Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Пайдо кардани кароҳияти дӯстии мол Худой азза ва ҷалла ҳамегӯяд: «Ё айуҳо-л-лазина оману илло тулҳикум амволукум ва ло авлодукум ъан зикриллоҳи ва ман йавъала золика фаувлайка ҳуму-л-хосируна» — ҳар кӣ мол ва фарзандони вайро аз зикри Худой субҳонаҳу ва таъоло ғофил гардонад, вай аз ҷумлаи зиёнкорон аст».
Ва расул алайҳиссалом гуфт: «Дӯстии ҷоҳ ва мол нифоқро андар дил чунон рӯёнад, ки об тара рӯёнад». Ва гуфт саллаллоҳу алайҳи ва саллам:
«Ду гурги гурусна дар рамаи гӯсфанд чандон табоҳӣ накунанд, ки дӯстии молу ҷоҳ дар дини марди мусулмон кунад». Гуфтанд: «Ё расулуллоҳ, бадтарин уммат киянд?» Гуфт: «Тавонгарон». Ва гуфт: «Пас аз ман қавме падид оянд, ки таомҳои хуши гуногун ва ҷомаҳои лавнолавн ва занони некӯрӯй ва асбони гаронмоя ҳамедоранд ва шиками эшон бо андаке сер нашавад ва ба бисёре низ қаноат накунанд, ҳама ҳиммати эшон дунё бошад, дунёро ба худоӣ гирифта бошанд, ҳар чӣ кунанд барои дунё кунанд, азимат аст1 аз ман, ки Муҳаммадам, ки ҳар кӣ эшонро дарёбад, аз фарзандони фарзандони шумо, ки барояшон салом накунанд ва бемори эшонро напурсанд ва аз паси ҷанозаи эшон фаро нашаванд ва бузургони эшонро ҳурмат надоранд ва ҳар кӣ кунад, ёвар бошад бар вайрон кардани мусулмонӣ». Ва гуфт: «Дунё бо аҳли дунё бигузоред, ки ҳар кӣ аз вай чизе фаро гирифт беш аз кифояти хеш, андар ҳалок афтод». Ва гуфт:
«Одамӣҳамегӯяд, моли ман моли ман, чист туро аз моли ту ҷуз он, ки бихӯрӣ ва нест кунӣ ё бипӯшӣ ва кӯҳна кунӣ ва ё ба садақа бидиҳӣва
1 Воҷиб аст.
ҷовидона бигузорӣ». Ва яке фаро расул гуфт саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ки: чи сабаб аст, ки ҳеч гуна барги марг надорам1. Гуфт: «Мол дорӣ?» Гуфт: «Дорам». Гуфт: «Аз пеш бифирист», яъне ба садақа бидеҳ, ки дили мард бо он мол ба ҳам бошад: агар бигузорад хоҳад, ки бимонад ва агар бифиристад, хоҳад, ки биравад». Ва гуфт: «Дӯстони одамӣ сеанд:
яке бо вай вафо кунад, то ба марг ва яке то ба канори гӯр ва яке то ба қиёмат, он ки то марг беш вафо надорад, мол аст ва он ки то ба лаби гӯр беш вафо надорад, аҳлу фарзанд ва қаробат аст ва он ки ба қиёмат бо вай бувад, кирдори вай бувад». Ва гуфт: «Чун одамӣ бимирад, мардумон гӯянд чӣ бозгузошт ва фариштагон гӯянд чӣ аз пеш бифиристод?». Ва гуфт: «Зиёъ масозед, ки он гоҳ дунёро дӯст гиред». Ва ҳавориён фаро Исо алайҳиссалом гуфтанд: «Сабаб чист, ки ту бар об меравӣ ва мо наметавонем». Гуфт: «Қадри зару сим андар дили шумо чӣ гуна аст?»
Гуфтанд: «Некӯ». Гуфт: «Наздики ман бо хок баробар аст».
Осор. Яке Бӯдардоро разийаллоҳу анҳу биранҷонид, гуфт: «Бор Худоё, тандурустӣ ва умри дарозу моли бисёраш арзонӣ дор ва ин бадтарин дуоҳост, ки ҳар киро ин доданд, лобуд батар ва ғафлат вайро аз охират ғофил кунад ва ҳалок шавад. Ва Алӣ разийаллоҳу анҳу дираме бар кафи даст ниҳод ва гуфт: «Ту онӣ, ки то аз дасти ман наравӣ, маро ҳеч суд накунӣ. Ва Ҳасани Басрӣ — раҳматуллоҳи алайҳи — гӯяд: ба Худой, ки ҳеч кас зару симро азиз надошт, ки на Худой субҳонаҳу ва таъоло вайро хор ва залил накард. Ва чунин гуфтаанд, ки аввал дираму динор, ки дар дунё бизаданд иблис онро баргирифт ва дар чашм молид ва бӯса ҳамедод ва ҳамегуфт: «Ҳар кӣ туро дӯст дорад, бандаи ман аст ва Яҳё ибни Муоз — раҳматуллоҳи алайҳи — гӯяд: динор ва дирам каждум аст ва даст ба вай мабаред, то афсуни вай бинадонед, агар на заҳри вай туро ҳалок кунад, гуфтанд: афсуни вай чист? Гуфт: «Дахле аз ҳалол бувад ва харҷе ба ҳақ» ва Муслимат ибни Абдулмалик андар наздики Умар ибни Абдулазиз шуд вақти вафоти вай ва гуфт: «Ё амирулмӯъминин, коре бикардӣ, ки ҳеч кас накардааст: сездаҳ фарзанд дорӣ ва эшонро дираме ва диноре бинагузоштӣ». Гуфт: «Маро рост бознишонед», вайро бознишониданд, гуфт: «Мулки эшонро ба дигаре надодам ва мулки дигаре ба эшон надодам ва фарзандони ман аз ду берун наянд: ё шоиста ва мутеъ бошанд ё ношоиста, он ки шоиста ва мутеъи Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло бошад, вайро худ Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло басанда аст ва агар ношоиста аст, ба ҳар сифат, ки афтад, бок надорам». Ва Муҳаммад ибни Каъб ул-Қарзӣ — раҳматуллоҳи алайҳи — моли бисёр дошт, гуфтанд: барои кӯдакон
1 Барг доштан: дар фикр ва муҳайё будан — дӯст доштан.
бигузор. Гуфт: «На, ки ин мол барои хеш бигузорам назди Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло ва Худойро субҳонаҳу ва таъоло бигузорам барои зиндон то эшонро худ некӯ дорад». Ва Яҳё ибни Муоз гӯяд ду мусибат аст молдорро ба вақти марг, ки ҳеч касро он нест: яке он, ки мол ҳама аз вай фаро ситонанд, дигар он, ки вайро ба ҳама бигиранд ва наъузу биллоҳи мин золика.
– ФАСЛ –
Роҳи сутуданӣ будани мол
Бидон, ки мол ҳарчанд накӯҳида аст, ба вуҷуҳ низ сутуда аст, аз ваҷҳе, ки андар вай ҳам шарр аст ва ҳам хайр ва аз ин аст, ки Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло вайро хайр хондааст дар Қуръон ва гуфта: «Ин тарака хайран алвосияту... ал-ойа». Ва расул алайҳиссалом гуфтааст: нек чизе аст мол моли шоиста марди шоистаро»; ва гуфт: «Кона-ал-фақру ан якуну куфран — он аст, ки дарвешӣ ба куфр адо кунад». Ва сабаб он аст, ки касе, ки хештанро андармонда ва ҳоҷатманди як ман нон ҳамебинад ва андар он ҷон ҳамеканад ва фарзандон ва аҳли хешро ранҷур ҳамебинад ва андар дунё неъматҳои бисёр ҳамебинад шайтон бо вай гӯяд, ин чи адл аст ва ин чи инсоф аст, ки аз Худой ҳамебинӣ ва ин чи қисмати ноҳамвор аст, ки кардааст, ки золиме ва фосиқеро чандон мол додааст, ки надонад, ки чӣ дорад ва чӣ кунад ва бечораеро аз гуруснагӣҳалок мекунад ва як дирам ба вай намедиҳад? Агар ҳоҷати ту намедонад, худ андар илм халал аст ва агар тавонад ва намедиҳад, андар ҷуд ва раҳмат халал аст ва агар барои он намедиҳад, то андар охират савоб диҳад, бе ранҷ — гуруснагӣ савоби ту он дод, чаро ҳаменадиҳад? Ва агар наметавонад дод, пас қудрат ба камол нест: ва дар ҷумла: эътиқод кардан, ки вай раҳим аст ва ҷуд аст ва карим аст ва ҳама оламро андар ранҷҳамедорад ва хизонаи вай пурнеъмат ва намедиҳад, ин душвор бувад ва шайтон ин ҷо роҳи васваса ёбад ва масъалаи қадар, ки сирри он бар ҳама пӯшидааст, фаро пеши вай дорад, то бошад, ки хашм бар вай ғолиб шавад, фалакро ва рӯзгорро дашном додан гирад ва ҳамегӯяд: фалак хараф шудааст ва рӯзгор нагунсор1 шудааст ва неъмат ба номустаҳаққон медиҳад ва агар бо вай гӯянд, ки ин фалак ва ин рӯзгор мусаххар ҳаст андар қудрати офаридгор? Агар гӯяд нест, куфр бувад ва агар гӯяд ҳаст, ҷафо бар Худой субҳонаҳу ва таъоло гуфта бошад ва он низ куфр бувад. Ва бад-ин гуфт расул алайҳиссалом:
«Ло тасуббу-д-даҳра фа-инналлоҳу ҳува-д-даҳру — даҳрро ҷафо магӯед,
1 Воруна, маъқус.
ки даҳр Худой аст», ки он ки шумо ҳаволатгоҳи кор ҳамедонед ва онро даҳр ном кардаед, Худой субҳонаҳу ва таъоло аст, пас аз дарвешӣ ба вай куфр ояд, илло андар ҳақ касе, ки имони вай чунон ғолиб бувад, ки аз Худой таъоло ба дарвешӣ розӣ бувад, ки хайри вай андар он аст, ки дарвеш бувад ва чун бештар халқ бад-ин сифат набошанд, авлотар он бувад, ки қадри кифояте доранд, пас мол из ин сабаб аз ваҷҳи маҳмуд аст.
Ваҷҳи дигар он ки мақсуди ҳама зиракон саодати охират аст ва расидан бад-он мумкин нест, илло ба се навъ неъмат: яке андар нафс аст, чун илм ва хулқи некӯ ва яке андар тан аст ва он тандурустӣ ва саломатист ва яке беруни тан аст ва он аз дунё қадри кифоят аст ва хасистарин он неъмат аст, ки беруни тан аст ва он мол аст ва хасистарини мол, зару сим аст, ки андар вай ҳеч манфиат нест, лекин аз барои нон ва ҷома аст ва нон ва ҷома барои тан аст ва тан барои ҳаммолии ҳавос аст ва ҳавос барои он аст, ки доми ақл бошад ва ақл барои он аст, ки чароғ ва нури дил аст, то фаро ҳазрати Илоҳият бинад ва маърифат ҳосил кунад, ки маърифати Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло тухми ҳама саодат аст, пас ғояти ҳама Худой субҳонаҳу ва таъоло аст: аввал вай аст ва охир вай; ва ин ҳама роҳ аст ба вай, ҳар кӣ ин бидонист, аз моли дунё он миқдор фаро гирад, ки андар ин роҳ ба кор ояд ва боқӣ заҳри қотил шиносад: моли вай шоиста бувад марди шоистаро ва маҳмуд бошад. Ва барои ин гуфт расул алайҳиссалом, ки: ё раб қути Ол Муҳаммад ба қадри кифоят кун: ки донист, ки ҳар чӣ беш аз кифоят аст, аз вай ба вай куфр ояд. Пас, ҳар кӣ ин бидонист, ҳаргиз мол дӯст надорад, ҳар кӣ чизе барои ғарази дигар талаб кунад, он ғаразро дӯст дошта бошад, на он чизро, пас ҳар кӣ молро дӯст дорад, андар нафси хеш манкус1 ва маъкус аст ва ҳақиқати вай нашинохтааст ва барои ин гуфт расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам: «Таъаса абду-д-динори ва таъаса абду-д-дирҳами — нагунсор аст бандаи динор ва нагунсор аст бандаи дирҳам», ки ҳар кӣ андар банди чизе бувад, бандаи он бувад. Ва барои ин гуфт Иброҳими Халил алайҳиссалом: «Ва иҷнубни ва баннийа илло нуъабда-л-асном»
яъне: маро ва фарзандони маро аз бут парастидан нигоҳ дор, бад-ин бути зару симро хост, ки бути ҳама халқ ин аст, ки рӯй ба вай доранд, чи мансаби анбиё — ъалайҳимуссаллам — бузургтар аз он аст, ки аз бут парастидан тарсанд.
Пайдо кардани фоидаҳо ва офоти мол ба шарҳ ва тафсил Бидон, ки мол ҳамчун мор аст: андар вай ҳам заҳр аст ва ҳам тарёқ, то
1 Божгуна, маъкус.
заҳр аз тарёқҷудо накунем, сирри вай ва илми вай ба тамомӣ ошкор нашавад, пас фавоид ва офоти вай як ба як ба тафсил бигӯем:
(Фоидаҳои мол)
Аммо фоидаҳои мол ду қисм аст: яке дунёвӣ ва инро ба шарҳҳоҷат набувад: ки ҳама кас шиносад ва дигаре динӣ аст ва он се навъ аст:
Навъи аввал — он аст, ки бар хештан нафақа кунӣ ё андар ибодат ё андар сози ибодат, аммо ибодат чун ҳаҷ ва ғизо бувад, ки моле, ки бар хештан ба кор барад. Андар айни ибодат бувад; ва аммо он чи андар сози ибодат бувад, нон ва ҷома ва қадри кифоят бувад, ки бад-он қуввати ибодатҳо ва фароғати ҳама ибодатҳо ҳосил ояд, ки ҳар чӣҷуз бад-он ба ибодат натавон расид, он низ айни ибодат бувад ва ҳар киро қадри кифоят набувад ҳама рӯз ба тан ва ба дил ба талаби кифоят машғул бувад ва аз ибодат, ки лубоби он зикру фикр аст, бозмонад: пас қадри кифоят, ки барои фароғати ибодат бувад, айни ибодат бувад ва аз фавоиди дин бувад ва аз ҷумлаи дунё набошад ва ин дур нест ва андеша бигардад, то қиблаи дил чӣ бувад: агар қиблаи дил фароғати роҳи охират бувад, қадри кифоят зоди роҳ бувад ва ҳам аз роҳ бувад. Шайх Абулқосими Гургониро
— раҳматуллоҳи алайҳи —зиёъе буд ҳалол, ки аз он кифояти вай омадӣ, як рӯз ғалла оварда буданд, аз Хоҷа Абӯалии Формадӣ — раҳматуллоҳи алайҳи — шунидам, ки аз он ғалла як мушт баргирифт ва гуфт: «Ин бо таваккули бештари мутаваккилон иваз накунам ва ба ҳақиқати ин касе шиносад, ки ба муроқибати дил машғул бувад, ки бидонад, ки фароғат аз кифоят чӣ мададҳо диҳанд дар рафтан роҳи динро».

пешина
аз 176
навбатӣ