Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Рӯзе расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам берун омад, саҳобаро гуфт:
«Кист аз шумо, ки хоҳад, ки нобино набошад ва Ҳақ таъоло вайро нобино нагардонад? Бидонед: ҳар кӣ андар дунё рағбат кунад ва умеди дароз фаро кашад, Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло бар қадри он дили вай кӯр кунад ва ҳар кӣ андар дунё зоҳид бувад ва амали кӯтоҳ кунад, Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло вайро аламе бахшад, бе он ки аз касе биёмурзад ва роҳ ба вай намояд, бе он ки далел андар миён бошад». Ва як рӯз расул алайҳиссалом берун омад, Абиубайдаи Ҷарроҳ аз Баҳрайн омада буд ва моле оварда буд ва ансор шунида буданд, дар намози бомдод заҳмат доданд, чун аз намоз салом бидод, ҳама андар пеши вай истоданд, расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам табассуме кард ва гуфт: «Магар шунидаед, ки моле расидааст?» Гуфтанд: оре. Гуфт: «Башорат бод шуморо, ки корҳо хоҳад буд, ки бар он шод шавед ва ман бар шумо аз дарвешӣ натарсам; аз он ҳаметарсам, ки дунё бар шумо резанд, чунон ки бар касоне рехтанд, ки пеш аз шумо буданд ва он гоҳ андар он муноқишат кунед, чунон ки эшон карданд ва ҳалок шавед, чунон ки эшон шуданд». Ва гуфт: «Дил ба ҳеч гуна ба ёди дунё машғул мадоред, ки аз зикри дунё наҳй кардаанд».
Анас разийаллоҳу анҳу мегӯяд: расулро саллаллоҳу алайҳи ва саллам
1 Кӯҳҳое аст дар Макка.
шутуре буд, ки онро Ғазабо гуфтандӣ — ва ҳеч шутур бо ӯ надавидӣ — як рӯз аъробие шутуре оварда буд ва бо он бидавонид ва андар пеш шуд, мусулмонон ғамнок шуданд, расул алайҳиссалом гуфт: «Ҳақ аст бар Худой таъоло, ки ҳеч чиз андар дунё барнакашад, ки на онро хор гардонад». Ва гуфт: «Пас, аз ин дунё рӯй ба шумо ниҳад ва дини шуморо бихӯрад, чунон ки оташ ҳезум хӯрад». Ва Исо алайҳиссалом ҳамегӯяд:
«Дунёро ба худоӣ магиред, то шуморо ба бандагӣ нагирад ва ганҷ чунон ниҳед, ки аз вай натарсед ва ба наздики он ниҳед, ки зоеъ накунад: ки ганҷи дунё аз офат дур набувад ва ганҷе, ки барои Ҳақ таъоло ниҳед, эмин бошад». Ва гуфт: «Дунё ва охират зидди якдигаранд: чандон ки инро хушнуд кунӣ, он нохушнуд гардад». Ва Исо алайҳиссалом гуфт: «Ё ҳавориён, ман дунё андар пеши шумо андар хок афканам, вайро бозмагиред, ки аз палидии дунё яке он аст, ки маъсияти Ҳақ таъоло ҷуз давре наравад ва дигар палидии вай он аст, ки ба охират нарасед, то ба тарки ӯ нагӯед, пас берун гузаред аз дунё ва ба иморати вай машғул машавед ва бидонед, ки сари ҳама хатоҳо дӯстии дунё аст». Ва гуфт:
«Чунон ки обу оташ андар як ҷой қарор нагирад, дӯстии дунё ва охират андар як дил ҷамъ наёяд». Ва Исоро алайҳиссалом гуфтанд: чаро ҷома накунӣ? Гуфт: «Кӯҳнаи дигарон маро кифоят бувад». Як рӯз борону раъд вайро бигирифт, то ҳамедавид, то ҷое ҷӯяд, хаймае дид, он ҷо шуд, зане дид бигурехт, ғоре буд, он ҷо шуд, шере дид андар он ҷо, бигурехт, гуфт:
«Бор Худоё, ҳар чӣ офаридаӣ, вайро оромгоҳе аст, магар маро?» Ваҳй омад ба вай, ки оромгоҳи ту мустақарри раҳмати манаст — яъне биҳишт
— андар биҳишт чорсад ҳурро ҷуфти ту хоҳам кард, ки ҳамаро ба дасти лутфи хеш офаридаам ва чаҳор ҳазор сол арӯсии ту хоҳад буд — ҳар рӯзе чанд умри дунё — ва мунодиро барнамоям, то нидо кунад, ки куҷо андар зоҳидони дунё, то ҳама биёянд ва арӯси Исоро бибинанд. Ва як бор Исо алайҳиссалом бо ҳавориён ба шаҳре бигузашт, аҳли он шаҳр ҳама мурда ва андар миёни роҳ афтода, гуфт: «Ё қавм, ин ҳама дар хашми Худой субҳонаҳу мурдаанд ва агар на андар зери хок будандӣ, гуфтанд: хоҳем, ки бидонем, то сабаби он чӣ будааст, он шаб Исо алайҳиссалом бар сари болое рафт ва овоз дод, ки ё аҳли шаҳр, яке ҷавоб дод, ки лабайк, ё рӯҳуллоҳ, гуфт: «Қиссаи шумо чист?» Гуфт: «Шаб ба саломат будем, бомдод дар ин азоб афтодем». Гуфт: «Чаро?» Гуфт: «Барои он ки дунё дӯст доштем ва асли маъсиятро тоат доштем», гуфт: «Дунёро чи гуна дӯст доштед?» Гуфт: «Чунон ки кӯдак модарро: чун биёмадӣ, шод мешудем ва чун бирафтӣ, ғамнок мешудем», гуфт: «Дигарон чаро ҷавоб надоданд?»
Гуфт: «Эшон ҳар яке лагоме аз оташ дар даҳон доранд». Гуфт: «Ту чун надорӣ?» Ҷавоб дод, гуфт: «Ман андар миёни эшон будам, лекин на аз эшон будам, чун азоб биёмад ман низ дар азоб бимондам ва акнун бар канори дӯзахам, надонам наҷот ёбам ё на», Исо алайҳиссалом гуфт бо ҳавориён: нони ҷав ва намаки дурушт ва ҷомаи палос ва хобгоҳ андар мазбала бисёр беҳтар бувад бо офияти дунё ва охират; ва гуфт: «Басанда кунед бо дунёе андак бо саломати дин, чунон ки дигарон басанда карданд бад-ин андак бо саломати дунё». Ва гуфт: «Ё касоне, ки дунё талаб мекунед, то музд кунед, агар дунё даст бидоред, музди бисёр ёбед ва бештар бувад».
Ва Сулаймон ибни Довуд алайҳиссалом рӯзе ҳамешуд дар маркабе азим ва мурғони ҳаво ва деву парӣҳама андар хидмати вай ҳамешуданд, ба обиде аз ибоди бани Исроил бигузашт, гуфт: «Ё бани Довуд, Худой субҳонаҳу ва таъоло туро мулке азим додааст», гуфт: «Эй обид, як тасбеҳ андар саҳифаи мӯъмин беҳтар аз ҳар чӣ фаро Ибни Довуд додаанд: ки он тасбеҳ бимонад ва ин мамлакат намонад». Ва андар хабар аст, ки: Одам алайҳиссалом чун гандум бихӯрд, қазои ҳоҷат падид омад, ҷое ҳамеҷуст, ки он ҷо биниҳад, Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло фаришта фиристод, ки чӣҳамеҷӯӣ? Гуфт: «Ин ки андар шикам дорам ҳамехоҳам, ки ҷое ниҳам — ва андар ҳеч таоми биҳишт ин суфл наниҳода буданд, магар дар гандум», гуфт: «Бигӯ, то куҷо биниҳӣ, бар арш ё бар курсӣ ё андар ҷӯйҳо ва зери дарахтони биҳишт? Бирав, ба дунё шав, ки ҷои палидиҳо он аст». Ва дар хабар аст, ки Ҷабраил алайҳиссалом фаро Нӯҳ алайҳиссалом гуфт: «Ё Нӯҳ, дунёро чун ёфтӣ бо ин умри дароз?» Гуфт: «Чун хонае, ки ду дар дорад, ба яке андар шудам ва ба дигаре берун шудам». Ва Исоро алайҳиссалом гуфтанд: моро чизе омӯз, ки Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло моро дӯст гирад, гуфт: «Дунёро душман гиред, то Ҳақ таъоло шуморо дӯст гирад».
Ин қадар ахбор дар мазаммати дунё иктифо кунем; Аммо осори: Али ибни Абитолиб — карамаллоҳу ваҷҳаҳу — ҳамегӯяд:
ҳар кӣ шаш чиз ба ҷой овард, ҳеч боқӣ нагузошт андар талаби биҳишт ва гурехтан аз дӯзах: аввал — он, ки Ҳақ субҳонаҳу ва таъолоро ва тоати вайро дӯст дошт, дуввум — шайтонро бидонист ва ба мухолифати вай бархост, сеюм — ҳақ бидонист, ки кадом аст ва даст андар вай зад, чаҳорум — ботил бидонист, ки кадом аст ва даст аз вай бидошт, панҷум
— дунёро бидонист ва бияндохт, шашум — охиратро бидонист ва андар талаби вай истод. Ва яке аз ҳукамо ҳамегӯяд: ҳар чӣ аз дунё ба ту диҳанд, пеш аз ту касе дошта бошад ва пас аз ту касе хоҳад дошт, дил бар он чи ниҳӣ, ки насиб аз дунё чоштеву шоме беш нест, барои ин миқдор худро ҳалок макун ва аз дунё ба ҷумлагӣ рӯза гир ва дари охират бикушой, ки сармояи дунё ҳавост ва суди вай ҳовия1 аст ва яке Абӯҳозимро гуфт: «Чӣ кунам, ки дунёро дӯст дорам, то дӯстии он аз ман бишавад?» Гуфт: «Ҳар чӣ ба даст орӣ аз ҳалол ба даст ор ва ба ҳалол харҷ кун, ки дӯстии вай туро зиён надорад; ва ин ба ҳақиқат аз он гуфтаанд, ки донистаанд, ки чун чунин кунад, худ дунё бар вай мунағғас шавад ва андар дили вай нохуш шавад» ва Яҳё ибни Муоз гӯяд: дунё дӯкони шайтон аст, аз дӯкони вай ҳеч бар магир, агарчи андар ту овезад. Фузайл ҳамегӯяд: агар дунё аз зар будӣ ва фонӣ ва охират аз суфол будӣ ва боқӣ ва воҷиб будӣ, бар оқил, ки суфоли боқӣ дӯсттар доштӣ аз зари фонӣ, факайф чун суфоли фонӣ дунёст ва зари боқӣ охират?! Ва Абӯҳозим мегӯяд, ки: ҳазар кунед аз дунё, ки шунидаам ҳар кӣ дунёро бузург дорад, дар қиёмат ӯро бидоранд ва бар сари ӯ мунодӣ мекунанд, ки ин он аст, ки чизе, ки Ҳақ таъоло ҳақир дошт, ӯ бузург доштааст. Ибни Масъуд мегӯяд: ҳар кӣ дар дунё меҳмон аст ва ҳар чӣ бо васати орият аст ва меҳмон ҷуз рафтан ва ориятро ҷуз бозшудан оқибате дигар набошад. Луқмон писари худро гуфт: «Эй писар, дунё ба охират бифурӯш, то ҳар ду суд кунӣ ва охиратро ба дунё мафурӯш, ки ҳар ду зиён кунӣ». Абӯимомаи Боҳилӣ гӯяд, ки: чун расулро алайҳиссалом ба пайғамбарӣ фиристоданд, лашкари иблис вайро гуфтанд: чунин пайғамбаре бузургвор миёни халқ омад. Гуфт: «Дунё дӯст доранд?» Гуфтанд: доранд. Гуфт: «Бок мадоред, агарчи бут напарастанд, ки ман ба дӯстии дунё эшонро бар он дорам, ки ҳар чӣ ситонанд, ноҳақ ситонанд ва ҳар чӣ диҳанд, ноҳақ диҳанд ва ҳар чӣ нигоҳ доранд, на ба ҳақ нигоҳ доранд ва ҳама шарҳо табаъи ин се кор аст». Ва Фузайл — раҳматуллоҳи алайҳи — мегӯяд: агар ҳама дунё ба ман диҳанд, ҳалоли бе ҳисоб нанг дорам аз вай, чунон ки шумо аз мурдор нанг доред.
Абуубайдаи Ҷарроҳ разийаллоҳу анҳу амири Шом буд, чун Умар разийаллоҳу анҳу он ҷо расид, андар хонаи вай ҳеч чиз надид, магар шамшере ва сипаре ва раҳле, гуфт: «Чаро дар хонае хануре насохтӣ? Гуфт:
«Он ҷо ки меравам ин кифоят аст», яъне ба гӯр. Ва Ҳасани Басрӣ ба Умар ибни Абдулазиз — раҳматуллоҳу алайҳумо — нома бинавишт ва беш аз ин нанавишт, ки: он рӯз омада гир, ки бозпасин касе, ки бар вай марг навиштаанд, бимирад. Вай ҷавоб бознавишт, ки: рӯзе омада гир, ки гӯиё худ ҳаргиз дунё набудааст ва охират ҳамеша будааст. Ва дар асар аст, ки:
аҷаб аст аз касе, ки бинад, ки дунё бо ҳеч кас қарор намегирад, дил бар вай чӣ гуна ниҳад?! Ва аҷаб аз касе, ки донад, ки гӯр ҳақ аст, дил чӣ гуна аз вай машғул дорад?! Ва аҷаб аз касе, ки донад дӯзах ҳақ аст, чӣ гуна
1 Дӯзах.
хандад!! Ва аҷаб аз касе, ки донад, ки қадри ҳақ аст, дил ба рӯзӣ чӣ гуна машғул дорад?! Довуди Тоӣ — раҳматуллоҳ — гуфт: «Одамӣ тавба ва тоати рӯз бозпас афканад, рост гӯи бегор мекунад, то манфиати он дигареро хоҳад буд. Ҳасани Басрӣ — раҳматуллоҳи алайҳи — ҳамегӯяд:
ҳеч кас аз дунё нашавад, ки на ба вақти марг се ҳасрат ҳалқи вай нагирад:
яке он чи ҷамъ кард, сер нашуд ва он чи умед ҳамедошт, бад-он нарасид ва зоди охират чунон ки боист, насохт. Ва Муҳаммад ибни Мункадир — раҳматуллоҳ — гӯяд: агар касе ҳама умр ба рӯз рӯза бошад ва шаб ба намоз бувад ва фаризаи ҳаҷ ва ғазо бигузорад ва дар қиёмат вайро гӯянд, ки ин он аст, ки он чи Ҳақ таъоло ҳақир дошта буд, вай азим дошт, кори вай чӣ гуна бувад ва кист аз мо, ки на чунон аст, бо он ки гуноҳ бисёр дорем ва дар фароиз муқассиронем? Ва гуфтаанд: дунё сарои вайрон аст ва вайронтар аз он дили касе, ки ба талаби вай машғул аст ва биҳишт сарои ободон аст ва ободонтар аз он дили касе, ки ба талаби вай машғул аст.
Иброҳими Адҳам — раҳматуллоҳи алайҳи — якеро гуфт: «Дираме дӯст дорӣ андар хоб ё диноре андар бедорӣ?» Гуфт: «Диноре андар бедорӣ», гуфт: «Дурӯғ гӯӣ, ки дунё хоб аст ва охират бедорӣ ва ту он чи дар дунёст, дусттар дорӣ!» Ва Яҳё ибни Муоз — раҳматуллоҳи алайҳи — гӯяд: оқил он аст, ки кор бикунад: аз дунё даст бидорад, пеш аз он ки дунё даст аз вай бидорад ва гӯр иморат кунад, пеш аз он ки ба гӯр шавад ва аз Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло хушнудӣ талаб кунад, пеш аз он ки вайро бинад ва гуфт: «Шумии дунё ба он дараҷа аст, ки орзуи он аз Худой субҳонаҳу ва таъоло машғул кунад, то ба ёфти вай чҲ расад?!» Бикр ибни Абдуллоҳ — раҳматуллоҳи алайҳи — гӯяд: ҳар кӣ хоҳад худро ба дунё аз дунё пок кунад, чунон бошад, ки оташ ба дӯзахи1 хушк фурӯ кунад ва ин душвор бошад, Алӣ ибни Абитолиб разийаллоҳу анҳу ҳамегӯяд: дунё шаш чиз аст, хӯрданӣ ва ошомиданӣ ва бӯйиданӣ ва пӯшиданӣ ва барнишастанӣ ва ба никоҳ хостанӣ; ширинтарин хӯрданиҳо ангубин аст ва он аз даҳани магасе аст; ва шарифтарин ошомиданӣ, об аст ва хосу ом андар вай баробаранд; ва шарифтарин пӯшиданиҳо, ҳарир аст ва он бофтаи кирме аст; ва шарифтарин бӯйҳо, мушк аст ва он аз хуни оҳуе аст ва шарифтарин барнишастанӣ, асб аст ва ҳама мардонро бар пушти вай кашанд; ва азимтарин шаҳватҳо, занон аст ва ҳосили он шошдоне аст, ки бо шошдоне мерасад, зан аз хештан ҳар чӣ некӯтар ҳамеорояд ва ту ҳар чӣ зишттар аз вай ҳаметалабӣ! Ва Умари Абдулазиз — раҳматуллоҳи алайҳи — ҳамегӯяд: эй мардумон, шуморо барои коре офаридаанд, агар
1 Коҳ ва алафи хушк.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё