Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
даст даровардани олот ҳосил намешавад, чунон ки камоли шахс бе саломатии аъзо ва ибҳози¹ он сурат намебандад. Ва аммо муқаддамоти шоирӣ он аст, ки бояд шоир ба муфрадоти (шакли танҳои) калимаҳо, ки он бо шеър хоҳад гуфт, огоҳӣ пайдо кунад ва аз ҳалҳои таркибҳои саҳеҳ ва фосиди он хабардор гардад.
Мазҳаб (услуб)-ҳои шоирони муғлакгӯй ва амироин каломро дар таъсиси (бунёди) мабонии (асосҳои) шеър ва равиши роҳҳои назмро бишиносад, расм ва тариқати ононро дар нууту (сифот) дараҷаҳои мухотабҳо, фанни таъриз ва тасреҳҳо (сарехкуниҳо), қонуни ташбеҳҳо, таҷнисҳо, қоидаи мутобиқа (тазол) муғлатаҳо², маҷозҳо, истиораҳо ва дигар санъатҳои каломиро бидонад. Қисме аз ҳикматҳо, масалҳо, каме аз таърих ва аҳволи подшоҳони пешина, ҳукамои гузашта огоҳ бошад. Инчунин маънии латифро аз заиф фарқ кунад. Ба ҳусни матлаъ, лутфи мақтаи ҳар шеър огоҳ бошад, то ки ҳар як маъниро дар либоси иборати лоиқ ба манасса (зуҳургоҳ) нишонад. Дар ифодаи сухан аз маънии суст, ташбеҳҳои дурӯғ, ишорот ва имооти бегона ва мушкил, иҳомоти нохушу таҷнисоти мукаррар, тавсифҳои нофорам, истиороти дур, маҷозоти нодуруст, такаллуфоти вазнин, тақдим ва таъхироти нодилписанд парҳез кунад. Дар ҳама хусус бояд аз миқдори эҳтиёт ба тарафи ифрот³ ва тафрит⁴ берун наравад. Аз он чӣ зарур аст, бехабар намонад ва дар чизҳои бемаънӣ напечад. Ва пеш аз он ки дар назм сар мекунад ва ба даъвои шоирӣ миён мебандад, аввало муҳтасаре илми арӯз ва қофияро хонда, то ки аз баҳрҳои аслӣ ва ихтироъшуда воқиф шавад, вазнҳои хушро аз нохуш фарқ кунад. Қисми раво ва норавои азахифро ва қисми саҳеҳи абьётро аз сақим (носаҳеҳ)-н он шиносад, қофияҳои аслӣро аз маъмул⁵ имтиёз кунад. Пас он гоҳ сармояи нек аз гуфтаҳои дилкаш ва санъаткоронаи устодони ин санъат ва покизагӯии ин фан ба даст орад. Аз қасидаҳо қитъаҳои дурусттаркиб, ширинлафз, латифмаъно, некӯматлаъ, писандидамактаъ, ширинтахаллусро аз девонҳои машҳур ва маъруф ва ашъори ширину шоёнии истеҳсон дар фанҳои гуногун ва анвои ҷудогона тамоми ёд гирад. Ҷамъи ҳиммат ба мутолиа ва музокираи он сарф кунад, ба баҳс ва истиқроҳ⁶ ба дақоиқу ҳақоиқи санъатҳо воқиф шавад. То ки маънии нозук дар дилаш ҷо гирад ва алфоз дар зеҳни ӯ қарор
___________________ ¹ Иқтибоз — ҷудо кардани баъзе аз баъзе, баъзеро қабул ва баъзеро рад намудан.
² Муболиға — бояд муболиға бошад.
³ Ифрот — аз ҳад гузаштан, зиёдаравӣ кардан.
⁴ Тафрит — кӯтоҳӣ кардан, зидди ифрот.
⁵ Қофияи маъмул — қофияи сохта, ки чанд хел дорад: қофия шудани як калимаи сохта (муштак) бо калимаи рехта (ғайри муштак), мисли «хурсанд» ва «бурдланд», қофия шудани як калима бо ду калима, мисли «даст» — «корд аст» ва мисли онҳо.
⁶ Истиқроҳ — тадқиқ ва таҳқиқ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё