки вай сахӣ аст». Ва гуфт: «Таоми сахӣ доруст ва таоми бахил иллат». Ва гуфт:
«Сахӣ ба Худои субҳонаҳу ва таъоло ва ба биҳишт ва ба мардумон наздик аст ва аз дӯзах дур: ва бахил ба Худои субҳонаҳу ва таъоло ва ба биҳишт ва ба мардумон дур аст ва ба дӯзах наздик». Ва гуфт саллаллоҳу алайҳи ва саллам: «Ҳақ таъоло ҷоҳили сахиро дӯсттар дорад, аз обиди бахил ва бадтарини иллатҳо бахилӣ аст». Ва андар хабар аст: ки: «Ҳақ таъоло ваҳй кард ба Мӯсо алайҳиссалом, ки Сомириро бимакуш, ки вай сахӣ аст».
Осор: Алӣ разийаллоҳу анҳу гӯяд: «Чун дунё бар ту иқбол кунад, харҷ кун, ки аз харҷ кам нашавад ва чун аз ту бигурезад, харҷ кун, ки бинамонад». Яке қиссае навишт ба Ҳусайн ибни Алӣ разийаллоҳу анҳумо
— фаро ситад ва гуфт: «Ҳоҷати ту равост, гуфтанд: чаро набишта барнахондӣ? Гуфт: «Тарсам аз Худои таъоло, ки аз дил истодани ӯ пеши ман аз ман пурсад». Ва Муҳаммад ибнул-Мункадир — раҳматуллоҳи алайҳи — ривоят кунад аз Умми Зарра ходимаи Оиша разийаллоҳу анҳо, ки вай гуфт: «Абдуллоҳи Зубайр разийаллоҳу анҳо ду ғаррора1 саду ҳаштод ҳазор дирам сим пеши Оиша фиристод, табақ хост ва ҳама ба мустаҳиқон қисмат кард, шабонгоҳ нон бурдам ва порае равғани зайт, то рӯза кушояд ва гуфтам: ё уммулмӯъминин, ин ҳама харҷ кардӣ, агар ба як дирам моро гӯшт харидӣ, чӣ буд?» Гуфт: «Агар ёд додӣ, бихаридаме». Ва чун Муовия ба Мадина бигузашт, Ҳусайн фаро Ҳасан разийаллоҳу анҳумо
— гуфт: «Салом бар вай макун». Чун Муовия берун шуд, Ҳасан гуфт:
«Моро вом аст», аз паси вай бишуд ва воми худ бигирифт, шутуре аз пас монда буд, Муовия пурсид, ки бори он чӣ аст?» Гуфтанд: «Зар аст, ҳаштод ҳазор динор», гуфт: «Ҳамчунон ба Ҳасан таслим кунед, то дар ваҷҳи вом кунад». Ва Абулҳасани Мадоинӣ гӯяд: «Ҳасан ва Ҳусайн ва Абдуллоҳи Ҷаъфар — ризвонуллоҳу ъалайҳим аҷмаин — ҳар се ба ҳаҷ мешуданд, шутури зод бигузошта буданд бар ҷой, гурусна ва ташна ба наздики пиразане аз араб бигузаштанд», гуфтанд: «Ҳеҷ шароб дорӣ?» Гуфт:
«Дорам», гӯсфанде дошт, бидӯшид ва шир ба эшон дод, гуфтанд: «Ҳеҷ таом дорӣ?» Гуфт: «Надорам, магар ин гӯсфанд, бикушед ва бихӯред».
Бикуштанд ва бихӯрданд ва бигуфтанд: мо аз қурайшем, чун аз ин сафар бозоем, наздики мо ой, то бо ту некӯӣ кунем ва бирафтанд, чун шавҳари вай бозомад, хашмгин шуд ва гуфт: «Гӯсфанде ба қавме додӣ, ки худ намедонӣ, ки эшон кианд». Пас рӯзгоре баромад, пиразан ва шавҳари вай ба сабаби дарвешӣ ба Мадина афтоданд ва барои қут саргини шутур
1 Киса, ҷувол.
мечиданд, мефурӯхтанд ва бад-он рӯзгор ҳамекарданд. Як рӯз он пирзан ба кӯе фурӯ шуд, Ҳасан ба дари сарои хеш нишаста буд, ӯро бишинохт, гуфт:
«Ё пирзан, маро ҳамедонӣ?» Гуфт: «На». Гуфт: «Ман он меҳмони туам фулон», пас фармуд, то вайро ҳазор гӯсфанд ва ҳазор динор бидиҳанд ва вайро бо ғуломи хеш наздики Ҳусайн разийаллоҳу анҳу фиристод, гуфт:
«Бародарам туро чӣ дод?» Гуфт: «Ҳазор гӯсфанду ҳазор динор». Ҳусайн низ ҳам чандон бидод ва ғуломи худ ҳамроҳ кард, то ба наздики Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар разийаллоҳу анҳумо — ва ҳол бигуфт; гуфт: «Эшон ҳар ду чанд доданд?» Гуфт: «Ду ҳазор гӯсфанду ду ҳазор динор». Гуфт: «Агар ибтидо пеши мо расидӣ эшонро андар ранҷ наяфкандӣ, яъне чандон бидодаме, ки эшонро боистӣ дод». Ва бифармуд, то ду ҳазор динор ва ду ҳазор гӯсфанд ба вай доданд, пирзан бо он ҳама неъмат пеши шавҳар шуд.
Марде дар араб ба сахо маъруф буд бимурд, қавме аз сафар меомаданд, гурусна буданд, бар сари гӯри ӯ фуруд омаданд ва гурусна бихуфтанд, яке аз эшон шутуре дошт, он мурдаро ба хоб дид, ки гуфт: «Ин шутури ту банаҷиби1 ман фурӯшӣ?» Гуфт: «Фурӯшам ва аз рӯи наҷиби некӯ монда бувад бо фурӯхтан». Ва он мурда он шутурро бикушт, чун аз хоб бедор шуданд, шутурро кушта диданд, дег барниҳоданд ва бипухтанд ва бихӯрданд, чун бозгаштанд, корвоне пеш омад, яке дар миёни корвонон Худованди шутурро овоз медод ва номи ӯ мебурд ва мегуфт: «Ҳеч наҷибе харидаӣ аз фулон мурда?» Гуфт: «Харидаам, лекин дар хоб ва қисса бигуфт». Гуфт: «Он наҷиб ин аст, бигир, ки ман ӯро ба хоб дидам», ки гуфт:
«Агар ту писари манӣ ин наҷиби ман ба фулон кас деҳ». Ва Абӯсаиди Харгӯшӣ, ривоят кунад, ки: андар Миср марде буд, ки дарвешонро поймардӣ кардӣ, дарвешеро фарзанде омад ва ҳеч чиз надошт, гуфт:
«Наздики вай рафтам, биёмад ва аз ҳар кас суол кард, ҳеч футӯҳ набуд, пас бархост ва маро бар сари гӯре бурд ва бинишаст ва гуфт: худой бар ту раҳмат кунод, ту будӣ, ки андӯҳи дарвешон ҳамебурдӣ ва ҳар чӣ боястӣҳамедодӣ, имрӯз барои кӯдаки ин мард бисёр ҷаҳл кардам, ҳеч футӯҳ набуд». Пас, бархост ва диноре дошт ба ду ним кард ва як нима ба ман дод ва гуфт: «Ин бо воми ту додам, то чизе падид ояд ва ин мардро муҳтасиб гуфтандӣ, гуфт: фиристодам ва кори кӯдак тамом кардам ва бисохтам, мӯҳтасиб он шаб мурдаро ба хоб дид, ки гуфт: ҳар чӣ гуфтӣ, шунидам имрӯз, лекин моро дар ҷавоб дастуре нест, акнун ба хонаи ман шав ва кӯдакони маро бигӯй, он ҷо ки оташдон аст, бикананд ва понсад динор андар он ҷост бад-он мард диҳанд». Мӯҳтасиб дигар рӯз бирафт ва чунон ки шунида буд, бикард ва понсад динор биёфт, фарзандони вайро
1 Наҷиб: шутури хуб ва асил.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё